Аз муаллимаи беадаб чӣ адаб мешавад омӯхт?

Ислоҳ нет

Салому алейкум хонандаи сомонаи “Ислоҳ”

Ман хонандаи синфи 10 – уми мактаби миёнаи рақами 8, ноҳияи Кушониён (Бохтар)-и вилояти Хатлон ҳастам, мехоҳам аз як муалимае шикоят кунам, ки сӯистифода аз мансаби модараш ба корҳои ғайриахлоқӣ даст мезанад.

Шахсан ман бо ин муаллима ҳеҷ хусумате надорам. Ба ман ҳеҷ бадие накардааст, зарари ин муаллима ба ахлоқи ҷомеъа аст.

Абдулоева Малика, муалиммаи фани Технологияи информатсионӣ мебошад ва чуноне дар боло гуфтам, модараш мудири мактаб аст. Модараш, Абдулоева Чеҳрагул, муаллимаи хуб аз фани таърихи дин ва ҳуқуқ дарс медиҳад.

Малика Абдуллоева, баъди хатми ҳамин мактаб бе хондани донишкада ва ё донишгоҳ дар худи ҳамин мактаб ба кор даромад ва аз илми технологӣ дар ӯ чизе дида намешавад ва  бисёртар ба чистонгӯяку афсонагӯяк соати дарсиро пушти сар мекунем.

 Ҳол он ки имрӯз фани технологӣ яке аз фанҳои муҳими асри муосир буда, рушд карда истодааст ва дар тамоми олам моделҳои нави компютерӣ мебарояд, аммо мо ҳоло ҳам меомӯзем, ки компютер аз чанд қисм иборат аст.

Дар синфхонае, ки ман мехонам, ба ғайр аз якчанд нафар, ҳатто чигуна фаъол кардани компютер ва чигуна хомуш кардани онро сарфаҳм намераванд.

Вақте дар сафҳаи интернет мебинӣ, ки хурдсоли амрикоӣ ё аврупоӣ барномаеро ба мисли месенҷер ва ё дигар барномаҳои ниёзи мардум ихтироъ кардааст, ҳавасат меояд, аммо мо бошем чистонгӯяк мекунем  ва соатҳо умри худро бе илму амал мегузаронем.

 Охир ин магар луқмаи ҳаром хурдан нест? Аз маориф барои тафтиш ба мактаб одам биёяд, ба ҳама синфҳо медароянд, аммо ба ин синфхона қадами муборакашон намерасад, зеро модари Малика директор аст.

Дилам ба ҳоли худам месузад, ки то ба кай чунин худфиребӣ мекунем ва садҳо нафар хонанда, ҳамин мактабро бо каллаи холӣ хатм мекунанд ва садҳои дигар ба донишгоҳҳои кишвар бо каллаи холӣ пул дода, дохил мешаванд. Аз ин муаллима мо чи илм ё тарбият гирем. Дар вақти дарс бо либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ меояд ва дар саҳнаи мактаб сигор мекашад. Касе бо ӯ кор надорад. Як муалими пиронсол рӯзе насиҳаташ кард, аммо афсус, ки ӯро ба ин хотир аз кор ронданд. Ман шоҳиди он шудам, ки рӯзе маро дар вақти дарс барои сигор ба мағоза равон кард, аммо чи кунам, рафта овардам.

Ду-се хонандагони синфҳои болоӣ дар бораи сӯҳбатҳои маҳрамонаи нозебанда, байни муаллиму шогирдро бо ифтихор нақл мекунанд, ки бо муаллима Малика гоҳ-гоҳ дар хилватҳо анҷом медодаанд. Чигуна ин муаллима як чунин амали нангинро ба худ раво мебинад. Бисёр писарбаччаҳои синфҳои болоӣ ба ин шахс на ҳамчун муаллима назар мекунанд. Чунки либосҳояш тангу тунуку беадабона ва муносибаташ бо чанд писарбаччаҳои синфҳои болоӣ диққатҷалбкунанда аст.

   То ҳол дар мактаб ҳеҷ беҳбудие нест, гуё моро соҳибе нест. Ҳама хонандагони синфҳои болоӣ ва хусусан муалимони ҳамин даргоҳ хомӯшанд. Касе парво надорад, ки  дар ин даргоҳи бо ном  илму маърифат чи мегузарад ва ё чи шуда истодааст.

   Падарон ва модарони муҳтарам! Ҳаргоҳ маҷлиси падару модарон мешавад, шумо бояд ҳатман иштирок кунед ё ҳадди ақал моҳе як маротиба ба мактаб омада, хабар гиред, ки фарзандонатон дар чи шароит илм меомӯзад ва дар чи ҳолат тарбия мегирад.

   Як амали дардовари дигар инаст, ки дар синфхонаҳои синфҳои болоӣ мебинӣ, ки дар таги мизҳо носро мепартоянд.  Дар саҳнаи мактаб хонандагони синфҳои болоӣ нос ва сигор мекашанд, ҳатто ҳолатҳое ҳаст, ки аз хонандагон муаллим нос мепурасд ва талаба низ бе шарму ҳаё ба муаллим нос дароз мекунад ва ҳарду якҷо мекашанд…

 Дар оянда умед дорам як табиби хуб шавам, ба муаллимон ҳаминро гуфтаниям, ки ояндаи фарзандони ин миллат дар дастони шумо аст ва мебояд шумо он чунон хонандаро тарбият  диҳед, ки аз мактаб гурезон нашавад. Аммо, афсус, ки мисли муалиммаи Малика Абдулоева бисёранд, ки каллаи наврасонро пур аз чистону афсонаҳои нодаркор мекунанд.

Хоҳиш мекунам, номи маро нанависед. Хабаркаш гуфта, обрӯи маро мерезонанд. Танҳо мақсади ман ислоҳ аст. Ба ҳамин хотир ба сомонаи Ислоҳ навиштам. Боварӣ дорам, ки номи нависандаи ин мактуб назди Шумо амонат мемонад.

Бо Эҳтиром хонандаи синфи 10 мактаби миёнаи рақами 8 ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон.

Share This Article