(бозгашти шармандавори ҳайати рӯсураконро чи интизор аст?)
Ҷаласаи солонаи Дафтари муассисоти демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава ба кори худ поён дод. Саҳнаҳои задухурдҳои шадид миёни нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ва режими Раҳмон сокит шуданд ва тану ҷони ҳайати фиристодаи режим ва гӯшу мағзи онҳо ҳам ором мегирад. Аммо Зариф Ализода, роҳбари ҳайати эъзомии Раҳмон, Абдулло Раҳнамои рӯсурхак ва Муллоабдураҳими “мара кулобӣ меган” дар пеш имтиҳон доранд.Баробари расидан ба Душанбе ба “ковер” фаро хонда мешаванд. Албатта, аз “қаҳрамониҳо” ва аз “музаффариятҳо” хоҳанд гуфт. Аммо аз зикри лаҳзаҳои хиҷолатбори ин нишаст парҳез мекунанд. Ин ду гуруҳи “волонтер” -и ғайрирасмӣ,ки бо номи “ҷомеаи шаҳрвандӣ” аз дохил ва хориҷ, ҳайати расмии Раҳмонро ҳамроҳӣ мекарданд ва аз ҳайати расмӣ зиёдтар муҷиби хиҷолату сархамии Раҳмон шуданд,низ ҳадди ақалл харҷи“командировчний”-иҳои худро бояд гузориш диҳанд. Аммо маълум аст ки раис ва мудири фермаи ҷавоб,ки ин ҳайатҳоро интихоб карда аст сахт нороҳат ва норозӣ аст.Ҳанӯз ду рӯз аз кори ҷаласаи САҲА нагузашта буд,ки шикаст ва нокоромадии ҳайати расмӣ ва ин ду гурӯҳи ғайрирасмии фиристодаи худ дар баробари нерӯҳои мубориз ва тавонои оппозитсиони тоҷикро, то мағзи устухон дарк карда филфавр ба ташкили “фронти дуввум” ва “ақибгоҳ” даст зад. Борони навиштаҳои бесарунуг ва наворҳои берабт муқобили ПМТ ва Гурӯҳи 24 дар фазои маҷозӣ рехта шуданд.
Ақибгоҳ
Нависандагони “Фермаи ҷавоб”, ки ҷараёни ҷаласаро дар толори бузург ва дар утоқҳои алоҳида тамошо мекарданд, дар поёни рӯзи дуввум дастур гирифтанд,ки шабакаҳои иҷтимоиро бояд аз маводи ёридиҳанда ва таблиғкунандаи ҳайати расмӣ пур кард. Зеро онҷо онҳо комилан шикаст хурда дасту по гум кардаанд ва бахусус Ализода, Муллоабдураҳим ва Абдуллои рӯсурхак худро тамоман бой додаанд. Дар баробари ҷавонбахтиёроне чун Сулаймони Орзу ва Фирӯзи Муҳаммадалӣ чизе посух дода натавонистанд,чи расад ба сӯҳбатҳои М.Кабирӣ ва Т. Варқӣ ва А. Шерзамон,Илҳомҷон Ёқубов ва дигар бародарони мубориз ва озодихоҳи кишвар. Онҳоро бояд кӯмак кард. Фаврӣ ва оҷил!!!! Чунки дар воқеъ Абдуллои Раҳнамо, ки аз ӯ умедҳои зиёд доштанд,бо як зарба “нокаут” ва боқимондаи тоқидораку атласпӯшакҳо ва “сотсиолог”-ҳое чун Рустам Ҳайдар дар баробари намояндагони оппозитсиони тоҷик ба шикасти сангин мувоҷеҳ шуданд. Фаҳмиданд,ки не Камолчаи майзадаву не МуллоАбдураҳими “ма ай кулобум” коре аз дасташон барнаомад. Боз сари компутар нишастанду навишта пайи навишта дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд, то барои ҳайати фиристодаи “Фюрер” қуввати дил бишаваду худро танҳову зору ночор наҳисобанд. Ҳатто писари МуллоАбдураҳим Иноятуллоҳро ҳам кашиданду оварданд,ки “як гап бгу”.Кам монда буд аз хонаводаи Раҳнамои рӯсурхак ҳам ягон аҳаде “навор” шаваду гап бизанад.Аммо аз онҷо,ки Раҳнамо ваъда супорид,ки ҷаноби Тураҷонзода ҳам мавқеъашро бо гирифтани акс дар канори Раҳнамо маълум карда ва зидди наҳзат суҳбат мекунад,аз баҳри навори акаву укааш гузаштанд. Дар ҳоле,ки Раҳнамои рӯсурхак мегуфт,ки онҳо -мутаххасисҳо ба САҲА омадаанд ва кадом машқу тамрине барои ин ҷаласа надоштанд, як муаллифи фермаи ҷавоб дурӯғи ӯро ошкор карду навишт,ки “имсол дар ҳақиқат ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҷаласа бо як тайёрии хуб омаданд” ва аҷобат ҳам дар ин буд,ки ҳам Раҳнамо ва ҳам ин муаллиф иқрори зимнӣ карданд,ки ҳукумат ҳайати ғайрирасмӣ ҳам эъзом кардааст.Вагарна чандин навбат “ҳайати расмӣ”-и ҳукумат гуфта таъкид намекарданд.
Муаллифи дигар аз “фермаи ҷавоб” навиштааст,ки “Аз ҳозир шудани собиқ наҳзатиҳо,аз ҷумла Муллоабдураҳим ва Самиев дар ҳайати ҷомеаи шаҳрвандӣ сахт тарсидед.
Баромадҳои асосноки Раҳнамо шуморо ба танг овард. Зеро ин нафарон тамоми асрори шуморо медонанд”. Ин муаллиф-ходими КДАМ дуруст қайд кардааст,ки ин ду собиқ наҳзатӣ буданд ва Раҳнаморо ҳам дар ҳаминҷо ишора кардан ба ин маъно аст ки ӯ ҳам дар гузашта аз ҳаводорони ҲНИТ буд. Аммо як нуктаро фаромуш кардааст,ки вуҷуди инҳо барои масъулони САҲА ва намояндагони кишварҳои ҳозир на бад-он тарзе,ки шумо мехоҳед тафсир бидеҳ пазируфта шуд, балки вуҷуди онҳо баёнгари истибдод,саркӯбӣ ва хафақон дар кишвар қабул карда шуд. Ҳамчуноне муаллифи амниятӣ бо як ҳамоқату камзарфӣ дар навиштае дигар гуфтааст,ки “Бубинед,ки ҷомеаи шаҳрвандӣ чи гуна расмҳои хоини миллати тоҷик Кабириро бо роҳбарони Эрон омода намуданд,ки исботи ҳама фиребу найрангҳои Кабириро мекунад”,ки ин иттиҳомзаниашон баракс на кӯмаку дастгирии ҳайати расмиашонро кард,баракс барои реклама ва таблиғи Кабирӣ ба ҳайси як сиёсатмадоре,ки дар болотарин сутуҳи давлатҳо истиқбол мешавад,мусоидат карду бас.Ин амалашон “Ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ро сахт осеби ҷидди расонид.Бояд барои ин амали нораво назди миллат бахшиш бипурсанд.
Навиштаи як муаллифи нугунбахте бо номи Мерганов Шаҳбоз,ки худро коршиноси умури сиёсӣ муаррифӣ кардааст ба навиштаҳои худи Раҳнамо шабеҳ аст. Ин навишта таҳти унвони “Тоқии тоҷикӣ наҳзатро дар САҲА торумор кард” ба нашр расидааст: “Марди солоре ….дар сар тоқии тоҷикӣ….маълум шуд,ки Самиев Камол намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” …аз мавқеи давлатдории муосири тоқик ва …..тоқии тоҷикӣ камари суханфарсоёни наҳзатиро дар маҷлиси САҲА шикаст”.
Ин навишта барои тақвияти мавзеъи ҳайати эъзомии Фюрер аз тарафи “фермаи ҷавоб”-и КДАМ чоп шудааст,ки нишон медиҳад муаллиф ҳарфе барои гуфтан наёфтааст. Вагарна агар тоқӣ камари наҳзатиҳоро мешикаст беҳтар набуд, ки Ализода, Раҳнамои рӯсурхак, Абдураҳими “мара кулобӣ меган”, Р. Ҳайдар ва дигару дигарҳо ҳам дар сар тоқӣ карда вориди толори ҷаласаи САҲА мешуданд ва ба як бор ҳама аз шарри Наҳзат наҷот меёфтед. Ҳеҷ гап набуд чанд тоқии иловагӣ оварда ба мухолифини мухолифин ҳам мепӯшонидеду ба якбор ба муроду мақсадатон мерасидед ва аз “террористҳо” ҷонатон осуда мешуд. Аммо акнун,ки аз ҳамин як силоҳи хеле арзону осонёб истифода дуруст накардаед мо боз ҳам масъалаи сатру ҳиҷобро пеш меоварем. Зеро мо ин масъаларо на силоҳе муқобили “Фюрер” меҳисобем, балки масъулияти имонӣ ва исломии худ мешуморем. Аммо дар ақибгоҳ аз тамоми василаву абзор,ҳатто аз сомонаҳои донишгоҳҳову училишҳо,минбари масоҷиди кишвар ва аз ҳарҷое,ки мешуд як сухане ва як ҳарфаке чоп кард истифода карданд. Зеро воқеият ин буд ва ин аст ки ҷойгоҳи мухолифин дар дохил ва арсаи байналмилалӣ солтосол қавитар мешавад.Чун мебинанад,ки Раҳмонов ноҳаққӣ ва беадолатӣ карда истодааст.Тамоми талоши Раҳмон ва фабрика пӯшонидан ин қабоҳат ва разолатҳое аст,ки ӯ ба унвони Президент би иҷро расонида истодааст. Беш аз пеш маълум шуда истодааст,ки ӯ дар курсии раиси давлат нишаста дар асл як Дузди калоне аст,ки дуздони авлоду оилаашро барои яғмо ва ғорати мардум савқу самт медиҳад. Раҳмон мехоҳад ҳама қабоҳатҳояш зери як сарпӯши бузург пинҳон бошад. Мехоҳад воқеияти кишвар, воқеияти мардум ва миллатро дигар ҷилва диҳад аммо мардум ба умқи мушкил расидааст ва ончи ӯ мекунад гапи даҳани мардум аст, оммавӣ шудааст.
Ҳамин ки модари Маҳмудҷони Файзираҳмонро барои бозпурсӣ ва шиканҷа ба шуъба даъват мекунанд , ба ин хотир аст ки пеши даҳани Маҳмудҷонро модараш бигирад ва Маҳмудҷон аз ҷиноёт ва хиёнатҳои Раҳмон нагӯяд. Фақат ҳамин аст. Ин ҳам аз корҳое кӯмаккунанда ба Раҳнамои рӯсурхак аз ақибгоҳ буд,ки дар ин ҷаласа шармандаву шармсор шуд ва КДАМ болои Маҳмудҷонҳо фишор овард,ки сокит бошанд.
Аммо на ҳайати расмиву ғайрирасмиҳои ҳукумати Фюрер ва на ақибгоҳи ташкилдодаи КДАМ ва фермаи ҷавобаш кореро натавонистанд,ки барои табрааи ҷиноёти Раҳмон анҷом диҳанд. Рустам Ҳайдар ҳатто кучбандии яҳудиён аз Тоҷикистонро ба наҳзат марбут донист. Аммо ҷомеаи урупоӣ ва аз ҷумла давлатҳо ва созмонҳои қаламрави САҲА ба хубӣ огоҳанд,ки бо пош хӯрдани шӯравӣ раванди кӯчбандии яҳудиҳо аз тамоми ин қаламрав суръати бештар касб кард.
Аз инҷо буд,ки як масъули САҲА гуфт давлати Тоҷикистон имсол тактикаашро барои ширкат дар ҷаласаи САҲА иваз карда ингор “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ро инҷо овардааст. Аммо гуфт ӯ кӣ бовар мекунад, режимеро,ки 27 сол аст сари қудрат аст “ҷомеаи шаҳрвандӣ” ҳимоят мекунад. Аз инҷо аст ки гуфт ӯ мо бори дигар мутмаин шудем,ки дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон то чи ҳад бо мушкил рӯбарӯ аст ва режими ҳоким мардум ва ҳатто олимонро ба чи андоза зери по ва водор ба хидмати худ кардааст. Вай гуфт дар воқеъ ин ҷои нигаронӣ ва таҳти суоли бузург аст.
Ҷаласаи имсолаи САҲА ин нуктаро бори дигар тасбит кард,ки ҳукумати Тоҷикистон имрӯз на танҳо бо ҲНИТ,ПМТ ва Гуруҳи 24 балки бо ҳамаи дунё мухолиф шудааст. Онҳо Эронро душман ҳисобиданду меҳисобанд,ки қасд дорад Кабириро ҷойи Раҳмон дар Тоҷикистон президент монад. Ҳоло дар ин ду- се соли ахир бошад Иттиҳоди Урупо, САҲА, СММ ва ҳатто Амрико ҳам барои Раҳмон ва дору дастааш душман шинохта шудаанд, чун ҲНИТ ва дигар нерӯҳои мухолифро паноҳандагӣ додаанд. Аз чунин мавқеъ ва мавзеъгирии як гурӯҳи ҳамаҳалу ҳамшаҳрӣ,ки ба намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон сиёсат пеш мебаранд, фардои ин миллат ва ин давлат бисёр ҳам тира ва хира аст. Барои Раҳмон ва дору дастааш аслан муҳим нест,ки мардум дар чи вазъияте қарор дорад. Вагарна дар рӯзе,ки чанд сарбозу афсар дар марзи Қирғизистон кушта шуд ӯ бо рақсу бозӣ ҳамроҳ бо Рустам бинои мактабро лента намебурид ва ҳамин ҳоло ҳам ӯ тавре вонумуд карда истодааст,ки аз кори ҷаласаи САҲА аслан хабар надорад. Хабар надорад,ки дар ин ҷаласа масъала ва мушкили асосӣ,ки ду тарафи тоҷикҳо болояш баҳсу даъво доранд ӯ ва ҷиноёти содиркардаи ӯст. Ҳоло агарки ҷойҳоро дар ҷаласаҳои солонаи САҲА ва ё СММ иваз кунед ва ҷои З.Ализода ва А.Раҳнаморо ба тарафи дигар диҳед ва тарафи дигарро дар ҷойи онҳо бинишонед, барои мисол ҳамин Шоҳнаими Карим,Темури Варқӣ ва дигарҳоро вазъият тағйир намеёбад. Бале, мо бо ҳам даъво мекунем, ҷарру баҳс мекунем, сурху сафед мешавем. Аммо худи мушкил, асли мушкил, ҳамчуноне ҳаст боқист ва ҳамин ҳоло ҳам идома дорад:-ба ноҳияи Файзобод меравад, ба ноҳияи Рӯдакӣ меравад(намедонам Файзободро дар ҳамин шабу рӯзҳои нишасти САҲА махсус интихоб карда бошад) ва боз ҳам ҳамон кору бори то ҳамин ҳоло анҷомдодааш: рақсу арғушту тавлаку думбра. Духтарҳо ва занҳо ва ғайраву ҳоказо. Аслан дигар ёдаш рафтааст,ки ӯ президенти ин мардум аст ва ё дар воқеъ як меҳмон. Меҳмон аз куҷо? Меҳмон аз Душанбе ва барои куҷо ва ба куҷо? Раиси ҷумҳурии меҳмон. Аҷаб. Ба дилаш намезада бошад ин ҳама корҳое,ки барои як раиси ҷумҳур аслан кадом зарурате надорад.
Тангаву тину дирам ҷамъ карда, салату чакаву фатирмаска ҷамъ карда, помидору каду ҷамъ карда…хуллас, ҳамаро ҷамъ карда раиси ҷумҳур ва ҳамроҳонашро,ки ҳамин шабу рӯзҳо меҳмонанд, гуселонидан даркор. Фикр мекунад,ки дар ноҳияи Рудакӣ кушодани мактаб ва дар ТВҳо намоиш додан як кори бузурге аст ва мардуми боқӣ навоҳӣ хоҳад гуфт, ҳа,боракалло, аҳсан ободкорӣ ва созандагӣ.Аммо дар асл ин тавр нест. Дар ноҳияҳо, дар деҳаву рустоҳо безор шудагианд аз ин сафарҳо,тамоман безор аз ин меҳмони нохондаи хирасар.
Аз инҷо аст ки мушкил дар ҳайати эъзомӣ ва дар ҳайати мухолифин нест. Онҳоро, бо он мушкил,ки имрӯз мавҷуд аст, агар ҷояшонро иваз бикунем ҳам мушкил ҳал намешавад. Мушкил вуҷуди ҳамин “меҳмон” ва сиёсатҳои номардумӣ ва зиддимиллии ӯст.То ӯст, боқӣ хоҳад монд.
Вале ин мушкил ба таври доимӣ дар толору долонҳои САҲА дар Варшава ва СММ дар Женева намеистад.Меравад Душанбеву Кулобу Қрғонтеппаву Хуҷанд ва аз гиребони ин “меҳмон” хоҳад гирифт,ки на Муллабдураҳими “ма аз кулобум” в на Раҳнамои рӯсурхак кӯмак карда наметавонанд.
Аҷиб инҷост,ки чӣ мегуфта бошанд ва идиъое қабл аз омадан карда буданд вале онро натавонистанд ба анҷом расонанд,кори ин ҳайати “рӯсурхакон”-ро чӣ гуна арзёбӣ мекарда бошанд? Онро аз дохил интизор мешавем.
Аммо ҷаласаи солонаи САҲА боз ҳам идома хоҳад кард ва боз ҳам ҳайатҳои тоҷикӣ рӯбарӯ хоҳанд омад,чи бо Раҳнамои рӯсурхак,ки шояд акнун ба назди …суратгирӣ рафта бошад, ва бо ӯ оё сурат мегирифта бошанд ва ё не, онро вақт нишон медиҳад. Ҳоло мушкил ҳал шуданӣ нест ва “меҳмон” ҳам дар идомаи сафар ба навоҳӣ асту гов шикордорад.