Ҳафт нафар дар сояи арши Худованд
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳафт нафар аст, ки дар рӯзи Қиёмат дар зери сояи арши илоҳӣ қарор мегиранд ва аз гармои тоқатфарсои он рӯз дар амон мемонанд.
1. Ҳоким ва пешвои адолаткор
2. Ҷавоне, ки ҷавонии худро дар ибодати Худованд сипарӣ кардааст.
3. Марде, ки қалбаш вобаста ба масоҷид аст вақте, ки аз масҷид хориҷ мешавад, интизор мекашад, то вақти намози дигар фаро расад ва боз ба масҷид баргардад. (Муъмин дар масҷид монанди моҳии дар об эҳсоси оромиш кунад, аммо инсони мунофиқ дар масҷид монанди парандаеаст, дар қафас, талош мекунад аз қафас озод шавад. Пас, муъмин дар масҷид оромиш пайдо мекунад ва дӯст дорад, ки дар масҷид бошад ва мунофиқ, агар ҳам ба муқтазои замон ба масҷид меояд ҳарчӣ зудтар мехоҳад аз масҷид хориҷ шавад ва масҷид барояш монанди зиндон аст).
4. Ду нафаре, ки ба хотири Худованд бо ҳам дӯст шуданд ва ба хотири Худованд аз ҳам ҷудо шуданд.
5. Ҷавоне, ки зани зебо ва соҳибмансабе ӯро ба фаҳшо даъват кунад ва ӯ дар ҷавобаш мегӯяд ман аз Худованд метарсам ва гирифтори чунин амали зишт намешавад.
6. Фарде, ки хайру садақа мекунад мехоҳад кассе нафаҳмад.
7. Шахсе, ки дар хилват зикру ёди Худовандро мекунад ва аз чашмонаш ашкҳо ҷорӣ мешавад.
Инҳо ҳафт нафаре ҳастанд, ки дар рӯзи Қиёмат дар зери сояи арши Худованд қарор мегиранд. Он рӯзе аст, ки хуршед дар чанд километри замин қарор мегирад, рӯзе, ки инсонҳоро ҳама мебинанд маст ҳастанд, аммо онҳо маст нестанд, ин ҳолат, ки ба онҳо рух медиҳад ба хотири шиддати азоби Илоҳӣ ва тарсу ваҳшате, ки дар миёни маҳшар вуҷуд дорад.
«Битарсед аз он рӯзе, ки ҳеҷ инсоне наметавонад барои шахси дигар коре анҷом диҳад рӯзе, ки ҳеҷ инсоне… гирифта намешавад, ки дар азоби ӯ тахфиф пайдо шавад, рӯзе, ки шафоати ҳеҷ инсоне бидуни изни Илоҳӣ пазируфта намешавад. Ду чиз дар дунё барои шумо инсонҳо судманд аст дар охират суде надорад: Яке дороӣ ва сарват, ки мушкилоти инсонро дар зиндагӣ метавонад ҳал кунад ва дигаре фарзандон аст, ки метавонад дар ҳама ҳолат бо шумо ҳамроҳӣ намояд».
Худованд мефармояд: «Ин ду чизе, ки барои шумо инсонҳо судманд буданд дар он рӯз суде барои шумо нахоҳанд дошт. Танҳо касоне наҷот меёбанд, бо қалби пок аз ширку нифоқ, кина, риё ва ҳама сифати разила дур бошанд.
Худованд мефармояд: «Рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад. Ва аз модарашу падараш. Ва аз зану фарзандаш. Ҳар касро дар он рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад. Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд, хандонанду шодонанд. Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд, дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд. Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон)».
(Сураи Абаса, оёти 34-42)
Он рӯзе аст, ки ҳеҷ чизе ба дарди инсон намерасад танҳо аъмолашон. «Аз пайи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, зеро гӯшу чашму дил, ҳамаро ба он бозхост кунанд».
(Сураи Исро, ояти 36)
Худованд мефармояд: «Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то аъмолашонро ба онҳо (Худо) бинамоёнад. Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад. Ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад».
(Сураи Зилзол, оёти 6-8)
Дар он рӯз вақте, ки тобиши гармои хуршед чандин баробари дунё мешавад қобили муқоиса нест ҳар инсоне ба андозаи гуноҳе, ки дар дунё кардааст зери арш дар ҷӯш аст. Баъзеҳо то буҷулакҳои пойҳо, баъзеҳо то зонӯ, баъзеҳо то миён, баъзеҳо то гардан, баъзеи дигар сар то қадамашон меҷӯшанд. Дар он рӯз Худованди Мутаол ин ҳафт нафарро дар зери сояи арши хеш қарор медиҳад ва аз он гармои тоқатфарсои он рӯз наҷот медиҳад.