Ҷангҳои таблиғоти бар алайҳи мухолифон

Наҳваи аҳамият қоил нашудан ба суханони динситезон ва ботил намудани онон:

Ҷангҳои таблиғоти бар алайҳи мухолифон

Наҳваи аҳамият қоил нашудан ба суханони динситезон ва ботил намудани онон:

Имрӯзҳо ончунон ҷанги иттилооти бар зидди дини поки ислом ба шакли густурда идома дорад,ки тавсиф нашаванда.Ҳамеша аз ин дини поки Илоҳӣ саҳнаҳои тарроҳи шудае омода ва ба ҷаҳониён тақдим доранд,ки ҳатто мусалмонон дар шигифтанд.

Мехоҳам дар ин мақола наҳваи бархурди Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам)ро бо мушрикони динситези замонаш баён намоям.Чунонеки ҳоло як олими динро динситезони аср саволборон мекунанду тамасхур менамоянд ва гоҳо ба чолиш мекашанд.Мақсад аз ин амалашон зарба ворид намудан ба дини Исломи азиз аст.Мехоҳам бидонем,Паёмбари мо Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар ин маврид бо онҳо чигӯна бархурд намуда буд.Умед аст ин дастурамали хубе барои ҳар ҳоми ва мудофеъ аз ин дин бошад.

Ин шева дар хомўш сохтани мухолифони динситез, пурғурур ва мутакаббир ба кор меояд, ки ба гуфтаҳояшон аҳамият дода нашавад ва ба бархе аз ҳуҷҷатҳои ботили онҳо эътиное нагардад, то аз кашмокаш ва ҷидол пешгирӣ шавад ва ҳамчунин ҳуҷҷате қотиъ барояшон пашниҳод гардад, ки ғурурашонро аз байн бибарад ва далелҳояшонро бекор гардонад.

Қиссаи Мўсо (а) беҳтарин ва равшантарин намунае аз ин шева аст, ки Мўсо (а) аз ҳар эътироз ва шубҳае, ки Фиръавн ворид мекард рўй барметофт ва ба он таваҷҷўҳ наменамуд ва бо далелҳои равшану раднопазири ақлӣ иддиои улуҳияти Фиръавнро ботил ва беасос мегардонид ва ба ин восита рубубият ва улуҳияти Худоро собит менамуд. Чунончи Худо ин қиссаро дар сураи Шуаро зикр намуда мефармояд:
«Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист?» Гуфт: «Агар ба яқин мепазиред, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост». Ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё нашунидед?» Гуфт: «Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумо», Фиръавн гуфт: «Ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст». Гуфт: «Ўст Парвардигори Машриқу Мағриб ва ҳар чӣ миёни он ду аст, агар оқилона биандешед». Фиръавн гуфт: «Агар ҷуз ман каси дигареро ба худоӣ гирӣ, ба зиндонат меафканам».
(Сураи Шуаро,оятҳои 23-29)

Чунин аст услубҳои Қуръони карим дар муҷодалаи Паёмбари Худо (с) бо мушрикон. Чун мушрикон аз рафтори Паёмбари Худо (с) ошуфта ва ҳайрон шуданд, роҳ ва василаҳои дигаре барои оҷиз сохтани Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) меҷустанд ва ҳаргиз омодаи он набуданд, ки рисолати ўро тасдиқ намоянд, на аз он ҷиҳат, ки ў (с)-ро такзиб ва дурўғ мешумурданд, балки онон дар куфр ва инод фурў рафта буданд. 
Чунончи Худованд мефармояд:

«Медонем, ки суханашон туро андўҳгин месозад, вале инҳо танҳо туро такзиб намекунанд, балки ин ситамкорон сухани Худоро инкор мекунанд!».
(Сураи Анъом,ояти – 33)

Андешаи каҷ ва мунҳарифи мушрикон ононро водор сохт то аз ў (с) чизҳое дархост кунанд, ки ҳадафе ғайр аз оҷиз сохтан ва нотавон кардани Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) чизи дигаре надоштанд. Онҳо аз Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) мавориди зерро дархост карданд:

1. Барои онон аз замин чашмаҳо ҷорӣ намояд;

2. Боғе аз дарахтони хурмо ва ангур бошад, ки зери он ҷўйҳо ҷорӣ гардад;

3. Осмон болои онҳо чунончи рўзи қиёмат барангехта мешавад, ҳамон гуна пора-пора гардад.

