Аҳволи донишҷӯёни тоҷик дар Миср. Аз боздошт то истирдод

Ислоҳ нет

Истирдоди  45 нафар донишҷӯ аз Миср ба Тоҷикистон

Чанд рӯз пеш бо нашри як мақола, дар бораи ҳолати имрӯзаи донишҷӯёни Миср  бароятон хабар дода будем. Баъди нашри мақолаи гузашта, шикояту мактубҳои донишҷӯёни тоҷик дар Миср ба нишонии мо хеле зиёд омаданд.

 

Тавре огоҳ ҳастем, наздик ба як моҳ пештар  тақрибан 150 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Миср, аз ҷониби пулиси   ин кишвар боздошт шуда буданд. Байни онҳо чанд зани ҳомила ва кӯдакони ноболиғ низ ҳастанд.

 

Тибқи як маълумоти мӯътамад аз ҳукумати Тоҷикистон 45 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки се ҳафта пеш дар Миср аз ҷониби пулиси ин кишвар боздошт шуда буданд, аллакай ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

 

“Охири ҳафтаи гузашта 45 нафарро ба Тоҷикистон истирдод карданд. То ҷое хабар дорам, касоне, ки айни ҳол дар боздоштгоҳҳои Миср қарор доранд, тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Миср рӯихаташон ба мақомоти Тоҷикистон аллакай таслим шудааст. Пайвандони боздоштшудагон айни ҳол ба идораи пулис, шӯъбаи шашум, амният ва прокуратура даъват шуда истодаанд. Онҳо мавриди бозпурсӣ ва фишор қарор доранд” – мегӯяд ин мақомдори ҳукумати Тоҷикистон.

 

Аз рӯи гуфти ин корманди ҳукуматӣ, “нафароне, ки ба кишвар оварда шудаанд, ҳукумат кӯшиш карда истодааст, фарзандонашонро ба таҳсил дар мактабҳо ҷалб кунад. Иддае аз кӯдакони онҳо бо сабабҳои номаълум ҳатто шаҳодатномаи таваллуд надоранд. Дониста шуд, ки қисме аз ин кӯдакон забонҳои арабӣ ва англисиро хуб медонанд, чанд ҷузъ Қуръон ҳам аз бар кардаанд. Аммо, тасаввуроташон дур аз барномаҳои мактабист. Маълум мешавад, волидайни ин кӯдакон ба таҳсили мактабии фарзандонашон аҳамият надодаанд”.

 

Инҷо ҳарчанд ба баъзе аз гуфтаҳои ин манбаъи мо бовар кардан мушкил аст, аммо метавон гуфт, аксарияти гуфтаҳояшро аз ҷониби дигар агар таҳлил кунем, шоҳиди ҳолати нигаронкунандаи донишҷӯёни тоҷик дар Миср аст. Дар ин бора баъдтар гуфта мегузарем.

 

Ҳоло, баргардем ба Миср ва аз ҳоли донишҷӯёне, ки боздошт шудаанду то ба ҳол дар боздоштгоҳи ин кишвар қарор доранд, ҳарф занем.

 

Тоҷирони тоҷик дар баробари донишҷӯён дар боздоштгоҳҳои Миср 

Ба мо маълум шуд, ки аз 150 нафарони боздоштшудаи тоҷик, танҳо 25 нафар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи буду боши расмӣ, яъне иқома доштаанд. Дар байни ин 25 нафар, илова ба донишҷӯён, шахсоне ҳам вуҷуд доранд, ки ба кору тиҷорат машғул будаанд.

