“Ҷаноби олӣ, тавба кардам лутфан маро бубахшед”!

Ислоҳ нет

 

“Нусхаи тавбаи сиёсӣ”

Ман Муҳаммадиқболи Садриддин чанд сол аст дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз қабили фейсбук, одноклассники, твитер, радио канали Зелло ва сомонаи Ислоҳ дар баробари мақомоти кишвар муборизаи бе амон бурдаам. Чеҳраи ҳукумату Пешвои Миллат ва мақомоти қудратии кишварро барои хонандагон хашин қаламдод намудаам. Ҳамеша аз ҷиноятҳои мақомоти қудратӣ ва зулмҳои пай дар пайи онҳо дар кишвар, ки ба мардум сурат мегирифт, пайваста менавиштам. Дар наворҳо бар алайҳи пешвои миллат, ки ӯ “Асосгузори сулҳу ваҳдат аст” суханони носазое мегуфтам. Ман акнун фаҳмидам, ки иштибоҳ кардаам, лутфан маро бубахшед ва ман дар наздиктарин фурсат ба ватан бар мегардам ва дар дохили кишвар кору фаолияти оромонаи худро идома медиҳам. Аз пешвои миллат таманно мекунам, ки маро бубахшанд ва исми маро аз қоимаи ҷинояткорон ихроҷ кунанд!

 

Тавба ва талаби бахшиш аз “Ҷаноби олӣ”?

Кормандони мақомоти қудратӣ аз ин навиштаи ман, то ин ҷо хело хушҳол гаштанд, ки боз як мухолиф даст аз мубориза бардошт ва худро таслими онҳо намуд.

Аммо эҳсос мекунам, ки бародарони ҳамсангару муборизам аз хондани ин хело ошуфтахотир шуданд ва мумкин аст нақшаи ҷониби банда равона кардани суханони ноҷое ҳам кашиданд.

 

Бишканад он даст, бипечад дар гулӯ он нафас

Бале, бишканад он даст ва бипечад дар гулӯ он нафас, бимонад аз тапидан он дил, хароб гардад он дастгоҳе, ки дар он ин матни нангин ва хиёнат бар роҳи ҳақ навишта мегардад, то дар назди золиме чун Эмомалӣ ба зонӯ занам ва аз ӯ бахшиш бипурсам ва даст аз мубориза бардорам. Паноҳ металабам ба сӯйи Аллоҳ, ки танҳо тавбапазир Ӯст, ки ман дар назди золиму хоине ношармида, аз Илоҳи худ ва ҳимояти дину муқаддасотам аз роҳи ҳақ мунсариф гардам ва боз дар наззди ин қотилу хоин ва ҷинояткори Эмомалӣ тавба ҳам кунам.

Дар Ислом ҳеҷ шахсияте мадори эътибор нест, то ин ки…

Бояд ҳар шахси мубориз ва озодихоҳ огоҳ бошад ва бидонад, ки роҳи Ислом ва мубориза баҳри озодиву адолат сутуданисту ҷовидонист. Расидан ба пирӯзӣ қурбониҳо талаб мекунад, нишебу хамиҳо ва пасту баландиҳое дорад. Гоҳе мешавад, ки баҳри пирӯзии озодиву адолат бар зулму истибдод, мубориза як солу ду сол не, балки даҳсолаҳо давом мекунад. Ҳатто таърих муборизаҳоеро ҳам дар ёд дорад, ки асрҳо тул кашидаанд. Меваи муборизаи озодихоҳони имрӯзро шояд наслҳои баъдӣ бичашанд. Аммо даст аз мубориза бардоштану таслим шудан, миллатфурӯшӣ асту хиёнат ба ватан-модар ва гузашта аз он ба фарзандон ва наслҳои баъдии худамон аст.

 

Инро ҳам бояд ба назар гирем, ки шояд ман ва ҳар шахсони муборизи дигаре имкон дорад, содалавҳӣ кунем. Эҳтимоли сар задани сустиродагӣ аз ҷониби яке аз мо ҳам баъид нест.  Шояд ба хотири ба натиҷаи назаррас нарасидан дар мубориза, ба васвасаҳои шайтонӣ дучор шуда, шитобзадагӣ кунему роҳамонро иваз намоем.

 

Ҳолатҳоеро ҳам мушоҳида карда истодаем, ки баъзе аз дӯстону бародарони мубориз ва ҳатто иддае аз бузургони мо, даст аз мубориза кашида, дар сангари мустабидон қарор гирифтанд ва саногӯи золимон шуданд.

 

Ин ҳолатҳо набояд ҳеҷ муборизеро хаста, рӯҳафтодаву дилфигор намояд.  Ва ё моили таслим шудан ба режими тоғутӣ кунад ва аз мубориза даст кашад.  

 

Қоидаи куллие, ки Аҳли суннат ва ҷамоъат бар он муътақиданд: ”Аслан дар шариъати ислом ҳеҷ шахсияте мадори эътибор нест, то он даме, ки дар ин роҳи ҳақ зиндагонӣ намояд ва дар ин роҳи ҳақ устувор аз олам дар гузарад”.

 

Шахси мубориз чӣ гӯна бояд бошад?

Ҳама дар интихоби роҳу равиши зиндагӣ ва ҳатто интихоби дин озод аст. Аммо то он замон гуфтаҳо ва даъватҳои шахси мубориз қобили қабул аст ва онҳоро бояд қабул дошта бошем, ки аз адолату ҳақиқат ҳарф мезад, бар зидди зулм, ситами режим ва бар зидди динситезӣ мегуфту менавишт.

 

Гоҳо мешавад, ки як  шахси адолатхоҳ ва муборизи сарсахти дирӯзаро имрӯз дар навор ё шабакаҳои иҷтимоъӣ мебинем, ки аз сӯи роҳи ҳаққу адолат баргашта, барои тоғути золим сано гуфта истодааст. Ба ҷои шукрона ба неъмати парвардигор, ки аз ҷумлаи муъминону муборизони роҳи ҳақ намудааст,  шукрона ба тоғут мекунаду мустабиди золимро пешвою ҳар андоди дигар мехонад.

 

Бинобар ин, аз рӯи ақидаи аҳли суннат вал ҷамоъат сухани касе қобили эътимод аст, ки дар рафтор ва гуфтораш нишонаи бо дини Аллоҳ будан ва безорӣ аз тоғутҳо дида шавад.

 

Чуноне, ки Худованд мефармояд:

“Дар дин ҳеҷ маҷбурие нест. Ҳидоят ва гумроҳӣ равшан шудааст. Пас ҳар кас, ки ба тоғут кофир шавад ва ба Худой имон оварад, ба чунон риштаи устуворе чанг зада, ки канданиаш набошад. Худо шунаво ва доност! Худо ёвари мӯъминон аст. Муъминонро аз торикиҳо ба равшанӣ мебарад. Вале онон, ки кофир шудаанд, тоғут (бутҳои инсонӣ ва худоҳои дурӯғин) ёвари онҳост, ки, онҳоро аз равшанӣ ба торикиҳо мекашанд. Инҳо ҷаҳаннамиёнанд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд”. (Қуръони карим, сураи Бақара, оятҳои 256, 257)

 

Бо ин далел ашхосе, ки парастандаи тоғут ва саногӯи золим шуда, аз муборизаҳояшон даст мекашанд, ҳарчанд раиси гурӯҳ, роҳбари ҳизби мухолиф, рӯҳонии маърӯф  ва ё собиқаи биступанҷсолаи муборизаро дошта бошанд ҳам, аслан набояд муҳим барои афроди дигари мубориз бошад. Ӯ рафт, роҳро аз сӯи равшанӣ ба сӯи торикӣ пеша кард. Роҳи мо аз торикии зулму истибдод ба сӯи равшании ҳақиқату адолат ва тавҳиду саодат аст. Мо онро аз самими қалб пазируфтаем ва бояд идома диҳем.  Ҳаракату кӯшиш, ғайрату ҷасорат ва шуҷоат аз ҷониби мосту нусрати пирӯзӣ аз ҷониби Худованди тавоност.

