Аз КДАМ ва УБОП то ба Шрек ба пайвандони раиси КШНГЗСТ фишор меоранд

Фишор болои аҳли хонаводаи Абдусаттор Бобоев ин бори аввал нест. Ҳанӯз, моҳи ноябри соли 2015 Бобоев Саидисҳоқ Хоҷаевич дар идораи УБОП боздошт ва муддати 21 рӯз мавриди шиканҷа қарор гирифта буд.

Пайвандони Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон аз тарафи мақомоти интизомии Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Тавре пойгоҳи иттилоотӣ-таҳлилии Паём хабар нашр кардааст, пас аз тазоҳурот дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин, ки бо ташаббуси КШНГЗСТ ташкил шуда буд, Бобоев Фазлиддин ва Бобоева Моҳишамс, бародар ва хоҳари Абдусаттор Бобоев ба шӯъбаҳои ВКД даъват ва бозпурсӣ шудаанд.

Тибқи манбаъ, Бобоев Фазлиддини 39 сола рӯзи 15-уми декабр ба шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шуда, то шом мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Мохи августи соли 2017 ҳам кормандони Кумитаи амнияти миллӣ дар  ноҳияи Рӯдакӣ ду рӯз баъд аз даргузашти модараш Фазлиддинро боздошт ва мавриди шиканча қарор дода буданд, дар натиҷаи он ӯ ду рӯз роҳ рафта наметавонист.

Бооева Моҳишамси 43 сола низ ҳамон рӯз, 15 декабр аз тарафи кормандони ВКД-и н Рудакӣ ба шӯъбачаи наздики маҳаллаи Шарора қарордошта бурда шуд ва мавриди пурсиш қарор гирифт. Баъди як соати пурсуҷӯ, бинобар баланд шудани фишори хун  ва даъвои шавҳараш озод шуд. Моҳи июли соли 2017 Моҳиҳамс Бобоева мехост барои дидорбинии модараш, ки дар хориҷа дар бемористон бистарӣ буд биравад, аммо аз тарафи кормандони КДАМ аз ҳавопаймо баргардонда шуд

Манбаъ менависад, чанд моҳ қабл Фазлиддин Бобоев хостааст ки ҳамроҳи дӯстонаш барои саёҳат Ӯзбекистон  биравад, аммо аз тарафи марзбонон аз марзи байни ноҳияи Масчохи Тоҷикистон ва марзи Бекободи Ӯзбекистон баргардонда шуд.

 Тавре ба Ислоҳ яке аз наздикони ин хонадон хабар дод,  фишор болои аҳли хонаводаи Абдусаттор Бобоев ин бори аввал набудааст. Ҳанӯз, моҳи ноябри соли 2015 Бобоев Саидисҳоқ Хоҷаевич, бародари раиси КШНГЗСТ дар идораи УБОП боздошт ва муддати 21 рӯз мавриди шиканҷа қарор гирифта будааст.

Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш, ба хонаи бародараш Бобоев Саидаҳмад Хоҷаевич, собиқ узви “Гурӯҳи 24” Оятулло Гиляев, мулаққаб ба Шрек, ки айни ҳол ба Тоҷикистон баргашта, алайҳи мухолифон наворҳо пахш мекунад, меравад. Саидаҳмадро ба сари қабри модараш иҷборан оварда, аз ӯ дар қабристон зидди Абдусттор Бобоев мусоҳибаи иҷборӣ гирифта мегираду навори онро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн мекунад. Ҳарчанд вонамуд карда мешуд, ки гӯё Саидаҳмад ба хоҳиши худаш ҳарф мезанад, вале  баъдтар маълум шуд, ки Шрек бо ҳамроҳии якчанд нафар кормандони КДАМ ӯро маҷбур ба сухангӯӣ алайҳи бародараш карда будааст.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Пешниҳод ба муассиси “Ҷоизаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” барои саҳм дар рушди демократя

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат ва Раиси тоҷикони дар ба даре, ки дар ҳама ақтори олам муҳоҷиранд ва барои баргаштан ба ватан ва дидори наздикон орзӯӣ заволи ҳукмати ӯро доранд. Мо аз хадамоти Ҷаноби олӣ, хоссатан дар се соли ахир дар сутуҳем. Ҳаргиз миллати мо чунин пароканда ва парешон нашуда буд. Ҳатто дар солҳои 1992-1997 ин миллат чунин парокандагиро надида буд, ки ҳоло дар он қарор доранд.
Идома

КУШТАНИ ЛЕНИНРО, КИ БА ӮҲДА МЕГИРАД?

Раҷабро зери шиканҷа гирифт: “Ту куштӣ!” – “Накуштаам, фақат шоҳид будам, ки...” – “Ту куштӣ, тамом! Мурдаи Ленинро ба калла мегирӣ, ту куштӣ!” Ва ӯ “мурдаи Ленин”-ро ба калла гирифт, гуфт: “Ленинро ман куштам!”
Идома

“Облава” ҳаст ва боқӣ мемонад

Азим Иброҳим ҳам мисли бақия мансабдорони тоҷик, пеш аз ҳама мисли худи Раҳмонов кӯшишҳо ба харҷ додааст,ки рӯйи ин раванди ғайриқонунӣ, ки тайи чандин сол аст дар кишвар характери саросарӣ касб кунад, сарпӯш бигзорад.
Идома

Модар (қиссаи воқеӣ)

Ман он вақт гумон мекардам, ки модарам бомазза будани гӯштро намедонад.Аммо фарзанддор шуда фаҳмидам, ки агар фарзандат хӯрад, хурок бомаззатар мешудааст.