Ҷамол Аҳмад Ҳамза Хошуқҷӣ кӣ буд ва чаро кушта шуд?

Ҳукумати Тоҷикистон ва режими Эмомалӣ дар ин масъала мебояд сахт бо диққат бошанд.

 

Шахсият ва наҳваи қатл, нигаронии ҷомеъа, қотилони саргардон

Ҷамол Аҳмад Ҳамза Хошуқҷӣ 22-уми январи соли 1958 дар шаҳри Мадинаи Мунаввараи Арабистони Саъудӣ ба дунё омадааст. Аҷдоди Ҷамол Хошуқчӣ аз шаҳри Қайсарияи Туркия, ки дар марказияти минтақаи Анозул қарор дорад, 500 сол қабл ба Мадинаи Мунаввара омада сукунат ихтиёр кардаанд. Дақиқан он замоне, ки Туркони Усмонӣ Ҳарамайн ва ё Ҳиҷозро дар ихтиёри худ доштанд. Аҷдоди Ҷамол Хошуқҷӣ дар Мадинаи Мунаввара ба ҳайси вазир, муаззин мисли Абдурраҳмон Хошуқҷӣ, инчунин табиби маъруф мисли Муҳаммад Хошуқҷӣ, падари миллиардери маъруф Аднон Хошуқҷӣ кору фаъолият кардаанд. Номи оилавияшон Хошуқҷӣ  аз калимаи туркӣ гирифта шудааст ва аслаш “Қошуқ” аст. Ин оила, яъне созандагони қошуқ ва дорандагони суфраи бо нозу неъмат ҳам ёд шуда, то ба ҳол ин оила дар Туркия вуҷуд доранд ва бо ин сифот ёд мешаванд. Инчунин аз маъруфияти  оилаи Хошуқҷӣ дар забонҳои дигар, аз ҷумла бо забони англисӣ чунин гуфтаанд: “Spoonmaker’s Diamond” ва бо забони Туркӣ бошад Kaşıkçı Elması мегӯянд. Осори ин қабила, то имрӯз дар осорхонаи маъруфи Истанбул “Топкапӣ” маҳфуз аст.

 лорп

Ҷамол Хошуқҷӣ чанд маротиба издивоҷ кардааст, вале издивоҷи охираш соли 2010 аст, ки бо хонум дуктура Олоъ Маҳмуд Насиф будааст. Аз ин издивоҷ духтар ва писароне дорад ва писари бузургаш аз ин издивоҷ Салоҳ Ҷамол Хошуқҷӣ аст. Албатта, писарони бузург ва духтарони бузурге аз издивоҷҳои собиқаш  ҳам дорад, ки аз онҳо феълан писаре бо номи Абдуллоҳ Ҷамол Хошуқҷӣ расонаӣ гаштааст. Абдуллоҳ Ҷамол Хошуқҷӣ дар қазияи қатли падараш хостори таҳқиқоти давлати севвуми бетарафро талаб намудааст.

 

Охирон номзади Ҷамол, хонуми турк, Хадиҷа Чингиз, яке аз олимаҳои муҳаққиқ дар таърихи туркони Усмонӣ дар Туркия маъруфият дорад. Қабл аз кушта шудани Ҷамол номи ин хонум расонаӣ гашт.

 قق

Фаолиятҳои хабарнигории Ҷамол Хошуқҷӣ

Ҷамол Хошуқҷӣ фаолиятҳои хабарнигории худро аз соли 1987 дар ҷаридаи “Саъудӣ Ҷозит” ба ҳайси хабарнигор оғоз намуда, то соли 1990 онҷо кор кардааст. Пас аз он дар чанд рӯзнома ва маҷаллаҳои арабӣ ба ҳайси хабарнигор ифои вазифа мекунад. Инчунин дар миёни солҳои 1991 то 1999 дар давлатҳои Афғонистон, Алҷазоир, Қувейт, Судон ва Ховари миёна ба ҳайси хабарнигори сайёр кору фаолият намуда, дар ин ҷода маҳорати хуби хабарнигории сайёрро ҳам доштааст. Аз соли 1999 сармуҳаррири рӯзномаи маъруфи “Араб нюз” таъин шуда, то соли 2003 кор кардааст.

 

Соли 2004 сармуҳаррири рӯзномаи “Алватан” таъин мегардад, аммо дар ин рӯзнома ҳамагӣ 52 рӯз кор мекунад. Баъд ба ҳайси мушовири матбуотии Амир  Туркӣ Файсал, сафири Саъудӣ дар Англистон ва баъд сафири Саъудӣ дар Амрико кор мекунад. Аз асрори хонадони Оли Саъуд хело огоҳ буд ва асрори хатарнокеро медонист.

 

Дар моҳи апрели соли  2007 дубора ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи  маъруфи “Алватан” таъин мегардад. Ҳамагӣ дар ин рӯзнома мисли аввал 45 рӯз кор мекунад. Бархе ин барканории ӯро ба он рабт медиҳанд, ки нашри як мақолаи шахсе бо номи Иброҳим Ал-Алмаъӣ, ки салафиятро носазо гуфта буд, Ҷамол ба нашраш иҷозат додааст.

 

Дар июли соли 2010 мудири шабакаи “Қанотул Араб Ал-Ихбория” таъин мегардад, ки соҳиби ин шабака миллиардери маъруфи хонадони Оли Саъуд, Валид Бин Талол буд. Мебоист ин шабака соли 2012 кори худро шурӯъ мекард, аммо бо сабаби баъзе ҳолатҳои сиёсӣ дар Саъудӣ корашро ба соли 2015 мавқуф гузошт. Соли 2015 ин шабака ба кор шурӯъ намуд, аммо ҳамагӣ тули чанд соати муайяне фаъол гардида, дубора баста шуд.

 

Дидгоҳҳои мазҳабӣ ва сиёсии Ҷамол Хошуқҷӣ

Дидгоҳ ё назарияи фикрии Ҷамол Хошуқҷиро муҳаққиқин возеҳ ва равшан дар як сӯ ё як тарафи муъайян намебинанд. Бархе Ҷамолро Ихвонӣ медонистанд, ки дар ҷавонияш бо ихвониҳо майл дошт ва бо афкори сиёсии онҳо рағбати бештаре дошт. Аммо салафиҳо Ҷамолро ихвонӣ намедонистанд ва ба ин ақида буданд, ки ӯ як лебералист аст. Ҳатто ӯро гумроҳ ҳам гуфтаанд. Албатта, ин ҳама ҳукмҳо пас аз соли 2017 бар ӯ тамға зада шудаанд, ки аз Саъудӣ берун гашт ва аз ҷумлаи ислоҳотхоҳон гардид.

 

Мегӯянд, ки Ҷамол демократихоҳ буд ва озодии инсонро арҷ мегузошт. Ӯ дорои фикри мунфатиҳ ва кушодае буд. Дар мавриди давлатҳои дигари Арабӣ, ки дар онҳо инқилоби баҳори Араб гузашта буд, ақида дошт, ки ин давлатҳо ҳатман бояд ба мардумсолорӣ ва демократӣ рӯй оранд. Аммо,  дар мавриди Саъудӣ чунин эътиқоди назар надошт. Ӯ мехост, Арабистони Саъудӣ мисли давлати Чин бошад. Аммо на мисли Чин коммунистӣ, балки бар хилофи он бо исломи воқеъӣ ва ҳамин мазҳаби салафӣ давлати муқтадире бунёд намояд, ки асосаш дини воқеъӣ бошад. Танҳо каме дар масоили умури дунявӣ худро мутобиқ ба ҷаҳони муосир кунад ва  аз таҷрибаҳои низоми демократӣ истифода кунад. То соли 2030 Арабистони Саъудӣ ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам дунявӣ бояд як давлати муқтадири олам ба оламиён худро ба намоиш гузорад.

 

Ҷамол Хошуқҷиро бархе дигар чунин гуфтаанд: Ӯ бар ин ақида буд, ки давлатҳои арабӣ ва исломӣ агар бихоҳанд давлате бисозанд, ки дар он низоми хуби мардумсолорӣ ҳукмфармо бошад. Каромати инсонӣ дар сатҳи кишварҳои Аврупоӣ ва Амрикоӣ бошад ва бояд бидуни ҳеҷ қайду шарте мутобиқ бо назарияи Ихвониҳо давлат бисозанд.

j&E

Ӯ бештар ба низоми комёбе, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Туркия сохтааст хушбин буд ва Эрдуғонро беҳтарин созанда ва ташкилкунандаи давлате медонист, ки дар ҷаҳони кунунӣ ҳамто надорад. Ҳатто барои тасдиқи ин гуфтаҳои ӯ мисол меоранд, ки ҳангоме, ки як хабарнигоре бо номи Абдулхолиқ Абдуллоҳ низоми Эрдуғонро ба боди интиқод мекашад, дар ҳол Ҷамол ин хабарнигорро барои ин гуфтаҳояш танбеҳ медиҳад, ки чунин нагӯяд ва ончӣ гуфтааст иштибоҳанд.

 

 

 

Дидорҳои Ҷамол бо Усома бин Лодан

bin lodanҶамол Хошуқҷӣ қабл аз ҳодисаҳои 11 сентябр бо Усома бин Лодан, ки ҳамкурсаш буд, дидор ва мусоҳибаҳое бо ӯ оростааст. Албатта, ин мулоқотҳо бо Усома бин Лодан ба касби хабарнигории ӯ иртибот доштаанд, ки тавассути шабакаҳои дохили Саъудӣ ва шабакаҳои MBC ва BBC ва шабакаи Алҷазира расонаӣ шудааст.

 

 

 

Берун шудани Ҷамол Хошуқҷӣ аз Арабистони Саъудӣ

Ҷамол Хошуқҷӣ рамазони соли 1439, мутобиқ ба моҳи июни соли 2017 дақиқан он ҳангоме, ки мушкилоти сиёсӣ миёни давлати Саъудӣ ва Қатар оғоз гардида буд, аз шаҳри Ҷидда бидуни ҳеҷ мушкилоте аз давлати Саъуди ба сӯйи Амрико сафар мекунад. Фаолияти сиёсии худро дар моҳи сентябри соли 2017 дар нашрияи маъруфи Амрикоии бо номи “Вашингтон пост” оғоз карда, бештар сиёсатҳои охири Малик Салмон ва валиюлаҳди он Муҳаммад бин Салмонро нақд мекунад. Ҳолатҳои иҷтимоъии дохили Саъудӣ ва зиндонӣ кардани уламои динро, ки аз тарафи мақомоти Саъудӣ сурат мегирифтанд шадидан маҳкум мекунад. Аз ҳамлаҳои Саъудӣ ба Яман  ба шакли васеъ гузоришҳои интиқодӣ омода намуда, дар нашрияи Амрикоии “Вашингтон пост” ба нашр мерасонид.

 

Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ

Ҷамол Хошуқҷӣ шаҳрванди Арабистони Саъудӣ буд. Ӯ, ки нияти хонадоршавӣ бо шаҳрванди Туркия хонум Хадиҷа Чингизро дошт, мебоист аз консулгарии Арабистони Саъудӣ дар шаҳри Стамбули Туркия ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муҷаррадиро ба даст меовард.  Ба ин хотир ӯ аз консулгарӣ дархости ин ҳуҷҷатро мекунад. Консулгарӣ рӯзи гирифтани ин санадро б таърихи 02.10.2018 соати 13:00 муъайян намуда буданд.

