Ҷаноби Абдуқодир Талбаков вожаи Сунатҳои Илоҳӣ комилан дуруст аст

Ислоҳ нет

Ҷаноби Абдуқодир Талбаков вожаи Сунатҳои Илоҳӣ комилан дуруст аст

Абдуқодир Талбаков зери мақолаи “ИМТИҲОН ВА ОЗМОИШ” чунин саволе бароям навиштаанд:

Ибораи “суннатҳои илоҳӣ” дуруст?

Вожаи Суннат дар Қуръони карим сездаҳ маротиба омадааст.Намехоҳам посӯхамро тулонӣ намоям яке аз онҳоро барои мисол меоварам,то бароятон қазия равшантар гардад.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Сураи муборакаи Аҳзоб ояти 62 чунин мефармояд:
سنة الله في الذين خلوا من قبل ولن تجد لسنة الله تبديلا 
Тарҷума : Ин суннати Худовандист, ки дар миёни пешиниён низ буд ва ҳаргиз дар суннати Худо тағйире нахоҳӣ ёфт!
(Сураи Аҳзоб,ояти 62)

Ана ҳамин вожаро агар хубтар диққат диҳед ҷаноби Талбаков пас аз ин намегӯед: 
“Ислом ислоҳот мехоҳад” яъне репреся табдил ва тағйире дини ислом намехоҳад.

Шаънуннузули ояти мазкур барои мунофиқони мадина буд.Агар он мунофиқон хоҳанд дар нифоқ ва ва куфрашон идома диҳанд.Аз он ақидаи ботили худ даст накашанд ..Боқи мондаи онро аз тафсири мувассақе аз китобхонаатон хонед.Агар ,то ба ҳол чунин тафсири мувассақе дар китобхонаи Лоҳутӣ бошад.

Ман ҳангомеки вақт сарф мекунам ва мақолае менависам,кушиш мекунам дар он хатоҳои ақидавӣ ва дӯр аз чорчубаи муқарар намудаи шаръ роҳ намедиҳам.Умед дорам шумоҳам дар навиштани мақолаҳо ва пешниҳодҳоятон хоссатан ҳангомеки ба ислом ва шаръ марбут мебошанд диққат медиҳед!.
Вақтам маҳдуд аст вагарна ин оятро бароятон тафсири муфассал менамудам.Кушиш кунед Қуръонро хӯбтар омӯзед ҷаноб!.

Share This Article