Ҷанги КГБ бо Коррупсия

Ислоҳ нет

Ҷанги КГБ бо Коррупсия

 

Моҷарои паёмаки ронандаи Аҳмадшоҳи Масъуд, нархи ҳамхобагӣ бо Таҳмина ва Озода Раҳмоноваҳо “наезд”-и Рустам ва зиндонӣ шудани ду генерали КГБ-и Ятимов

 

Соли 2017як гурӯҳи даҳнафарӣ аз масъулони баландпояи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ба шумули Давлатбек Хайрзода, муовини раиси ин ниҳод, Фирӯз Холмуродов, сардори Раёсати тафтишот ва чанд муфаттишу мақомдори дигар, ки яке писари раиси собиқи КДАМ, дигаре домоди собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва писари муовини додситони шаҳри Хуҷанд буданд, аз тарафи -Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шуданд.

 

Нашри наворҳое аз ҷараёни “обыск”-и манзили зисти бархе аз онҳо, ки аз яке 33 миллион доллари нақд, аз дигари чандин кортҳои бонкиву беш аз як миллион доллари нақд ва даҳҳо китоби ҳавливу квартираҳои харидоришуда дар дохил ва хориҷи кишвар ва аз таҳхонаи саввумӣ сандуқ-сандуқ ҷавоҳироти тилло ва зари холис ва чандин адад мошинҳои “пачка”-и садҳазор долларӣ дар воқеъ зилзилае дар кишвар ангехт. Ҳамон вақт дар расонаҳо ва дар миш-миши мардум ин сарусадоҳо сайл мекард, ки КГБ ниқорашро аз Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Сайидов) раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва собиқ раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гирифт. Гап дар онки Фаттоҳ Сайид, дар оғози соли 2012 Фаридун Умаров, муовини сардори ОБНОНи шуъбаи дохилаи Фархор, бародари Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дар гузашта сардори муҳофизони Эмомалӣ Раҳмоновро барои ширкат дар қочоқи маводди мухаддир боздошт кард. Қиссаи боздошти Фаридуни мулаққаб ба “Пантера” ва шарики ҷинояти ӯ наркобарон Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Хаммер”дар расонаҳо он солҳо бозтоби густарда пайдо карда буд ва ҳамин тавр Фаридун 7 ва Рустам 14 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Аммо нуктае, ки боиси овозаҳо шуд ин буд, ки чаро Оҷонси мубориза бо коррупсия, ки ба маводди мухаддир иртибот надорад, як масъули милиса ва он ҳам бародари муовини аввали раиси Кумитаи амниятро боздошт кард? Оё инҷо кадом ҳадаф ва бозии сиёсие пинҳон буд?

 

Мансур Умаров ва Кумитаи зери итоати ӯ даст рӯи даст нанишастанд. Бародари Фаттоҳ Сайид, раиси Хадамоти гумрукро бо маблағи калони пора ба даст афтонданд. Наҷмиддин Сайидов, бародари Фаттоҳ Саид, раиси шӯъбаи “Тоҷиксодиротбонк”дар ноҳияи Данғара барои таъйини як нафар ба мақоми сардори Хадамоти гумруки вилояти Суғд 600.000 доллар ришва талаб кардааст. Ӯ ин пулро ба бародараш дода он нафарро ба ин мақом мебоист таъин мекард. Маъмурони амният ба ҳангоми гирифтани 400.000 доллар ӯро боздошт карданд. Аммо он замон гиребони Фаттоҳ Сайидро аз чанги истеъфо Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрухи писараш тавонистанд халос намоянд. Наҷмиддини бародарашро ҳам Фаттоҳ Сайид тавонист, ки баъди чанд ҳафта раҳо кунад.

 

Вале боздошти ин шумораи бузурги “шогирдон” ва зердастон ин бор Фаттоҳ Сайидро, ки дар айни авҷи шӯҳрат, дар мақоми раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қарор дошт, аз вазифа берун кард ва на танҳо аз вазифа балки аз сиёсат ҳам ба дур андохт. Вале суол ин аст ки пушти ин “идораҷанг”-КГБ ва Оҷонсии коррупсия ва рақобати “подковёр”-и МансурУмарову Фаттоҳ Сайид, ки сари даҳҳо нафарро бар бод дод, чи меистад? Дар ин задухӯрд ва ҷанги бидуни қоида нақши Раҳмонов ва аъзои оилаи ӯ чи аст? Ба “Ислоҳ.нет” номае аз як корманди ҳамин ҳоло ҳам дар сари кор дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расид, ки ба ин суол ва паҳлуҳои норӯшани қазияи боздошти он даҳ нафар аз ходимони Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар соли 2017 ва рӯшанӣ меандозаду маълумоти ҷолиби зиёде ҳам дорад.

 

Матни нома ба шакли зайл аст:

 

…… Мехоҳам дар бораи дастгиршавии генерал Давлатбек Хайрзода бигӯям, ки инҷо чи бозиҳои сиёсӣ воқеъ афтода буд ва то ҳоло идома дорад, то аз тариқи “Ислоҳ” мардум бидонанд, ки давлати имрӯза чӣ давлат ва чи маҳалгароиҳое дар вуҷуди он пинҳон аст. Дар бораи душмании миёни КГБ ва Коррупсия ва душмании амният бо хонаводаи Раҳмонов бигӯям.

 

Дар соли 2012 Фаридун Умаров, бародари Мансур Умаров дар ноҳияи Фархор дар мақоми муовини ОБНОН -бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фархор фаъолият мекард. Вай тавониста буд, ки аксарияти иншоот ва корхонаву муассисаҳои давлатии ноҳияи Фархорро бо истифода аз барномаҳои хусусисозӣ ва бар ивази пулҳои ниҳоят ночиз аз они худ кунад: Автобаза, автозаправка, хонаву дари беҳисоб. Албатта бо пули наркотик. Ҳамроҳи ӯ наркобарони №1-,яке аз саркардаи наркобаронҳои кишвар Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Хаммер” савдо ва харидуфурӯшро назорат ва идора мекард. Вай бо кӯмаки бародараш тавониста буд дар сарҳади Афғонистон барои худ долони сабз (зелённий коридор) ташкил бидиҳад,то бидуни мамониат маводди мухаддир дастрас бишавад. Вале соли 2012 Рустам Ҳаитов бо 47 кг героин дар 112 микрорайони Душанбе бо дасти бачаҳои Фаттоҳ Сайид, ки раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия буд, дастгир шуд. Чанд рӯзи пеш аз ин ҳодиса худи Фаридунро ҳам боздошт карда буданд. Он замон Фаттоҳ Сайид Фаридун Умаровро дар ташкили гурӯҳи муташаккили қочоқбарони байналмилалии маводди мухаддир муттаҳам намуда ва ҳатто ошкоро гуфта буд, ки дигар мақомоти қудратӣ аз ин аъмоли ҷиноятии Фаридун Умаров бохабар буданд аммо чун бародараш муовини аввали КГБ ва дар гузашта сардори охранаи Раҳмонов буд, ҷуръат намекарданд. Вай айнан чунин гуфта буд:

 

“Намедонам, ки ғайрату ҷуръати сохторҳои қудратӣ басандагӣ намекард барои боздошт ё чизи дигар. Вақте мо санҷидем, ки дар ин ҷо намояндагони мақомоти қудратӣ даст доранд ва ин ҷо нишонаҳои коррупсионӣ ба мушоҳида мерасид, амал кардем. Ҳоло бубинед, ки агар сарпаноҳ надошта бошад, метавонад ба қочоқи маводи мухаддир даст занад? Ҷазои он ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум шудан аст”

 

Баъди ин ҳодиса муноқиша ва бадбинӣ миёни КГБ ва Коррупсия сар шуд. Фаттоҳ Сайид аз коррупсия ба Хадамоти Гумрук рафт. Чуноне гуфтем вақте дар ин мақом кор мекард, КГБ бародари ӯро барои миёнравӣ бо 600.000 ҳазор доллар дастгир кард. Ва ҳамин тавр муноқишаҳо дар пушти саҳна хеле ҳам пуршиддат идома мекард. Акнун давоми қиссаро бубинед, ки чи тавр ҷолиб ва ҳаяҷонӣ мешавад.

