АФВИ МУХОЛИФИН Ё ТАҒЙИРИ СИЁСАТҲО?

Ислоҳ нет

 

Дар ин авохир ҳамагон гуё шоҳиди як миқдор тағйиротҳое дар сиёсати роҳбарияти кишвари азизамон Тоҷикистон гаштем. Ба назар мерасад, мавҷи таъқибу фишорҳо ба қишри диндорону собиқ мухолифини сиёсӣ андак коҳиш ёфта, мақомоти кишвар паи ба ватан баргардонидани шаҳрвандони “гурезаи” хеш шудаанд. Гуё кадом “афви умуме” аз ҷониби роҳбари кишвар эълон шудаву эҳтимол меравад, ки шояд ба муносибати ҷашни 26-солагии истиқлоли кишвар теъдоде аз маҳбусини сиёсӣ ба озодӣ бароянд.

 

Мақомоти ҳукуматӣ ва расонаҳои вобастаи онҳо ин равандро ба олиҳиммативу инсондустӣ ва бахшояндагии раисиҷумҳур пайванд медиҳанду мухолифини ҳукумат онро чун натоиҷи аввалини муборизаҳои хеш қаламдод мекунанд.

 

Воқеан ҳам як дигаргуние дар муносибат бо дигарандешон ҳис карда мешавад. Даҳҳо, шояд садҳо нафароне аз ҷумлаи таҳсилдидагони муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар, ҷавонони бо онҳо ҳамнишиншуда ё сабақомухта, собиқ аъзои ҳизби расман мамнуъшуда ва аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон “экстремистӣ-террористӣ” эълоншудаи наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки аз руи эҳтиёт дар хориҷ аз кишвар ба сар мебурданд, бо даъвати мақомоти қудратии кишвар ба назди аҳлу аёл ва волидонашон бозгаштанд.

 

Бархе аз онҳо баъди “сафед шудан” бо изҳори шукру сипос аз “сиёсатҳои хирадмандонаи пешвои миллат ва фазои сулҳу оромӣ дар кишвар” назди наворбардорони мақомот аллакай ба ҷои зист ва кори дар хориҷ пайдо кардаашон баргаштанд.

 

Бархе аз таҳлилгарон ва коршиносон ба ин назаранд, ки чунин таҷдиди назар дар муносибати мақомот бо қишри мазҳабии ҷомеаи кишвар баёнгари эътирофи ғайрирасмии ҳукумат ба иштибоҳҳои ҷиддие дар сиёсати дохилии хеш аст. Ба ибораи дигар, мақомот эҳсос намуданд, ки саркубии золимонаи мухолифони сиёсӣ ва дигарандешон чораи ягона ва саҳеҳи мубориза бо онон набудааст.

 

Баъди ҳаводиси асафбори  Данғара,амалишавии раванди “Пешво мебахшад”  як каме босуръаттар гардид. Шояд ба хулосае омаданд, ки маҳз “сиёсати қамчинкуб”-и пешгирифтаашон омили асосиии ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон гаштааст.

 

Албатта, интиқоду пешниҳодҳои  созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, САҲУ ва СММ низ таъсири хубе дар ин раванд дошта. Намунаи хуби роҳбарии президентҳои кишварҳои ҳамсояи Узбакистон ва Қирғизистонро низ таи солҳои ахир коршиносон аз омилҳои дигаргуншавии сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон маънидод мекунанд.

 

Суол ин ҷост, ки ин раванд муваққатист ё бебозгашт, рушдкунанда ё  “ҳамин қадараш кофист”, самимонаю воқеъбинона ё як токтики сиёсиву фиреби назар?  

 

Чун сиёсати солҳои ахири роҳбарияти кишвар, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили фаҳми ақли солим ва пешгӯишаванда набуд, посух ба ин пурсишҳо низ содаву осон нест.

 

Ба ақидаи инҷониб, на нақди “уштур” ва на парчами баландтарин, на китобхонаи бузургтарин бо камтарин теъдоди китобҳояш, на теотру масҷиди калонтарини бунёдшудаистода, дастовардҳои бузурги миллатанд, балки ягона дастоварди камназире, ки халқи тоҷик, роҳбарияту мухолифинаш дар якҷоягӣ метавонистанд бо он фахр кунанд, ин имзо ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ буд, ки он ҳам натанҳо ба охир нарасида монд, балки то ҷое нақз ва шикаста шуд.

 

Ҷониби ҳукумат ҲНИТ-ро бо далили гуё роҳандозӣ кардани “ошуби генерал Назарзода” аз ҷониби раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ муттаҳам намуд ва теъдоди муайяни роҳбарият, аъзо ва ҳаводорони ин ҳизби мухолифро ба дарозмуддат зиндонӣ кард. Аъзои аз таъқибу ҳабс ба Аврупо паноҳбурдаи раёсати ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ тавонистанд назди созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбарияти кишварҳои демократинизом даст надоштани ҳизбашонро дар “кушиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон” собит бикунанд.  

 

Илова бар ин чанд корҳоеро ҲНИТ дар хориҷ тули як соли охир роҳандозӣ намуд, ки дар воқеъ сабаби ба такопӯ афтодани мақомоти Тоҷикистон шуд. Андешаи стротежики расмии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, ки гуфта буд ҲНИТ ҳеҷ таъсире ба сиёсати кишвар расонида наметавонад, лағв гардид.

 

Дар ин авохир мақомот ба чанд амалҳои ғайриқонуние даст зад, ки иддаои мухолифин дар бораи хиёнати мақомот ба сулҳ то ҷое тасдиқи худро ёфт.

 

Мухолифин иддао доранд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон натанҳо Созишномаи сулҳро шикаст, балки хилофи Конститутсияи ҶТ ва санадҳои байналмилалӣ рафтор намуда, дар кишвар низоми пурфасоди асримиёнагии шоҳаншоҳиро ба роҳ мондааст.

 

Воқеият чунин метобад, ки дар Тоҷикистоне, ки худро ҷумҳурии демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон намудааст, низоми камназире ҳукмрон аст, ки на дунявии мардумсолор асту на шоҳигарӣ ё аморат.

 

Вижагиҳои ҷумҳурӣ ҳам дида мешаванду диктотурӣ ҳам, яккаҳукмронии абадумрӣ ҳам иҷоза ҳасту интихоби раисиҷумҳури ҷадид низ ҳади ақал эҳтимоли назариявӣ дорад…

 

Пас, шарҳу таҳлили равандҳои сиёсии Тоҷикистон,  хосса пешниҳоди роҳи наҷоте аз вазъи ба вуҷудомада, ки онро мухолифин буҳронӣ медонанду мақомоти давлатӣ дастоварди беназираш меноманд, корест мушкил.

 

Чархи таърих қонуни нонавиштаеро борҳо собит сохтааст, ки сиёсатҳои кишварҳоро барои давраи муайян ғолибан нафари аввали онҳо муайян мекунад, новобаста аз он, ки чи ному мақоме дорад: шоҳ, амир, раисиҷумҳур, сарвазир, раиси порлумон, муншии ҳизби ҳоким, имперотур …

 

Вале, чи омилҳое  ба тасмимҳои ин нафар таъсир расонида метавонанд, инаш масъалаи дигар аст. Аз вазъи ҷуғрофиву иқтисодии кишвар то сатҳи зиндагии шаҳрвандон, аз низоми давлатдорӣ то дараҷаи бедории миллатҳо, аз дараҷаи соҳибистиқлоливу вобастагӣ то чигунагии ҳамсоягон ва албатта аз шахсияти худи нафари аввал ва атрофиёни наздики ӯ…

 

Муҳимтарин омил дар ҳама давру замон ба андешаи муаллифи ин сатрҳо генофонди ҳар миллат-сатҳи маънавиёту маърифат, илму дониш ва худшиносиву ҳувияти шаҳрвандони он аст. Агар боз ҳам кутоҳтар бигуем,  сиёсати дохиливу хориҷии ҳар кишвар қабл аз ҳама ба сатҳи ору номус (ғайрату мардонагӣ) ва тамаддуни миллаташ вобаста аст. Шояд ба ҷурми иддае аз зимомдору пешсафон осеби бузурге ба генофонди миллати тоҷик таи садсолаҳои ахир аз ҷониби муғризону ҳасудон расида бошад, ки имрӯз кишвари азизамон марҳилаи шармовареро паи сар мекунад.  Миллате, ки ба оламиён Ибни Синову Абурайҳони Берунӣ, Имом Бухориву Абуҳанифа, Аҳмади Донишу Садриддин Айниро ҳадя кардааст, имрӯз камтарин дастовардеро надорад, ки мояи ифтихор бошад.