 

Як тоҷири тоҷик аз вилояти Суғд, ки тули чанд соли охир дар шаҳри Қоҳираи Миср зиндагӣ мекардааст, айни ҳол баробари донишҷӯён дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ба мо хабар доданд, ки ин нафар ба шаҳрҳои Тошканд, Ангрен, Самарқанду Бухоро ва Қуқанд аз Миср бор мегуселонидааст. Иқома ҳам доштааст. Як хешованди ин тоҷир ба мо қазияро ингуна шарҳ дод:

 

“Худаш донишгоҳи Тоҷикистонро хатм кардааст ва забоншинос аст. Чанд сол мактаби миёнаро дар шаҳри Тошканди  Ӯзбекистон таҳсил карда буд. Дар Ӯзбекистон шиносҳои зиёд дорад. Онҳо аз Хитойу Ӯзбекистон ба ӯ бор мефиристанд. Вай аз Миср ба онҳо, ба шаҳрҳои Тошканд, Ангрен, Самарқанду Бухоро ва Қуқанд бор мефиристод. Шиносҳояш аллакай ба Миср рафта, вакили дифоъ гирифтаанд. Вакили дифоъ кор карда истодааст. Аммо то ба ҳол бо вуҷуди он, ки  ҳуҷҷатҳояш камбудӣ надоранд, ҳатто вакили дифоъ натавонист дидорбинӣ кунад. Танҳо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар боздоштгоҳ бо ӯ сӯҳбат кардаанд. Гуфтаанд, ки ҳолаш хубаст. Ба ҳар ҳол хеле хавотирем”.

 

 Сарсонии занони тоҷик дар Қоҳира

Як хоҳар худашро Умми Салмон муаррифӣ карда ба Ислоҳ гуфт, ки  шавҳарашро дар шаҳри Қоҳираи Миср, ҳангоми аз масҷид баромадан боздошт кардаанду тули се ҳафта, бо се фарзанди хурдсолаш  дар ба дар аст.

 

“Барои хондани намоз масҷид рафта буд, барнагашт. Занг задам, аллакай телефонаш  хомӯш буд. Ба чанд кас занг зада гуфтам, ки шавҳарам бедарак шудааст. Баъд, як ҳамдиёрамон ба ман тамос гирифта  гуфт, ки шавҳаратонро пулис боздошт кардааст ва бояд шумо ҷои истиқомататонро тарк кунед, то шуморо низ боздошт накунанд. Ба хонаи чанд шиносҳо рафтам. Онҳо низ аз даро-барои зиёдатӣ ва садои кӯдакон сахт эҳтиёт мекунанд. Ҳама дар ҳарос аст. Аҳли оила ягон нафар иқома надорем. Чанд бор шавҳарам ҳаракат кард, аз сафорат ҳуҷҷат гирифта натавонист”. – нақл кард Умми Салмон.

 

Умми Салмон мегӯяд, то ду соли пеш ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи буду боши расмӣ доштаанд ва фарзандонашон дар мактабҳои расмӣ мехондааст.

 

Ӯ афзуд: Пештар ба хотири таҳсил иқома кардан мушкил набуд. Аммо, чанд соли охир мақомоти бақайдгирии Миср талаб карданд, ки барои иқома ҳатман аз сафорати Тоҷикистон нома биёварем. Ҳамчунин, дохил шудан ба донишгоҳҳо низ бидуни номаи сафорати Тоҷикистон номумкин шуд. Аз ин сабаб, иқома кардану дар донишгоҳҳои расмӣ таҳсил кардан ҳам номумкин шуд. Сафорат бошад, касонеро, ки барои гирифтани ин нома муроҷиат намуданд, ба Тоҷикистон истирдод кард. Касоне, ки ба  сафорат мераванд, мавриди бозпурсии шадид қарор мегиранд. Аз ҳамин сабаб аксарият маҷбур шуданд, ки фарзандонашонро барои тадрис ба ҳуҷраҳои ғайрирасмӣ диҳанд. Худашон дар ҳалқаҳои дарсии шайхҳо ширкат мекардагӣ шуданд”.

 

Гуфтаҳои ин хоҳар бо маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, дар зер тасдиқи худро меёбад. Яъне, сабаби асосии мушкилоти ҳуҷҷати будубоши тоҷикон дар Миср, ин сиёсатҳои авбошонаи ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Миср мебошад.

 

Ҷосусҳои КДАМ бо номҳои қалбакӣ

Тавре ба Ислоҳ навиштаанд, шахсе бо номи Акмал дар сафорати Миср кор мекунад, ки ӯ корманди КДАМ мебошад.