 

Сухан инҷо аз як соҳибкори афғон ва ронандаи марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд, низ шаҳрванди Афғонистон,ки ҳарду солҳо дар Душанбе ба сар бурда ва бо ҳам рафоқат ва дӯстӣ доштаанд, меравад. Ронандаи Масъуди шаҳид ба номи зани дӯсти афғони соҳибкораш,ки аз Тоҷикистон будааст аз биноҳои нав дар пушти Кохи Борбад ба 100.000 доллар хона харидорӣ мекунад. Аммо ин афғон на фақат соҳибкор, барои раёсати контразведка ва разведкаи ҳарбии КГБ-и Тоҷикистон ҳам “кор” мекард. Барои ин хона дар соли 2016 байни ронандаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва дӯсти афғонашу завҷааш,ки гуфтем тоҷик аст, муноқиша сар мезанад. Муноқиша ба ҷанг мепечад, чунки афғони дӯст ва хонуми ӯ аз бозпас додани хона ба соҳибаш сарпечӣ мекунанд. Афғони соҳибкор бо Таҳмина ва Озода, духтарони Эмомалӣ Раҳмонов наздикӣ ва қаробат доштааст. Ҳар аз гоҳе пеши онҳо мерафтааст. Як навбат вақте пеши онҳо будааст, дар месенҷер паёмак (сообшений) фиристодааст,ки дар бораи хона гап назан,ки ба духтари калон мегӯям. На ба ту мемонад ва на ба ман. Ронандаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷавоб навиштааст:

 

” ту намедонӣ,ки нархи як шабонаи духтарони Калон 5000 доллар аст. Бирав ба кадомеашон мегӯӣ, бигӯ. Аммо бидон,ки фалонат мекунам. Хонаро баргардону те!!”

 

Паёмаки фиристодаи ронандаро, ки мегӯяд нархи як шаби духтари Калон 5 ҳазор доллар аст афғони соҳибкор рост мебарад ва ба сардори Раёсати контрразведкаи Кумитаи амният нишон медиҳад. Сардори Раёсати контрразведкаи Кумитаи амният ронандаи марҳум Аҳмадшоҳи Масъудро даъват намуда таҳдид ва шантаж мекунад, ки бо ин паёмакат маҳкамат мекунем. Ронандаи Аҳмадшоҳ бошад ба сардори Раёсати контрразведкаи ҳарбӣ муроҷиат карда аз ӯ дархости кӯмак мекунад. Сардорони ин ду Раёсат ба ин хулоса мерасанд, ки бояд ба тавофуқ оянд ва “миравой” карда баҳсҳро бихобонанд. Мераванду бо ронандаи Аҳмадшоҳ дар тарабхона менишинанд. Барои рӯпӯш кардани ин “ҷиноят” аз ронандаи Аҳмадшоҳ 30.000 доллар талаб мекунанд.

 

Ронандаи Аҳмадшоҳ барои онки зиндон нашавад ба ҷуз аз розӣ шудан чораи дигар намеёбад. Ба воситаи як афғони дигар ин миқдори маблағро пайдо карда ва мебаранду ба сардори Раёсати контрразведкаи ҳарбӣ медиҳанд. Аммо аз ин сардор талаб мекунанд, ки афғони соҳибкорро депорт карда хонаро ба соҳибаш-ронандаи Аҳмадшоҳ баргардонанд. Зани афғони соҳибкор аз ин моҷаро бӯ мебарад ва ҳамон паёмаки 5.000 доллараи ронандаи Аҳмадшоҳро бурда ба Оҷонси мубориза бо коррупсия нишон медиҳад. Дар ин вақт раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия, яъне дар соли 2016 Рустами Эмомалӣ буд. Раиси Оҷонсӣ аз дидани ин паёмак (сообшение) нисбат ба апаҳои зоидааш сахт дар ғазаб мешавад ва бегоҳ бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оиди ин масъала“стрелка” мезанад. Рустам бо як ҳайати калони муҳофизони мусаллаҳ меояд ва бо ҳамон афғони соҳибкор бинои Кумитаро муҳосира мекунад. Ятимов мегӯяд, ки аз ин корҳо тамоман дарак надорад ва ҳозир мешунавад. Ятимов афғони 30.000 доллар додаро фавран пайдо ва депортатсия карда бурда аз марз он тараф мекунад ва ронандаи Аҳмадшоҳи Масъудро бошад боздошт ва маҳкам мекунад.

