Ҳавои қасри Коҷор ба мизоҷи банда намесозад

Ислоҳ нет

 

 

Ҳангоме ки Фарҳангистони Эрон дар асри Ризошоҳи Паҳлавӣ тоза шурўъ ба кор  карда буд, то ба ислоҳи вожаҳои форсиро ҷонишини калимаҳои арабӣ кунад, маъмулан луғоти номаънус, натарошидаву нахарошида ҳасбуламрӣ берун медод, Тақизода – сиёсатмадори маъруф мақолаи нағзу пурмағз ва муфассале аз Берлин, ки дар он замон дар он ҷо сукунат дошт, дар интиқод аз фарҳангистон ва равиши давлати Эрон фиристод. Ин мақола бар иллати ғафлат ё адами сензураи қавӣ ва набудани таваҷҷўҳи идораи нигориш ва вазорати фарҳанг дар маҷаллаи «Таълим ва тартиб», ки маҷаллаи расмии фарҳангӣ буд, дарҷ гардид. Мафҳуми ҷумлаҳои бахше аз мақолаи Тақизода талвеҳан ин буд, ки шоҳ иҳота бар калимот ва лӯғоти форсӣ надорад ва ба лафзи сода чизе намефаҳмад ва фақат аз лиҳози ташрифот сурати тағйири калимотро ба арзи эшон мерасонанд ва ў ҳам онро тасвиб мекунад, пас онҳое, ки ин тағйиротро медиҳанд, ба адабиёти форсӣ хиёнат карда ва гунаҳкоранд.Мисли олимону академикҳои диссернетии имрӯзии мо,ки “пешво”-ро бо ҳама кишвар,шармандаи олам карданд бо унвонҳои дурӯғини худ.

Ин мақолаи муфассалу обдор он ҳам дар он айём мисли тўп садо дод. Ризошоҳи Паҳлавӣ хашмгин шуд. Вазири фарҳанги вақт мавриди бемеҳрӣ қарор гирифт. Мудри маҷалла аз вазифа барканор гардид ва шаҳрбонӣ(дар гузашта ба ин ниҳод назимия мегуфтанд,масъули амнияти шаҳрро ба уҳда дошт) фавран маҷаллаи мазкурро ҷамъоварӣ намуд, вале бо ин содагиҳо оташи хашму ғазаби шоҳи Эрон хомўш намешуд. Аз тарафе Тақизода ҳам сайди аз банд раста буд ва дасти шоҳ ба вай дар Берлини Олмон намерасид.Қазия айнан мисли ҳолати имрӯзии тоҷикони интиқодкунанда аз сиёсати имрӯзии кишварро мемонад,ки дар хориҷанд. Ночор шоҳ аз дари меҳрубонӣ ва муҳаббат дохил шуд ва дастур дод, то Тақизодаро ба Эрон даъват кунанд, ки ў ба вазифаи вазорати дороӣ (молия) номзад шудааст.

Тақизода, ки зирактар ва ҳушёртар аз он буд, ки ба ин зудиҳо хом шавад, ҷавоби телгром ё барқияро ба ин мазмун мухобара кард:

– «Саломи бандаро ҳузури аълоҳазрати ҳумоюнӣ бирасонед ва арз кунед, ки беморие пайдо кардам, ба тавре ки шаҳрвандони ин ҷо мегўянд, ки ҳавои қасри Коҷор (зиндони маъруфи Ризошоҳи Паҳлавӣ) ба мизоҷи банда намесозад. Ҳар вақт бемориям беҳтар шавад ва мизоҷам ба ҳавои Қасри Қоҷор созгор гардад, фавран шарафёби хидмат хоҳам шуд».

Қасри Қоҷор номи яке аз кохҳо дар Теҳрон аст,ки яке аз қадимитарин кохҳои подшоҳони Қоҷориён ба шумор меравад.Ин қаср дар асри подшоҳии Ризошоҳ хароб гардид ва ба ҷойи он зиндони қаср бунёд гардид.

Шабоҳате ба ҳоли имрӯзии мо дар ин қиссаи таърихӣ мебинед?

 

Share This Article