4. Худо ва фариштагонро гурўҳ-гурўҳ ба назди онон биёварад;

5. Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро хонае аз тилло бошад;

6. Ба осмон боло равад ;

7. Аз осмон китобе фуруд оварад, то онро бихонанд. Имом Муҷоҳид (раҳ) дар мавриди ин хостаи онон мегўяд: яъне китобе бошад, ки дар он номи ҳар яке аз онон навишта бошад, ба монанди: ин китобест аз Худо ба фалон ибни фалон.

8. Аз Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) талаб намуданд, то аз Худо бихоҳад, ки барои онон заминро пора сохта, кўҳҳоро равона созад ва падаронашонро аз зери хок зинда берун орад.

Дархости умури хориқул-ода ва мўъҷизот барномаест, ки дар гузашта инсонҳо аз паёмбаронашон онро дархост мекарданд. Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам), чун шефта буд, ки қавмаш имон биёваранд, дар ин роҳ ҷонфишонӣ менамуд, аммо тарбияти илоҳӣ ва адаби паёмбарона, ки ў ба он ороста буд, ононро аз талаб кардан ва хостани мўъҷизаҳо боз медошт. Бинобар ин хостаҳои ононро аз Худо талаб намекард зеро Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) аз хилоли оятҳои Қуръони карим дарк намуда буд, ки мушрикон пас аз бароварда сохтани хостаҳояшон низ имон нахоҳанд овард. Ва посухи Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин буд: «Ман барои ин ба сўи шумо нафиристода шудаам, магар барои он чи ки Худо маро амр намуда аст, фиристода шудаам. Ба шумо ончиро, ки барои он фиристода шуда будам, расонидам. Пас агар онро бипазиред, саодати шумо дар дунё ва охират аст ва агар онро рад намоед, то он ки Худо миёни ман ва шумо ҳукм намояд, сабр хоҳам намуд.»

Паёмбари Худо (с) аз он чи ки аз қавмаш умед ва тавақўъ намуда буд ба ноумедӣ роҳ кушод, зеро онҳо ў (салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро раҳо карданд. Вақте дид, ки онҳо аз ў дўрӣ меҷўянд, хаставу андўҳгин ба хонааш баргашт ва Худованд ин турушрўии мушриконро баён намуда фармуд: 
«Гуфтанд: «Ба ту имон намеоварем, магар ин ки барои мо аз замин чашмае равон созӣ, ё туро боғе бошад аз дарахтони хурмову ангур, ки дар байнаш наҳрҳоро ҷорӣ гардонӣ, ё чунон ки гуфтаӣ, осмонро пора-пора бар сари мо афканӣ ё Худову фариштагонро пеши мо ҳозир оварӣ, ё туро хонае аз тилло бошад ё ба осмон боло равӣ. Ва мо ба осмон рафтанатро ҳам бовар намекунем, магар ин ки барои мо китобе, ки аз он бихонем, биёварӣ». Бигў: «Парвардигори ман пок аст. Нестам ман магар инсоне ҳастам , ки ба рисолат фиристода шудаам». Ҳеҷ чиз мардумро аз имон овардан он гоҳ, ки ҳидояташон омад, бознадошт, магар ин ки мегуфтанд: «Оё Худо инсонеро ба рисолат (пайғамбарӣ ) фиристодааст?» Бигў: «Агар дар рўи замин (ба ҷои инсонҳо) фариштагон (мезистанд ва бо пойи худ мисли инсонҳо) ба оромӣ роҳ мерафтанд, барояшон ба паёмбарӣ фариштае аз осмон нозил мекардем». Бигў: «Худо миёни (сидқи) ману (саркаши аз ҳаққи) шумо шаҳодатро кофист, зеро Ў ба бандагонаш огоҳу биност!»
(Сураи Исро,оятҳои 90-96)
Ва инчунин фармуд:

«Агар Қуръоне мебуд, ки ба сабаби он кўҳҳо равон карда мешуд ё ба сабаби он замин пора-пора мешуд ё ба сабаби он мурдагон ба сухан дароварда шаванд (низ имон намеоваранд), балки Худорост ҳамаи корҳо. Оё мўъминон ҳанўз надонистаанд, ки агар Худо мехост, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва кофиронро пайваста ба сабаби аъмолашон ҳодисае расад ё он ҳодиса дар наздикии хонаҳояшон фурўд ояд, то он гоҳ, ки ваъдаи Худо фароз ояд, зеро Худо ваъдаро хилоф намекунад!».
(Сураи Раъд,ояти – 31)

Ҳикмат аз он ки хостаҳои мушрикон бароварда нашуд, он буд, ки онҳо сидқан ва ба қасди ҳидоят ва ҳақталабӣ нахоста буданд, балки ҳадафашон масхара кардани ў (с) буд ва Худо медонист, ки агар онҳо ончиро, ки хостаанд ба сурати ошкор бубинанд, боз ҳам имон нахоҳанд овард ва дар куфр ва туғёнашон боқӣ хоҳанд монд ва дар бораи онон фармуд:

«То он ҷо, ки тавонистанд, ба сахтарин қасамҳо ба Худо савганд ёд карданд, ки агар мўъҷизае ба онҳо нозил шавад, ба он имон оваранд. Бигў ҳамаи мўъҷизаҳо назди Худост ва шумо аз куҷо медонед, ки агар мўъҷизае нозил шавад, имон намеоваранд. Ва ҳамчунон, ки ба он имон наоварданд, ин дафъа низ дилҳову дидагонашонро тасарруф мекунем ва онҳоро дар туғёнашон саргардон раҳо месозем. Ва агар Мо фариштагонро ба онҳо нозил карда будем ва мурдагон бо онҳо сухан мегуфтанд ва ҳар чизеро даста-даста назди онҳо гирд меовардем, боз ҳам имон намеоварданд, магар ин, ки Худо бихоҳад, вале бештаринашон ҷоҳиланд».
(Сураи Анъом,оятҳои 109-111)

Чунин хосту ҳикмати раббонӣ ва раҳмати илоҳӣ чунин иқтизо менамуд, ки хости мушриконро пазируфта нашавад, зеро суннати илоҳист, ки чун як қавм талаби оят ва мўъҷиза менамоянд ва пас аз он, ки хостаашон пазируфта мешавад, имон намеоранд, Худо ононро гирифтори азоби нобудӣ ба монанди қавми Од, Самуд ва қавми Фиръавн мегардонад.
Мўъҷизаи мўъҷизаҳо (яъне Қуръон) пеши чашми мушрикон гузошта шуда буд ва ба замми он ба таври масхара ва мунсарифона аз Паёмбари Худо (с) мўъҷиза талаб менамуданд.

Аз ин рў Аллоҳ таъоло ононро рад карда фармуд: 
«Ва гуфтанд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш оёте бар ў нозил намешавад?» Бигў: «Оёт (нишонаҳо) дар назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкор ҳастам». Оё ононро басанда нест, ки бар ту китоб фиристодем ва бар онҳо хонда мешавад. Дар ин китоб барои мўъминон раҳмату панд аст! Бигў: «Худо ба гувоҳӣ миёни ману шумо кофист. Он чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Касоне, ки ба ботил гаравиданд ва ба Худо кофир шуданд, онҳо зиёнкоронанд».
(Сураи Анкабут,оятҳои 50-52)

Абдуллоҳ ибни Аббос(р) дар ривояте ба ин маъно овардааст: «Қурайшиҳо бар Паёмбари Худо (с) гуфтанд, ки Парвардигоратро дуо намо, то кўҳи Сафоро барои мо тилло гардонад ва мо ба ту имон меоварем. Муҳаммад (с) гуфт: «Имон меоваред?». Гуфтанд: «Бале». Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) дуо намуд ва Ҷабраил (а) ба наздаш омада гуфт: «Парвардигорат ба ту салом мегўяд ва мефармояд, ки агар бихоҳӣ кўҳи Сафо ба тилло мубаддал хоҳад шуд ва он кас, ки пас аз он куфр варзад, ба он гуна азоб гирифтораш хоҳам намуд, ки касе то ба ҳол он гуна азоб нашудааст ва агар бихоҳӣ дарвозаҳои раҳмат ва тавбаро барои онон боз хоҳам намуд. Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуд: «Балки дарвозаи тавба ва раҳматро ман ихтиёр менамоям». Пас Худованд фармуд:

«Моро аз нузули мўъҷизот бознадошт, магар ин ки пешиниён (пас аз мушоҳида) дурўғаш мепиндоштанд. Ба қавми Самўд ба унвони мўъҷизае равшан модашутурро додем. Бар он ситам карданд ва Мо ин мўъҷизотро ҷуз барои тарсонидан намефиристем».
(Сураи Исро – 59)

Ҳадафи саркардагон ва роҳбарони Қурайш аз чунин хостаҳо ба роҳ андохтани ҷанги таблиғотӣ бар зидди даъвати ҳақ буд, то дигар қабилаҳои арабро аз Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) дур намоянд. Зеро мушрикон он чиро талаб менамуданд, ки медонистанд ин умур берун ва дур аз табиати ин даъват аст. Бинобар ин хостаҳои худро бо исрор пешкаш мекарданд, ҳатто бо сароҳат мегуфтанд: агар чизе аз ончи мехоҳанд амали гардад, боз ҳам ҳаргиз имон нахоҳанд овард. Ҳама талошу кўшишҳои мушрикон барои заиф сохтани Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) буд ва аз ин умур ба унвони василае барои ҷилавгирии мардум аз имон ва пайравии Паёмбари Худо(салаллоҳу алайҳи васаллам) истифода мекарданд.

Мумкин аст хонанда гӯяд чаро ин мақтаъи сиратро рӯйи коғаз овардам? Агар хуб диққат намоед ончунон ба ҳоли имрӯзаи мо иртибот дорад,ки гӯё ончӣ бар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) гузашта буд дубора такрор шуда истодааст.Инро низ фаромӯш набояд кард,ки чунонеки паёмбари мо пирӯз гашт мо низ бо сарбаланди пирӯз хоҳем гашт.Агарчӣ ин динситезони замона ва аср онро нахоҳанд!

Муҳаммадиқболи Садриддин

Пайнавишт-Маъхазҳо

1-). Муқавамот доъияту ноҷиҳ, д. Алӣ Бодаҳдаҳ. саҳ 59, 69.
2-). Ал-муъавиқуна лидаъвати-л-исломия, д. Самира Муҳаммад, саҳ. 171, 172.
3-). Тарбияту-л-қиёдия, 1\311.
4-). Сирати набавия, Ибни Ҳишом, 1\317.
5-). Ас-сирату-н-набавия, Абишабҳа, 1\320, 321.
6-). Ҳоким, 1\35, 4/240. Баззор ,2224. Байҳақӣ, 7\50.
7-). Ал-вуфуду фӣ аҳди-л-маккӣ, саҳ. 40, 51.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Ғар гардани ғар хояду хар гардани хар”

Аз матни ин барқия бармеояд,ки чи қадар хушҳолу хурсанд аст ва мисли онки мехоҳад бол баровардаву пар-парзанон биравад ва бар ҷабину каллаи бемӯи Лукашенко 1000уанд бӯса занад. Бӯса занад ва бигӯяд,ки дар ин як шабу саҳар маро куштиву аз нав зинда кардӣ ва дар рамақи афсурдаам ҷони тоза ворид кардӣ!
Идома

Раддия ба филм-туҳматномаи “Хиёнат” №3

Ҳар ончи бар зидди “Isloh.net” то ба имрӯз навиштеду гуфтеду навор кардед, муаллиму талабаву донишҷӯву устоди донишгоҳу ходими академияву имомхатибу раиси ноҳияву .....хулоса, аз тамоми корхонаву муассисаву масҷид гирд овардаву “муаллиф”сохтаву истифода бурдед, ҳай навиштеду ҳай гуфтед,”фермаи ҷавоб”ҳатто вақти сархорӣ надорад, вале кор надод, кора накард, аз ин гӯш заду аз онаш баромад, мунтаҳо бесамар, беасар, натиҷае, ки бор меовард, наовард.