Ба ман динатро бигӯ?

Ислоҳ нет

 

саволе,ки дар нуфусшумории соли 2020 ба мусалмонони Тоҷикистон дода мешавад

 

Саволи алоҳида дар робита ба мансубияти динӣ ва пайравӣ аз мазҳаб дар ҷараёни маъракаи нуфусшумории соли оянда  мусалмонони Тоҷикистонро дар баробари режими Раҳмони исломситез қарор медиҳад. Раҳмон ва мафкурасозони ҳукумати исломситези ӯ коре ба кори ақвоми ғайримусалмон надоранд ва ҳадаф аз пеш овардани ин пурсиш шумораи ғайримусалмонони Тоҷикистон ҳам нест. Инҷо ҳадаф танҳо муайян ва мушаххас кардани шумораи мусалмонони Тоҷикистон аст ки тайи бахусус ду панҷ солаи ахир ба маҳзи мусалмон будан ва пайравӣ аз ойини муҳаммадӣ саркӯб ва шиканҷаву зиндон, фирорӣ ва ҳатто кушта мешаванд.

 

Албатта, бо баҳона ва пӯшишҳои мухталифе чун узви созмонҳои тундраву ифротӣ, салафӣ,доишӣ, наҳзатӣ, шиа,мулло ва ғайраву ҳоказоҳо. Дуруст аст ки Раҳмон ва сиёсати ӯ ҳеҷ гоҳ иҷозаи баргузории озодонаи маросимҳои исломиро аз ҳамон оғози рӯи короӣ надода буд. Вале  то ҳадде, бахусус  то ва баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дину давлат дар канори ҳамдигар амал мекарданд. Зеро яке аз тарафҳои сулҳи тоҷикон тоҷиконе буданд, ки ба таври аланӣ ва ошкоро ва ҳатто бо истифода аз силоҳ аз ҳуқуқҳои динии худ дифоъ карда ва водор карда буданд,ки ҳизби сиёсии исломиро амалан вориди саҳна ва майдони сиёсат бикунанд ва ҳизби динӣ дар сатҳи Қонуни асосӣ пуштибон ва муттакои мардумӣ касб карда буд.Ва,ҳамин тавр бар сари ин тавофуқ, ки минбаъд аз ислом ва ҳуқуқҳои мусалмонон дар Тоҷикистон ҳизбе намояндагӣ хоҳад кард, на танҳо ду тарафи даргир, кишварҳои минтақа Русия ва низ Созмони милали муттаҳид аҳду паймон карданд. Аммо бо рӯи кор омадани Саймумин Ятимов-раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  ва таҳти назорати ин ниҳод қарор гирифтани тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ ва ба вижа идеоложии ҳукумат ҳамзистӣ ва осоиши дину давлат аз байн бурда шуд. Ва тайии ду панҷ солаи ахир дастгоҳи таблиғотӣ ва идороти қудратии кишвар бо тамоми имконот муқобили дини ислом ва мусалмонони Тоҷикистон ба муборизаи оштинопазир шурӯъ карданд.

 

  Ибтидо диску навори мавъизаҳои руҳониёни саршинос аз фурушгоҳҳо барчида чоп ва нашри адабиёти динӣ пурра мамнуъ ва дукондорон барои фурӯши ин ҷарима баста шуданд. Руҳониҳои саршинос ва мардумӣ аз минбарҳои масоҷид барканор гардиданд. Ҳукумат дар раъси ҳатто Амиршо Миралиев,раиси маъмурияти президент бозор ба бозор, мағоза ба мағоза,бемористон ба бемористон ва то зиошгоҳҳо рейдҳо ташкил карда ҳиҷоб ва сатри модарону духтарони мусалмонро иҷборан аз сарашон гирифт.Рафтани бонувону дӯшизагони муҳаҷҷаба ба идорот ва коргоҳҳо қатаған эълом гардид. Бо ворид кардани ислоҳот  ба қонуни дин ва қабули қонуни танзими анъана боз ҳам маҳдудиятҳоеро дар роҳи рушд ва ривоҷи дини ин мардум бештар эъмол карданд. Кор то ба ҳадде кашид,ки ба аркон ва фароизи исломӣ аз қабили намозу рӯза, закот ва ҳаҷ таҳрир дароварданд ва ба гунае ин аркони асосии исломро хостанд дасткорӣ ва таҳриф кунанд. Ҳамакнун сабақи ҳуҷраӣ мамнуъ аст, то 35 сола набояд ҳаҷ биравад, то 18 сола масҷид равад муҷрим ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.Имомхатибон таъинотӣ ва бо пешниҳоди мақомоти амният таъйин ва мансуб мешаванд.Масҷид ва минбари он як навъ дастёри мақомоти амният ва ҳукумат шудаанд. Матни мавъизаҳо аз тарафи устодони собиқи материализми диалектикӣ ва философҳои атеист навишта мешаванду ба дасти хатибони масоҷид медиҳанд,то аз рӯй он суҳбат кунанд. Мунтаҳо дахолати давлат ба умури дин бо таври бесобиқа густариш пайдо кард.Сиёсати идеоложӣ тавре пеш бурда шуд,ки дини поку мусаффои ин мардум душмани ҳукумат шиносонида шуд. Имрӯз так-таки мардуми кишвар медонанд,ки Раҳмон ва ҳукумати ӯ бо ислом ва мусалмонӣ шадидан мушкил доранд ва беҳтар аст бо ин ҳукумат аз шаробу арақу май вориди сӯҳбат шуд, то аз ислом ва аркони он. Ҳатто чойхонаҳоеро,ки арақ намефурухтанд, водор карданд,ки арақ бифурӯшанд.Таъбиру ибороти адабиёти фаромушшудаи коммунистӣ: “дин афюн аст” ,“ ислом монеаи рушд аст”,   ” ҷаҳолати асримиёнагӣ” , “мутаассибони исломӣ”, “ба қафо ба асрҳои миёна” , “ дини ислом торикӣ аст” ва “тундравони исломӣ, исломиҳои ифротӣ”  ва  ба ин монанд айбу иттиҳомҳо ба ин дини покро ҳамрӯза дар расонаҳо таблиғ мекунанд.