 

Баракс, баландтарин сатҳи фасоди идорӣ (дар дунё шояд кишвари дигаре набошад, ки таи ду даҳсола чунин адади зиёди сарвазиру вазирон ва прокурору судяҳояш расман ҷинояткор эълон шуда бошанд, чи расад ба теъдоди раисону вазирон ва мансабдорони дигари ба вазифаашон нолоиқу порахур, камсаводу чоплус);

 

Пасттарин дараҷаи моҳонаи шаҳрвандону зиёдтарин теъдоди муҳоҷирони корӣ;

 

Касрати буҷа ва қарзи бештарин аз бонку кишварҳои хориҷӣ мутаносибан ба теъдоди аҳолии кишвар;

 

Теъдоди бештарини рисолаҳои илмии қалбакии тариқи диссернет фошшуда ва камтарин адади дастовардҳои рақобатпазири илмиву истеҳсолӣ;

 

Рӯйхати дарозтарини шаҳрвандони дар хориҷи кишвар дар ҷустуҷуи мақомот қарордошта ва камтарин озодиҳои воқеии шаҳрвандӣ дар кишвар;  

 

Теъдоди бештарини мансабдорон аз як минтақаи кӯчак ва як авлод;

 

Интихоботҳои ғайришаффоф ва бидуни рақобат;

 

Рушди гушношуниди жанри мадҳия ва дурӯғпароканӣ дар матбуоту адабиёт, ҷаласаҳои расмиву  ғайрирасмӣ;

Афзоиши рузафзуни худкушӣ дар кишвар ва сатҳи баланди фавти нобаҳангом ва ҷароҳат бардоштани наваскарони хидмати ҳарбӣ дар замони осоишта;

 

Мудохилаи зиддиконститутсионии  мақомоти иҷроия ва қудратии давлатӣ ба ҳарими хусусии ҳаёти шаҳрвандон (пайравӣ аз дину мазҳаб, тариқи либоспушӣ, ширкат дар маросими динӣ,  баргузории тӯйу азо, расму одот) ва ин ҳамаро либоси қонунӣ пушонидани порлумони дастнигар аз лутфи роҳбари давлат;

 

Таназзули институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

 

Таъқиби озодии баён ва гуногунандешӣ;  

 

Зулми беандоза ба роҳбарони аҳзоби мухолиф ва ноил шудан ба яккатозии мақомоти иҷроия зери ниқоби ҳизби ҳоким;

 

Ҳамаҷониба, вобаста ва мадюну қарздор кардани кишвар аз ҳамсоякишвари абарқудрате чун Чин, ки  ба арзишҳои зиёди умумибашарӣ эҳтиром қоил нест;

 

Муносибатҳои носипосу беинсофона бо кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамдин…

 

…ин ҳама на дастовард, балки камбудиву ғалатҳоеанд дар сиёсати роҳбарияти кишвар, ки хеле нигаронкунанда мебошанд. Бисёр намехоҳам, ки навиштаҳои хешро дар чунин руҳияи яъсу ноумедӣ (пессимистона) ҳусни анҷом бахшам. Бовар дорам, ки бо ҳидояти Худованди меҳрубон дар меҳани азизам ақли солим ва нерӯҳои созанда, адолату инсоф, илму маърифат бар ҷаҳлу торикӣ, такаббуру худхоҳии Фиръавнӣ  дер ё зуд пирӯз хоҳанд шуд. Умед дорам, ки генофонди миллат, чун сад соле қабл боз Бобоҷон Ғафуровҳое ба дунё меорад ё шояд аллакай овардааст.

 

Ба ҷои охирсухан: Новобаста аз он, ки поёни ин сиёсатҳо чунон бошад, мамнун аз онам, ки таи ин моҳи охир чандин тифлони чашминтизоре дар ватанам ба дидору меҳрубонии падаронашон мушарраф шуданд. Падару модарони солхурда аз дидори фарзандони муҳоҷирашон боре ҳам бошад сер шуданд. То андозае ҳисси навмедии ҷавонони мутадайин коста гашту имонашон ба татбиқи ояҳои каримаи сураи Шарҳ ва садҳо оёти дигари башоратдиҳанда афзуд.

М. Мусофир

 

Share This Article