Азон ва зикри номи Муҳаммад (с) якҷо бо Аллоҳ дар тӯли рӯз

Имом Бағавӣ аз Ибни Аббос ва Муҷоҳид ҳикоят мекунад,ки мурод аз ин Азон аст.

 

Оё медонед  дар тӯли 24 соати шабонарӯз ҳеҷ гоҳ садои азон дар кураи замин қатъ намешавад ва дар ҳар минтақае ба поён бирасад, дар ҷои дигар оғоз мешавад.

Гуфтани азон 4 дақиқа идома меёбад ва замин дорои 360 хати фарзӣ аз қутби шимол ба қутби ҷануб аст, ки муодили 360 дараҷа мебошад. Барои мисол: Ҳангоме ки зуҳри шаръии дараҷаи 1 шуруъ мешавад 4 дақиқа тӯл мекашад, то зуҳри шаръии дараҷаи 2 шуруъ шавад ва ин муддат муодили замонест, ки дар хат як азон гуфта мешавад. Бад-ин тартиб 360 ба 4 зарб мешавад, ки 1440 дақиқа аст, муодили 24 соат…

Аллоҳу акбар… ин ҷост, ки Худои мутаъол хитоб ба Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: 

{ ورفعنا لك ذكرك}

Яъне зикр ва ёди Туро баланд кардем… яъне ҳадди ақал дар ҳар азон, ки ёде аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам) мешавад, исми муборакаш зикр мегардад.

Дар тафсири ин оят Муҷоҳид (раҳ) мегӯяд: Ҳаргоҳе номи Аллоҳ бурда шавад номи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо номи Аллоҳ бурда мешавад.

Қаттода(раҳ) мегӯяд: Аллоҳ номи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васалам)-ро  дар дунё ва охират баланд бардошта.Ҳеҷ хатибе,намоз гузорандае,зикр гӯяндае нест,ки исми муборакро нагирад.

Имом Бағавӣ аз Ибни Аббос ва Муҷоҳид ҳикоят мекунад,ки мурод аз ин Азон аст.

Ҳассон ибни Собит (раз) шоири Расул мегӯяд: Аллоҳ исми Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васалламро бо исмаш якҷо тавъам зикр намуд.Дар панҷ вақт намоз номи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) барои бузург доштанаш бурда мешавад.

Пас маълум мегардад, ки дар ҳама дақиқаи кураи замин исми Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварда мешавад.Ҷонам фидои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва номи зебоеки олам аз он холӣ нест.

Бо таъассуфи хело шадид гуфтани азон аз баландгӯяк дар кишвари мо манъ аст.Дар ин рӯзи ҷумъа дуъо мекунем,ки ин роҳбарони мухолифи “Ашҳаду анна Муҳаммадар Расуллулоҳ”-ро ҳидоят кунад ва ба Ӯ имон биоваранд омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад