Б.Торонт айбҳои ба ӯ эълоншударо эътироф намекунад

Ислоҳ нет

 

  Аз замони анҷоми амали ваҳшиёнаи Бринтовн Торонт,шаҳрванди 28-солаи австралиягӣ,ки дар Зеландияи нав 51 нафар мусалмонро тавассути силоҳи оташфишон ба қатл расонд ва инчунин ӯ сӯиқасд ба ҷони 40 тани дигар айбдор мешавад, расо се моҳ сипарӣ мешавад.

  Якчунин террори ваҳшатнок, ки дар иҷрои он ҳатто ба занону кӯдакон тараҳҳуме нашудааст, дар шаҳри Крайстчерч- Зеландияи нав иттифоқ уфтодааст.Маҳаллии анҷоми он ҳам макони ибодат-ду масҷиди ин шаҳр интихоб шудааст. Танҳо дар масҷиди мавсум ба Нур 41 нафар бо дасти ин ҷинояткори ҳайвонсифат ба шаҳодат расидаанд.Дар масҷиди дигари Линвууди ҳамин шаҳр 7 нафар ба шаҳодат мерасанд ва се нафари дигар дар шифохона ҷоми шаҳодатро нӯшидааст.

 

Имрӯз додгоҳ ба чӣ натиҷае расид?

 

Расонаҳои Зеландияи Нав навиштанд, ки вакили мудофеи вай дар додгоҳ дар ин бора чунин изҳорот додааст:

 Бринтовн Торонт айбҳои нисбат ба ӯ эълоншударо эътироф намекунад. Худи Торонт ҷараёни ҷаласаи додгоҳиро ба воситаи дурбини видеоеки рафти онро сабт менамуд тариқи телевизеон аз маҳбас тамошо мекард.

 

Додгоҳ гуфт, ду ташхиси тиббӣ мушаххас кард, ки Торонт ҳеҷ бемории равонӣ надорад.Муҳокимаи парвандаи вай моҳи майи соли 2020 оғоз мешавад.

 

Мақомоти Зеландияи Нав гуфтанд, ки Брентон Торонт аз силоҳе истифода кардааст, ки қонунӣ ба даст оварда буд.

 

Мехоҳам аз таҳқиқоте,ки дар ин замина анҷомдодаам дар ихтиёри шумо қарор диҳам,то қазияро аз оғоз то охир, бо дақиқа ва сонияҳои анҷоми ин ҷинояти қатли омми ҷамоъӣ огоҳи дошта бошед.

 

   Амалиёти террористӣ 89 дақиқа идома карда аст:

 

  Аввалин ҳадафи террорист Бринтовн Торонт масҷиди Нур буд,ки дар хиёбони Динйз қарор дошт ва пас аз он ба масҷиди дигар рафтааст,ки он ҳафт километр аз масҷиди Нур фосила доштааст. Масҷиди дуввум  бо номи масҷиди Линвууд маъруф будааст,ки ба он низ ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додааст.

 

Хронологияи ин амалиёти террористӣ,ки бо соати маҳаллии давлати Зеландияи Нав тартиб додашудааст:

 

Соати 13:32:  Бринтовн Торонт дар шабакаи фейсбук пахши мустақими худро оғоз менамояд ва мегӯяд: “Шитофтем ба сӯйи маҳфиламон”

Соати 13:35: Бринтовн Торонт мерасад ба назди масҷиди Нур ва мошинашро мегузорад ва аслиҳаашро аз мошинаш мегирад

Соати 13: 37:  Ба масҷиди Нур ворид мешавад ва шахси дар назди дарвозаи масҷид қарор доштаро бо 9 тир аз пой дар меоварад.

Соати 13:39: Силоҳи аввалашро дар назди дарвозаи масҷид меандозад ва вориди масҷид мегардад ва даҳҳо намозгузорро бо силоҳи оташфишон ба қатл мерасонад.

Соати 13:40: Пулис аз садои тир огоҳӣ пайдо мекунад.

Соати 13: 41:Бринтовн Торонт дубора ба назди мошинаш бар мегардад,то силоҳи дигарашро бо тирҳои изофӣ бигирад ва ба масҷид баргардад.

Соати 13:42 : Дубора ба масҷид бармегардад ва намозгузороне,ки захмӣ карда буд ва онҳо дар ҳолати марг қарор доштанд, бо зарби такрории гулӯла ба шаҳодат мерасонад,охирин тир ё контролний вистрелро ҳам ба ҳадаф,то касе зинда боқӣ намондад.

Соати 13: 43: Ба тарафи зане,ки дар назди масҷид қарор дошт,ҳамла карда ӯро ҳам ба шаҳодат мерасонад.

Соати 13: 44: Аз масҷид хориҷ мешавад ва ду мардеро,ки дар беруни масҷид қарор доштанд ба сӯйяшон тир мекушояд ва ҳардуи онҳоро ба қатл мерасонад ва ҷойи ҳодисаро  бо мошинаш тарк мекунад.

Соати 13: 54: Мерасад  ба масҷиди Линвууд,ки он тақрибан ҳафт километр аз масҷиди Нур дуртар аст.Дохили масҷид мегардад ва дар ин масҷид 7 мусалмони дигарро ба шаҳодат мерасонад.

Соати 15:00: Афроди пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир мегарданд ва мошини Бринтовн Торонтро муҳосира мекунанд.

Соати 15:01: Пулис Бринтовн Торонтро,ки дигар дар даст силоҳе надошт ва бидуни силоҳи оташфишон буд маҷбур мекунад,ки аз мошинаш берун шавад ва ниҳоят дастгираш  менамоянд.Пулис гуфтааст,ки дар сандуқ ва ё багажи мошин силоҳҳои дигари ин террорист дар ҳолати омодабош оварда шуда будаанд аммо  ба он дастрасӣ пайдо карда натавонист вагарна бо пулис ҳам даргир мешудааст.

 

Хонум Ҷосиндо Ардирн, сарвазири Зеландияи Нав дар конфронси хабарияш гуфт: Агар пулиси кишвар Бринтовн Торонтро дастгир намекард адади қурбониён ба маротиб бештар мебуд,чунки ӯ барои идомаи қатл ба масоҷиди дигар мехостааст, ҳамла намояд.

 

 Аммо  Мойк Буш, пулиси муҳаққиқи федеролие,ки дар ин қазия масъул аст, гуфтааст: Дар дасти таҳқиқ ҳеҷ далеле надорем,ки чӣ гуна сурат гирифтани ин ҷиноётро бармало бисозад ва танҳо аз ин ду масҷид кушташудаҳо ва силоҳҳое ба даст овардаем,ки то баҳол қазияро бароямон равшан накардаанд.Ин қатли омми ҷамоъӣ аз дигар кушторҳо комилан фарқ дорад ва ба вижа навиштаҳое дар силоҳҳои ин террорист сабт шуда,ки дар онҳо номҳо ва солҳои таърихӣ ифода ёфтаанд.

 

    Ин сухан моро ҳам ба фикр водор намуд:- дар он силоҳҳои террорист Бринтовн Торонт чӣ навишта шуда бошад? Он навиштаҳо чӣ ифодае дошта бошанд ? Аз тамошои наворҳо ҳам огаҳӣ доштем,ки дар силоҳ бо ранги сафед навиштаҷотҳое вуҷуд дошт аммо  бинанда аз он чизе намефаҳмад. Субҳи он рӯзи ҳодиса ҳама он навиштаҷотро тарҷума намуданд ва онҳо ҳокӣ аз он солҳое буданд,ки Хилофати Усмонӣ дар муқобили ҳар давлати аврупоие, ки шикаст хурда аст ва ё бо он набардро бохтааст, дарҷ шудааст. Инчунин Подшоҳи Гурҷистон бо давлати Салҷуқиён ҷангида ва шикаст хурдааст чунин солҳои таърихӣ буд,ки дар силоҳ дарҷ ёфта аст.

 

Навиштаҷоте дар ҷаъба ё тирдонҳо омадааст:

 

Ҳама он навиштаҷотҳоро тарҷума менамоем,то бароятон фаҳмо бошад.

 

Дар ҳафт ҷаъба ё тирдон,ки  дар ҷои қатлгоҳ пас аз ин ҷиноят ба ҷой мондааст, чунин таърихҳо сабт шудаанд.

Давид Сослан: Сарлашкари сипоҳи феодалии Гурҷистон,ки солҳои тулонӣ бо давлати Салҷуқиён дар набард буд.