 

как

Ҷамол Хошуқҷӣ ҳангоми ворид шуданаш ба Консулгарии Арабистони Саъудӣ дар шаҳри Стамбули Туркия

Ҷамол Хошуқҷӣ бо номзадаш Хадиҷа Чингиз, то назди консулгарӣ меоянд ва Ҷамол соати 13:14 дақиқа вориди консулгарӣ мешавад. Вале телефони дастияшро ба Хадиҷа медиҳад, гӯё қабл аз ворид шуданаш ӣ эҳсоси баде мекард. Чуноне, ки дурбинҳои назди консулгарӣ ворид шуданашро сабт намудаанд, дигар аз консулгарӣ хориҷ намешавад. Хонум Хадиҷа то соатҳои 17 бегоҳ  мунтазир мемонад вале дигар ҳеҷ хабаре аз Ҷамол Хошуқҷӣ намешавад. Ин хабарро ба пулис мерасонад, вале кормандони консулгарӣ аз вуҷуди Ҷамол дар дохили бинои консулгарӣ инкор мекунанд.

 

Ҷузъиёти қазияи нопадид гаштан ё қатли Ҷамол Хошуқҷӣ

Чуноне, ки дар боло гуфта гузаштам ин тарҳи нобудсозии Ҷамол Хошуқҷӣ аз қабл тарҳрезӣ шуда будааст. Вақте барояш ваъдаи таслими санадҳо барои издивоҷашро консулгарӣ медиҳад, дар ин баробар аз Риёз хоссатан аз тарафи Муҳаммад бин Салмон валиюлаҳди Саъудӣ фармон содир мегардад, ки ӯ аз байн бубаред ё ба истилоҳ “Бе зарар гардонида шавад”.  Шаби дуюм яъне бегоҳи 01.10.2018 ду ҳавопаймои хурди хусусӣ аз Риёз, пойтахти Арбаистони Саъудӣ дар соатҳои гуногун ба шаҳри Истамбули Туркия парвоз мекунанд.

 

Дар як ҳавопаймо 6 нафар ва дар ҳавопаймои дигар 9 нафар ба Истамбул мерасанд ва то соати 5 саҳар дар меҳмонхонаҳои ин шаҳр ҷойгир мешаванд. Соати 10 саҳари рӯзи 02.10.2018 тақрибан ҳама афроди ба Истамбулрасида аз меҳмонхонаҳо ба қасди анҷом додани амалиёт ба сӯйи консулгарӣ мешитобанд. Тақрибан, соати 12-зуҳр ҳамаи ин афрод ба консулгарӣ мерасанд ва мунтазири ворид гаштани Ҷамол Хошуқҷӣ мемонанд. Ҳангоме, ки соати 13:14 дақиқа Ҷамол Хошуқҷӣ вориди консулгарӣ мегардад, тибқи таҳқиқоти муҳақиқони ҷиноӣ дар 7 дақиқа Ҷамолро тавассути як укол дар утоқи худи консул Муҳаммад Ал-Утайбӣ ба қатл расониданд.

 

Ҷамол ҳамагӣ ду дақиқа дар консулгарӣ зинда буд ва панҷ дақиқаи боқӣ монда, ӯро ба қитъа қитъа ҷудо карданду аз консулгарӣ берун бурданд. Ончӣ муҳаққиқон пас аз қатл мегӯянд, ин ду мошини сиёҳшиша аз дохили консулгарӣ хориҷ ва ба тарафи хонаи консул, ки дар 500 метрии консулгарӣ қарор дошт рафта ворид гаштанд. Консул Муҳаммад Ал-Утайбӣ бо хати сайри муқаррарии Истамбул – Риёз бо ҳамроҳи мусофирон парвоз мекунад. Дигар он ашхосе, ки дар ин қатл ширкат доштанд худи ҳамон рӯз бо он ду ҳавопаймое,ки омада буданд, яке ба самти Риёз ва дигари ба самти Қоҳира пойтахти Миср парвоз намудаанд.

 

Афроде,ки дар ин қатл ширкат доштанд, ҳамаашон расонаӣ шуданд. Аз ин 15 нафар  чанд нафарашон аз муҳофизони шахсии Муҳаммад бин Салмон валиюлаҳди Саъудӣ буданд, ки дар сафарҳои хориҷӣ ҳатто дар Фаронса, Лондон, Амрико ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Табибе, ки он уколро ба Ҷамол Хошуқҷӣ задааст, ӯ низ яке аз рутбадорони баландпояи ба унвони “Табиби шаръӣ” шиносоӣ шудааст.

 

Паёмадҳои кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ

Санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ муҳимтарин сармоягузорон ва подрядчикҳои проекти тиҷоратии NEOM نيوم  ки дар минтақаи зебое дар ғарби Саъудӣ, давлати Урдуни Ҳошимӣ ва Миср қарор дорад, аз идомаи ҳамкорӣ даст кашиданд. Дар ин проект заминҳои давлати Миср ва Урдун шомил буда, масоҳати иҷмолияш 26 ,500км ва паҳнои он бо дарозии 460 километр дар соҳили баҳри сурх имтидод дорад. “Неом” мебоист яке аз пойтахтҳои бузурги иқтисодии олам мешуд. Ин шаҳр се қитъаи Осиё, Аврупо ва Африқоро ба ҳам пайваст мекард. Чунон тарҳрезӣ шуда буд, ки 70% сокинони олам дар муддати 8 соат ба ин шаҳри афсонавӣ ва пойтахти иқтисодии олам худро метавонистанд расонанд. Проекти мазкурро Муҳаммад бин Салмон дар 24 октябри 2017 таъсис дода буд.

 

Мебоист,  ин тарҳи зебои аср то соли 2025 ба итмом мерасид ва дар олам ҳамто надошт. Дар ин тарҳ давлати Арабистони Саъудӣ бо давлатҳои сармоягузори дигар шартнома баста буданд. Дар ин тарҳ 500 милард доллар сармоягузорӣ лозим буд. То соли 2030 ин тарҳ мебоист 100 миллард долар фоида меовард. Рӯзи 9-уми Сентябри 2018 корҳои асосии ин тарҳи асрро мисли коркарди биологӣ, тахтит ва сохтмони асоси ин шаҳри афсонавиро оғоз намуданд. Дақиқан пас аз 33 рӯзи оғози корҳои асосии тарҳ яке аз шарикони асосии ин тарҳ аз идомаи кор даст кашид.

 

Аз сармоягузорони асосии ин тарҳ  “Сандуқи истисмороти омма”-и Саъудӣ будааст.  

Ричард Бронсун, тоҷири маъруфи Бритониёӣ, ки дорои 360 ширкатҳои гуногун дар олам аст, ӯ бо сармояи як миллард доллар вориди ин тарҳ гашта буд, аммо аз идомаи кор даст кашид. Пас аз ин Сом Алтмон раиси ширкати “Вой Комбинотур”-и Амрикоӣ ,ки дар ин тарҳ яке аз сармоягузорони асосӣ ва узви шурои маҷлиси машваратӣ буд аз даст кашидани худ аз ин тарҳро эълон намуд.

 

Инчунин чанд ширкатҳои дигаре, ки дар муддати як сол омода буданд, дар ҳар бахши ин тарҳ  сармоягузорӣ кунанд, дигар намехоҳанд идома диҳанд. Сабаби ин ҳама қатли Ҷамол Хошуқҷӣ мебошад, ки Муҳаммад бин Салмонро дар қатли бевоситаи ӯ дахил медонанд.

 

Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ чӣ вокунишҳоеро дар олам ба бор овард?

1. Аввалан ин қатлро коршиносон яке аз пурсару садотарин қатле унвон кардаанд, ки дар ин чанд соли охир олам назирашро надида  буд.

 

2. Тақрибан ҳама раисони давлатҳои бузурги таъсиррасони олам ин қатлро ба гунае шадидан интиқод намуданд ва онро ваҳшонияттарин қатл дар консулгарӣ номиданд.

 

3. Чанд сенаторҳои Амрикоӣ бидуни таваққуф гуфтанд, ки Муҳаммад Бин Салмон бояд аз мақоми Валиюлаъҳдӣ истеъфо диҳад вадигар ӯ дар оянда сазовори шоҳ буданро аз даст додааст.

 

4. Лиём Фокс,  Вазири тиҷорати Бритониё эълон кард, ки пас аз ин ҳодиса аз ширкат дар Конфронси солонаи Истисмор, ки мебоист ҳафтаи оянда дар Риёз пойахти Саъудӣ баргузор гардад, худдорӣ мекунад. Ин дар дар ҳолест, ки ӯ яке аз суханронони асосӣ дар ин конфронс буд. Пас аз шунидани ин баёнияи вазири тиҷорати Бритониё аксари вазирони хориҷаи давлатҳои Аврупоӣ ва тоҷирони бузрги сатҳи ҷаҳонӣ аз ширкат дар ин конфронс худдорӣ намуданд.

 

5. Вазири хазонаи ШМА Стефан Манутшин гуфт, ки дар мавриди иштирок кардан ё накарданаш дар ин конфронс, то рӯзи панҷшанбе ҳафтаи оянда эълон хоҳад кард.

 

6. Фубка Ҳукстро, Вазири молияи давлати Ҳоланд  ширкат дар ин конфронсро лағв карда гуфтааст, то муайян гаштани қазияи Ҷамол Хошуқҷӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани ҷинояткорон дар ин конфронс иштирок нахоҳад кард.

 

7. Бруну Лумер,   Вазири Молияи давлати Фаронса низ аз рафтан ба ин конфронс худдори намуд. Бруну Лумер баён доштааст, ки  барои Саъудӣ лозим аст омилони ин ҷиноятро ҳарчӣ тезтар муъйян кунанд, муҳим нест онҳо чӣ касоне ҳастанд.

 

8. Гленкор Тони Ҳойворд, тоҷири маъруф дар нашрияи Финоншал таймз баён дошта аст, ки дар ин конфронс иштирок намекунад ва аз сармоягузорӣ дар оянда ҳам дар тарҳҳои Саъудӣ шадидан худдорӣ хоҳад кард.

 

9. Аз Доналд Тромп савол карданд, ки баъди ҳодисаи қатли Ҳошукчӣ алоқаҳои шумо бо Саъудӣ чӣ гуна мешаванд? Агар билфарз ин қатл аз тарафи Бин Салмон тарҳрезӣ шуда бошад? Трамп гуфт: ман дар мавриди ин қазияи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ талаб намудам сабтҳои видиёӣ ва савти вобаста ба онро бароям бифиристанд, агар собит гашт, ки дар он дасти мақомоти Саъудӣ ҳаст, ман дигар онро ҳеҷ ҷомаи сиёсӣ намепушонам. Ман то охири ин ҳафта комилан назарамро дар ин маврид баён менамоям.

 

10. Майк Помпео, Вазири хориҷаи Амрико  пас аз ин ҳодиса аввал ба Саъудӣ омада 15 дақиқа бо Малик Салмон ва ним соат бо Муҳаммад бин Салмон суҳбат доир намуд. Пас аз он ба Туркия сафар намуда бо Эрдуғон мулоқот анҷом дод. Ӯ алоқаҳои кишварашро бо Саъудӣ хуб тавсиф намудааст. Муҳаққиқон гуфтаанд, маҳз вазири хориҷа ба бин Салмон гуфтааст, агар дар ин қазия даст дошта бошад, онро эътироф кунад.  Ба гӯнае, ки таҳқиқоти Туркия нишон дода аст, Ҷамол кушта шудааст ва Саъудӣ ногузир аст онро бипазирад, дигар чорае ҷуз пазируфтан надорад.