 

Ба Рустам мегӯяд,ки мо “корро нав сар кардаем,ҳатман мебинем”. Вале маълум мешавад, ки аз ин гуфтугузорҳо ва замони ирсоли паёмак се моҳ гузашта будааст. Рустам чи хеле гуфтем хеле бо хашму ғазаб ва дар иҳотаи шумори зиёди муҳофизони мусаллаҳаш меояд ба кабинети Ятимов ва мегӯяд, ки ту куҷоро нигоҳ карда гаштаӣ? Ду соат болои сари Ятимов дуғу даъво мекунад. Вақте Ятимов мегӯяд, ки дарак надорам Рустам бештар ба ғазаб омада мегӯяд, ки аз ин кор 2 моҳ гузаштаасту ту чаро бехабарӣ? Ятимов ба афғони соҳибкор дело мекушояд ва ба Агентии мубориза бо фасод месупорад. Нисбати ронандаи Аҳмадшоҳ ҳам кори ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Ӯро дар ҳамон сол барои 7 сол равонаи зиндон мекунанд. Як намояндаи аз ҳукумати Афғонистон меояд барои озод кардани ронандаи Аҳмадшоҳи Масъуд. Мегӯяд раҳояш кунед, хоҳ пул мехоҳед ва ё агар мехоҳед ҳамон афғони соҳибкорро депорт кунед, мо муҷозоти ӯро дар Афғонистон медиҳем, ки ронандаи Аҳмадшоҳи Масъуд-Қаҳрамони Афғонистонро ноҷавонмардона “подстава” карда фурӯхтааст.

 

Аммо Рустам ин пешниҳоди мақомдори афғонро напазируфт. Мурофиаи додгоҳии ӯ пушти дарҳои баста сурат гирифта буд. Вай ду сол шишт ва сипас озод шуд. Нисбати ду корманди баландпояи КДАМ: сардори Раёсати контрразведка ва сардори Раёсати контрразведкаи ҳарбӣ ҳам делои ҷиноӣ боз мекунанд. Ин ду нафар зодагони ноҳияҳои вилояти Хатлонанд. Моҳи апрели соли 2016,баъди ду моҳи ошкор шудани ин моҷаро дастгир мешаванд. Онҳо ҳам 5 солӣ ҳукм гирифта аммо 2 солӣ нишастанд. Ин ду мансабдори КДАМ бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколат ва суиистифода аз вазифаи хизматӣ ва гирифтани пора бо маблағи махсусан калон айбдор ва зиндон шуданд. Чанд нафари дигар аз Раёсати контрразведка огоҳӣ ва танбеҳ гирифтан. Барои донистани ин ҷиноят вале пинҳон кардан. Парвандаи ин ду мансабдори КДАМ дар дасти Фирӯз Холмуродов ва Умед Камолов ва зери назорати Давлатбек Хайрзода муовни раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия қарор дошт.

 

Аз чунин ранг гирифтани авзоъ Саймумин Ятимов,раиси КДАМ сахт зери хиҷолат мемонад. Ӯ мегӯяд,ки шумо чи кор кардед? Як мақомоти аввали давлатро сархаму шарманда кардед. Ва супориши қатъӣ медиҳад, ки то як сол нашуда як ҷинояти сахти коррупсиониро ,чи хеле набошад аз Оҷонсӣ ошкор мекунед. Ва ҳамин тавр дар соли 2017 КДАМ тавонист,ки 10 корманди баландпояи коррупсияро бо ҷиноятҳои аз пеш бохабарбуда дастгир бикунад. Яке аз ҷиноятҳои вазнин марбут ба сохтмони беморхонаи Истиқлол буд. Ҷинояти порахории вазнини Фируз Холмуродзода карда буд, ин гирифтани пора аз дирекотори ОКСА ки аз дасти Фирӯз зиндонӣ шуд 400.000 доллар буд, ки вақти рӯбарӯ кардан бо Фируз тасдиқ шудааст. Вале ҳайратовар ин буд,ки Умед Камолов (падараш аз короно чанд ҳафта пештар гузашта шуд) дар ду парвандаи КДАМ “қӯш” буд. Ҳангоме,ки амалиёти КДАМ дар Оҷонсии коррупсия мегузашт,Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе таъин шуда буд. Мебоист Фирӯз Холмуродзода, муовини раиси Агентии мубориза бо фасод мешуд. Вақте Раҳмонов аз Ятимов мепурсад,ки Фирӯз чи хел одам аст? Монем ё не? Ятимов ҷавоб медиҳад,ки вай як порахӯр аст.Раҳмонов мегӯяд,ки зӯрат намерасад? Ятимов мегӯяд,ки мерасад. Пас,мегӯяд чиро нигоҳ дорӣ? Сар кун!

