Азоби қабр ҳақ аст,оё мурдаҳо мешунаванд (бахши севвум)

Ислоҳ нет

Азоби қабр ҳақ аст,оё мурдаҳо мешунаванд?

 (бахши севвум)

«Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)дар ҳадиси саҳеҳ мефармояд: «Азоби қабр ҳақ аст». Мо барои ин аз Қуръони каримдалел мехоҳем, ҳамроҳ бо равшан сохтани ин масъала, ки оё ин азоб мустамиру доимист ё муваққат ва маҳдуд ба замони муайян аст, ки баъд аз он боз истонда мешавад?»

 

Бале, Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) фармудаанд: «Азоби қабр ҳақ аст». Дар Қуръони карим далели равшану возеҳ барои тасдиқи он омадааст.

Каломи Худо:

النَّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْهَا غُدُوًّا وَعَشِيًّا وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ أَدْخِلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ الْعَذَابِ

«Оташро ҳар субҳу шом онҳо арза шаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад (фариштагонро нидо дода шавад, ки) хонадони Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред».[i]

 

Муфассирин гуфтаанд: ин ҷо мурод аз оташ (оташи қабр) ва азоби онҳо дар қабрҳояшон аст ва далели қавли баъдии он: «ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад (фариштагонро нидо дода шавад, ки) хонадони Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред», яъне рӯзи Қиёмат ба малоика гуфта мешавад, ки хешони Фиръавн ва қавми ӯро дар оташи ҷаҳаннам, ки аз азоби дунё сахттар аст, дохил кунед.

Имом Қуртубӣ дар тафсираш гуфтааст: «Баъзе аз аҳли илм дар собит намудани азоби қабр фармудаи Худованд: «Оташро ҳар субҳу шом онҳо арза шаванд»-ро ҳуҷҷат овардаанд, яъне то вақте ки дунё боқист.

Муҷоҳид Икрима ва Муқотил низ чунин гуфтаанд.

Муҳаммад ибни Каъб гуфтааст: ин оят далолат ба азоби қабр дар дунё мекунад.

Фахри Розӣ мегӯяд: собит шудааст, ки арза намудан бар оташи дӯзах баъд аз мавт ва қабл аз рӯзи Қиёмат ҳосил мешавад ва ин бар исботи азоби қабр дар ҳаққи онҳо (ёрони Фиръавн) далолат мекунад ва ҳар вақте дар ҳаққи онҳо собит шуд, дар ҳаққи ғайри онҳо низ собит мешавад.[ii]

Дар бораи фишори қабр пештар сухан гуфтем ва баъзе аҳодиси воридшударо дар он маврид зикр намудем.Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)аз азоби қабр ва фитнаи он ҳамеша ба Худо паноҳ мебурд.Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) баъд аз дафн намудани майит андаке назди қабр меистоданд ва барои собитқадам мондани майит дуъо карда мегуфтанд:

«Барои бародаратон талаби мағфират намоед ва барои ӯ аз Худо собитқадам монданро пурсед, чун ӯ ҳозир пурсида мешавад».[iii]

 

Инчунин фармудааст: «Ин уммат дар қабрҳояшон ба фитна дода мешаванд».

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) назди қабри яке аз саҳобагонаш баъд аз фориғ шудан аз дафнаш истода, фармуданд: «Ба таҳқиқ, мо аз Худованд ҳастем ва ба суи Ӯ (ҷ) боз хоҳем гашт, эй бор Худоё, ба назди шумо фуруд омад ва шумо беҳтарин касе ҳастед, ки наздаш фуруд меоянд, заминро аз ду ҷонибаш хушк бигардон дарҳои осмонро барои рӯҳи ӯ бикушо ва ӯро қабули нек бифармо ва ҳангоми суол намудан нутқи ӯро собит бигардон».

Ин ҳадиси ғариб аз «Ато» аст.

Каломи Худо:

وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنكًا وَنَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَعْمَى

«Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯйгардонад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем».[iv]

Дар фармудаи Худованд (ҷ):

وَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا عَذَابًا دُونَ ذَلِكَ

 «Ва ҳароина, барои касоне, ки ситам мекунанд, боз ҳам азобест ҷуз ин азоб».[v]

Гуфта шудааст, ки мурод азоби қабр аст, зеро Худованд онро баъд аз ояи:

فَذَرْهُمْ حَتَّى يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي فِيهِ يُصْعَقُونَ

«Пас, онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар он ба ҳалокат мерасанд, бингаранд».[vi] баён намудааст.

Ибни Аббос мегӯяд: он азоби қабр аст. Ибни Масъуд низ бар ин ақидааст.

Дар ҳақиқат ҳаёти барзахӣ, ки байни марг то рӯзи Қиёмат аст, ҳамааш аз мо ғойиб аст, илми ғайб аст ва ҳеҷ гоҳ қатъиян дар бораи он чи дар он ҷо хоҳад гузашт гуфта наметавонем, магар тавассути он чи аз ахбор ба мо расида бошад. Ин ба хотирест, ки сухан дар бораи он чи дар он ҷо мегузарад, сар то по ибҳом ва норавшанӣ дорад.

Аммо мӯҳлати азоб ё неъмати дар қабр мутағайир, яъне тағйирёбандаву ғайри собит аст, аз як майит то дигараш мувофиқи амалу тақвову қабули ӯ ва ин ки вай бар тавҳид фавтидааст ё не.

Азоби қабр барои гунаҳкорон вобаста ба маъоси ё гуноҳони онҳо мухталиф аст.

Аз Абуҳурайра собит шудааст, ки мегӯяд: Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) фармуд: «Бисёртари азоби қабр аз (олудагӣ ба) пешоб аст».

Дар «Саҳеҳайн» аз Ибни Аббос чунин собит шудааст: Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) аз назди ду қабр гузашта фармуданд: «Ҳароина соҳибони ин қабрҳо дар азобанд, вале эшон барои гуноҳи кабира дар азоб гирифтор нашудаанд (балки), яке аз онҳо дар байни мардум суханчинӣ мекард, аммо дигараш аз пешоб худро пок намесохт».

Баъд аз он навдаи хурмоеро талаб намуда онро ду қисм карда, ҳар якеро болои ду қабр шинонда фармуд: «Уммедворам, то хушк шудани ин навдаҳо азоби қабр бар онҳо сабук гардад».[vii]

Ҳамон тавре ки дар қабр азоб аст, барои бандагони некӯкори Худо неъмат низ вуҷуд дорад. Онҳо касонеанд, ки аз Худованд метарсанд ва пайравии фармудаҳои ӯро мекунанд.

Тавре ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)фармуданд: «Азоби қабр ҳақ аст», ҳамчунин неъмати он низ ҳақ аст ва барои исботи он аҳодис ва далелҳи зиёде вуҷуд дорад.

Насоӣ аз Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз)  ривоят намудааст, ки мефармояд: «Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) назди ман ворид шуд дар ҳоле ки зане аз яҳуд назди ман буд ва мегуфт: «Дар ҳақиқат, шумо (мусалмонҳо) дар қабр ба фитна дода мешавед. Пас Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)аз ин сухан дар ҳарос шуда, гуфт: «Дар ҳақиқат яҳуд ба фитна дода мешавад». Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) мегӯяд: баъд аз гузаштани чанд шабонарӯз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)фармуд: «Оё эҳсос намудӣ, ки бар ман ваҳй нозил шуд, ки аз фитнаи қабр шумо халосӣ надоред»? (Яъне ба фитнаи қабр дода мешавед). Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз)  мегӯяд: «Пас Расули Худо (с)-ро мешунидам, ки аз азоби қабр ба Худо паноҳ мебурд».

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) фармуд: «Ба ростӣ, ба ман ваҳй нозил шуд, ки шумо ба қарибӣ ба фитнаи қабр дода мешавед».[viii]

 

 

 

Азоби қабрро чаҳорпоён мешунаванд

«Баъзе имомон ҳадисҳоеро ривоят кардаанд, ки мегӯянд, дар ҳақиқат шунидани азоби қабр имкон дорад. Пас оё ин ҳадисҳо дуруст ҳастанд ё иллат доранд ё ғайри он? Ва оё ягон далеле бар он вуҷуд дорад?»

Имом Муслим дар «Саҳеҳ»-и худ аз Зайд ибни Собит аз ҳадиси тӯлонии Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)овардааст, ки мегӯяд: «Ҳароина ин уммат дар қабрҳояшон мубтало мешаванд. Агар пеши ҳам дафн намешуданд, ҳароинааз Худо талаб менамудам, то азоби қабрро чуноне ки мешунавам, ба онҳо низ шунавонад».[ix]

Ҳамчуноне ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) фармудаанд: «Яҳуд дар қабрҳояшон азобе дода мешаванд, ки чаҳорпоён онро мешунаванд».[x]

Лоиқу сазовор аст, ки чунин азоби ҳавлнок аз зеҳни хотир дур нашавад. Аз ин хотир буд, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) умматашро ҳамеша гӯшзад мекард ва ба ин амр таваҷҷӯҳашонро ҷалб менамуд. Хусусан, ҳангоме ки мефармуд: «Шиканандаи лаззатҳо»-ро (маргро) бисёр зикр кунед (яъне, ба ёд оваред)». Ин ҳадиси саҳеҳ аст.

 

 

Шунидани мурдаҳо суханони мардуми зиндаро

«Гуфта мешавад, ки мурдаҳо дар қабрҳояшон мешунаванд ва ба шахсе ки салом медиҳад, ҷавоби саломашро мегардонанд ва ҳадиси «Қалиби Бадр» шоҳид бар ин гуфтаҳост, пас чӣ гуна байни ин аҳодис ва байни нусуси Қуръон мувофиқат пайдо кардан мумкин аст?»

 

Сухани Худо:

فَإِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَى

«Ба таҳқиқ, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ»[xi]

وَمَا أَنْتَ بِمُسْمِعٍ مَنْ فِي الْقُبُورِ

 «Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар  гӯр хуфтаанд бишунавонӣ».

Ин масъала сабаби пайдоиши баҳсҳои тӯлонӣ ва ҳайрати шадиде гардид. Чун ҳадисҳои воридшуда дар бораи шунидани мурдагон дар қабрҳояшон, ҳадисҳои саҳеҳ ҳастанд, ки инкори онҳо мумкин нест. Баъд аз он нусуси Қуръони карим шунидани мурдагонро рад мекунад.

Ҳангоме ки насҳо дар зоҳир таъоруз дошта бошанд ва ҳарду насс саҳеҳ бошанд, пас ҷустуҷӯ намудани роҳҳои «таъвил» (тафсир) зарур мегардад, зеро роҳи дигаре ҷуз тавофуқ байни ҳарду насс вуҷуд надорад. Қуръони карим асли аввал ва Суннати Набавии саҳеҳ асли дуввум аст ва ҳар вақте ҳарду асл саҳеҳ бошад, пас ба таҳқиқ таъоруз имконпазир мегардад ва баъд аз он далелҳои тавофуқ намуданро бояд ҷустуҷӯ намоем ва гоҳо аз маънои зоҳирии нас рӯй мегардонем, чун бубинем ки яке аз нусус онро қабул менамояд.

Касоне ки бо такя ба аҳодиси саҳеҳ ба шунидани мурдагон бовар доранд, оятҳои Қуръонро, ки шунидани мурдагонро нафӣ мекунад, таъвил намуданд ва гуфтаанд: Аммо шахсоне, ки нашунидани мурдагонро бовар доранд, мувофиқи оятҳо маҷбур ба таъвили ҳадисҳо шуданд.

Ин таври кӯтоҳ ва шомил дар бораи ин гуфтаҳост. Дар «Ниҳоя» дидем ва шояд дуруст ҳам бошад.

Сухани Худо:

فَإِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَى وَلَا تُسْمِعُ الصُّمَّ الدُّعَاء إِذَا وَلَّوْا مُدْبِرِينَ

«Ба таҳқиқ, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва агар инҳо низ аз ту бозгарданд, овози худро ба гӯши он карон нарасонӣ».[xii]

Имом Олусӣ дар тафсири ин оят мегӯяд: «Ин таълил» баёни иллату сабаб барои он чизест ки аз каломи собиқ фаҳмида мешавад, монанди ин ки гуфта аст: «Барои ҳидоят наёфтанашон бо гӯшзадҳои шумо маҳзун нагардед, пас ҳароина ту намешунавонӣ…»

Лекин ин ҷо мо он чиро ки уламо дар мавзӯъи шунидани мурдаҳо баён намудаанд, зикр мекунем. Аллома ибни Ҳумом нақл карда мегӯяд, ки аксари машоихи мо бар ин ақида ҳастанд ки майит намешунавад, ба далели фармудаи Худованд:

وَمَا أَنتَ بِمُسْمِعٍ مَّن فِي الْقُبُورِ

«Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар  гӯр хуфтаанд бишунавонӣ»[xiii]

Бинобар ин ба талқини майит дар қабр тавсия накардаанд ва гуфтаанд: Агар шахсе савганд хӯрад, ки бо фалон кас сухан намегӯям, пас дар ҳоли мурда буданаш бо ӯ сухан гӯяд «ҳонис», яъне қасамзада намешавад.

Сафорин дар китоби «Буҳури зохира» ҳикоят мекунад, ки Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) (р) низ бар ин ақида будааст, ки мурдагон намешунаванд ва тоифае аз уламо бо ӯ мувофиқат намудаанд. Қозӣ Абуяъло яке аз бузургони мазҳаби ҳанбалӣ дар китоби худ «Ҷомеъи кабир» ин ақидаро тарҷеҳ додааст. Эшон ояти «Ба таҳқиқ, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ» далел ва ҳуҷҷат овардаанд. Тоифаҳои дигаре аз уламо бар ин боваранд, ки мурдагон мешунаванд. Ибни Абдулбар мегӯяд: Ба таҳқиқ бисёри аҳли илм бар ин боваранд ва Ҷарири Табарӣ низ ҳамин фикрро ихтиёр намудааст. Инчунин фикри Ибни Қутайба ва дигаронро низ баён доштааст ва ҳадиси Анас аз Абуталҳаро, ки дар «Саҳеҳайн» омадааст ҳуҷҷат овардаанд, ки онҳо мегӯянд: Ҳангоме, ки дар рӯзи Бадр Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)бар мушрикини Қурайш ғолиб омад, амр намуданд, то бисту чанд, то мардро  ва дар як ривоят бисту чаҳор мард аз саркардагони Қурайшро дар яке аз ғорҳои Бадр андохта шаванд ва ПаёмбарРасули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)эшонро нидо кард: «Эй Абуҷаҳл ибни Ҳошим, Эй Умая ибни Халаф, Эй Утба ибни Рабиъа, оё наёфтед он чиро ки Парвардигори шумо бароятон барҳақ ваъда дода буд? Ба таҳқиқ ман он чиро, ки Парвардигорам бароям ваъда дода буд, пайдо кардам».

Умар (р) гуфт: Эй Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)чӣ гуна бо ҷасадҳое, ки рӯҳ надоранд сухан мегӯӣ? Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)фармуданд: «Савганд ба номи он касе ки ҷониМуҳаммад дар дасти Ӯст, шумо шунавотар аз онҳо нестед, дар он чи ман мегӯям».

Дар ривояти имом Муслим аз Анас (р) ин ҷумла дар ҳадиси қаблӣ илова гардидааст: «Ва лекин эшон ба ҷавоб додан қодир нестанд».