 

Дониста мешавад, Акмал мусибати зиёде ба сари ҷавонони донишҷӯ овардааст. Вақте донишҷӯён ба сафорат муроҷиат мекунанд, берун аз масъалаи муроҷитшуда, шахсро мавриди бозпурсӣ қарор медодааст ва маълумотро ба Душанбе мерасондааст. Ҳар шахсе ба хотири мушкилии худ занг занад, ба сафорат даъваташ мекунад ва ба саволборон кардан, шурӯъ мекунад.  Бо ҳамроҳии шумо кӣ таҳсил мекунад, дар кадом масҷид намоз мехонед, чанд тоҷик барои хондани намоз ба он масҷид меояд, оилаатон дар куҷост, нишонии хонаи истиқоматиатон кадом аст, чанд нафар зиндагӣ мекунед, барои таҳсил пулро ба шумо кӣ мефиристад ва ғайра мисли ҳамин. Аксарият донишҷӯёни тоҷик зудбоваранд. Дарҳол содиқона ҳама маълумотро мегӯянд. Баъд аз ин пай дар пай мушкилоту сад балои дигар ба сари донишҷӯ меояд. Аммо, пас аз гирифтани маълумотҳои лозима, ягон мушкили донишҷӯ аз ҷониби сафорат ҳал намешавад. Муҳим барояшон ҷамъ кардани маълумот асту тамом.

 

Ҳамчунин дониста шуд, ки ҳамин Акмал тақрибан чиҳилсола буда,  гоҳо худро аз Ҳисор ва гоҳо барои баъзеи дигар аз самти шимоли кишвар муаррифӣ карда, ҳамеша аз донишҷӯён маълумот пурсида мегардад.  Бо гуфти худи Акмал дар Русия таҳсил карда, пас аз хатми он дар сафорат кор мекардааст.

 

Нависандаи ин сатрҳо нақл мекунад: “Ӯ донишомӯзонро ба футбол даъват карда, онҳоро аксбардорӣ менамояд. Акмалро дар чанд ҷаноза дидем, ки бо мо намози ҷанозаро нахонд ва дар пушти намозгузорон қарор гирифт. Ин шахс дар ирсоли ҷавонони зиёди донишҷӯй даст дорад. Бо маълумотҳои ирсолнамудаи ӯ ба сари хонаводаҳои донишҷӯён мушкилоти зиёде дар Тоҷикистон овардаанд. Забони арабиро намедонад ва мо инро аз он фаҳмидем, ки котибаи сафорат як зани мисрии ҷавони боҳиҷоб аст, ки бо ин зан бо забони англисӣ сӯҳбат мекард. Аз ӯ донишҷӯён бояд барҳазар бошанд ва ба ҳеҷ ваъдааш бовар накунанд. Аниқ аст, ки номи аслиаш Акмал нест. Ин номи мустаори ӯст”.

 

Бо ин мазмун номаҳо, чанд адади дигар дар дасти мо вуҷуд дорад, ки аз касби хабаркашӣ ва ҷосусии тудае аз тоҷикон дар Миср қисса мекунад. Ҳатто байни донишҷӯён ва таҳсилдидагони тоҷик дар мӯътабартарин донишгоҳҳои ин кишвар низ хабаркашҳо ҳастанд. Ин касон илова бар машғулиятҳои инфиродиашон ба хотири хуб нигоҳ доштани муносибаташон бо сафорат ва ҳукумати Тоҷикистон, ҷосусиву хабаркаширо пеша кардаанд.

 