 Масоҷид баста, милисаҳо дар даст таёқи резинӣ наврасони намозхонро зарбу лат мекунанд, то ҳатто бархе аз масҷидҳо ба буфету ресторану дискоклубҳо табдил дода шуданд.

Дар ҳамин се ҳодисаи ахири дар зиндонҳои кишвар рух дода танҳо ва асосан онҳоеро ба қатл расонидаанд,ки намозхон буданд ва бархеашон ҳам муллову донишманди улуми исломӣ.  Нагузоштанд,ки аҷсоди ин мусалмонони мазлум шуста ва кафан пӯшонида ва бо ҷаноза дафн шаванд. Давлат ошкоро ирзу номус ва шарафу эътибори диниву мазҳабии мардумро зери по гузошта мавриди иҳонат ва ҳақорат қарор дод ва ин паёмрор ба ҳама расонид,ки дину оини шумо ин кори шумо аст. Мо дини шуморо,исломи шуморо ба як тини сиёҳ намегирем ва арзише ҳам барояш қоил нестем.Риши мусалмононро дар баъзе аз шуъбаҳои милиса қоқоқоқ тарошиданд. Агар неруи мухолиф ҳизби исломӣ буд ҳоло ин ҳизб ба таври аланӣ дар Тоҷикистон амал намекунад,аммо худи ислом бо вуҷуди саркуб шудан, шатта хӯрдан, шиканҷа шудан вуҷуд дорад. Аммо ҳамин мавҷудияти ислом  режим ва масъулияти амнияти онро бештар дар ғазаб мекунад ва барои ҳамин ислом дар хона, дар кӯча, дар коргоҳ дар масҷид аз сӯи ин режим таҳти таъқиб қарор дорад.Исломро “розыск”  ё “исломро дар кофтукоби ҷинояти додааст”.

 

Дақиқан дар ҳамин ду панҷсолаи ахир ҳамзисти дину давлат дар Тоҷикистон аз байн рафт. Метавонам дақиқан бигуям ин ҳама мусибат,пас аз имзои “ПРОТОКОЛИ 32-20»,то имрӯз идома дорад. Бо тамоми талош сулҳу ваҳдат шикаста шуд. Давлат душмани дини миллат шуд.Давлат имрӯз бо атбои худ, ки мусалмон аст, дар ҳоли ҷанг аст. Дину диёнат дар ҳар давлати дунё кори хусусӣ аст. Дин ниёзи фитрӣ ва марбут ба ҳарими хусусӣ аст,ки давлат коре набояд дошта бошад.

 

Аммо ҳоло бояд бидонанд ва бишуморанд,ки мусалмони Тоҷиистон чандтои дигар боқӣ мондааст. Чун нафаре,ки ҳамчунин сиёсати зидди исломӣ ва исломситезӣ дар Тоҷикистонро  пеш мебарад ва худро масъули амнияти 9 миллион мешуморад бо ин дин, на инки имрӯз ҳанӯз аз ҳамон оғози фаъолият дар КГБ-и собиқ мушкил ва нафрати шадид доштааст. Сайиданвар Камолов, раиси асбақи КГБ-и Тоҷикистон дар ёддоштҳои худ навишта  ва ёдовар шудааст,ки онҳо ҳанӯз дар ҳамон солҳои пешин муқобили ислом ва исломиҳо фаъолият пеш мебурдаанд:

 