Чунончӣ:

“Мепиндоред, ки ба биҳишт хоҳед рафт? Ва (дар ҳоле, ки) ҳанӯз он чӣ бар сари пешиниёни шумо омада, бар сари шумо наёмада? Ба онҳо сахтиву ранҷ расид ва такон дода шуданд, то он ҷо, ки паёмбар ва мӯъминоне, ки бо ӯ буданд, гуфтанд: «Пас нусрати Худо кай хоҳад расид?» Бидон, ки нусрати Худо наздик аст!” (Қуръони карим, сураи Бақара, ояти 214)

 

Бинобар, мо ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набояд шавем. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин андеша набошем, ки муборизаҳои мо натиҷа намедиҳанд. Дар ин роҳ ҳар ки усутуворона қадам мегузорад, ба хотири тавҳид, ҳақиқату адолат кӯшишу ғайрат мекунад, ҳатто чангҳои аз зери пояш барҳаво шуда, барҳадар нахоҳанд буд. Миқдори заррае, ки ба хотири ризои Худо кор кардем, барои ҳақиқат мубориза бурдем, ҳатман подоши худро дорад.

“Ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, (подоши) онро мебинад”. (Қуръони карим, сураи Зилзол, ояти 7)

 


Чаро иддае аз муборизон даст аз мубориза кашида, саногӯи тоғут мешаванд?

Ман ҳолатҳои ашхосе, ки худро таслими режим мекунанд ва ба якборагӣ ба саногӯи тоғут мубаддал мешаванд, зери ҳафт шароити зер унвон мекунам ва онҳо иборатанд:

 

  1. Фишорҳои мақомот ба худаш ва ё наздиконаш, ки агар аз роҳат бар нагардӣ ба наздиконат зарар мерасонем.

 

  1. Норозигӣ миёни гурӯҳ ва ё созмону аҳзобе, ки шомили он буд ва ба сабабе аз сабабҳо ва ё бархурде, ки барояш писанд наомад ин роҳро тарк ва ба тарафи муқобил гузашт.

 

  1. Аз нуқсони ирода ва ҳадафе, ки онро дунбол мекард ва гоҳо аз тӯлонӣ шудани мубориза ҳам метавонад бошад, дигар тобу тавонашро накард ва ба тарафи муқобил ва ё он низоме, ки бар алайҳаш мубориза мебурд, пайваста аст.

 

  1. Моддиёт ва ё пуле, ки барояш аз тарафи низоме, ки бар алайҳаш мубориза мебурд мерасад ва чунин ашхос, ки ҳадафашон аз оғоз пул ва модиёт буд, вақте барояш пул пешниҳод мегардад, бидуни ҳеҷ фикре онро мепазирад ва аз мубориза даст мекашад.

 

  1. Истирдод ва ё дар ҳар давлате боздошт мегардад ва ба кишвар ӯро бар мегардонанд. Ин намудаш албатта барои ҳама вазъияташон муайян аст, ки ӯ асир аст ва ӯро ба муроҷиати видеоӣ ба ҳамсангарон ва ё навиштан маҷбураш намудааанд ва ӯ ҳам онро анҷом дода аст.

 

Албатта на ҳамаи ин навъ ашхос ба ин розӣ мешаванд, вале аксарияташон зери таҳдиду фишор ва ё ваъдаҳои дурӯғи мақомот ба ин амал барои ҳифзи ҷонашон розӣ мешаванд. Табиист, ки боз ҳам фиреб мехуранд ва пас аз он чӣ ҳукумат мехоҳад анҷом медиҳанд ва боз ҳам зери фишорҳо қарор мегиранду аз ин тараф монда ва аз он тараф ронда мегарданд. Инчунин намунаҳои зиёде ҳам дорем, ки пас аз истирдод барои солиёни зиёд маҳкум гаштаанд, вале бар алайҳи мухолифон ва ҳамсафонашон ҳарфе барои гуфтан розӣ нашуданд.

 

  1. Афроди аз қабл омодашудаи махсус аз тарафи режим, ки  ба мухолифин шомил мешаванд ва вақте каме маърӯф мегарданд барои шикастани рӯҳияи муборизон чунин кореро анҷом медиҳанд, то сабаб гардад дигар афроди он ҳизб ва ё гурӯҳро бо ин амалаш ба чолиш кашад ва пароканда намояд.

 

  1. Шантажи шахси сиёсие, ки ҷиноят ва ё амали маҳрамонае анҷом додааст ва он дар дасти мақомот қарор мегирад. Мақомот то маърӯф гаштани он шахс ин наворро нигоҳ медоранд ва дар ҳолати ба онҳо лозим ба ӯ мефиристанд, ки агар ончӣ бароят мегӯем анҷом надиҳӣ, мо ин наворро расонаӣ мекунем. Бо ин амал чӣ дар гирифтани хабар ва иттилоъи дохили гурӯҳ ва ё созмону ҳизб метавонанд аз чунин шахс истифод кунанд. Ӯро дар фурсати муносиб бар мегардонанд ва боз ҳам барои шикастани рӯҳияи муборизон ва ё мухолифони сиёсӣ истифода мебаранд. Аммо бештар чунин ашхосро дар дохили он гурӯҳҳо нигоҳ медоранд, то барояшон маълумот диҳад ва аз нақшаҳояшон режимро огоҳ намояд.

     

Роҳи мо-ниҳояташ пирӯзист!

Рӯҳияи онҳое, ки муборизаи худро ҳадафмандона анҷом медиҳанду дорои ақидаи росих ва мустаҳкаманд, шикастан амри муҳол аст. Хоссатан агар он мубориза шаклаш мушаххс ва роҳбараш қавиирода, хастагинопазиру побарҷо бошад. Инчунин дар он  ҳаракат ва ҳизбу созмон ангезаҳои динӣ ва милливу озодихоҳӣ вуҷуд дошта бошад ва тарафи муқобил бар хилофи ин дидгоҳҳо қарор дошта бошад, роҳравонаш устувор ва по барҷо боқӣ мемонанд. Чун ҳамеша дар қомуси муборизаи ин афрод ё пирӯзӣ ё марг вуҷуд дорад, ки инҳо бо золим ба ҳеҷ ваҷҳ сар хам намекунанд. Бо муборизаи оштинопазир пирӯз мегарданд. Аммо онҳое, ки ҳадафашон танҳо дунёст  ва ё барои пул ва сарвату ҷойгоҳ ба мубориза баромадаанд, дар аввалин сахтиҳое, ки бар сари гурӯҳ ва созмонҳои сиёсӣ меояд, рӯ ба гурез меоваранд. Дар натиҷаи камтарин фишор даст аз мубориза мекашанду барои худ даҳҳо баҳона пайдо мекунанд. Пас комёб шудан дар мубориза бидуни ақидаи солим имконнопазир аст! 

Онҳое, ки бо ақидаи солим мубориза мебаранд, медонанд,  ҳаргоҳ, ки дар озодӣ ҳастанд  муборизаро идома медиҳанду пирӯз мешаванд. Ҳаргоҳ, ки дар ин роҳ асиру зиндон шуданд, ба Худои хеш ибодат дар хилват мекунанд. Ҳаргоҳ, ки дар ин роҳ кушта шуданд, шаҳид хоҳанд шуд. Дар ҳама ҳол, пирӯзӣ дар ин дунё ва охирати бо саодату обод, насиби муборизони роҳи ҳақаст. Аммо, душманону қотилони муборизон ҳам дар ин олам хору залилу бадном хоҳанд шуд ва ҳам дар охират аз ҷумлаи зиёнкорон хоҳанд буд!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article