Ҳаким Саноии Ғазнавӣ чоплусии шоҳонро менамуд.
Гўянд рўзе Ҳаким Саноии Ғазнавӣ қасидае дар мадҳи Баҳромшоҳи Ғазнавӣ суруда ва нусхаи онро бардошта ба самти дарбор равона шуд, ки дар ҳузури подшоҳ бихонад. Миёни роҳ ҳаммоме ё гармобае буд ва девонае дар паҳлўи ҳаммом манзил дошт, ки бештари авқот машғўли бодахорӣ ва майгусорӣ буд. Саноӣ вақте аз наздики ҳаммом мегузашт садои арбадаеро шунид. Садои девона ба гўш мерасид, ки ба соқии худаш мегуфт: – Ҷоме бидеҳ то ба саломатии Саноии аҳмақ бинўшам.
Гуфт: – Чаро ба Саноӣ тавҳин мекунӣ?
Девона гуфт: – Барои ин ки ў як мушт рост ва дурўғ ба ҳам мебофад ва бандавор дар ҳузури бузургон меистад ва онро ба номи шеър мехонад ва ин кори пастро мояи маъоши худ қарор додааст.Аз ин роҳ зиндагонии худро мегузаронаду худро шоирҳам медонад.
Саноӣ аз шунидани ин сухан сахт мутаассир шуд ва аз ин, ки ҳатто девонае кори ўро паст мешумурд, шарманда гашт. Фавран аз роҳе, ки мерафт боз гашт ва тасмим гирифт пас аз он мадҳи ҳеҷчкас нагўяд ва соли баъд ба ҳаҷ рафт. Дар он ҷо тавба кард ва дар бозгашт фақат ашъори орифона суруд. Аз китоби “Кашкўли Мубашширӣ”
Ончӣ бар Ҳакими Саноӣ гузашт барои шоирони чоплус ва мадҳ сарои имрӯзӣ панд бояд бошад.Ҳолоҳам дер нашудааст тавба кунанду аз ин амали нангинеки ҳам Аллоҳ ва ҳам муъминонро бад меояд боз истанд.