“Қапоқап” бо иттиҳоми Ихвонӣ,то кай идома мекунад?

Ислоҳ нет

 

Амалиёти Ситоди қудратиҳо бар муқобили мусалмонони Тоҷикистон дар Прокуратураи генералӣ

 

Амриддини Аслиддини Қаландар, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Душанбе низ бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” дастгир ва инак наздики як моҳ мешавад дар боздошт ба сар мебарад. Амриддин дар ин Донишгоҳ аз забони арабӣ дарс медод. Вай 18.02.1991дар деҳаи Ҷонварсӯзи ҷамоати Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон- бахши арабиро хатм кардааст. Оила ва фарзандонаш дар зодгоҳаш зиндагӣ мекунанд. Як бародари Амриддин бо исми Меъроҷиддин мебошад,ки дар Судон донишгоҳро ба поён бурдааст.Ӯро ҳам дастгир кардаанд. Деҳаи Ҷонварсӯз 3 километр аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст.

 

Яке аз афроди дигар, ки бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” дастгир шудааст, Абдулҳақ Бобоев аз деҳаи Боғи мирии Файзобод мебошад. Ӯ низ донишгоҳро дар Судон хондааст. Абдулҳақ Бобоев, устоди Донишгоҳи давлатии исломии ба номи Имом Абӯҳанифа дар Душанбе аст. Як бародари Абдулҳақ Бобоев, хатмкардаи Дорулулуми Зоҳидони Эрон аст,ки ӯро баъди чанд рӯзи боздошту бозпурсиҳо озод кардаанд.

 

Ҳамчунин аз фарзандони Эшони Нуриддин аз Файзобод( аз деҳаи Сурхдара) чанд нафареро боздошт кардаанд. Эшон 9 фарзанд дошт.Солҳо пеш буд,ки вафот кардаааст.Ҳоло сарнавишти як фарзандаш номаълум аст. Ӯро дастгир кардаанд,аммо то ҳамин имрӯз ягон маротиба нишон надодаанд. Ин писари эшон Абдурауф ном дорад. Бар пояи ахбори расида яке аз келинҳои хонаводаи ин эшонро ҳам дастгир кардаанд ва инак беш аз чаҳор ҳафта аст,ки аз вай кадом маълумоте дар даст нест. Касеро ҳам мулоқот накардааст ва маълум нест,ки чи вазъу ҳолате дорад. Ин хонум гуноҳаш ин буда,ки ҳиҷомат мекардааст. Фарзандони эшони Нуриддини файзободӣ аз шогирдони домулло Маҳмудҷони Тураҷонзода будаанд, ки баъдан дар Эрон, Судон ва Малайзия касби илм кардаанд.

 

Нафари дигари боздоштшуда аз Файзобод Халилов Исмоил Оймуҳаммадович аст.Соли таваллудаш 1987 аз деҳаи Файзбахш(Тукалтепа). Забони арабӣ ва инглисиро балад аст.Ӯро рӯзи ҷумъа вақти адои намоз дар масҷиди марказии Ваҳдат боздошт мекунанд.Ҳамон рӯзи 3 январ ӯро занг зада ба сӯҳбат даъват мекунанд. Аммо ӯ Ваҳдат меравад ва дигар барнамегардад.Ба модараш мегӯяд,ки дору оварда ба оғил мезанад.

 

Тибқи маълумот ва навиштаи шабакҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои байналмилалӣ шояд шумори воқеии боздоштшудаҳо бо иттиҳоми пайравӣ ва узвият ба “Ихвон-ул-муслимин” ба маротиб бештар аз он омори (113) ироа додаи Прокурори генералии Тоҷикистон бошад. Бар пояи иттилои дарёфтӣ, то рӯзи ҷумъаи ҳафтаи пеш шумори боздоштшудаҳо дар Файзобод 36 нафар гуфта мешавад. Қаблан гуфта буданд,ки танҳо аз Норак 40 нафар дастгир шудааст. Дар шумори ин нафарон асотиди донишгоҳҳо пизишкон, тоҷирон, рӯҳониён, шоиру журналистон ва ҳатто занон ҳам ҳастанд. Доктори илм, номзади илм узви Иттифоқи нависандагон ва ғайра. Тақрибан аз ҳама манотиқи Тоҷикистон. Раванди босуръат ва пуршитоби қапоқапи ин шумора аз шаҳрвандоне, ки тавонистаанд, тӯли ин ҳама солҳо ба таври пинҳонӣ фаъолият баранд, саволҳои зиёдеро халқ кардааст. Чи гуна як созмони мамнуъа ба ҳадде рустиву махфӣ амал ва садҳо нафарро ба сафҳои худ ҷалб кардаву реша давонидааст, ки хадамоти вижа ва масъули амнияти кишвар дарак наёфтааст, пай набурдааст. Дар ҳоле, ки ин ниҳодҳо ҳатто хобу хез-и иддае аз дигарандешон ва мухолфинро забту сабт ва расонаӣ карда тавонистанд, чаро як созмоне бо ҷалби қишри огоҳтарини ҷомеъа ба фаъолиятҳои ғайримуҷоз даст задааст, огоҳ намешаванд.

 

Кор ба ҳадде кашидааст, ки ин афроди дар ҳоли ҳозир муттаҳамшуда яке-ду марҳалаи ихвоният, “ислоҳи нафс” ва “вогузории даҳдарсади маош” –ро пушти сар карда ва бар мароҳили дигар қариб шудаанд, аммо Масъули амнияти 9 миллион аҳолӣ хабардор намешудааст? Ин ҳам дар ҳоле ки дар замони риёсати ҳамин масъул шумораи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ даҳ ҳазор ва бештар аз ин афзуда шудааст? Гузашта аз ин, беиттилоӣ ва тағофули мақомот аз як тараф ва аз тарафи дигар дар як фосилаи онӣ шумораи зиёд ва дар тамоми манотиқи кишвар ошкор кардани пайравон ва аъзои “Ихвон-ул-муслимин” ҳақиқат ва ростии амалиёти боздоштҳоро таҳти шубҳа ва нобоварӣ қарор додааст. Агар ин ҳама шумора аз аҳолии Тоҷикистон “ихвонӣ” будаанд, кадом раисе ва кадом масъуле ҳам дошта бошанд? Онҳо чи тавр бо ҳам иртибот дошта бошанд? Шуморо намедонам,аммо ман мутмаинан ва бо кафолати ҳарчи тамом метавонам бигӯям, ки ин ҳама як тӯҳмати бузург дар ҳақи афроди дастгиршуда аст.

 

Дар асл воқеият ва ҳақиқати боздошт ва ба ҳабсгириҳо бо иттиҳоми “Ихвон-ул-муслимин” дигар аст. Воқеият ин аст ки ҳеҷ кадоме аз афроди боздоштшуда ба “Ихвон-ул-муслимин” иртибот ва узвият надоранд. Аксарияти мутлақи онҳо номи ин созмонро баъди дастгиршавӣ ва аз забони кормандони УБОП ва КГБ шуниданд.

 

Заррае ҳам шубҳа боқи намондааст,ки барномаи “Қапоқап”-и “Ихвон-ул-муслимин” идомаи барномаҳои қаблии иҷрошуда мисли ошӯби дастисохти Ҳоҷӣ Ҳалим, ошӯбҳо дар зиндонҳо ва ҳамла ба велотурситони хориҷӣ ва ҳамлаи ахир ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”,ки ба Давлати исломӣ рабт доданд. Барои мисол келини эшони Нуриддини файзободӣ,ки ҳиҷомат мекардааст,хуни бастаи беморонро мегирифтааст ва ин як сунати Расули акрам низ ҳаст,аз “Ихвон-ул-муслимин” чи мефаҳмида бошад? Раҳмонов ҳар роҳ ва ҳар коре карда бояд худро муборизи сарсахт бо нерӯҳои исломӣ нишон бидиҳад ва ҷомеаи байналмилалиро мутақоид кунонад,ки ӯ ва давлати ӯ дар маърази хатари исломиҳо қарор дорад ва осебпазир аст. Дигар ҳадаф ҳам ин аст ки Раҳмонов нишон доднист,ки алтернативаи ӯ исломиҳо ҳастанд ва онҳо Тоҷикистонро фаро гирифтаанд ва бо ҳар ному насабе вуҷуд доранд. Ҳоло инҷо феҳристи як гурӯҳи кучакеро аз боздоштшудаҳо меоварам.Бубинед,ки киҳо боздошт шуданд:

 

1.Сатторов Икромшоҳ, муаллими калони Донишкадаи забонҳо, собиқ мудири шуъбаи забонҳои хориҷии Донишкадаи забонҳо, факултети Авруосиё. Зодаи ноҳияи Данғара.

2.Сафаров Меъроҷиддин, доктори илмҳои филологӣ, корманди радио. Зодаи ноҳияи Файзобод.

3. Тоҷиддин Яқубов, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

4. Абдулваҳҳоби Абдуманнон, докторанти ДМТ, собиқ устоди Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам. Зодаи ноҳияи Восеъ.

5. Фирдавс Раҳимӣ, Раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара, собиқ раиси шаҳраки Шӯроб, собиқ раиси ҷамоати Чоркӯҳ. Зодаи Исфара.

6. Қаҳҳоров Исмоил, узви Иттифоқи нависандагон, муаллифи чанд маҷмӯаи шеърӣ, ба мисли “Насимнома”. Зодаи Ваҳдат.

7. Амонуллоҳи Абдурозиқ, мудири маркази забономӯзии “Дӯстӣ”. Ноҳияи Рӯдакӣ.

8. Амриддини Аслиддин, муаллим. Аз Фархор.

10. Убайдуллох, муаллим. Ноҳияи Нуробод.

11. Абдуғаффор, устоди Донишгоҳ. Зодаи Истаравшан.

12. Муҳаммадҷони Иброҳим, мудири Маркази ташхиси тиббии “Рӯҳафзо” дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе.

13. Наимҷон Латифӣ устоди забону адабиёти араб дар Донишгоҳи миллӣ.

14. Ҳомидиён Ҳикматшоҳ Комилӣ,муаллими калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров,номзади илмҳои филологӣ.

15. Ҷабборов Хайрулло Абдурозиқович,доктори илми тиб,пизишки “Медгородок”

 

Дар ин феҳрист амадан аз исми ягон муллову руҳонӣ ва мулобача зикр накардам. Танҳо онҳоеро овардам,ки зиёиҳои ба истилоҳ дунявианд.Ҳоло холисона ва беғаразона фикр кунед,ки ин афродро чи муносибат ба “Ихвон-ул-муслимин” аст? Ва, дар ин охир дар ин шумора журналисти тоҷик Далер Шарифовро ҳам илова карда ӯро ҳам дар узвият ба ин созмон муттаҳам мекунанд. Ва аҷобат ин аст ки як муаллифи аз “фермаи ҷавоб”-и КГБ навиштааст,ки Далер ҳанӯз аз солҳои 2000 бо ин созмон робита доштааст. Аҷаб. Он замон Далер ҳамагӣ 12 сол син дошт. Шурӯъ аз тирамоҳи соли 2015,ки Раҳмонов ва вафодорони бӯйгири он бар алайҳи ислом ва мусалмонҳои Тоҷикистон ҷанги ошкоро эълон карданд, магар ин нафарон метавонистанд, ки дидаву дониста худро зери хатар бигзоранд? Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар ин муддат ҳатто афродро барои ширкат дар шунидани мавъизаи кадом як домулло ва он ҳам дар солҳои пеш муттаҳам шуморида барои чандин солҳо маҳкум ба зиндон карданд? Бо тӯҳмат ва иттиҳомоти бардурӯғ.

 

Раҳмонов қасд дорад бо ихвонӣ ҷилва додани ҳатто профессорҳову донишмандони марокизи илмии кишвар грантҳои калону миллионҳо долларӣ аз хориҷа бигирад ва дигар инки саркуб ва хафақони дигарандешон дар кишварро идома бидиҳад. Тоҷикистонро кишвари террористпарвар ва тоҷиконро террорист эълон ва қарори манъи ҲНИТ-ро тавҷеҳ кунад ва бо ин васила мухолафат ба бозгашти он бишавад. Агарки қаблан мегуфт,ки ҲНИТ давлати исломӣ ҳадаф дошту вай муқобал бо давлати исломӣ мебошад,ҳоло ошкоро мубориза ва маҳви исломро дар Тоҷикистон ба мавзӯи умдаи регламети кории ҳукумат табдил кардааст.

 

Раҳмонов ошкоро гуфта истодааст, ки мо муқобили ҷомеаи исломием. Бидуни онки биандешад,ки ӯ раиси ҷумҳурии як ҷомеаи исломӣ аст ин ҳарфҳоро ношармида такрор карда истодааст. Агарки барои дарёфти грант набошад, барои чи ин ҳарфҳоро мезанад? Хуб як дам инҷо таваққуф кунед ва як раҳ биандешед ва чуқур фикр кунед,ки раиси давлати Тоҷикистон маҳви ҷомеаи исломиро дар титри барномаҳояш мақом додааст.

 

Ҳамла ва ҳуҷум ба ҳиҷобу ришу сатр, ҳамла ба масҷид ва табдили он ба дискоклуб, ҳамла бо осору арзишҳои исломӣ. Инҳо ҳама нақшаҳои барномаиянд? Битамом тангу маҳдуд кардани аркон ва шароит ва шариати мусалмонӣ ? Ҷомеаи Тоҷикистон исломӣ набошад ва мардуми тоҷик мусалмон набошад, онҳо кистанд, мо кистем? Эмомалӣ Раҳмонову Озодаву Азизамо кистанд? Онҳо,ки ба зиёрати амокини муқаддаси мусалмонҳо рафтанд ва аксҳояшон дар шабакаҳо ҳаст,ки аз либоси имрӯзаи танашон фарқ дорад, ин ҳама дурӯғ будааст? Ҳоҷишавии онҳо барои фиреби мардум аст?

 

Бор,худоё,шумо бовар доред,ки як устоди Донишгоҳ дар садади сарнагун кардани ҳукумати Раҳмонов аст.Агар ки вай муқобили ҳокимияти қонунӣ баромада бошад, пас чаро бояд парвандаҳои онҳо пӯшида ва адвокатҳо забонхати надодани маълумотро имзо кунанд? Онро бояд ошкоро доир кард,ки ҳамагон асли корро бифаҳманд. Аммо Раҳмонов инҷо ҳамаро пӯшонида истодааст.Фикр мекунед,чаро?

 

Ҳукумат бар муқобили атбои худ тӯҳмат ва дурӯғ баста истодааст. Дар ҳукумат чанд нафаре бо роҳбарии Раҳмонов бар ин фикр ҳастанд, ки бояд халқро ҳамеша дар ҳолати тарсу ваҳму ҳарос нигоҳ дошт. Нишон дод, ки ҳукумат зӯри зиёд дорад. Хапу даму сокит бошед. Ҳукумат ҳамаро хоҳад нобуд мекунад. Як устоди мисрии донишгоҳи миллӣ ки беш аз 25 сол пеш омадааст бо зану фарздҳояш ҳабс шудааст. Ҳеҷ имкон надорад ки ин устод ин ҳама солҳо як амале шакангез содир накарда бошад? Инҳо ҳама тарҳу барномаҳое ҳаст,ки копӣ ва нусхабардорӣ шудаанд аз кишварҳое назири худи Миср, ки муқобала бо “Ихвон-ул-муслимин”-ро мебарад.Боз бадбахтияш инҷост,ки ин устод Баюмии Мисрӣ бо кадом шогирде якбор хандида бошад онроҳам боздошт намудаанд,ки туҳам иховнӣ ҳасти.Охир ин чи мусибат аст ? Бадбахтии Раҳмон аст ки ҳукуматро аз пушти мардум ва мардумро аз пушти ҳукумат гирифт. Ҳоло ҳам ҳукумат ва ҳам мардум ба девори бодӣ такя доранд. Як оддитарин рақиб ва ё даъвогар корро тамом мекунад.Ин ҳама фишору таъқиб мардуми кишварро ҳатто ба як аҷнабӣ ва муҳоҷим қарин месозад.

 

Бӯи соли 37 ва фазои соли 37 Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Имрӯзҳо даст ба боздошту зиндонӣ кардани беҳтарин қишри огоҳ ва донишманду равшанфикр задаанд, дар идома навбати кӣ хоҳад буд? Кореро дар ҳамон оғози ворид шудан ба Душанбе Раҳмонов ва Фронти халқӣ карда буд.

 

НКВД, тройка,мошини сиёҳ, Черная ворона.

“Қапоқап” то кай идома мекарда бошад?

Share This Article