Лазар Хребелянович:  Сарфармондеҳи сипоҳи Косово,ки дар солҳои 1389 бо Султон Мурод ҷангида буд.

Лазар Хребелянович:Сарфармондеҳи сипоҳи Сербҳо дар Косово,ки дар майдони ҷанг бо Султон Муроди Усмонӣ соли 1389 ҷангида буд.

Шербан I Кантакузин: Ҳокими Валахине,ки қаблан огоҳ карда буд аз ҳаҷамоти туркҳои Усмонӣ ба Венаи Утриш дар соли 1529

Димитрий Николаевич  Сенявин:Адмирале,ки соли 1807 дуввумин Архипелагский экспедитсияи флотии ҳарбии Русро роҳбарӣ мекард. Дар ин муҳориба бар алайҳи туркҳо дар муҳорибаи Афон дар Дарданел  пирӯзиро ба даст оварда буд.

Давид IV Строитель: Подшоҳи Гурҷистондар солҳои (1089-1125)туркҳои Салҷуқиро аз Гурҷистон ронд ва ҳукумати шоҳияшро барқарор намуд.

Марко Милянова Поповича:Ҷанговари Сербиё, ки барои ваҳдати миллияшон ва озодӣ аз Туркҳои Усмонӣ мубориза бурда буд.

Сер Эдвард Кодрингтон:Адмирали бритониёвӣ, ки дар набарди баҳрии Наварински дар муқобили Флоти ҳарбии туркҳо ва мисриҳо ҷангида буд

Маркантонио Брагадин: Сарлашкари Венетсия,ки набарди зидди туркҳоро дар Венетсияро роҳбарӣ мекард.

Эрнст Рюдигер фон Штаремберг:  Фелдмаршали утришӣ (автриягӣ) аз оилаи Штарембергҳо буд,ки муҳорибаи ҳимоятӣ аз шаҳри Венаро бар алайҳи Туркҳои Усмонӣ соли 1683 ба уҳда дошт.

Вац 1684:  Ин навишта аз он далолат мекунад,ки дар соли 1684 сипоҳи туркони Усмонӣ дар муҳорибаи шаҳри Вац  шикаст хурда буданд.

Vienna 1683: Дар 12 сентябри соли 1683 муҳосираи ду моҳаи ин шаҳр аз тарафи Туркҳои Усмонӣ ба поён расида буд.

Acre(1189-1191):  Тасарруфи шаҳри Акра дар давлати Миср аз тарафи мамлукҳо.Ин сабаб гашта буд,ки бори дигар дар таърих подшоҳии Байтулмуқаддас суқут гардад.

Себастяна Венера : Адмирале,ки дар муҳорибаи Лепанто дар соли 1571 дар ҷанги муқаддас,ки бар болои сипоҳи туркони Усмонӣ ғалаба карда буданд.

Новак Вуйошевич:Қаҳрамони набарди Фундине,ки дар 2 августи соли 1876 дар деҳаи Кучак дар хонигарии Чернагория пирӯзиро сипоҳи Черногорҳо бадаст оварда буданд.

Муқовимати “Шипка” (1877-1878): Нерӯҳои русҳ бо булғорҳо дар муҳорибаи Шипка бар алайҳи сарлашкари туркҳои Усмонӣ Восил Пошо пирӯзиро ба даст овардаанд.

Хосе Эстебанес: Қавмгарои Испониёие,ки Карлос Паломинои 16 соларо ба қатл расонид,ки ӯ бар муқобили фашистҳои қавмгаро соли 2007 дар Мардид эътироз намуда буд.

Сигизмунд Люксембург: Сарлашкаре,ки сипоҳи кишварашро бар алайҳи Султон Боязиди 1 дар соли 1396 роҳбарӣ мекард.

Феликс Казмир Потоцкий: Шахси низомӣ ва сиёсатмадоре,ки бо туркҳо дар Вена дар муҳорибаи Паркан ҷангида буд.

Муҳорибаи Сариқамиш (1914-1915): Амалиёте,ки нерӯҳои рус бо қафқозҳо бар алайҳи туркҳои Усмонӣ ҷангида буданд.

Милош Обилич: Дар муҳорибаи Косово пас аз оне,ки сербҳо мустақилият мехостанд ва муқобилият нишон доданд. Ин мард ба назди Султон Муроди Усмонӣ ворид шуд ва ӯро террор кард.

Иосиф Владимирович Ромейко-Гурко: Генерали рус Фелдмаршале,ки хело маъруф аст дар пирӯзиҳояш бар алайҳи Туркҳои Усмонӣ,ки дар солҳои (1877-1878)

 

Навиштаҷоте,ки дар худи силоҳ омадааст:

 

 

Лепанто 1571:  Муҳорибаи Лепанто дар соли 1571,ки “сипоҳи муқаддас”ашон ба сипоҳи Туркҳои Усмонӣ зарбаи сангине ворид намуда аст.

Ана ин аст шартномаи шумо барои паноҳандагӣ ё муҳоҷират: Ин навиштор дар қундоқи силоҳ навишта шудааст.Яке аз муҳимтарин шартномае,ки СММ барои паноҳандагон имзо намуда аст бо ҳама кишварҳои олам аз ҷумла Аврупо ҳам.

Янош Хунаяди:Шахси низомие,ки солҳои (1411-1442) сангинтарин зарбаҳоеро ба Туркҳои Усмонӣ дар сарзаминҳои Венгрия ва Булғория  ворид намудааст.

14 Words:Ин навиштор дар нишонгир навишта шудааст ва он имзо ва ё шиори муқовимат ва ё ба унвони паёми миллатгароёни сафед ё ростгароҳо мебошад.

TURKOFAGOS“Азбайн барандагони Турк”: Ин навиштор дар мили силоҳ навишта шудааст.Ин шиори сипоҳи Юнониҳо ё Грекҳо дар ҳангоми муҳорибаҳо бар алайҳи Туркони Усмонӣ дар майдонҳои набард истифода ё садо медоданд.

TOURS 732:Ин навиштаҷот дар назди куроки силоҳ.Ин муҳорибае буд,ки миёни сипоҳи Хилофати умавӣ ва сипоҳи Фаронса дар шаҳри Bataille de Poitiers дар моҳи рамазони соли 732 рух дода буд.Бале,ин набард,ки дар таърих он бо номи “Набарди Булоти шуҳадо” ёд мешавад.Бо забони англисӣ ин набард бо номи  Battle of Tours ёд мешавад.Сарлашкари сипоҳи умавиҳо Абдурраҳмон Ғофиқӣ (раҳ) ва аз тарафи Фаронсавиҳо Шорл Мортел буд.Албатта ин набард пас аз фатҳи Андалус буд. Бале, дар ин набард сарлашкари сипоҳи умавиҳо Абдурраҳмон Ғофиқӣ ба шаҳодат расид ва шикаст хурданд.Аммо аз соли 711 то 726 манотиқи паҳновару бузурги Аврупо мисли Испониё,Портуғол ва ҷануби Фаронса дар итоати хилофти умавиҳо қарор дошт.Агарчӣ ин набард бо шикасти мусалмонон ба поён расида бошад ҳам,дақиқан дар соли 759-и мелодӣ Абдурраҳмони Дохил Шорлмон- набераи Шорл Мортелро шикаст дода буд. Аммо муаррихони аврупоӣ чунин эътиқод доштанд,ки агар дар ин ҷанг мусалмонон шикаст намехурданд ҳама Аврупоро комилан тасхир мекарданд.Ин шикаст вақфае барои пирӯзиҳо ва кишваркушоиҳо гашт,ки ҳукумати марказии хилофати умавиҳо иваз ва ҷойи онро Аббосиҳо гирифтанд.

 

    Аз ончики дар ин силоҳи террорист ва қотил навишта шудааст комилан як адовати шадид ва қасдгириеро метавон мушоҳида намуд. Аммо на ҳама маълумотҳо дар навиштаҳои ин террорист сиҳат доранд. Албатта наметавонам тафсилоти ҳама он ҷангҳоро инҷо баён намоям вале панҷ ҳолате дар он солҳо омадааст,ки комилан ғалат мебошанд.Масалан қатли Султон Муроди аввал( 1360-1389), ки 29 сол ҳокимият карда буд.Яке аз фотеҳтарин султонҳои Усмонӣ пас аз Сулаймон Қонунӣ ба шумор меравад.Аксари футуҳоти кишварҳои аврупоиро ба ӯ нисбат медиҳанд.

 

Доктор Алӣ Саллобӣ дар таърихи худ ба нақл аз қавли муаррихи фаронсавӣ Кринорд,ки  дар  мавриди Султон Муроди аввал бе бокона гуфтааст менависад:

كَانَ مُرَاد أَحَد أَكبَر رِجَال آل عُثمَان، وَإِذَ قَوَّمنَا تَقويمًا شَخصيًّا، فَقَد كَان في مُستوى أَعلَى مِن كُلِّ حُكَّامِ أوروپَّا

“Султон Муроди Аввал яке аз бузургтарин мардони Оилаи Усмонӣ буд ва агар шахсияти ин мардро ба мизон гузорем Султон Мурод ба масобаи болотарин аз ҳама ҳокимони Аврупо буд”

Чаро ин суханро овардам,то нагӯянд,ки ин қавли худи шумо буд ва он таърифу тавсиф буд.Ин эътирофи муаррихи аврупоӣ дар мавриди Султон Муроди аввал буд.

 

     Давлатҳои аврупоӣ аз ҳайбаташ ба ҳадде метарсиданд,ки бидуни ҷанг таслимаш мешуданд. Ӯ фотеҳи шибҳиҷазираи Балкан буд,ки ҳамеша аврупоиён бар сари ин минтақа миёни худ ҷанг мекарданд. Ӯ ин минтақаро комилан зери тасарруфи худаш дароварда буд.Шаҳри Софияи Булғористон,ки яке аз пуриқтидортарин давлатҳои он замони аврупоӣ бударо фатҳ кард, пас аз он Словакия,Мақдуния ва давлатҳои хурду кучак ва қалъаҳое,ки ҳеҷ фотеҳе онҳоро фатҳ накарда буд, онҳоро фатҳ намуда буд. Ва пас аз он Юнонро фатҳ кард. Ҳама Аврупо бо даъвати поп мутаҳид шуданд ва як аскаре,ки миёни маргу ҳаёт буд ва бо фиреби инки мехоҳад бо дасти Султон Мурод мусалмон шавад бо ханҷари заҳрогин бар ӯ зхарба зад. Вақте пас аз  гуфтани калимаи шаҳодат,ки ӯро Султон Мурод ба оғуш кашид ӯ бо он ханҷари заҳрогин зарба зад. Магар инро метавон мардонагӣ номид? Султон Муроди Аввалро дар таърих ба номи Султони фотеҳ ва Султони Шаҳидҳам номидаанд.

 

Пас аз ин қатли ом дар Зеландияи нав чӣ гузашт?

 

Пас аз ин қатли оме дар ин кишвар сурат гирифт таваҷҷуҳ ба дини ислом хело зиёд шуд.Ба иттилоъӣ маркази исломии ин кишвар бо иттилоъе,ки дар дасти ин марказ вуҷуд дорад аз 17-уми март то охири моҳи мубораки рамазон 543 аз шаҳрвандони Зеландияи нав,ки аз ирқи аслии ин кишвар мебошанд ба дини ислом мушарраф гаштаанд.Дақиқан ин аз он шаҳодат медиҳад,ки вақте мардум мебинанд,ки мусалмонон бегуноҳ ва дини ислом дини хушунатзо ва ваҳшатафкан нест.Ҳама ончи ба ин дин нисбат медиҳанд онҳо бофта ва сохтаанд бе дудилагӣ мусалмон мешаванд.

 

   Албатта дар ин ҷинояти қатли омме, ки террорист Бринтовн Торонт бар мусалмонони бе силоҳ дар ибодатгоҳ анҷом додааст,ба ҷуз аз кин ва ҳасад чизи дигаре нест.Мо мусалмонон набояд ба ин фитнаҳо ва кинаҳои ҳар хирасари бе басират дода шавем.Мунтазири ҳукми одилонаи додгоҳ мебошем,ки он дар моҳи майи соли 2020 сурат мегирад ва умед дорем ҷазои сазовореро барояш содир менамоянд.Ба қавли сарвазири давлати Австралия набояд чунин афроди бемор дар ҷомеъаҳо зиндагонӣ намоянд ва ҳаёти инсонҳои солимро зери хатар гузоранд.Набояд ин қотили ваҳшатафканро чизе табриъа ва бегуноҳ қаламдод намояд ва ба ин умедҳам дорем.

 

Share This Article