 

Ятимов супориш медиҳад ва ҳамин тавр Фирӯзро,Умедро Хайрзодаро ва чанд каси дигарро дастгир мекунанд. Аммо аз байни онҳо Умед Камоловро, ки сардори Сарраёсати Оҷонсиро бар дӯш дошт ба хотири падараш, генерал Сайиданвар Камолов,ки раиси собиқи КДАМ буд ба хориҷа гурезонидаанд.Аммо мо маълумотҳои дигар дорем,ки ӯро Шоҳрух Сайид,ба хотири шарманда нашудани падараш Фаттоҳ Сайид,ки раиси Оҷонсии мубориза бо фасод буд ба хориҷа гурезонидааст ва ин қазия ҳам комилан дар дасти мо вуҷуд дорад,дар вақти муносиб махсус ин қазияро тақдиматон менамоем. Давлатбек Хайрзодаро ҳангоми фирор аз фурудгоҳи Хуҷанд дастгир мекунанд.Фирӯз Холмуродовро аз хонаш мегиранд. Бачаҳои КДАМ мераванду мегӯянд,ки мо туро бояд ба КДАМ барем, супориш шудааст. Ӯ мегӯяд,ки бигзоред,ки ба Фаттоҳ Сайид занг занам.Аммо бачаҳои КДАМ гӯш накарда шапида-шапида мебаранд. Хуб,дигар ҳамаи мардум аз телевизиону нашрияҳо диданд,ки аз онҳо чи миқдори маблағ ошкор ва мусодира шуд.Вале танҳо Умеди кал,ки тағаи боқувват дошт, дар хориҷа, дар озодӣ гаштааст. Ятимов дар охир пирӯз шуд.Ҳамарӯза бо навис нависи ҷиноятҳои Фаттоҳ Саид тавонист,ки ӯро дар пеши Раҳмонов сиёҳ карда ва аз сиёсат дур намояд. Ҳоло писари Фаттоҳ Сайид-Шоҳрух Сайид,сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКДТ ва Рустами Эмомалӣ,бо командаашон зидди Ятимов мубориза бурда истодаанд.То ҳол муваффақ нашуданд.Аммо дар идома чи хоҳад шуд,интизор мешавем.Ҳаводиси ҷолиберо шоҳид мешавем.

PS: Хонандаи азиз!

Ман ҳам,ки ин матлабро омода ба чоп кардам,мисли шумо дар тааҷҷубам,ки ронандаи Аҳмадшоҳи Масъуд чаро барои ҳамин як даҳан гап ё смс 7 сол ҳукми зиндон гирифт ва ҷинояткор эълон шуд. Аз қадим дар бораи раису роҳбару вазиру кабир ва аҳли байту дарбори ӯ мардум ҳар хел гап мезананд. Агар дар бари ӯ ҳамин гап набуд, аҳамият намедиҳад. Аммо вақте танҳо барои ҳамин як даҳан гап “разбор” дар сатҳи мақомоти давлатӣ баргузор мешавад ва ҳатто ду мақоми баландрутбаи амният аз кор ронда ва зиндонӣ мешаванд, воқеан ҳам ангушти ҳайрат мегазам,ки агар худи Таҳмина ва Озода ин паёмакро мехонданд, чи аксуламал нишон медоданд? Мутаассифона ҳамин аст дигар диктатураи оилавӣ, ки мо ба самти он равона ҳастем.

Дар нашри баъдии мо қазияи муҳимми дигареро интизор бошед,ки хело ҷолиб ва ҷиноятҳои коррупсионии мақоми аршади дигареро тақдиматон менамоем.

 

Share This Article