Яке аз онҳо тавре дар мақолаи пешин ҳам зикр карда будем, Муҳаммадамини Абдулҳамид аст. Бубинед дар бораи ӯ чӣ навиштаанд:  “Муҳаммадамин номи аслии ӯ нест. Номи аслии ӯ Тилло мебошад ва ӯ писартағои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон аст. Ҳамсараш ҳам  ҷияни Абдулқодирзода.Тилло фориғуттаҳсили факултаи шариъати Донишгоҳи Азҳар ва қисми диросоти улёи ин донишгоҳ мебошад. Дониши хуби фиқҳӣ дорад. Ҳоло ширкати тиҷоратии қанодӣ дорад ва чанд тоҷику қирғиз дар ширкаташ кор мекунад ва бештар ба он  машғул аст. Бо сафорат ҳамкории зич дошта, дар фиристодани донишҷӯёни тоҷик аз Миср ба Тоҷикистон дасти ҳамкорӣ бо сафорат дорад. Ҷамъияти тоҷикони Миср, ки гоҳ-гоҳ изҳоротҳои ҷонибдорикунанда аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон нашр мекунад, комилан аз тарафи ӯ идора ва роҳбарӣ мешавад.Раиси Ҷамъияти Тоҷикони Миср Абдурраҳмон як марди бузургсоле аст,ки бо зурӣ ӯро ба ин мақом сафорат гузоштааст. Ба ҷуз иддаи ангуштшумор ба хотири ҷасосаташ бо Тилло рафтуомад намекунанд. Ҳама донишҷӯён кӯшиш мекунанд, ки аз ӯ дур бошанду ҳатто тамос нагиранд.   Ба расонаҳои дохилии Миср ҳамеша режими Тоҷикистонро тавсиф мекунад ва чеҳраи мухолифони сиёсиро ба онҳо бад бозгӯ менамояд. То имрӯз наворҳое, ки дар шабакаҳои Мисрӣ нашр шудаанд, аксар кори ин шахс аст. Мо бедодгариҳои зиёде аз ин шахс дидаем ва ногуфтану ифшо накардани онро ҷиноят меҳисобем”.

 

Як донишҷӯи дигар бо номи Абутолиб  дар бораи Муҳаммадамин менависад: “Ман дар чанд сӯҳбатҳои ӯ иштирок кардаам. Ин қадар донишманди воҳима ҳам нест. Хусусан масъалаи ақидаи исломӣ, ақалан атрофи Тавҳид ва Ло илоҳа иллаллоҳ баҳс карда наметавонад. Дониши фиқҳияш низ сатҳӣ аст. Фақат ӯ бо нишон додани муносибати хубаш бо сафорат ва корчалонияш аз худ авторитет сохтааст. Бузи тайёр аст. Вақте ба чанд хатоҳояш эрод гирифтам, дар бораи ман маълумот ҷамъ карда ба сафорат додааст. Дар Тоҷикистон падару модарамро хеле мақомот ранҷ доданд. Магар толибилме, ки ақидаи исломӣ дорад, ба худаш ҳақ медиҳад, ки дар бораи як бародари мусалмонаш ҷосусӣ кунад? Маҷбур шудам, ки Қоҳираро тарк карда, ба дигар шаҳри хурдакак куч бандам. Иқомаам мӯҳлаташ тамом шуд, дигар натавонистам тамдид кунам. Аҳвол ҳамин”.

 

Ҳамингуна даҳҳо нома дорем, далолат бар он мекунанд, ки вазъияти донишҷӯён ва бошандагони тоҷик дар Миср хеле нигаронкунанда аст.

 

Аҳволи донишҷӯёни дигар миллатҳо дар Миср

Тибқи баъзе маълумотҳо ба ҷуз тоҷикон, ҳафтаи гузашта ба Қирғизистон 11 нафар, ба Қазоқистон 9 нафар, Озарбойҷон 3 нафар, Ӯзбекистон 17 нафар истирдод шудаанд. Аммо, туфайли хидмати хирсонаи ҷосусони болозикршуда, аз ҳама бештар ба Тоҷикистон бо теъдоди 45 нафар истирдод шудаанд.

 

Гуфта мешавад, боздошти донишҷӯёни хориҷӣ дар Миср тибқи як барномаи махсуси мақомоти интизомии ин кишвар сурат гирифтааст. Аммо, кӯмаки намояндагиҳои дипломатӣ барои боздошти донишҷӯён хеле чашмрас будааст.

