Тамдиди замони ҳабси пешакии Иззат Амон, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва раиси Маркази тоҷикон дар Русия то ду моҳи дигар-25 июли соли ҷорӣ, ба натиҷаи кори тафтишот ва ҳукми додгоҳ кадом таъсире нахоҳад дошт, албатта, агар ки иттиҳоми наве дар парвандаи ӯ илова нашавад. Ҳоло 11 шокии нав,ки даъвои пас гирифтани пулҳои худ аз Иззат Амонро кардаанд,111 нафар шаванд ҳам иттиҳом ҳамон қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Барои ин ҷурм, яъне «қаллобӣ» ҷазои ниҳоӣ: « ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ва ё аз 8 то 12 сол ҳукми зиндон» пешбинӣ шудааст ва боз ҳам мегӯем, ки 1111 нафари дигар бо айни даъво алайҳи Иззат Амон шикоят баранд, ҷазо ҳамоне ҳаст, ки гуфта шуд.
Аммо азбаски муҳлати тафтишот дароз карда шуд, яқинан кадом нақша ва нияте дар роҳ аст. Ва ин эҳтимол истисно нахоҳад буд, ки ба Иззат Амон айби нав бор мекунанд.
“Бад- ин ҷиҳат, тамдиди замони ҳабси пешакии ӯ ҷанбаи ҳуқуқӣ надорад, сирфан сиёсист. Ҳадаф на танҳо муҷозот ва ба давраи тӯлонӣ зиндон кардани Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва яке аз лидерони мардумӣ, нишон додани қудрат ва нуфузи режим ба онҳое аст, ки мавқеъ ва руҳияи зиддиҳукуматӣ доранд.”
Қазияи Иззат Амон аз ҳамон оғози дастгир кардан ва бар хилофи тамоми муқаррарот ва мавозини қонунӣ лағв кардани шаҳрвандии вай, рабуда шуданаш сиёсӣ буд. Яқинан инҷо муомилаи номашруъ миёни мақомоти алоҳидаи ду кишвари Тоҷикистон ва Русия сурат гирифтааст, ки аз он на танҳо бӯйи сиёсати ғализ, бӯи бади коррупсия ҳам меояд. Худи ҳамин лағви мақоми табааияти русии Иззат Амон ва корношоям кардани шиносномаи вай барои кишварҳое, ки дар онҳо қонун амал мекунад як ҷинояти сангин аст. Афзун бар ин дар ҳоле, ки ҳама «гуноҳон»-и Иззат Амон дар Русия содир шудааст ва бар тибқи қонунгузорӣ тафтишот боястӣ дар ин кишвар сурат бигирад, истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон ва таҳти тафтишот қарор гирифтани ӯ дар Тоҷикистон як амали ғайриқонунӣ ва як ҷинояти дигар аст.
Вале, ҳоло бигзор, ки аз ин ҳама бигзарему бипардозем бар ин паҳлуи қазия, ки чаро замони тафтишоти ӯро барои боз ду моҳи дигар тамдид карданд? Ин нуктаро пешопеш бояд тазаккур диҳам, ки тайи ин ду моҳ нигоҳ доштани ӯ дар ИВС-боздоштгоҳи муваққатӣ ғайриқонунӣ аст. Иззат Амонро, баъд аз онки иттиҳом заданд, бубояд ба СИЗО-тавқифгоҳи тафтишотӣ (бар тибқи талаботи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) интиқол медоданд. То кунун ӯро интиқол надодаанд, чунки аз ӯ ҳарос мекунанд, ки дар СИЗО шояд афроди зиёдро таҳти таъсир қарор бидиҳад, лидер нашавад. Чуноне Ёқуб Салимов 13 соли ҳукмашро зиндон нарафта дар боздошгоҳ ба поён расонид. Аммо Раҳмонов ва мақомоти бедирояти ӯ инро фаромӯш кардаанд, ки Иззат Амон дар дили миллионҳо муҳоҷир қарор дорад. Ҳолат ва вазъияти қумондонҳои ҷангӣ аз ҳомии муҳоҷирон фарқияти шохисе дорад.
Мақоми шаҳрвандии русии Иззат Амон ва паспорти русии вай бекор шуд. Агар муомила ва додугирифти пасипарда набуд, ӯ чи гуна ва аз кадом касса билет харид? Бо паспорти кӣ? Чи гуна аз назорати гумрук ва сарҳадчиҳо дар фурудгоҳ рад шуд? Ҳоло метавонанд акси билети ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд? Чаро бо хонаводааш хайрухуш накард? Агар ӯ бо пойи худаш ва бидуни халта бар сару завлона дар даст буд, чаро хонааш нарафт? Ин далоили одӣ собит мекунад, ки кори Иззат Амон ҳуқуқӣ нест, сиёсӣ аст. Ва, инки ӯро бархе «агент» ва «одам»-и худи ҳукумат мегуфтанд, шарм дошта бошанду изо бикашанд ва узрхоҳӣ кунанд!
“Маълум аст ки заказчик ба ҷуз аз худи Эмомалӣ Раҳмонов каси дигаре буда наметавонад. Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳар касе, ки миёни ҷомеа ҷойгоҳ ва мақом ёфт эҳсоси бим мекунад ва дар шахси ӯ рақиби худро мебинад. Иззат Амон, ки дар миёни муҳоҷирони беш аз миллионии тоҷик аз мақоми болое бархурдор шуда буд.”
Бархе бар ин назаранд, ки шояд як иллати тамдиди замони тафтиши ӯ ин бошад, ки нафарони зиёдеро ҳамчун ҷабрдида ҷалб кунанд ва ҳаҷми маблағи зарари расонидаи Иззат Амонро хеле ҳам дастнорас бисозанд,чун «қаллоб» бо пардохти зарари расонида метавонад, ки раҳо бишавад. Зарарро мепӯшонад ва зиндон намеравад. Шояд. Аммо ин на он қадар боварбахш аст. Агар қасду нияташон бор кардани миллион-миллион буд тӯли ин ду моҳ ин корро ба роҳатӣ метавонистанд анҷом диҳанд.
Иддае ҳам бар ин боваранд, ки тамдиди замони ҳабси пешакии ӯ барои он аст, ки дар пеш як афве дигар бахшида ба сӣ солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар аст ва Иззат Амонро дар чавкоти он, ки ҳамин тирамоҳ хоҳад буд, озод мекунанд. Вале ин назар ҳам боварбахш нест. Чунки агар ҳадаф чунин буд, яъне раҳоии Иззат Амон, баъди ҳукм ҳам афв ба ӯ татбиқ мешуд. Ва,зарурат бар тамдиди муҳлати тафтишот набуд.
Ба назар мерасад, ки ӯро бидуни гирифторӣ ба «доғи судӣ» ва маҳрум сохтан аз корҳое назири адвокатӣ, озод карданӣ нестанд. Ҳоло ин ҳам агарки озод кардани ӯро дар назар дошта бошанд.
“Гумони ғолиб ин аст, ки сари ӯ нақшаҳо дигар аст. На,ин фикр, ки ӯро «вербоват»- карда баъдан раҳо мекунанд, низ баъид ба назар мерасад. Ва инки «боло» аз боздошти ӯ нороҳат шуда бошад ҳам чандон сиҳат надорад.”
Иззат Амону шӯру қиёми бархоста барои ӯ, баргузории тазоҳуроти хашмолуду эътирозӣ дар шаҳрҳои Русия ва Урупо ва бахусус дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки мақомоти ҳарду кишвар интизор надоштанд ва бо ин васила шикасти сукути мардуми тоҷик дар қиболи сиёсатҳои саркӯбгароёнаи Эмомалӣ Раҳмонов, барои роҳбарони диктотуре назири Раҳмонов саҳлу сода гирифта намешавад. Онҳо бояд «жесткий» вокуниш кунанд. То ҳамин имрӯз,ба ҷуз аз мавриди Шарофиддин Гадоев Раҳмонов ва ҳукумати вай барои тарафи дигар ва ё барои мардум камтарин «уступка» накардаанд. Агарчи дар қазияи Шарофиддин Гадоев илоҷе дигар надоштанд.
То кунун барои тарафдории ҳеҷ касе тазоҳуроти эътирозӣ сурат нагирифта буд. Ин танҳо Иззат Амон буд, ки барои ӯ ҳазорҳо тан, тан ба туфон дода дар Маскав митинг карданд. Ҳазорҳо наворҳои кӯтоҳ аз муҳоҷирон дар бойгонии “Ислоҳ” вуҷуд дорад,ки талаби озодии ӯро намудаанд. Аз ин рӯ фикр мекунем дар мавриди Иззат Амон тасмими ниҳоӣ гирифта шудааст.
Дили худи “Пешвои миллат” бо ин айбу иттиҳоми зада ба Иззат Амон хунук нашудааст. Феълан як каме вақт кашол медиҳанд, садоҳои эътирозии баландшуда барои Иззат Амонро оҳиста-оҳиста ором месозанд ва мезанад ва ба ӯ моддаи 307-ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъа мезананд ва ё иттиҳоми «даъвати омавӣ ба сарнагунии ҳокимияти конститутсионӣ» ва «хиёнат» мезананду коре мекуннад, ки аз имкони татбиқи афв ҳам маҳрум шавад. Барои ризои Пешво ӯро бояд «наказат» кунанд. Ҳамчуноне, ки Зайдро шинониданд аммо айбу иттиҳоми ӯ дар аввал иқтисодӣ буд ва ӯ метавонист пардохт кунад ва раҳо шавад. Аммо Пешво ба ин розӣ нашуд. Духтари ноболиғ, ки гӯиё Зайд Сайид таҷовузаш карда бошад дар додгоҳ гуфт, ки пироҳану шалворашро Зайд бо ҳарду дасташ -дудаста аз баданаш берун овард ва бо ҳарду дасташ-дудаста бағал гирифт…хулоса тамоми корро дудаста анҷом дод…..аммо ин «нишондод» сабаби шармандасозии онҳо гашт, чунки Зайд модарзод як даст дошт ва ҳеҷ гоҳ ҳаромгашт набуд. Ончунон компазиторони бесавод доранд,ки ҳатто як туҳматро наметавонанд ба шакле бисозанд,ки як кас онро ақалан бовар кунанд. Кори мақомоти режими Раҳмонов ҳамон маталаи Тоҷикиро мемонад “ Гов зур” . Мефорадат бовар кун ин саҳначаро намехоҳед бовар накунед. Шарматон бод ҳой фурумояҳои дангоса,шумо давлатро хароб кардед,миллат ва Тоҷикро шармандаву русвои олам кардед.
“Боздошту истирдоди Иззат Амон барояшон «вазнин» ғалтидааст, бояд сахташ гиранд. Яқинан ҳама чиз дар рӯи коғаз омода аст, фақат мондааст,ки «иҷрокунандаҳо»-ҳоро биёбанд ва бо онҳо машқу тамрин гузаронанд ва онҳо бояд дар ин ду моҳ омӯзонида шаванд, ки дар сари «устали суд» чихеле ин қипчоқиҳо мегӯянд, чи бигӯянд.”
Вале ҳатман дар як ҷойе пояшон хоҳад лағжид ва шармандагиашон ошкоро мешавад, ҳамчуноне, ки Зайд на дудаста ва на якдаста луч накарда буд.
Тамдиди барои боз ду моҳи дигар ба парвандаи Иззат Амон нияти хайре дар ин амали режим нест, мутмаин бошед,ман гуфтаму шумо шунидед!
“Огоҳ бошед агар ҳама дар қазияи Иззат Амон хомӯш бошему наззорагар. Раҳмонов ,то имрӯз ба ҳеҷ касе раҳм накардааст,ки ба Иззат Амон раҳм кунад. Ҳар касе ба Раҳмонов гумони нек мекунад ва ӯро бовар мекунад ё ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест ва ё Раҳмоновро намешиносаду нашинохта аст.”
Ба адвокати ӯ аслан бовар надорам ва дар айни ҳол вазъияти адвокатҳоро дар кишваре чун Тоҷикистон мефаҳмам. Тоҷикистон ягона кишваре аст дар олам,ки адвокат ниёз ба адвокат дорад ва дар охир ҳардуяш ҳам бо туҳмат зиндонӣ мегарданд. Қазияи Зайд Саид ва адвокатҳои ӯро агар ёд дошта бошед ва садҳо намунаи дигар ҳам вуҷуд дорад. Инҷо танҳо талаби густурдаи мардум аз режим вуҷуд дорад. Ба умеди муассисаҳои хориҷӣ ҳам касе набояд шавад. Чун,ки Раҳмонов тавсияи СММ ро напазируфта аст ва дигаронашро аслан аҳамият ҳам наметияд. Фаромӯш накунед фардо навбати дигаре аз мост ва ҳаминхел ,то он рӯзе ин бехирад ҳаст ҳар рӯз дар як хонадони ин миллат мотам танинандоз аст.