ҲАҚИҚАТИ ЛО ИЛОҲА ИЛЛА-Л-ЛОҲ (бахши севвум ва поёнӣ)

Яқинан Аллоҳи мутаол ҳаром гардонидааст бар оташи Дӯзах касеро, ки Ло илоҳа илла-л-лоҳ бигӯяд ва ҳадафаш аз он хос ризои Аллоҳ бошад.


Ба иттилоъи хонандагони гиромӣ мерасонам,ки бахши севвум муҳимтарин бахши мақола аст.Дар ин бахши поёни  ҳафт шартҳои калимаи тайиба ва фазилатҳо ва баъзе мисолҳо аз ширки кучак ё эътиқодҳои маъмулии миёни мардуми мо оварда шудаанд.Кушиш кунед хонед ва ҳифз кунед,ҳатман ба фарзандонатонҳам омӯзед!

Ширки асғар.

Иборат аз гуфторҳо ва аъмоле аст, ки бо анҷом додани он ба ширки акбар наздик мегардад, аммо аз доираи ислом хориҷ намешавад. Ин навъи ширкро ширки хафо ё пинҳон низ мегӯянд, зеро аксаран дар ният ва иродаи банда роҳ пайдо мекунад. Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар мавриди уматаш нигарон буд, то мабодо дар доми шайтонӣ наяфтанд, тавре ки мефармояд: «Дар бораи шумо аз ҳама бештар аз ширки асғар бим дорам, аз он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар мавриди он савол шуд, фармуд: Риё ширки асғар аст». (Ривоят аз Аҳмад ва Табаронӣ).

Мисолҳое аз ширки асғар қарори зайл аст:

1.) Шахсе барои адои намоз меистад ва ба хотири риё намози худро ҳусн ва зебоӣ мебахшад.

2.) Шахсе Қуръонро бо хушовозӣ тиловат мекунад, то мардум онро шунида, мадҳу ситоиш кунанд.

3.) Савганд хурдан ба ғайри Аллоҳ мисли қасам ёд кардан ба падарон ва аҷдод, қасам ба шараф ва номӯс, қасам ба сари фалон ва аз ҳамин қабил қасамҳо. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Он ки ба ғайри Худо савганд хурад, ҳамоно кофир шуда ё ширк овардааст».

4.) Шахсе ба дигаре мегӯяд: «Агар Худо ва шумо намебудед ман дар фалон мусибат дучор мешудам». Ё чунин мегӯяд: «Агар Худо намебуд ва баъд аз он фалон» ё «Ман ҷуз Аллоҳ ва баъд аз Ӯ, худат касе дигар надорам».

Шартҳои пазируфта шудани Ло илоҳа илла-л-лоҳ.

Бидон, ки Ло илоҳа илла-л-лоҳ калиди биҳишт аст ва ҳар калиде дорои дандонаҳое аст, агар ту дандонаҳои он калидро ба даст овардӣ метавонӣ қуфлро боз кунӣ ва агар на бароят боз намешавад. Дандонаҳои калиди биҳишт шартҳои Ло илоҳа илла-л-лоҳ аст, ки ба шарҳи зайл аст:

1.) Донистани маънии Ло илоҳа илла-л-лоҳ: Аллоҳи мутаол мефармояд:

فَاعْلَمْ أَنَّهُ لا إِلَهَ إِلا اللَّهُ

«Пас, бидон ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест». (Сураи Муҳаммад, ояти 19)

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Ҳар касе бимирад, дар ҳоле ки маънии Ло илоҳа илла-л-лоҳ-ро дарк карда бошад дохили биҳишт мешавад». (Ривояти Муслим).

Аз ин маълум мешавад, ки Ло илоҳа илла-л-лоҳ вақте пазируфта мешавад, ки инсон маънии онро бидонад.

2.)Яқин доштан: Қалби инсон бояд ба Ло илоҳа илла-л-лоҳ яқини қатъӣ дошта бошад ва аз ҳар гуна шаку тардид дар ин маврид пок бошад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Гувоҳӣ медиҳам бар инки маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ман фиристодаи Ӯ ҳастам, ҳар бандае, ки Аллоҳи мутаолро бо ин ду калима мулоқот кунад, дар ҳоле ки ба он шаке надошта бошад, пас дар Ҷаннат дохил мешавад». (Ривояти Муслим)

Тибқи ин ҳадис яқин низ шарти Ло илоҳа илла-л-лоҳ қарор дода шуда.

3.) Қабул кардан: Лозимаи он ин аст, ки ҳар он чиро маънӣ ва мафҳуми Ло илоҳа илла-л-лоҳ ба он далолат мекунад қабул кунем ва аз он рӯгардон набошем. Касоне ҳастанд, ки маънии калимаи тайибаро медонанд ва ба он яқин доранд, аммо аз рӯи кибру ҳасад калимаро рад мекунанд мисли уламои яҳуд ва насоро, ки барои чунин афрод калимаи тайиба суд намерасонад, Аллоҳи мутаол дар мавриди онҳо фармудааст:

 

الَّذِینَ آتَیْنَاهُمْ الْکِتَابَ یَعْرِفُونَهُ کَمَا یَعْرِفُونَ أَبْنَاءَهُمْ وَإِنَّ فَرِیقاً مِنْهُمْ لَیَکْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ یَعْلَمُونَ

«Аҳли Китоб ҳамчунон, ки фарзандони худро мешиносанд, ӯро мешиносанд  вале гурӯҳе аз онҳо дар айни огоҳӣ ҳақиқатро пинҳон медоранд». (Сураи Бақара, ояти 146)

4.) Пойбандӣ ва таслим шудан ба ончи ки ин калима бар он далолат мекунад;

Аллоҳ мефармояд:

 وَأَنِیبُوا إِلَى رَبِّکُمْ وَأَسْلِمُوا لَهُ  

«Пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оваред ва ба ӯ таслим шавед». (Сураи Зумар, ояти 54)

Агар касе маънии Ло илоҳа илла-л-лоҳ-ро бидонад ва онро бипазирад, аммо ба мафҳуми он амал накунад ва ба он таслим нашавад калима барои чунин шахс нафъ намерасонад, мисли Абутолиб, ки ба ҳақонияти дини ислом эътироф менамуд, аммо нуқси ӯ дар ин буда, ки ба мафҳуми калима таслим нашуда буд.

5.) Ростӣ ва садоқат: Сидқ ва ростӣ ин аст, ки қалб бо забон ҳамоҳанг бошад на монанди мунофиқин аланан исломро эълон мекарданд, аммо ончиро бо забонҳояшон мегуфтанд дар қалбҳояшон мавҷуд набуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Ҳар касе аз сидқи дил шаҳодат диҳад, ки ба ҷуз Аллоҳи мутаол маъбуде барҳақ нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) банда ва фиристодаи Ӯст, Худованд Ҷаҳанамро барои ӯ ҳаром мегардонад». (Мутафақун алайҳ)

6.) Ихлос: Иборат аз тасфия ва пок кардани амал аз ҳар гуна ширку риё мебошад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Хушнудтарин шахс ба шафоъати ман касе аст, ки Ло илоҳа илла-л-лоҳ-ро бо ихлоси қалбӣ бигӯяд». (Ривояти Бухорӣ)

7.) Муҳаббат доштан ба калима: Аллоҳи мутаол мефармояд:

وَالَّذِینَ آمَنُوا أَشَدُّ حُبًّا لِلَّهِ

 

«Вале онон, ки имон овардаанд, Худоро бештар дӯст медоранд».(Сураи Бақара, ояти 165)

Инҳо ҳама шурути Ло илоҳа илла-л-лоҳ буданд, ки мақсад аз зикри ин шурут ҳифз намудани алфози он нест, балки матлуб ин аст, ки мусалмон кореро анҷом диҳад, ки бо шурути мазкур мухолифат надошта бошад,на дар қавл ва на дар амал.

Фазилаҳои Ло илоҳа илла-л-лоҳ.

Ҳадаф аз хилқати инсон ҳамон амал кардан ба Ло илоҳа илла-л-лоҳ мебошад. Аввалин асл, ки тамоми паёмбарон даъвати худро ба он оғоз карданд иборат аз даъват ба сӯи Ло илоҳа илла-л-лоҳ буд. Касе, ки аз хулуси қалб калимаро сармашқи зиндагии худ қарор диҳад, оташи дӯзах бар вай ҳаром мегардад, дар ин маврид Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Яқинан Аллоҳи мутаол ҳаром гардонидааст бар оташи Дӯзах касеро, ки Ло илоҳа илла-л-лоҳ бигӯяд ва ҳадафаш аз он хос ризои Аллоҳ бошад». (Мутафақун алайҳ)

Касе, ки ба тавҳиди Аллоҳ муътақид аст ва аз корҳое, ки зиди тавҳид ё ягонагии Ӯ аст худдорӣ менамояд, аммо муртакиби баъзе гуноҳҳо мегардад ва бидуни тавба мемирад, чунин шахс таҳти иродаи Аллоҳ аст, агар бихоҳад ӯро азоб медиҳад ва пас аз муддате аз Дӯзах ихроҷ ва роҳии Ҷаннат мегардонад ва агар Аллоҳ бихоҳад ӯро мебахшад ва оташро ибтидо бар вай ҳаром месозад. Дар ҳадиси саҳеҳе зикр шуда, ки Аллоҳи мутаол чунин фармон медиҳад: «Ихроҷ кунед аз Дӯзах ҳар касе, ки Ло илоҳа илла-л-лоҳ гуфт ва дар қалбаш заррае аз имон бошад». (Мутафақун алайҳ)

Пас калима сабаб мешавад, ки инсон дар Дӯзах ҷовид намонад. Муҳимтарин хислат, ки сабаби духули Ҷаннат мешавад хондани калима ва амал кардан ба он мебошад. Охирин воҷиб бар мукаллаф (шахси оқил,болиғ,мусалмон) ҳамчунон калима аст, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Ҳар он ки охирин суханаш дар дунё Ло илоҳа илла-л-лоҳ бошад дохили биҳишт мешавад».

Дар ҷумлаи азкори шаръӣ Ло илоҳа илла-л-лоҳ беҳтарин зикр аст, чунончӣ дар аҳодиси гуногӯн ин матлаб собит шудааст.

Сангинтарин чиз дар мизон (тарозӯи амалҳо) ҳамоно калимаи тайиба яъне “Ло илоҳа илла-л-лоҳ” аст. Дар ҳадиси саҳеҳ зикр шуда, ки Нӯҳ (алайҳисалом) ба писараш ҳангоми марг гуфт: Ман туро ба Ло илоҳа илла-л-лоҳ супориш мекунам, агар ҳафт осмон ва ҳафт табақаи замин дар як пилаи тарозӯ гузошта шавад ва калимаи Ло илоҳа илла-л-лоҳ дар палаи дигар гузошта шавад яқинан Ло илоҳа илла-л-лоҳ сангинӣ мекунад. (Ривоят аз муснади Имом Аҳмад)

Калимаи тайиба барои гӯяндааш тамоми дарвозаҳои биҳиштро боз мекунад, чунонки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  мефармояд: «Ҳар як аз шумо вузӯ бигиред ва барои комил гардидани он бигӯед, Ашҳаду анло илоҳа илла-л-лоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Барои ӯ дарҳои ҳаштгонаи биҳишт боз мешавад, аз ҳар кадом бихоҳад метавонад ворид шавад». (Ривояти Муслим)

Ло илоҳа илла-л-лоҳ сабаби наҷот аз мусибатҳост, чунончӣ мебинем Юнус (алайҳисалом) аз дохили батни наҳанг чунин дуъо кард: «Ҳеҷ маъбуде барҳақ нест ба ҷуз Ту, покӣ Турост ҳар ойина ман аз ситамкорон будам». Ҳамин буд, ки Аллоҳ дуъои ӯро иҷобат кард.

Ло илоҳа илла-л-лоҳ сабаби даст ёфтан ба шафоъати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст. Тавре ки қаблан гузашт.

«Онон, ки Аршро мебардоранд ва онҳо, ки бар гирди он ҳастанд, ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва ба ӯ имон доранд ва аз ӯ барои мӯъминон омурзиш мехоҳанд: «Эй Парвардигори мо, раҳмату илми Ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас, ононро, ки тавба кардаанд ва ба роҳи ту омадаанд, биёмурз ва аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ дор»! (Сураи Ғофир, ояти 7)

Ло илоҳа илла-л-лоҳ омили иззату шарофатмандист. Афроде чун Билоли Ҳабашӣ ва Салмони Форсӣ дар асари имон овардан ба ин калима ба авҷи иззату шарофат расиданд, бо онки дар миёни мардум аз насаби номдор бархурдор набуданд ва афроде чун Абулаҳаб дар асари рад кардани калима ба пештарин ва ҳақиртарин манзалат фуруд омаданд, бо онки онҳо аз насаби машҳур бархурдор буданд.

Ло илоҳа илла-л-лоҳ маҳкамтарин робитаро миёни мусалмонон барқарор месозад ба муҷараде, ки инсон ба калима имон меоварад, хонумҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳайсияти модарон ва тамоми мусалмонон ҳайсияти бародарони ӯро мегиранд.

Луғат:

Хафо –  пӯшидагӣ,  пинҳон  ва  махфӣ  будан.

Тазод(д) – зиддият, ихтилоф, мухолифат.

Хулус – холисӣ, соддагӣ, покӣ, самимият, дӯстии бовафо.

Аланан – ошкоро

Мукаллаф – (мусалмон,болиғ,оқил)

Поёни мақолаи “Ҳақиқати Ло Илоҳа Илла-л- Аллоҳ”дар се бахш,умед аст барои худ чизе гирифта бошед.Дар нашри ин мақола саҳми худро гузор,то ноогоҳе  аз ҳақиқати 

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад