Аммор ва Амр(раз) дар қатли Усмон(р)

Ислоҳ нет

Аммор ва Амр(раз) дар қатли Усмон(р) даст доштанд

 (бахши сездаҳум)

Дар мавриди равобити Аммор ибни Ёсар(р) ин Саҳобаи гиромиқадр ва Усмон  ибни Аффон (р)  низ монанди дигар Саҳоба (р) ривоятҳои ботил  ва заифе ба дасти мо расидааст, ки сабт кардаанд ва онҳо чунон заиф ҳастанд, ки аз ҳеҷ санаде бархурдор намебошанд ва ба ҳамин ошкоро ботил будани  ин ривоятҳо,  танҳо дар як нигоҳи гузаро ба муҳимтарини ин туҳматҳо хоҳем дошт. Дар воқеъ ҳар фарди бо инсофе медонад, ки наметавон чунин ривоятҳоеро, ки имон ва шахсияти беҳтарин афроди уммат ва маҳбубтарини онҳо назди Худо ва Расул (с) мавриди ҳамла ва туҳмат қарор медиҳанд, бовар намуд ва ба онҳо эътимод кард.[i]

Дурра задани Аммор ибни Ёсар(р)

Аз ҷумла машҳуртарин ва ҷанҷолбарангезтарини ин ривоятҳои сохташуда, моҷарои  дурӯғини дурра задани  Аммор ибни Ёсар (р) аст. Аҷиб он аст, ки дар ҳар як аз ин ривоятҳо равиш ва шеваи тозиёна задани Аммор  мутафовит аст ва ҳамаи онҳо бе истисно илова бар ботил будани муҳтаво ва мафҳуми хеш аз санади бисёр ноустувор ва заифе бархурдор мебошанд.[ii]

Абубакр ибни Арабӣ дар китоби худ бо радди туҳматҳои нодуруст, баён мекунад, ки бояд донист ва мутмаин буд, ки бар асоси қаринаҳо ва шавоҳид Усмон ибни Аффон (р) ҳеҷ гоҳ фармони дурра задани Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ва Аммор ибни Ёсар (р) -ро  надодааст ва ин суханони дурӯғи маҳз мебошанд. Агар тибқи ин ривоятҳо зарбаҳои дурра чунон мустаҳкам будааст, ки  шиками Аммор (р) шикофта ва рудаву дилу ҷигари ӯ берун рехтаанд, бояд мутмаин буд, ки Аммор (р) баъд аз он моҷаро зинда намемонад. Улламо далелҳои бисёреро дар радди ин туҳматҳо ва дурӯғҳо зикр кардаанд ва ба ҳамин далил чандон лозим нест, ки мо низ худро даргири ин хиёлбофиҳои бепояву асос кунем.[iii],[iv]

Бо воқеъ, читавр мумкин аст Усмон ибни Аффон (р) дар он синну соли боло ва бо он дараҷа аз имон ва шарм ва ҳаёву собиқаи дурахшон дар ислом чунин  рафтори зишт ва нописанде бо бузургони Саҳобаи Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)онҷом диҳад? Оё мумкин аст ӯ, ки дар нармиш ва мулоимӣ ва оромишу матонат машҳури хоссу ом буд, мардеро  дурра зада таҳқир намояд, ки худ собиқаи дурахшон ва заҳматҳои камназири ӯ дар роҳи дини Худо огоҳ буд?! Магар  ин тавр нест, ки Усмон ибни Аффон (р)монеъ аз он шуд, ки эътирозгаронро саркуб кунанд то оташи фитнаҳо шуълавар нагардад ва хуни мусалмонон бар замин  рехта нашавад, ҳоло чигуна аст, ки ҳамон мард яке аз бузургони Саҳобаро  танҳо ва танҳо ба далили ихтилофи назар ва дидгоҳ ба ӯ мавриди озор ва шиканҷа қарор медиҳад ва бино ба қавли он ривоятҳои дурӯғин ӯ ба ғуломаш дастур медиҳад, ки Аммор (р) –ро дурра занад, ки ӯ низ ба асари шиддати зарбаҳо аз ҳуш меравад, онгоҳ худ бар руи шиками Аммор (р) меравад ва ӯро таҳқир мекунад. Оё метавон бовар кард, ки Усмон ибни Аффон (р)чунин кореро, ки ёдовари шиканҷаҳои дарвони ҷоҳилият аст, муртакиб шавад, сипас ба он иктифо нанамуда ва Аммор (р) –ро ба хотири доштани модоре чун Сумая таҳқир ва масхара кунад?! Ҳол он, ки ҳам Усмон ибни Аффон (р)ва ҳам дигар Саҳоба (р),  ки аввалин зани шаҳид дар ислом аст, чӣ андоза боиси шараф ва ифтихор буд. Тамоми ривоятҳо ва ахбори мустанад ва саҳиҳ, ҳаргиз чунин иқдоми нодурустеро ба шахсияти боло ва баландмартабае чун Усмон (р), ки аз назари ахлоқ ва табъи мулоим ва сабр ва гузашт забонзади ҳамагон буд нисбат надодаанд. Дар ҳақиқат бо муқоисаи ахлоқ ва табиати камназири он Саҳобаи киром (р) ба осонӣ метавон нодуруст будан ва ботилии ин гуна ривоятҳои сохташуда ва бе появу асосро ташхис дод ва ба дурӯғин ва фиреби созандагони онҳо пай бурд[v].

Аммор  ибни Ёсар(р)  дар таҳрики фитна дахолат надошт

  Дуввумин  масъалае, ки комилан ботил ва нодуруст аст,  айбдор намудани Аммор (р) ба таҳрик ва идомаи раванди фитна аст. Тамоми ривоятҳое, ки чунин  масъалаеро баён  мекунад, ҳам аз назари санад дучори заъф ва ноустуворӣ мебошад ва ҳам матну муҳтавои он нодуруст аст. Аз тарафи дигар ин ривоятҳо дар навъ ва чиганагии дахолати Аммор (р) дар ҷараёни фитна бо ҳам ихтилоф доранд ва ҳар як достони ҷудо аз дигаронро сохта ва  пардохтааст. Аз ҷумлаи онҳо ривояте аст, ки Табарӣ нақл мекунад. Ӯ мегӯяд, ки Аммор (р) чун аз ҷониби Усмон ибни Аффон (р)ҷиҳати таҳқиқ ва баррасии авзоъ ва аҳволи Миср, ба онҷо рафт бо Сабаъиҳо ошно мешавад ва ҷазби афкор ва  дидгоҳи онон мегардад.[vi]

Лозим ба зикр аст, ки  дар миёни силсилаи ровиён ин хабар  Шуъайб ибни Иброҳими Тамимии Куфӣ вуҷуд дорад, ки риҷолишоносон ӯро гумноме медонанд, ки ба зиддият бо Саҳоба ва бузургон машҳур аст.[vii] Ҳамин ривоятро Умар ибни Шабаҳ дар Таърихи  Мадинаи худ овардааст, ки дар миёни он устоди  Умар, Алӣ ибни Осим вуҷуд дорад, ки  бино ба қавли  ибни  Алмадинӣ ӯ дар ривоятҳои худ хатоҳои бисёр дошта ва чун аз ӯ интиқод мекарданд ба ин интиқодҳо посух намегуфтааст ва ҳарчанд ӯ дар ривоятҳои зишт ва  нодурусте низ  мебошанд.[viii]

 Яҳё ибни Муъин ӯро ғайри қобили эътимод медонад.[ix]  Мурра ӯро дурӯғгӯ ва ғайри қобили итминон мехонад.[x]Насоӣ низ муътақид аст, ки набояд ба ривояти ӯ  итминон намуд.[xi] Бухорӣ ҳам оид ба Алӣ ибни Осим мегӯяд, ки  ӯ назди  муҳадисон чандон мавриди эътимод намебошад ва дар мавриди ӯ  гапу суханҳои  бисёр аст.[xii]  Ибни Ҳаҷар ӯро дар ривоят фарди росгӯ содиқе донистааст, аммо дар мавриди ӯ чунин идома медиҳад: “ чун дар ривоятҳояш дучори хато  мешуд, бар он хатоҳо пофишорӣ мекард ва онҳоро ислоҳ намекард ва аз тарафе ӯро ба ташайюъ низ айбдор кардаанд.[xiii]

Ғайр аз заъф ва ноустувории санад ва ровиёни ин ривоят аз назари матн низ наметавон қабул кард, ки Аммор (р) ба он парҳезкорӣ ва тақвои камназире, ки дошт, худро даргири чунон гирдоби ҳалокаткунандае намояд, ки реша дар кина ва нафрати душманон аз дини ислом дошт. Холид Алғайс дар ин робита мегӯяд, ки ин навъ ривоятҳо на танҳо бо асли адолат ва тақвои Саҳоба (р) зиддият дорад, балки аз заъф ва ноустуворӣ дар санади худ ранҷ мебаранд.[xiv]

 Аз дигар ривоятҳои аз ин намуд, ривояте аст мансуб ба Саъид ибни Мусайяб аз тобиъини гиромиқадр, ки дар он аз Саъид нақл мекунанд, ки ҳамаи Саҳоба (р) ба далилҳои мухталиф аз дасти Усмон ибни Аффон (р)хашмгин ва нороҳат буданд, ки дар миёни онҳо хашм ва эътирозҳои Ибни Масъуд, Абузар ва Аммор (р) намои бештаре ёфтаанд[xv]. Бузургтарин айби ин ривоят он аст, ки бо ҳазф кардани номи яке аз  ровиёни талош шудааст заъфи он пинҳон бимонад. Ин ровӣ, ки ҷумҳури уламо ӯро ҷаълкунандаи ҳадис ва дурӯғгӯ  медонанд, Исмоил ибни Яҳё ибни Убайдуллоҳ аст ва ба ҳамин далел муҳаддисон ин ривоятро заиф медонанд. Онҳо  дар ҳангоми баёни зиндагиномаи Муҳаммад ибни  Исо  ибни Самиъ, ки ин  хабарро аз Ибни Аби Зиъб нақл кардааст далилҳои сохта будани ин ривоятро шарҳ додаанд. Ба унвони мисол Имом Бухорӣ чунин  мегӯяд: “ гӯянд, ки Ибни Самиъ ин ривоятро на аз Ибни Аби Зиъб, балки аз Исмоил ибни Яҳё ривоят кардааст, аммо бо ҳазфи номи Исмоил ибни Яҳё кушиш намуда, ки заъфи ин  ривоятро пинҳон дорад”.

Ҳоким низ баён мекунад, ки Ибни Самиъ ривояти айберо дар моҷарои қатли Усмон ибни Аффон (р)аз Ибни Аби Зиъб нақл кардааст, ки уламо бар ин боваранд, ки ӯ онро аз Исмоил ибни Яҳё ривоят намуда, аммо номи ӯро, ки ба эътиқоди ҷумҳуру уламо ривоятҳаяш нодуруст ва ғайри қобили эътимод аст, ва ӯро аз силсилаи ровиён ҳазф кардааст.[xvi]

 Доктор Юсуф Алъаш дар ҳамин робита чунин мегӯяд: “ бояд донист ин ривояте, ки ба Саъид ибни Мусайяб мансуб кардаанд, сохташуда аст ва набояд ҳеҷгоҳ ба он эътимод намуд.”

Ҳокими Нишопурӣ ба сароҳат баён кардааст, ки яке аз ровиёни ин хабар, ки ба сохтани ривоятҳои нодуруст ва заиф машҳур мебошад, ҳазф намудааст. Воқеъият ин аст, ки ин ривоят бо бовариҳои  шахсияти бузурге монанди Саъид ибни Мусайяб ва низ эҳтиром ва икроми хосе, ки нисбат ба пешгоҳи Саҳобаи Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)қоил буд ва дар суханон ва ахбори ӯ аён аст, дар  зиддияти комил мебошад.[xvii]

Аммор (р) дар  қатли Усмон ибни Аффон (р)дахолат надошт

Аз дигар ривоятҳои сохта шудае, ки хадшадор кардани равобити миёни Аммор (р) ва Усмон ибни Аффон (р)пардохтааст, ривояте аст, ки ба бузургоне чун Масруқ ва Абу Мусо (р) мансуб шуда ва тибқи он Аммор (р) ҳангоме, ки барои ҷамъ кардани мардум ба Куфа  омада буд, айбдор мешавад, ки дар қатли Усмон ибни Аффон (р)даст доштааст. Монанди чанди ривояти пеш, ин ривоят низ аз лиҳози санад заиф мебошад ва сабаби он нақли ривоят аз ҷониби Шуъайб ибни Иброҳими  гумном ва ношинос аст. Ҳамчунин дар Саҳеҳи Бухорӣ низ аз ин  қисмат аз ривоёт вуҷуд надорад. Аз тарафи дигар ҳамонтавр, ки  дар  сатрҳои боло низ такрор шуд,  наметавон  ин туҳматҳои бепояву асосро дар мавриди Саҳобаи гиромиқадре чун Аммор ибни Ёсар (р), ки Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз Худованд хоста буд, ки ӯро аз  шарри  шайтон ҳифз намояд[xviii] ва дар васфи ин марди бузург фармуда буд, ки : “ Аммор сар то пой пур аз имони ростин аст” бовар кард.[xix]

 Уламо далелҳои бисёреро дар радди ин навъ ривоятҳое, ки мақоми поки Саҳобаро мавриди  ҳамлаҳои ноҷавонмардонаи худ қарор  додаанд, зикр намудаанд. Ибни Касир(раҳ)  баён мекунад, ки ба ҳеҷ унвон, ҳеҷ як аз Саҳобаи Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)дар қатли Усмон ибни Аффон (р)дахолат надошта ва аз он ҳимоят накардаанд ва ҳар он касро, ки дар чунин  ҷинояти дардноке мушорикат дошта, маҳкум намуда ва мавриди лаънат ва нафрин қарор додаанд.[xx]

 Абубакр ибни Арабӣ низ мегӯяд, ки ҳеҷ як аз Саҳоба  (р) дар қатли Усмон ибни Аффон (р)дахолат надоштаанд ва дар дифоъ аз ӯ кутоҳи накардаанд ва агар  ҳам Усмон ибни Аффон (р)аз онон  кӯмак мехост, ки бе шак дар дифоъ аз ӯ шамшер мебардоштанд ва он ҳазор ё чаҳор ҳазор эътирозгарро саркуб мекарданд, аммо Усмон ибни Аффон (р)худ хост то ба он сарнавишт дучор шавад.[xxi] Афроди гумроҳ ва нодон,то ба он  ҳад  густохона сухан  гуфтаанд, ки иддаъо мекунанд, ки ҳамаи Саҳоба аз ӯ  хашмгин ва нороҳат буданд ва аз сарнавиште, ки ӯ дучори он шуд,  хушнуд гаштанд. Онҳо ҳамчунин номаҳоеро сохта ва мансуби Саҳобае мисли Алӣ ибни Абутолиб (р) кардаанд, то исбот кунанд, ки Алӣ (р) ва дигар Саҳоба (р) ба ин номаҳои талаби кӯмаку ёрии Усмон ибни Аффон (р)посух нагуфта ва ӯро  ба ҳоли худ раҳо кардаанд. Бояд донист, ки тамоми ин ривоёт сохташуда ва дурӯғин аст ва ҳадаф аз онҳо танҳо ин мебошад, ки шахсияти он Саҳобаи бузургворро назди мусалмонон паст кунанд. Танҳо асл вуҷуд дорад ва он ин аст, ки Усмон  (р) мазлумона  бе ҳеҷ далеле ба шаҳодат расид ва ҳеҷ як аз Саҳоба  низ дар қатли ӯ дахолат надоштанд ва танҳо ба ин хотир дар дифоъ аз ӯ даст ба силоҳ набурданд, ки Усмон ибни Аффон (р)худ чунин мехост то мабодо фитнаҳои дигаре дар миёни уммат падид ояд ва амр намуда буд касе аз ман ҳимоят накунад.[xxii]

Гумон мекунам барои як фарди мусалмони огоҳ ҳамин кофист.Аммо барои муғризону кинатузон агар садҳо варақ нависамҳам бозҳам аз он фикру ақидаи ботилашон гаштани нестанд.

Оё Амр ибни Ос(р) дар қатли Усмон ибни Аффон (р)даст дошт?

 Ба оғози муҳосираи хонаи Усмон ибни Аффон (р), Амр ибни Ос ҳамроҳи ду фарзанди худ Абдуллоҳ ва Муҳаммад ба ҷониби Шом сафар кард. Нақл  мекунанд, ки ӯ пеш аз рафтан ба Саҳоба (р) чунин гуфт: “бидонед ҳар кас шоҳиди қатли  ин мард (Усмон (р)) бошад, Худованди азза ва ҷалла ӯро  хор хоҳад кард ва ҳар кас низ  қудрати дифоъ аз ӯро надорад, аз шаҳр хориҷ шавад, то аз шоҳидони ин фоҷеа набошад. Ҳассон ибни Собит(шоири расули акрам(с)) низ аз паси ӯ аз Мадина  хориҷ ва раҳсипори Шом шуд.[xxiii] нақл аст, ки чун дар  миёнаи роҳ хабари шаҳодати Усмон ибни Аффон (р)ва моҷарои байъати мардум бо Алӣ (р) –ро  ба ӯ расониданд  ба ҳамроҳон чунин гуфт: “ман аз ҳамин ҳоло мегӯям, ки чун ин захми чиркинро пеш аз он, ки  беҳбудӣ биёбад боз карданд, бояд мунтазири ҷанги бузурге дар миёни уммат буд”.

 Салома ибни Занбоғи Ҷузомӣ, ки аз ҳамрҳони ӯ буд, хитоб ба ҳозирин дар он маҷлис гуфт: “ эй мардуми араб! Ба по хезед ва пули иттиҳод ва дустии худ бо дигар аъробро , ки бо  қатли Усмон ибни Аффон (р)вайрон шуд, бори дигар таъмир кунед”. Амр ба ӯ гуфт: “ ин ҳамон чизе аст, ки мо низ  хоҳони он ҳастем, аммо танҳо роҳи он қудрате аст, ки ҳақро бори дигар дар миёни мардум барпо дорад ва адолатро дар миёнашон бигустаранд”. Онгоҳ ин байтҳоро ба забон ронд:

 

Бояд бар марги молик оҳу нола сар дод,

Аммо магар молик метавонист сарнавишти Худро тағйир диҳад?!

(Аз ҳамроҳони ӯ  мепурсам) оё торикиҳо чашми  шуморо дар бар гирифт?

То ӯро ( дар саҳнаи набард) набинед   (ва аз ӯ дифоъ накунед).

Ё дар он ҳангом маст будед,( ба ман бигӯед) узру баҳонаатон чист?

 Сипас  ба роҳи худ идома дод ва бо андуҳ ва ҳасрат мегуфт: “ бояд барои дин ва шарму ҳаё гиря кард”.[xxiv]

 Ин ҳақиқати ҳоли марди бузург ва фармондеҳи далери Ислом аст. Аммо он ривоёте, ки шахсияти ӯро ба гунае ҷилва додаанд, ки гуё  ӯ марде буд фурсатталаб, ҳарис ва  ҷоҳталаб, ки фақат ба дунё ва касби қудрат ва сарват меандешид, ки дар ин метавон ба ривояти Воқидӣ аз Мусо ибни Яъқуб ишора намуд.[xxv] Дигар муаррихон низ аз ин гуна ривоятҳои заиф ва нодурустро  дар асарҳои худ нақл карда ва  шахсияти  ин мардро то ҳадде поёнтар  аз зиллат ба зер кашидаанд. Нависандагони муосире низ мисли Маҳмуд Шис  Хитоб,[xxvi] Абдулхолиқ Саид Абуробия[xxvii] ва Аббос Маҳмуд Уққод бе таҳқиқ дар заъфи санади ин навъ ривоятҳо, тасвири зишт ва баде аз Муъовия  ва Амрро ба намоиш гузоштаанд, ки мухотаб бо мутолиаи китобҳои  ин афрод, гумон мекунад, ки Муъовия ва  Амр афроди ҷоҳталаб ва фурсатталабе буданд, онгуна мавзеъҳоеро гирифтанд. Ҳарчанд дар ин миён ҳастанд нависандагоне мисли  Уққод,  ки қавли худ агар тамоми муаррихон ва муҳаққиқон ҷамъ шаванд ва исбот кунанд, ки  ин ривоятҳое, ки ӯ дар китоби худ дар мавриди  Амр  ибни Ос ва Муъовия(разияллоҳу анҳум аҷмаъин)  зикр кардаанд ҳам аз назри санад ва ҳам аз назари матн заиф ва ғайри қобили эътимод ҳастанд, боз ҳам бар  ин эътиқод аст, ки ин ду мард танҳо ва танҳо бар асоси паймоне, ки бар сари ба хилофат расидани Муъовия ва ба иморат расидани Амрро бо ҳам баста буданд, онгуна дар  канори ҳам муттаҳид истоданд ва дар ғайри ин сурат чаро бояд Муъовия ва Амр душодуши ҳам  онгуна мавзеъҳоеро бигиранд.[xxviii]

Воқеият ин аст, ки Амр ҳамон марди поктинате буд, ки чун донист наметавонист аз Усмон ибни Аффон (р)дифоъ кунад, Мадинаро тарк кард ва чун хабари қатли ӯро шунид, барои ӯ ашк рехт[xxix]??. Ӯ ҳамон марде аст,ки аз наздиктарин афрод  ба Усмон ибни Аффон (р)ва аз мушовирони ӯ маҳсуб мешавад ва бо вуҷуде, ки волигии ҳеҷ куҷоро бар уҳда надошт, ба хотири эътибор ва таҷрибаҳо ва ҳуши боло, дар ҷаласаҳои муҳимми Усмон ибни Аффон (р)бо волиҳо ва бузургони Саҳоба ширкат мекард. Ӯ танҳо ба ин далил ба Шом рафт, то битавонад бо кумаки Муъовия интиқоли хуни ба ноҳақ рехташудаи Усмон ибни Аффон (р)–ро аз қотилони бе раҳми ӯ бигирад.[xxx] Ӯ медонист, ки дар Мадина қодир ба ин кор нахоҳад буд ва наметавонад дар он қотилони хунхор ва ҷинояткорро, ки ҳурмати шаҳри Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) мадинаи мунаввараро шикастанд ва хуни  халифаи мазлумро ба ноҳақ ва пеши чашмони мардум бар замин рехтанд, ҷазо диҳад. Ҳар кас низ дар ин воқеият шак кунад ва тасвири дигаре аз ин шахсиятро нишон диҳад, бояд донист, ки поя ва асоси суханони ӯ ҳамон ривоятҳои сохта ва заиф аст, ки аз Амр мардеро сохтаанд ҷоҳталаб, дунёпараст ва фурсатталаб.[xxxi]

Мақолаи баъди дидгоҳи Асҳоби Расули акрам(с)  пас аз  шаҳодати Амирулмуъминин Усмон (р) ва баёни баъзе ҳолот.

Бо мо бошед,то аз суханони он бузургон огоҳии комил дошта бошед.

 

Сарчашмаҳои истифодашуда


[i] . Алъақидату фи аҳлил –байти байнал – ифроти ват – тафрити с. 236. Албидоя ванниҳоя (9/ 112). Алҷамиъ маҳкамил – Қуръон (18 /31).

[ii] . Аммор ибни Ёсар, Усома Аҳмад Cултон с. 122.

[iii]. Аммор ибни Ёсар, Усома Аҳмад Cултон с. 122..

[iv]. Алъавосими минал – қавосими с. 82 – 84.

[v]. Алхалифатул – муфтари ъалайҳ, Усмон ибни Аффон с. 14 – 41. Аммор ибни Ёсар с. 137.

[vi]. Таърихи Табарӣ (5/348).

[vii]. Истишҳоду Усмона ва қаъатун – Ҷамал , с. 30.

[viii] . Сияру аъломин – нубало (9/ 253).

[ix] . Сияру аъломин – нубало (9/ 255).

[x] . Ҳамон (9 / 257).

[xi]. Сияру аъломин – нубало  (9 / 255).

[xii]. Сияру аъломин – нубало (9/ 255).

[xiii]. Тақрибут – таҳзиб, с.403.

[xiv]. Истишҳоду Усмона ва вақаътул – Ҷамал, с. 86.

[xv] . Таърихи Димишқ (39 /415). Аммор ибни Ёсар, с.144.

[xvi] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати ( 2 / 16 – 18). Атторихул кабир ( 1 / 203). Аттаҳзиб ( 9/ 391). Таҳзибут – таҳзиб (9 / 392).

[xvii] . Аддавлатул – уммавияти, с.39.

[xviii] . Саҳиҳи Бухорӣ ( ҳадиси 3743).

[xix] . Аммор ибни Ёсар, с. 147.

[xx]. Албидоя ванниҳоя (7 / 207).

[xxi]. Алъавосими минал – қавоситми, с. 129.

[xxii]. Алъавосими минал – қавосими, с. 132.

[xxiii]. Амр ибни Ос, Алғазбон, с.464.

[xxiv]. Амр ибни Ос, Алғазбон,с. 481.

[xxv] . Амр ибни Ос, Алғазбон,с. 481.

[xxvi] . Суфароун Набӣ, с.508.

[xxvii] . Амр ибни Ос, Абдулхолиқ Саид Абуробия, с.316.

[xxviii] .  Амр ибни Ос, Абдулхолиқ Саид Абуробия, с.317.

[xxix]. Амр ибни Ос, Уққод, с.231- 232.

[xxx]. Амр ибни Ос, Алғазбон, с. 489 – 490.

[xxxi] . Амр ибни Ос, Алғазбон, с., с.492.

Share This Article