ҲАҚИҚАТИ ЛО ИЛОҲА ИЛЛА-Л-ЛОҲ (бахши дуввум)

Ислоҳ нет

 

(силсила мақолаҳои тавҳидӣ) 

Муарифии ширк.

Ширк ба ду навъ аст, ширки акбар ва ширки асғар.

Ширки акбар: Иборат аз анҷом додани ибодат барои ғайри Аллоҳ аст, ки чунин ширк инсонро аз дини Ислом хориҷ месозад. Муҳимтарин мисолҳои ширки акбар қарори зайл аст:

  1. Дуои ғайри Аллоҳ, яъне мадад хостан аз ғайри Аллоҳ дар умури мофавқуласбоб, ки дар иқтидор махлуқ намебошад, чунонки имрӯз дар атрофи бисёре аз қабрҳо ва зиёратгоҳҳо аз мурда дархости фарзанд,ризқ, баракат ва рафъи мушкилот сурат мегирад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

 

وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنْ یَدْعُو مِنْ دُونِ اللَّهِ مَنْ لا یَسْتَجِیبُ لَهُ إِلَى یَوْمِ الْقِیَامَهِ وَهُمْ عَنْ دُعَائِهِمْ غَافِلُونَ

«Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷуз Аллоҳ чизеро ба худоӣ мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, ки бутон аз дуъои бутпарастон бехабаранд» (Сураи Аҳқоф, ояти 5)

Ҳамчунин дар ояти дигар мефармояд:

 

قُلِ ادْعُوا الَّذِینَ زَعَمْتُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ لا یَمْلِکُونَ مِثْقَالَ ذَرَّهٍ فِی السَّمَاوَاتِ وَلا فِی الأَرْضِ وَمَا لَهُمْ فِیهِمَا مِنْ شِرْکٍ وَمَا لَهُ مِنْهُمْ مِنْ ظَهِیرٍ

Бигӯ: «Бихонед касонеро, ки ҷуз Худои якто Худо мепиндоред!» Молики  заррае, дар осмонҳову замин нестанд ва дар офариниши он ду ширкате надоштаанд ва Худоро дар офариниш ёрӣ накардаанд.(Сураи Сабо, ояти 22)

Ва ҳамин тавр дар оёт ва аҳодиси зиёде аз дуъои ғайри Аллоҳ манъ шудааст, зеро ки дуъо аз ҷумлаи ибодоти муҳим ба шумор меравад, ки иддао кардани он барои ғайри Аллоҳ ширки акбар мебошад.

  1. Касоне, ки миёни худ ва Парвардигораш воситаеро қарор дода (масалан як мурдаро) аз ӯ шафоъат металабад ва ё аз ӯ дархост мекунад, ки ӯро ба Аллоҳ наздик созад, то ҳоҷаташ марфуъ гардад, чунин шахс қатъан кофир аст. Дар ҳақиқат мушрикини замони Пайёмбар (саллалоҳу алайҳи васаллам) дар чанголи ҳамин навъи ширк гирифтор буданд. Ҳангоме ки онҳо ғайри Аллоҳро ибодат мекарданд ҳаргиз маъбудони хешро молики заъфу зарар намедонистанд, балки чунин мегуфтанд, ки ин маъбудон соҳиби ҷоҳу мақом назди Аллоҳ ҳастанд ва мо бандагони гунаҳкор ҳастем, аз ин ҷиҳат ба ин маъбудон паноҳ мебарем ва аз онҳо мехоҳем, ки назди Аллоҳ барои мо шафоат кунанд ва моро бештар ба Аллоҳ наздик созанд, то хостаҳои мо таҳақуқ ёбад, ҳамон тавр, ки подшаҳон дар дунё вақте ниёзмандиҳои касеро бароварда месозанд, ки афроди бо мақому баландмартаба барои ӯ васотат кунанд ва бад-ин сон Аллоҳро ба подшаҳон оҷизу нотавон муқоиса карданд. Далели ин гуфтаҳо дар ду ояти зайл аст. Аллоҳи мутаол дар мавриди мушрикон чунин фармуда:

 

وَیَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لا یَضُرُّهُمْ وَلا یَنْفَعُهُمْ وَیَقُولُونَ هَؤُلاءِ شُفَعَاؤُنَا عِنْدَ اللَّه

 

«…  Ғайри Аллоҳ чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: Инҳо шафоъат кунандагони мо дар назди Аллоҳанд». (Сураи Юнус, ояти 18)

Ва дар ояти дигар Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу гуфтаи мушриконро чунин бозгӯ мекунад:

 

أَلا لِلَّهِ الدِّینُ الْخَالِصُ وَالَّذِینَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِیَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلا لِیُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَى

 

«Огоҳ бошед, ки дини холис аз они Худост ва онон, ки ғайр аз Ӯ Аллоҳи дигареро ба Аллоҳи гирифтаанд, гуфтанд: Инонро аз он рӯ мепарастем, то василаи наздикии мо ба Аллоҳи якто шаванд». (Сураи Зумар, ояти 3)

Бо андак тағирот дармеёбем, ки мушрикони имрӯзӣ барои дуруст шуморидани аъмоли худ ба ҳамон далоил истидлол мекунанд, ки мушрикини Қурайш ба он истидлол менамуданд, чунки ин ду навъи ширк (воситаи қарор додан дар дуъо ва талаби шафоат аз мурдаҳо) дар асри ҳозир интишори васеъ доранд. Лозим аст, ки бидонем дини Ислом чӣ гуна ин мафкураҳои ширкиро решакан месозад.

Воситае миёни банда ва холиқаш вуҷуд надорад.

Ҳангоме ки саҳобаи киром дар мавриди Аллоҳи мутаол аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пурсиданд, ки чӣ гуна Ӯро бихонанд, ояти зайл нозил шуда:

 

وَإِذَا سَأَلَکَ عِبَادِی عَنِّی فَإِنِّی قَرِیبٌ أُجِیبُ دَعْوَهَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ فَلْیَسْتَجِیبُوا لِی وَلْیُؤْمِنُوا بِی لَعَلَّهُمْ یَرْشُدُونَ

«Чун бандагони ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, бигӯ, ки Ман наздикам ва ба нидои касе, ки Маро бихонад, посух медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба ман имон оваранд, то роҳи рост ёбанд». (Сураи Бақара, ояти 186)

Ин оят баён мекунад, ки воситае миёни банда ва Парвардигораш нест ва Аллоҳ ба бандагонаш наздик аст, он гоҳ, ки вайро бихонанд, иҷобат мекунад.

Талаби шафъоат аз мурдагон ширк аст.

Шояд касе бипурсад, оё анбиё ва авлиё рӯзи Қиёмат шафоъат мекунанд? Дар ҷавоб гуфта мешавад, ки бале, шафоъат мекунанд, аммо баъд аз инки Аллоҳи мутаол ба эшон иҷоза бидиҳад, Аллоҳ мефармояд:

مَنْ ذَا الَّذِی یَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلا بِإِذْنِهِ

«…Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ӯ шафоъат кунад»? (Сураи Бақара, ояти 255)

Пас молики шафоъат ҳамон Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу аст, чунонеки мефармояд:

قُلْ لِلَّهِ الشَّفَاعَهُ جَمِیعًا

«Бигӯ: “Шафоъат саросар аз они Аллоҳ аст»! (Сураи Зумар, ояти 44)

Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу аз рӯи эҳсон ва марҳамат дар рӯзи Қиёмат барои Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва барои бандагони солеҳу фариштагон иҷозаи шафоъат карданро медиҳад, аммо барои мо иҷоза дода нашуда, ки шафоъатро дар дунё аз онҳо бихоҳем, аз ин рӯ мусалмон шафоъатро аз молики он (Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу) талаб мекунад ва аъмоли некӯро ба умеди ҳосил кардани шафоъат анҷом медиҳад. Инки чаро талаби шафоъат аз мурда ширк аст ба далоили зайл аст:

1.Мурда сухани зиндаро намешунавад, магар инки Аллоҳ бихоҳад, Аллоҳи мутаол мефармояд:

 

إِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَىٰ وَلَا تُسْمِعُ الصُّمَّ الدُّعَاءَ إِذَا وَلَّوْا مُدْبِرِينَ

 

«Ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва овози худро ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд, бирасонӣ». (СураиНамл, ояти 80)

2.Мурда наметавонад барои касе дуъо кунад, зеро ки силсилаи аъмолаш қатъ гардида, масруфи ҳоли худ мебошад.

  1. Мурда молики шафоъат намебошад ва ҳеҷ чиз дар ихитёри ӯ нест.

Ҳамин се матлаб дар оёти зайл ба возеҳтарин шева тақрир шуда, Аллоҳ мефармояд:

 

ذَلِکُمُ اللَّهُ رَبُّکُمْ لَهُ الْمُلْکُ وَالَّذِینَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ مَا یَمْلِکُونَ مِنْ قِطْمِیرٍ (۱۳) إِنْ تَدْعُوهُمْ لا یَسْمَعُوا دُعَاءَکُمْ وَلَوْ سَمِعُوا مَا اسْتَجَابُوا لَکُمْ وَیَوْمَ الْقِیَامَهِ یَکْفُرُونَ بِشِرْکِکُمْ وَلا یُنَبِّئُکَ مِثْلُ خَبِیرٍ (۱۴)

«…Ин аст Аллоҳ-Парвардигори Шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри Ӯ ба худоӣ мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд. Ва агар онҳоро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, посухатон нагӯянд. Ва дар рӯзи Қиёмат ширк оварданатонро инкор кунанд ва кас ҳаммонанди Худои огоҳ хабардорат насозад». (Сураи Фотир, ояти 13-14)

Тақдими назр ба ғайри Аллоҳ намунаи дигар аз ширки акбар аст, вақте ки назркунанда ба назри хеш ғайри Аллоҳро қасд кунад, дар ҳақиқат ғайри Аллоҳро ибодат кардааст, зеро ки назр аз ҷумлаи ибодот ба шумор меравад ва бад-ин сон тарс аз Аллоҳ, муҳаббат бо ӯ, таваккул намудан, қурбонӣ кардан ва ғайра ибодот аъмоле ҳастанд, ки анҷом додани он барои ғайри Аллоҳ ширки акбар маҳсуб мешавад.

(идома дорад)

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

Share This Article