Ба ҳоли ин”Оилаи Кабир”раҳм кунед!

Агарчӣ дигар дасти бо хун оғиштаи шуморо ҳеҷ собуне пок намешӯяд, вале боз ҳам миллати Тоҷик мардуми раҳмдил аст, ба шумо ҳам раҳме ва бахшише сурат нагирад ба дигар афроди ин “Оилаи Кабир” раҳму афву бахшише сурат мегирад.

 

 Ҳар коре, ки инсон бо хулуси ният ва содиқона анҷомаш надиҳад ва он амал риё ва ба намоиш гузоштан дар маҳзари ом бошад, аввалан онро намепазирад ва дер ё зуд Аллоҳ аз рӯйи он амал парда мебардорад. Парда бардоштани Аллоҳ чунин аст, ки ӯро ба мардум вогузор менамояд, то онҳо подоши амалашро бидиҳанд. Мардуме, ки солиёни тӯлонӣ дар ҳолатҳои сангин қарор доранд, чӣ сиёсӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, ва оила медонад ҳоли зори ин миллатро. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ бо зӯр онҳоро барои кафкӯбӣ ва барои истиқболатон  донишҷӯ духтаронро қатор мемонад ва маҷбурашон мекунад, ки дар пеши пойи шумо гулгузорӣ кунанд. Ин амалро дар ин солҳо карданд. Аз ин мардум чӣ таваққӯъе доред? Аз ин мазлумон таваққӯъи фидоӣ ва дӯстдориро ҳаргиз надошта бошед. Зеро шаҳрвандони кишвар, бидуни истисно метавон гуфт ҳама қишрҳои он, интизори заволи ҳукми мустабидди оилавии шумо ҳастанд ва онро лаҳзашуморӣ доранд.

Барои боз ҳам шуморо мутаваҷҷеҳ кардан бо чунин ибора мегӯям: зане шавҳарашро дар сол барои чанд моҳ мебинад, модаре писарашро барои солиёни дароз намебинад, писару духтаре, ки падаронашонро қарибки аз надидан фаромӯш кардаанд. Иддаи дигаре аз онҳое, ки дар толору стадионҳо қарор дошта дар наздатон гӯё кафкӯбӣ мекунанд, наздиконашонро бо тӯҳмату бӯҳтон зиндонӣ кардаед.

Оё шаҳрвандони шумо афроди оиларо дӯст медоранд?

 – Ин ҳама мардуме, ки мебинед дар пешатон саф кашидаанд, магар шуморо дӯст медоранд?

– Ин шаҳрвандоне, ки дар пешатон қарор доранд, аз ваҳшатафкану золим будани шумо аслан шакке надоранду яқинан шуморо золим медонанд, магар шуморо дӯст медоранд?

– Ин миллате, ки шумо ва оилаи сархӯратон онҳоро мисли як ғулом истисмор доранду рӯйи рост ғорат доранд, шуморо дӯст медоранд?

 – Ин ҳама дардмандон, оилаҳои камбизоат, зиндонӣ, кушташуда, тӯҳматшуда, шуморо дӯст медоранд; шумое, ки дар сари қудрат қарор дошта ва бар сарашон ин ҷафоро раво дидед?

 – Ин мардуми мусалмоне, ки динашон, мазҳабашон, ақидаашон, ибодагоҳашон, ҳиҷобашон, мадарасаашон, озодиҳои динияшон аз онҳо гирифта ва мамнӯъ шудааст, шуморо дӯст медоранд?

 – Шаҳрвандоне, ки барои ақида, дидгоҳҳои сиёсияшон ё худ ё наздиконашон дар хориҷ қарор доранд, шуморо дӯст медоранд?

 – Магар он кормандони мақомоте, ки онҳоро таҳқир мекунеду маоши ночизе барояшон медиҳеду худатон онҳоро барои ришва ситондан водор менамоед, шуморо дӯст медоранд?

 – Магар шуморо мардуме, ки зодаи он минтақа ҳастед, аз зулму ситами бародари ҳоликатон ва афроди оилаатон, ки онҳоро солиёни тӯлонӣ зулму ситам раво доштаанд ва то имрӯз идома дорад, шуморо дӯст медоранд?

– Магар қишри фаҳмида ва огоҳ, интелегент, зиёӣ, муаллим, олимони воқеии ғайри маддоҳе, ки аз ин ҷаҳли мураккаби шумо ба сутӯҳ омадаанд, дӯст медоранд?

Агар посухатон “бале” бошад, бидонед, ин “балеятон” харидор надорад. Назари шумо ҷанобони афроди оиларо ба ҳаводиси давлатҳои атроф ва минтақаву олам ҷалб мекунам.

Он чи дар Ӯзбекистони ҳамсоя гузашт, ки ҳатто номи Ислом Каримовро гирифтан ҷиноят шуд.

Он чи дар Қирғизистони ҳамсоя гузашт, се президентро дар чунин ҳолати ногувор қарор доду хоини миллат эълон шуданд.

 Аз кишварҳои арабие, ки сарватманду қудратманд буданд, натавонистанд дар қудрат боқӣ бимонанд. Онҳо ҳам мехостанд Қусай, Ҷамол, Зайнулараб, Муҳаммад яъне писарони раисҷумҳурони Ироқ, Миср, Либӣ ва Яман ҳам дар ин фикр буданд, ки пас аз худ писаронашон дар қадрат бошанд, ҳатто Гулнора дар Ӯзбекистон ва Максим дар Қирғизистон ҳам хоҳиши пас аз падарҳояшон ба сари қудрат омаданро дар сар мепарваронданд. Аммо ҳамаи орзуҳояшонро як тундбоди мардумӣ ё марги нобаҳангом бар боди фано бурд. Ин сиёсате, ки шумо Пешвои оила дар кишвар бурда истодаед, агар идома ёбад, шумо то охири ин давраи раисҷумҳуриятон намерасед, чӣ расад ба писару духтаратон!

Пас аз шумо ин оилаи “Кабир”-и шуморо ҳеҷ кишвари олам ҳозир ба пазируфтан ҳам нест. Як бор ҳисоб кунед ҳама афроди оилаатонро бо ҳама набера, чабера, қудоҳо, домодҳо, келинҳо, рафиқону ҳамқадаҳон, афроди наздик ба оиларо, ки дар зулм бо шумо ҳамдаст буданду ҷузъи ҷудонашавандаи ин “Оилаи Кабир” ҳастанд, ҳолашон чӣ мешавад?!

Агар ба худатон раҳм надошта бошед, ба ин ҳама раҳм кунед ва даст аз зулм бардоред! Агарчӣ дигар дасти бо хун оғиштаи шуморо ҳеҷ собуне пок намешӯяд, вале боз ҳам миллати Тоҷик мардуми раҳмдил аст, ба шумо ҳам раҳме ва бахшише сурат нагирад ба дигар афроди ин Оилаи Кабир” раҳму афву бахшише сурат мегирад. Аммо агар ин фишору зулму қатлу куштору таъқибатонро идома диҳед, худ қотили ин “Оилаи Кабир”-и худ маҳсуб мегардед. Пас аз шумо на танҳо миллат ба шумо нафрину лаън мехонанд, ҳатто афроди бегуноҳи “Оилаи Кабир”-атон якҷо бо миллат лаъну нафринатон мехонанд. Ба тамаллуқҳои чоплусон ва шеъру сурудҳои афроде бо таҳдид дар наздатон қарорашон медиҳанд наболед. Валлоҳи қасам, инҳо ҳама як намоиш чизи дигаре нест ҷаноби “Пешвои оилаи Кабир”!

Мумкин аст инро шумо нахонед, аммо инро Озодабону, Рустам, Сомон ва дигар афроди “Оилаи Кабир”-атон мехонанду ба ҷони худ ва фарзандони худ лоақал раҳм мекунанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Раҳмонов: “Китоб хонед, касал намешавед”

Аз паёмҳои қаблиаш ин бор тафовут дошт. Хеле ором ва сокит буд. Талош мекард ба мисли як мутафаккири мутабаҳҳир ҳарф бизанад.Тавре вонамуд мекард,ки зуфунуни тамоми соҳа маҳз ӯ ҳаст. Ақлу дониши тамоми дунё дар даруни сари ӯст, боақлтарин одами Тоҷикистон фақат худи ӯст. Тавсияҳо медод.
Read More

ҲИКМАТҲОИ САБҚАТ Ё ПЕШДАСТӢ ДАР МАДДОҲӢ

Дар ин авохир дар кишвари азизамон Тоҷикистон сабқати чоплусию маддоҳӣ ба ҳаде ривоҷу равнақ ёфтааст, ки назирашро дар таърихи башар кам метавон пайдо кард. Ин мусобиқа, боз чанд сабқати дигареро низ зодааст, ки яке бадтар аз дигаранд: сабқати дуруғу туҳмат, сабқати душному ҳақорат, сабқати фасоду ришва, сабқати бадбиниву бадгумонӣ, сабқати хабаркашиву таҷассус, сабқати зулму шиканҷа, сабқати риштарошиву ҳиҷоббарафканӣ, сабқати динситезию масҷидхаробӣ, сабқати мунофиқию беимонӣ, сабқати худкушиву ҳамдигаркушӣ…
Read More

Мусоҳиба: “Мо ҳама аҳли Тоҷикистон зиндонӣ ҳастем”

Хурокҳои зиндонро ҳамаги 30% зиндониёни бесоҳиб ва касоне, ки хешу таборашон ба зиёраташон намеоянд ва “передача” намеоранд, маҷбур аз ноилоҷӣ тановул мекунанд. Наметавон онро хурок номид. Приловка, капустоба, боз як намуд алафи баҳрӣ аст, ки хело талху бемаза аст. Мо дар зиндон 6 ё 7 нафар мисли як оилаи тоҷикӣ мешудем ва аз маҳсулоте, ки бароямон аз берун наздиконамон меоварданд, онро якҷоя дар ошхона мепухтем. Танҳо аз ошхонаи зиндон нонашро мегирифтем.
Read More

Намоишгоҳи зулму истибдод ва хиёнатҳои Эмомалӣ дар Душанбе?

Агар дар Херосимо ва Нагасакӣ ҷопониҳоро Амрико кушт, инро ҷанг мегӯянду мисли ҷиноятҳои ҷангӣ қаламдод мекунанд. Аммо, Эмомалӣ шаҳрвандони худро пайваста бо ҳар иттиҳомоти дурӯғине ба қатл расониду зиндонӣ кард. Сарзамини кишварро фурӯхт ва ҳама талошаш барои некуаҳволии оилаи бекаронаш буд.