 

11. Сухангӯйи ҳизби коргарони мухолифи Бритониё ба расонаҳо гуфтааст, ба ҳукумати кишварашон шарт гузоштаанд, ки давлати Бритониё бояд бар алайҳи Саъудӣ таҳрим эълон кунад.

 

12. Давлати федеролии Олмон сафари вазири хориҷаашро ба Арабистони Саъудӣ ба таъхир гузоштааст. Гуфта мешавад, то он вақте, ки давлати Саъудӣ дар ин қазия комилан масалаи ин қатлро ошкор ва эълон накунад, муносибати дипломатӣ бо ин кишвар ғайримантиқӣ хоҳад буд.

 

13. Юрган Ҳорт, Ҳампаймони Хонум Анҷела Меркел, канслери Олмон, изҳор дошта аст, ки ҳама давлатҳои Аврупоӣ дар мавриди алоқаҳояшон бо Саъудӣ таҷдиди назар мекунанд, то ин ки натиҷаи таҳқиқоти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ мушаххас ва равшан нагардад. “Мо Саъудиро дар минтақа барқарорсозандаи амният меҳисобидем на ин ки шоҳиди даст задани мақоми баландпояи ин кишвар ба чунин амали баду тарснок шавем”. – гуфтааст Юрган.

 

14. Нурберт Рутған, раиси комиссияи умури хориҷии давлати Олмон суханони Доналд Трамп, президенти Амрикоро ба боди интиқод кашида чунин гуфтааст: “Ин аст ахлоқи президенти Амрико, ки ба Муҳаммад бин Салмон ба гӯнае сухан гуфтааст, ки инро ифода мекунад: Барои шумо комилан иҷозатаст  ва ҳангоме, ки аз мо аслиҳа ва лавозимоти ҳарбӣ мехаред, дар ҳама амалҳое мекунед, озод ҳастед”.

 

Навори сӯҳбати Муҳаммадиқболи Садриддин дар бораи Ҷамол Хошуқҷӣ

 

Хулоса

Хулосаи ин қатл ё ихтитофу рабуданро дидем, ки чӣ қадар барои як ҳукумати бузурги Саъудӣ мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба миён овард.  Ҳатто сабаби талаби истеъфои Валиюлаҳди он Муҳаммад бин Салмон гашта истодааст.

 

Ҳукумати Тоҷикистон ва режими Эмомалӣ дар ин масала мебояд сахт бо диққат бошанд. Марбут ба амалҳои рабудану куштану ихтитофҳоеро, ки анҷом додааст, дигар таҷдиди назар кунад ва хело ҳушёр бошад, ки чӣ мусибатҳое метавонад барояш ба бор орад. Ҷамол Хошуқҷӣ хабарнигор ва муҳаллили сиёсие буд, ки паноҳандагии сиёсии Амрико ва Англистонро пешниҳодаш карданд вале ӯ рад намуда буд. Дар Туркия мехост издивоҷ ва зиндагонӣ намояд, вале ба ин сарнавишт дучор шуд.

 

Акнун, режими Тоҷикистон, хоссатан мақомоти қудратияшро диққати ҷиддӣ мебояд, то дар масъалаи қатлҳо ва ихтитофҳои мухолифони сиёсияш ба саросемагӣ даст назанад. Як амали норавояш дар қиболи як мухолифи сиёсӣ, хоссатан онҳое, ки дар Аврупо ва кишварҳои қавии хориҷӣ, берун аз давлатҳои муштаракулманофеъ паноҳандагии сиёсӣ доранд, ончунон мушкилот бар сари ин режим меоранд, ки дар интизораш нестанд.

 

Агар мақомоти қудратии кишвар дарди сар хоҳанд, барои ин режим, афроди оиларо мебояд дар қазияи “Безарар гардонӣ” чуноне, ки худашон меноманд диққати ҷиддӣ диҳанд. Инчунин метавонад ин амали ноҷояшон ҳаёти аз он ҳам нохуби шаҳрвандони кишварро нохубтар намояд!

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад