Ҳар фарди миллате маъруф гашт, бо қадр ва эътибор мегардад ,магар абармардони тоҷик

Ислоҳ нет

Ҳар фарди миллате маъруф гашт, бо қадр ва эътибор мегардад ,магар абармардони тоҷик

Аз оғози ин моҳ аст қазияи Каромат Шарипов ҳомии муҳоҷири хокбарсару дарбадари миллати мазлуми тоҷик дар расонаҳо давр мехурад.Нахуст фикр кардам як огоҳӣ аст,метарсонанд ӯро ва бо ҳамин хомӯш мегардад.Вале бо гузашти рӯзҳо ин масъала ҷиддитар гашта ва ба воқеъият табдил ёфт.Ҳатман зери коса нимкосае ҳаст,Кароматро нахуст аз рӯсия онҳоеки намехостанд фаъолияташро бубинад компраматҳое омода кардаанд.Албатта бо ҳидоят ва фармоишоти ҳукумати тоҷикпарварамон.Ӯ нотарсида аз тоҷикони муҳоҷир ва ғариб ҳимоят мекард.Дар расонаҳои дохилии русия ва хориҷии он мусоҳибаҳо медод.Ин мусоҳибаҳо ва ҳимоятҳо барои мақомоти кишвар ва сафорати тоҷикистон дар русия сахт нороҳат кунанда буданд.Ҳамеша пайк меҷустанд ,то тавонанд бо зарба задан ба Каромат ба тоҷиконеки мехоҳанд ба муҳоҷири тоҷик кумак расонанд ва ҳукуматро ба ноуҳдабарои муттаҳам мекунанд зарба зананд.Каромат Шарипов тоза шаҳрванди русия нест,ки шаҳрвандияшро бекор кунанд ва ӯро ба тоҷикистон истирдод кунанд.Ӯ тақрибан ду даҳа ё ҳаждаҳ сол аст дар русия кору фаъолият мекунад ва даҳ сол аст шаҳрванди русия мебошад.Каромат Шарипов соли 1984  фориғутаҳсили донишгоҳи ҳарбии ҳизбӣ дар Симферопол буда,дар чандин тамринҳои ҳарби русия,олмон,қазоқистон иштирок намуда аст. Аз соли 2001 то имрӯз дар ҳимояти ҳамватанонамон дар русия кору фаъолият мекард.Борҳо аз тарафи мақомоти интизомии русия боздошт ва ба чандин иттиҳомоти сохта ва бофта иттиҳом гаштааст. Дар чанд қазияҳои доғи муҳоҷирон мутаҳамаш кардаанд вале,то ин моҷарои нав ҳамаро паси сар карда ва солим бадар омада буд.

Ҳукумати тоҷикистон  дар мавриди Каромат Шарипов ба русия тавассути сафорат ва почтаи махсусашон бо чанд иттиҳомоти бофта аз қабили:

-Қочоқ ва фурӯши силоҳ.

-Куштани як афсари баландрутба.

-Ташкили моҷарои қабристони Хаванскӣ.

-Вуҷуди ӯ дар русия хело хатарзо барои русия қаламдод шуда аст.

Ҳукумати русия иттиҳомоти охири мақомоти тоҷикро,ки хело хуб тарҳрезӣ намуда буданд пазируфт.Каромат Шариповро додгоҳи яке аз шаҳракҳои москав бар асоси ин иттиҳомот ба истирдод ё депорт ва маҳрум аз шаҳрвандии русия маҳкум кард.Гӯё даҳ сол қабл тақаллуб дар ҳуҷҷатҳои ба шаҳрванди тақдим намудааш пайдо намуданд.Ман имон комил дорам,ки  русия худаш ба танҳоӣ ба ин ҷиноят бе кумак ва дахолати тоҷикистон қодир набуд. Каромат Шарипов рӯзи 13 декабр дар курсии мутаҳаррик дар даст завлона ба шаҳри кулоб истирдод гашт,то ин дақоқиқ ҳеҷ хабаре аз ӯ нест.Ё пас аз чанд рӯз ӯро бояд равонаи зиндон намоянд ё сарнавишти ноошное барои мо ӯро интизор аст.

Албатта ин аввалин шаҳрванди русия нест,ки аз русия бо иттиҳомоти сохта ва бофтаи ҳукумати тоҷикистон аз русия ихроҷ мегардад. Мақсуд Иброҳимов низ айнан бо чунин иттиҳомот шаҳрвандиашро гирифта ӯро бо роҳи дуздӣ ба тоҷикистон истирдод намуданд,ва маҳкум ба 17 соли зиндон гардид.То имрӯзҳо чандин шаҳрвандони русияро танҳо мухолифи сиёсии ҳукумати тоҷикистон буданашон бо роҳҳои гуногӯн ё истирдоди ғайри расмӣ ба тоҷикистон шуданд ,ки беному нишон ва бедарак гаштаанд.Дар оянда боз навбати кадом фарзанди маъруфи ин миллат бошад?

Дар охир инро бояд изофа намоям,ки ҳаргиз русия ватани амн барои тоҷики бедор,руҳияи миллӣ дошта,мусалмони воқеъӣ,шахсони дидгоҳи сиёсии мухолиф бар низоми ҳукумати кишвар дошта  набуд ва дар ояндаи наздикҳам шуда наметавонад.

Инчунин ин ҳукуматеки шаҳравндони худро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ инқадар бе қадру бе иззат намудааст поянда нахоҳад буд.

Ҳушдор!

Намехоҳам аз касе ном бубарам вале аз ҳама он бародарони шуҷоъеки дар ғами миллат ва ватан ҳастанд, ва дардохили русия зиндагонӣ доранд, ҳушёр бошанд ва тактикаи муборизаашонро бо ин шароити мавҷуда мутобиқ намоянд.Одитарин ҳолати машкук барои шумо ҳамчун таҳдид бошад ва хело мувозиб бошед,ки ин золимон ба ҳама чиз қодиранд,то дар вазифаашон пойдор бошанд.Миллат дар оянда ба ҳар яки шумо азизон ниёз дорад ва ин мусибатҳои сунъӣ идома пайдо намекунанд.

Аз ноумедиҳо басо умед аст,

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

 

Share This Article