Туркия ва Чин: Муносибатҳои иқтисодии қонуниро бо Эрон идома медиҳем
Як рӯз баъд аз эълони таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, Туркия ва Чин ин таҳримҳоро якҷониба хонданд ва эълом карданд, ки ба равобити иқтисодии қонунии худ бо Эрон идома хоҳанд дод.
Кишвари Олмон низ гуфтааст, таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ки хориҷ аз марзҳои Иёлоти Муттаҳидаро ҳам ҳадаф мегирад, нақзи қавонини байналмилалӣ аст. Ҷумҳурии Ироқ эълом кардааст, ки бо дили нохоҳам ва икроҳ, таҳримҳо алайҳи Эронро риоят хоҳад кард.
Интиқоди Чин аз ‘дастдарозии қазоӣ’
Вазорати хориҷаи Чин рӯзи чаҳоршанбе 8 август эълом кард, ки тиҷораташ бо кишвари Эрон шаффоф ва қонунӣ аст.
Вазорати хориҷаи Чин дар баёнияе, ки барои хабаргузории Ройтерз ирсол кардаааст, бо интиқод аз талоши Амрико барои “дастдарозии қазоӣ” хориҷ аз марзҳо гуфтааст, ки Чин ҳамвора бо таҳримҳои якҷониба мухолифат кардааст.
Кохи сафед бо вуҷуди норизоиятиву интиқоди бисёре аз муттаҳидони худ ва қудратҳои ҷаҳонӣ, аз рӯз сешанбе 7 август даври аввали таҳримҳои ҳастаии Эронро се моҳ баъд аз хурӯҷаш аз “БАРҶОМ” ба иҷро расонид.
Таҳримҳои Амрико ширкатҳо ва кишварҳои хориҷии тарафдори Эронро ҳам ҳадаф қарор медиҳад ва онҳоро аз фаъолият дар Амрико маҳрум мекунад.
Чин тиҷорати худ бо Эронро “боз ва шаффоф, маъқул, муътадил ва қонунӣ” хонда, гуфтааст, ки ин равобити тиҷорӣ қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро нақз намекунад.
Вазорати хориҷаи Чин таъкид кард, ки ҳуқуқи қонунии ин кишвар бояд маҳфуз бимонад.
Чин бо хариди ҳудуди 650 ҳазор бушка дар як рӯз бузургтарин муштарии нафти Эрон аст, ки ҳудуди ҳафт дарсади нафти воридотии ин кишвар мебошад.
Ҳудуди се моҳи дигар даври дувуми таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон иҷро хоҳад шуд, ки аз ҷумла шомили нафт ва маҳсулотҳои нафтӣ мешавад.
Туркия: Тиҷорати мо бо Эрон қонунӣ аст
Фотеҳ Дунмез, Вазири энергӣ ва манобеъи табиӣи Туркия, тиҷорати энергӣ байни ду кишварро “комилан қонунӣ” хонд ва гуфт, ки Туркия ҳамчунон ба хариди гази табиӣ аз Эрон идома хоҳад дод.
Тибқи гузориши хабаргузории Анадолу, Фотеҳ Дунмез таъкид кард, ки хариди газ аз Эрон бар асоси қарордоди дарозмуддате, ки қаблан имзо шуда, анҷом мешавад ва то соли 2026 идома хоҳад ёфт.
Вазири энергии Туркия гуфт, ки кишвараш солона ҳудуди 9.5 миллиард метри мукааб гази табииро аз Эрон мехарад.
“Намехоҳем мардуми кишварамон дар зимистон бидуни газу барқ дар сармою торикӣ бимонанд. Тибқи қарордод тиҷорати мо бо Эрон идома хоҳад ёфт.” гуфтааст Дунмез.
Хариди гази табиӣ шомили таҳримҳои Амрико намешавад, аммо бо бозгашти таҳримҳои бонкӣ ҳамлу нақл ва интиқоли пул ба Эрон бо маҳдудият рӯбарӯ мешавад.
Олмон: Таҳримҳои фаромарзӣ нақзи қавонини байналмилалӣ аст
Давлати Олмон ҳам имрӯз эълом кард, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ки хориҷ аз марзҳои Иёлоти Муттаҳидаро ҳам ҳадаф мегирад, нақзи қавонини байналмилалӣ аст.
Сухангӯи ҳукумати Олмон гуфт, ки кишвараш аз Амрико интизор дорад, ки ҳангоми иқдоми чунин таҳримҳо, манофеъи кишварҳои Аврупоиро дар назар дошта бошад.
Иттиҳодияи Аврупо як рӯз қабл аз эъломи таҳримҳои дубораи Амрико эълом кард, ки “қавонини боздоранда”-и худро барои муҳофизат ва ҳимоят аз ширкатҳои фаъол дар Эрон, дар баробари таҳримҳои Амрико ба иҷро мегузорад.
Ироқ: Бо икроҳ таҳримҳои Амрикоро алайҳи Эрон риоят мекунем
Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ сешанбешаби 8 август гуфт, ки кишвараш аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ҳимоят намекунад чун онро иштибоҳи стратегӣ медонад, аммо бо ин ҳол ин таҳримҳоро риоят хоҳад кард.
Ба гузориши Ройтерз Ироқ дувумин воридкунандаи маҳсулоти Эрон аст. Дар соли 2017 Ироқ муодили шаш миллион доллар колоро аз Эрон ворид кард. Ироқ аз воридкунандагони аслии барқи Эрон ба ҳисоб меравад.
Аз сӯи дигар Бағдод муттаҳиди Вашингтон мебошад, ки ин масъала Ироқро дар мавқеияти тобеияти иҷборӣ ба Амрико дар қиболи таҳримҳои Эрон қарор медиҳад.
Манбаъ: “ВВС”