Далели дигари эшон ривояти Абушайх аз «Мурсал»-и Убайд ибни Мазруқ аст, ки дар он омадааст. Зане дар Мадинаи мунаввара буд, ки нигоҳубини умури масҷидро мекард. Ин зан вафот намуд, Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)аз вафоташон хабар наёфтанд. Пас назди қабраш нишаста гуфтанд: Ин қабри кист? Гуфтанд: Умми Миҳҷан.Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)фармуданд: «Он зане, ки нигоҳубини умури масҷидро менамуд?» Гуфтанд: Бале, пас мардум саф истоданд ва Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)бо онҳо барои майити дар қабрбуда намоз гузорида, гуфтанд: Кадом амалро беҳтар ёфтӣ? Саҳоба гуфтанд: Эй Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)оё ӯ мешунавад? Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)фармуданд: Шумо аз ӯ шунавотар нестед. Боз фармуданд, ки ӯ, яъне майит аз қабр ҷавобаш додааст.

Инчунин ривояти Байҳақӣ ва Ҳокимро далел овардаанд, ки эшон аз Абуҳурайра ривоят мекунанд, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)ҳини бозгашт аз ғазваи Уҳуд болои қабри Мусъаб ибни Умайр (раз) ва дигар саҳобагон истода фармуданд: «Шаҳодат медиҳам, ки шумо назди Худованд зинда ҳастед. Пас эшонро зиёрат кунед ва ба онҳо салом диҳед. Савганд ба он Зоте, ки нафси ман дар яди қудрати ӯст, касе ба эшон салом намедиҳад, магар ин ки ҷавоби саломи ӯро мегардонанд ва то рӯзи қиёмат ҳолашон чунин хоҳад буд».

Ҳамчуноне, ки дар ҳадиси саҳеҳ аз Ибни Аббос ба таври марфуъ ривоят шудааст: «Ҳеҷ касе нест, ки аз назди қабри бародари мӯъминаш, ки ӯро дар дунё мешинохт, мегузарад ва ба ӯ салом медиҳад, магар ки ӯро мешиносад ва ҷавоби саломашро мегардонад».

Дар «Саҳеҳайн» аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)ривоят шудааст: «Ба таҳқиқ, ҳангоме ки бандаи Худованд дар қабраш гузошта мешавад ва асҳоби ӯ аз наздаш бармегарданд, ҳароина ӯ садои пойи эшонро мешунавад».

Дар ҷавоби қаблан зикршуда Ал-Ҳилӣ гуфтааст: «Дар ҳақиқат ин монанди фармудаи Худованд аст:

أَفَأَنْتَ تُسْمِعُ الصُّمَّ أَوْ تَهْدِي الْعُمْيَ

«Оё ту мехоҳӣ ба карон сухан бишнавонӣ ё курон ва онҳоеро, ки дар гумроҳӣ ошкор ҳастанд, роҳ бинамоӣ». [xiv]

Яъне дар ҳақиқат ин Худованд аст, ки нобино мегардонад ва ҳидоят менамояд.

Баъзе уламо гуфтаанд: Намешунавонӣ эшонро магар бо ризоят ва хости Худо. Ё намешунавонӣ эшонро шунавонидане, ки ба нафъи онҳо бошад. Гоҳо ашёро ба хотири набудани фоида ва самарааш ба нобудӣ ҳукм мекунанд.

Тоифае аз уламо, ки ба нашунидани мурдаҳо бовар доранд, гуфтаанд: Асл таъвил накардан ва чанг задан ба маънои зоҳир аст, то ин ки он чи хилофи маънои зоҳир тақозо мекунад, таҳқиқ карда шавад ва ба бисёре аз далелҳои тоифаи дигар ҷавоб гардонидаанд. Баъзе аз эшон гуфтаанд: он чи дар ҳадиси Абуталҳа воқеъ шудааст, метавонад аз муъҷизаҳои ПаёмбарРасули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)бошад ва он муроди гуфтаи шахсонест, ки мегӯянд: он, яъне шунавонидани майит аз хусусиятҳои хоси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) ва ё аз муъҷизаҳои хоси он ҳазрат аст.

Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омадааст, ки Қатода гуфтааст: Худованд аҳли «Қалиб»-ро зинда гардонид. Ҳамчун ба хотири сарзаниш ва пушаймонию ҳасрат барояшон суханони он Ҳазрат (с)-ро шунавонид. Гуфтаҳои болоро ривояте, ки Имом Бухорӣ ва дигарон, ки аз Ибни Умар (р) овардаанд, таъйид мекунад.

Ибни Умар (р) гуфтааст: «Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)бар «Қалиби Бадр» истода фармуд: «Оё он чи ки Парвардигоратон бароятон ваъда дода буд, чун ҳақиқат дарёфтед Баъд аз он Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)фармуданд: «Дар ҳақиқат он чи ман ҳоло мегӯям, эшон мешунаванд».

 

Ин ҷо шунидани эшонро ба «ҳоли ҳозир» муқайяд сохт. Агар гӯем, ки маийт дар қабраш ҳафт рӯз пурсида мешавад, баробар аст, ки мӯъмин бошад ё мунофиқ ё кофир ва ин ки ҳангоми пурсиш рӯҳи майит бар ҷасадаш баргардонида мешавад, шумо метавонед гӯед, ки мумкин аст хитоби аҳли Қалиб ҳангоме будааст, ки рӯҳи онҳо ба ҷасадашон барои суол баргаштааст, зеро тавре дар ҳадис ворид шудааст, хитоби мазкур дар рӯзи сеюми кушташуданашон будааст. Ва эҳтимол дорад хитоби Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)ба Умми Миҳҷан қабл аз гузаштани ҳафт рӯз будааст.

Бинобар ин дар бораи шунидани мурдагон ҷои баҳсу мунозирае нест, зеро ҳангоми шуниданашон, яъне аҳли Қалиб ва Умми Миҳҷан, зинда буданд, на мурда.

Ҳамчун рад ба гуфтаҳои боло сухани Умар (р)-ро баён мекунем, ки ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)гуфт: Чӣ гуна бо ҷасадҳое, ки рӯҳ надоранд, сухан мегӯед? Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)чизеро, ки Умар (р) зикр кард, инкор нанамуд, балки ба ӯ фармуд: «Шумо аз онҳо шунавотар нестед, дар он чи ман мегӯям».

Агар ин амр монанди гуфтаи Қатода мебуд, дар зоҳир чунин мебуд, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)ба Умар (р) мефармуд: ин амр чунин нест, ки шумо гуфтед. Ба таҳқиқ, Худованд барои ман зинда гардонид ё монанди ин чизе мефармуд.

Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) (р) он чиро дар ҳадисе ки барои ин мақсад далел овардаанд, инкор намудааст.

Дар, «Саҳеҳи Бухорӣ» аз Ҳошим аз падараш ривоят аст, ки гуфтааст: аз Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) ҳикоят кардаанд, ки чун наздаш маълум намуданд, ки Ибни Умар ҳадиси «майит бар гиряи аҳлу оилааш барои вай азоб дода мешавад»-ро ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) нисбат додааст, пас Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) фармуд: Ибни Умар воҳима кардааст: Паёмбар фармудаанд: «Азоб дода намешавад майит магар барои хатоҳо ва гуноҳони худаш ва аҳли ӯ ҳароина барои ӯ ҳоло гиря мекунанд». Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) гуфт: Ин монанди қавли эшон аст, ки мегӯяд: Ба таҳқиқ, Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)ба «Қалиб», маконе ки кушташудагони Бадр аз мушрикин буданд, истода ба онҳо хитоб намуд ва он ҷо фармуд: дар ҳақиқат эшонҳозир медонанд, ки он чи ба онҳо мегуфтам ҳақ буд. Ва гуфт: ҳароина мешунаванд он чи ба эшон мегӯям.

Баъд аз он ҳазрати Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) (р) ояҳои зеринро тиловат намуд:

فَإِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَى

«Ба таҳқиқ, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ»

وَمَا أَنتَ بِمُسْمِعٍ مَّن فِي الْقُبُورِ

«Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар  гӯр хуфтаанд бишунавонӣ»[xv]

 

Суҳайлӣ дар идомаи гуфтаҳои Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) (р) мегӯяд: Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) (р) ҳангоми ин фармудаҳо назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)ҳозир набуд ва ғайр аз Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) (р) касоне ки ҳозир буданд, лафзи ҳадисро хубтар азбар кардаанд. Эшон ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам)гуфтанд:

Эй Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) оё қавмеро, ки рӯҳашон аз ҷасадҳояшон хориҷ шудааст, хитоб мекунед? Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) фармуданд: «Шумо аз онҳо шунавотар нестед, он чиро, ки мегӯям». Суҳайлӣ гуфтааст: пас агар дар он ҳолат олим буданашон раво бошад, шунаво буданашон низ ба сухани Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) равост.

Ин каломи қавиест ва ҳозир набудани Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) (р) дар ривояти ӯ нуқсоне ворид намекунад, зеро он ҳадиси мурсали саҳобист ва он маҳмул бар он аст, ки саҳобӣ онро аз шахсе, ки ҳозир будааст, шунидааст ё аз Паёмбар (с). Агар ҳузур надоштани Уммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз) (р) нуқсоне дар ривояташ мебуд, ҳароина нуқсон дар ривояти Ибни Умар низ ворид мешуд, зеро ӯ низ дар ин воқеъа ҳозир набуд ва монеъе вуҷуд надорад, ки Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи саллам) ҳарду лафзро баён намуда бошад, зеро чӣ тавре, ки аз суханони Суҳайлӣ, Ҳоким ва ғайри эшон дониста мешавад: мо ба сиҳати он таслим нестем ва тасҳеҳи Ҳоким ба адами эътибор ҳукм шудааст ва агарчанде ба сиҳати он ҳадис таслим шавем ба ин қавл, ки фавтидагоне, ки намешунаванд, эшон ғайр аз шаҳидон ҳастанд.

Аммо шаҳидон ба таври умум мешунаванд, зеро онҳо нисбат ба дигар фавтидагон имтиёз доранд, чун дар хабар аст, ки эшон назди Худованд (ҷ) зинда ҳастанд.

 Дар ҳадиси Ибни Абдулбар гуфта шудааст: Ба таҳқиқ Абдулҳақ гарчанде гуфтааст: исноди ин ҳадис саҳеҳ аст, магар Ҳофиз ибни Раҷаби Ҳанбалӣ дар идомаи он гуфтааст: дар ҳақиқат ин ҳадис заъиф, балки мункар аст.

Дар ҳадиси Ибни Абидунё омадааст: бо вуҷуди таслим шудан ба сиҳаташ, ин ҳадис мақсади матлубро собит намесозад, зеро хитоби малоика барои рӯҳест, ки дар дасташ ҳаст ва он рӯҳ зинда аст.

Дар «Саҳеҳайн» омадааст, ки шунидани банда шарфаи пойи асҳобашро баъд аз дафн намудан ва баргаштанашон дар ҳолест, ки руҳи ӯ бармегардад барои суол шуданаш, пас ӯ мешунавад, дар ҳоле ки зинда аст. Ҷумҳури уламо бар ин ақидаанд, ки рӯҳ ҳангоми суол ба ҷасади соҳибаш бармегардад, ба ваҷҳе, ки аҳли дунё аз он огоҳ намешаванд, магар касе мешунавад, ки Худо хоста бошад.

 

Мақолаи оянда  “Чандин равияҳо вуҷуд доранд робита ба мавзъи боло” инчунин чӣ гӯна аз азоб ё фитнаи  қабр наҷот ёбем бо мо бошед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Пайнавишт Сарчашмаҳо



[i] Сураи Ғофир, ояти 46.

[ii] Тафсири Кабир (27/74).

[iii] Саҳеҳи Бухорӣ (2/187/1327).

[iv] Сураи Тоҳо, ояти 124.

[v] Сураи Тур, ояти 47.

[vi] Сураи Тур, ояти 45.

[vii] Саҳеҳи Бухорӣ (2/206/1378).

[viii] Саҳеҳи Бухорӣ (2/43/922).

[ix] Саҳеҳи Муслим (4/2200/2867).

[x] Саҳеҳи Муслим (4/2200/2867).

[xi] Сураи Рум, ояти 52.

[xii] Сураи Рум, ояти 52.

[xiii] Сураи Фотир, ояи 22.

[xiv] Сураи Зухруф, ояти 40

[xv] Сураи Фотир, ояи 22.

Share This Article