 

Номаи дардноки як донишҷӯи тоҷик ба Ислоҳ

Таваҷҷӯҳ кунед ба ин нома, ки ба чӣ дарду алам навишта шудааст:

Дар Миср моро мисли Ӯйғурҳо карда истодаанд. Мисле, ки ин тарҳ тарҳи Чин аст. Аввал наздик ба ду сол пештар ин амалиётро худаш таҷриба карда, акнун ба ҳукумати Тоҷикистон омӯзонида истодааст. Охир,  Чин, бештари мардумаш бутпарастанд, идеологияи ҳукуматаш атеистӣ, яъне бехудоисту Уйғурҳо мусалмон ҳастанд. Инро мешавад дарк кард. Аммо дар Тоҷикистон 97% мусалмонанд. Кишвари мо демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Диндору бедин бояд ҳуқуқаш риоя шавад. Тибқи принсипи конститутсионии Тоҷикистон, бояд шаҳрвандони ин кишвар дар ҳар куҷое, ки бошанд ҳуқуқашон ҳифз шавад. Новобаста аз эътиқод ба дин бояд муносибати ҳукумат ба  ҳама мусовӣ бошад. Чаро мо ҳақ надоштаем, ки дар хориҷ таҳсили улуми динӣ гирем? Донишгоҳи Азҳар дар муътадилӣ машҳур аст. Аксари фатвоҳои исломӣ тавассути уламои ҳамин донишгоҳ дода мешаванд. Ҳатто ҳукумати Миср, нисбати бисёр масъалаҳо тавассути донишмандони Азҳар маълумот мегирад. Чаро аз кулли дунё ба ин донишгоҳ омада таҳсил мекунанду онҳо тундгаро намешудаанд. Намояндагии дипломатии кишварашон дар Миср бо онҳо бо эҳтиром муомила мекунад?. Озодона ба сафоратхонаи кишварашон рафта, сабти ном мекунанд, ҳуҷҷатҳояшонро тамдид мекунанд, ёриҳои ҳуқуқӣ мегиранд, аммо кор то ҷое расида, ки фақат мо аз кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср мисли ҷинояткор гурехта мегардем.

 

Ба ҷуз таҳсили илм ва ташна будан ба улуми исломӣ ҷурми мо чист? Мегӯянд ба кишвар баргардед. Охир дар кишвар ба мо кӣ дарс медиҳад? Мулло Абдураҳими Карим? Номаша бехато навишта наметавонад. Боз кӣ? Чор панҷ кадри забони форсӣ омӯхта, мазҳабфурӯхтагони аз Эрон баргашта? Мо, ки ниёз ба омӯхтани Муаллими сонӣ ва ё таҷвиду Қироати Қуръон надорем. Ман худам донишгоҳи ба номи Имом Тирмизӣ (ҳозира ба номи имом Абуҳанифа)-ро хатм кардаам. Онҷо олими ба маслаҳаву мафсада сарфаҳм мерафтагӣ хеле ангуштшумор аст. Ташнагӣ ба илмро устоди бартараф мекардагӣ дар донишгоҳи имом Абуҳанифаи Душанбе қариб, ки надорем. Бубиинед, дар донишгоҳи исломии Тоҷикистон устоди донишгоҳ ҳассосият ба ришу сатр дорад. Таассуби кӯр-кӯрона дар масоили фиқҳиро як сӯ монед. Он тарафашро худатон ёбеду гиред.

 

Бовар кунед, гоҳо ба шаҳрванди Тоҷикистон буданам ҳазорҳо маротиба пушаймон мебошам. Ҳисси ватандустӣ намегузорад ин ҳамаро бо забонҳои гуногун ба гӯши олам расонем. Вагарна, бо се забони хориҷӣ озодона ҳарф мезанам. Аз дастам меояд, ки намояндагони расонаҳои телевизионии ҷаҳониро даъват карда, ин ҳама ноадолатиро як ба  як дар ихтиёрашон гузорам. Охир ин ҳолатро мисли мо шаҳрвандони ҳеҷ кишваре дар Миср надида буданд.

 

Аслан гирем, дар ВКХ Тоҷикистон ва умуман ҳукумати кишварамон шахсони баномӯс ва дурандеш ба чашм намехуранд. Онҳо агар заррае номус медоштанд, бо ҳар кишваре, ки ҳамкории дипломатӣ доранд, барояшон шаҳрвандонашонро ҳамчун террористу экстремист муаррифӣ намекарданд. Охир, мо худаш 9 млн аҳолӣ дорем. Тоҷикистон як кишвари хурдакак. Дар кадом кунҷи дунё набошад, рӯихати тоҷик ҳамчун террористу экстремист дар дасти мақомоти интизомии ҳамон кишвар аст. Дар Миср, Арабистони Саъудӣ, Қатар, Мавритания, Туркия, Уммон, Русия, Украина, Малайзия ва ҳатто дар кишварҳои он тарафи уқёнус низ. Магар ин шармандагӣ нест?

Вазъият чунин рафтан гирад, маҷбур мешавем, бо ҳар василае, ки бошад аз ҳуқуқамон дифоъ кунем!

 

Муроҷиати Ислоҳ ба донишҷӯёни тоҷик дар Миср

Ногуфта намонад,  дар ин бора маълумотҳое, ки дар дасти мо ҳасту инҷо натавонистем ҳамаро нависем, дар ояндаи наздик насиб бошад, нашр хоҳем кард. Касоне, ки ба мо нома фиристода буданду инҷо дарди дили худро намебинанд, лутфан моро маломат накунед. Навиштаҳои шумо низ агар мазмун ва муҳтавояшро инҷо наёбед, бидонед, ки дар оянда иншоаллоҳ, ҳатман ба нашр мерасад. 

Муроҷиати мо ба ҳама донишҷӯён дар Миср инаст, ки дар расонидани хабарҳо аз аҳволатон фаъол бошед. Чун ингуна ҳолатҳо дур аз назари ҷомеъа буданаш ба фоидаи касе нест!

 

Муроҷиати Ислоҳ ба ҳукумати Тоҷикистон

 

Тавре хабар дорем, ин ҳама тазйиқу фишор ба донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, аз ҷониби ҳукумат бо мақсади баргардонидани онҳо ба кишвар унвон мешавад. Наздик ба даҳ сол аст, ки ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш дорад, донишҷӯёни дар хориҷ машғули таҳсили улуми исломӣ бударо ба кишвар баргардонанд. Яъне, ҳукумати Тоҷикистон таҳсили улуми динӣ дар хориҷро барои ҷавонони кишвар нолозим ва хатарнок медонад.

 

Оё таҳсили улуми динӣ дар хориҷ, дар воқеъ ба амнияти кишвар таҳдид мекунад?

 

Ҳарчанд то ҷое ин даъворо асоснок кардан мехоҳанд, бояд гуфт, ки ин тасмими ҳукумати Тоҷикистон аҳмақона ва бидуни ҳеҷ оянданигарӣ аст.

 

Бубинед, ҳамагон медонем, ки дар Тоҷикистон айни ҳол уламои босалоҳият ва донишашон рақобатпазир бо дониши уламои сатҳи ҷаҳонии ислом вуҷуд надорад. Бар замми ин, аксари донишҷӯёне, ки дар хориҷ айни ҳол талаби илм мекунанд, сатҳи донишашон болотар аз аксарияти домуллову имомхатибҳои мадрасаву донишгоҳнодида ва худомӯзи Тоҷикистон аст. Ҳатто дар рақобати илмӣ, аксарияти устодони Донишгоҳи имом Абуҳанифаи Душанбе, побӯси илми як донишҷӯи курси ду ва ё сеюми Донишгоҳи Азҳари Миср ҳастанд. Ҳоло мо дар бораи донишгоҳҳои Мадинаи мунаввара, Исломободи Покистон, донишгоҳҳои динӣ-дунявии Малайзиё, Қатар, Мавритания ва  донишмандони исломии ҳатто Ҳиндустон ҳарф назадем.

 

Феълан, дар Тоҷикистони имрӯзии мо олимони исломие, ки навиштаҳо, суханрониҳо ва дарсҳои онҳоро дар сатҳи ҷаҳони ислом бипазиранду аз онҳо иқтибос оранд, ба чашм намехуранд. Олими исломии тоҷике, ки  барои суханронӣ дар баробари дигар уламои сатҳи ҷаҳонӣ дар донишгоҳҳои исломӣ ва конфронсҳои илмие, ки уламои ҷаҳони ислом ҷамъ мешаванд, даъват шаванд, қариб ки вуҷуд надорад. Масалан, ба сатҳи ҳавзаҳои илмии ҷаҳонӣ, ки бештар дар ин ҳавзаҳо уламои диниро ба ҷомеъаҳо тақдим мекунанд, оё вуҷуд дорад? Мисли Уламои Азҳарӣ ё Уламои Билоди Ҳарому Ҳиҷоз, Уламои Девбанди Ҳинду Покистон, Уламои сарзамини Шом ва Шанқетиҳои Мавритания.

 

Албатта, ҳавзаи илмии Самарқанду Бухоро ё Мовароуннаҳр то оғози асри 20 вуҷуд дошт. Феълан, чунин ҳавзае дар мо вуҷуд надорад. Тоҷике, ки дар олам нуфӯз ва мавриди қабули ҳама уламои ислом бошад қариб, ки надорем. Ин дар ҳолест, ки  дар гузашта, ҳавзаи илмии Мовароуннаҳр, Самарқанду Бухоро аз ҳама ин ҳавзаҳои илмии номбурда бартарӣ дошту олимони ин ҳавзаҳо ҳатто китобҳои таснифнамудаи худашонро дарс мегуфтанд. Бояд зикр кард, ки ҳавзаи илмии Самарқанду Бухоро беш аз бисту ду ҳазор уламои сатҳи ҷаҳонӣ ба олам тақдим намудааст. Ҳоло бошад, нури илм дар ин атроф қариб хомӯш гашта, дар ҳоли нобудӣ қарор дорад. Аммо, китобҳои он уламо дар ҳама ҳавзаҳои илмии имрӯза вуҷуд дорад ва дар қоимаи кутуби муҳиммот қарор дорад.

 

Акнун бармегардем ба асли масъала. Ин донишҷӯёне, ки аз устодони сатҳи ҷаҳонии улуми исломӣ илм фаро гирифтаанд, ба Тоҷикистон оварда, чи дарс мегузаред? Дарси таҷвиди Қуръону сарфу наҳв? Арузу сираи паёмбар? Магар ин хандаовар нест?

Ё омӯзиши китобҳои пешвои бехирадро дар мадрасаҳо низ ба роҳ мемонед?

 

Ниҳоят ба худ оед. Ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон, кишварро дар вакиуми илмӣ қарор дода, дар оянда, боз ҳам моро дастнигари бегонагон мегардонад. Агар фишори донишҷӯёни тоҷик ҳамингуна давом кунад, дар оянда, ҳалли як масъалаи одии исломӣ барои як рӯҳонии тоҷик мисли кӯҳ вазнин мефарояд. Дар пеши ҳама уламо ва донишмандони улуми исломии дигар кишварҳо даст пеши бару сархам мемонем. Инчунин наметавонед дар баробари ин ҳама кадрҳое, ки улуми исломиро дар хориҷ таҳсил намудаанду дониши кофии шаръӣ доранд, шахсони камсаводеро ба муфтии кишвар, хатибҳои масоҷид, мударрисони “донишгоҳи Имом Абуҳанифа” бигуморед. Ин бесаводон талаботи динии ҷомеъаро наметавонанд бароварда кунанд.

 

Илова бар ин, вақте омӯзиши илм буғӣ мешавад, майли мардум ба хурофот меафзояд. Каҷфаҳмӣ ва фосила аз илму маърифат афзун мешавад. Магар ҳамин як чизи содаро ҳукумати Тоҷикистон дарк намекунад? Магар дар баробари ҷаҳониён миллатро бедонишу сархаму бечора кардан хиёнат нест. Корнамоии ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон аз  ҷиҳати иқтисодӣ ба ҳама маълум аст. Муҳоҷиру дар ба дару гастербайтеру кучаруб шудем. Иқтисод буғӣ аст, тиҷорат буғӣ аст, фурӯши молҳои серхаридор инҳисорист. Ба ҳаммаи ин мардум сабр дорад. Акнун илму маърифати исломӣ, ки ягона мояи ифтихори мардуми тоҷик аз қадимулайём ҳамин аст, то ба охир бояд аз даст равад? Инсоф куҷост? Моро ба куҷо мебаред? Якбор дер нашуда, андеша кунед ва ба инсоф оед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article