Ҳанӯз аввали соли 1984 ба созмонҳои давлатии бехатарӣ далелҳое дастрас шуданд, ки аз ташкили анҷумани кӯчак, ё гурӯҳи хурде башорат медод, ки ният доранд бо роҳи осоишта ё дигар василаҳо шакли давлатдориро тағйир диҳанд.Барои он замоне ки ҳама дар сотсиализми баркамол сокин буданду ба сӯи ҷомеаи бесинфӣ мерафтанд, маълумоти ба­дастомада хеле ҷиддӣ буд.Бо мақсади аниқу дақиқ кардани он маълумоти таъҷилӣ дар ҳайати кормандони соҳибтаҷрибаи КДБ (кумитаи давлатии бехатари) Саймумин Ятимов (феълан Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ҳамроҳхон Зарифов ( вазири корҳои хориҷии собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Икромиддин Неъматов корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ва мусаннифи ин сатрҳо Саиданвар Камолов комиссион созмон доданд. Комиссион ӯҳдадор буд, ки маълумоти дастрасшударо тасдиқ ва ё рад кунад. Роҳбарии комиссионро ҷонишини якуми раиси КДБ, шодравон полковник Комил Пӯлодов ба ӯҳда дошт. Давоми 6 моҳ мо маводҳои мавҷударо омӯхтем ва қарор додем, ки аз оғози солҳои 80-ум дар ҷумҳурӣ гурӯҳи махфии экстремистии диние гардиш дорад ва дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки сохти давлати мавҷударо вожгун ва давлати исломиро пойдор созад.Ба ин ният онҳо ҳизби ғайрирасмии наҳзати исломии (ҲНИ) Тоҷикистон таъсис доданд”.

 

Ташкили “фабрикаи ҷавоб” ва ҷалбу истифодаи асотид ва донишҷуёни донишгоҳҳо дар саросари кишвар ва аҷир кардани онҳо зидди ислому муллоҳо ва ҲНИТ низ кори дасти ӯ гуфта мешавад. Ҳануз аз ҳамон солҳои аввали кор дар КГБ бо имзои мустаори Суннатуллои Иброҳим  чанд матлаберо дар муқобили ислом ва муллоҳо ба нашр расонида будааст ва ҳамин ҳоло ҳам бархеҳо бар ин боваранд,ки худи ӯ нишаста мақолаҳо бар зидди дини ислом менависад ва дар навиштаҳояш бештар аз Марксу Энгелс  саромадони таълимоти бехудоӣ иқтибос меоварад. Шояд овоза бошад,аммо мегуянд дар худи Комитет ӯро “Маркс” тахаллус додаанд. Мулло, домуло, шайху эшону сайиду содотро чашми дидан надорад. Нафаре,ки иддао мекунад,ки масъулияти амнияти 9 миллионро бар ӯҳда дорад дар амал бо ин шумора, ки қисмати мутлақаш мусалмон мебошад ва ба масҷид мераванд ва рӯза мегиранд танаффур дорад.Ҳатто вақте шахсеро ба КДАМ ба кор мегиранд,саволи якум ин аст намоз мехонӣ? Агар гуяд бале дигар ӯро ба ин ниҳоди зидди миллӣ ба кор намепазиранд. Суол ҳам ин аст ки чи тавр нафаре,ки ғайридин,балки зиддидин аст, ҷамъияти мусалмонро ҳифз ва амнияташро таъмин мекарда бошад?

 

Худам бо як корманди амниятӣ суҳбат доштам ва маро барои бозгашт ба ватан даъват мекард.Дар рафти гуфтовард вақте гуфтам чаро инқадар мардуми бегуноҳро барои ҳимоят аз як диктатор ва хонадонаш мекушед,зиндонӣ мекунед,туҳмат мекунед? Ҷиддӣ ва кутоҳ чунин гуфт: “домулло мо барои ҳифзи ҷони ҳашт миллион шаҳрванд омодаем як миллионро қурбон кунем”

Гуфтам охир кадом ҳашт миллион?

Гуфт: “барои боқи мондани пешво дар қудрат, раиси кумита омодааст як миллон нафарро қурбон намояд” 

Аз ин гуфтовардҳо чунин хулоса ва натиҷагирӣ метавон кард,ки чунонеки медонем аз солҳои 1992-97 ё солҳои ҷанг,то ба имрӯз ҳукумати “Фронти халқӣ” ҳудуди чорсадҳазор ва ё каме боло ва поён,ҳудудан ҳаминқадар шаҳрвандонро куштаанд,боқӣ мондааст шашсадҳазори дигар.Дар назар доранд қишри огоҳи миллатро бо ҳар роҳу василае чун ошуб дар зиндон,экстримист,салафӣ,наҳзатӣ ва садҳо туҳмати дигар бояд аз миён бубаранд.Онҳое дар хориҷ таҳсил кардаанд номҳои муборакашон дар сархати ин куштамешудаҳо қарор дорад.Нагуед мо кор надорем ба ҷаноб,онҳо ба шумо кор доранд,инро фаромуш накунед!

 

Акнун “чӯҷа”-ро бояд бишмаранд. Чун тирамоҳашон ҳам расидааст.

 

Ҳоло ки саволи мансубияти динии мусалмонони Тоҷикистон ва низ пайрави кадом мазҳаб будани ӯро  мехоҳанд дақиқ  кунанд, на ба ин хотир аст ки коре барои нумуи ислом анҷом диҳанд, сабуки ва осоние барои ибодат ва ибодатгоҳҳои онҳо оваранд, На. Барои мисол як киловат нерӯи барқ ба корхонаи Талко сеяки нархи аҳолӣ дода мешавад аммо барои як масҷид бо нархи аз ҳама гаронтарин фурӯхта мешавад. Саволи гузоштаи онҳо бо нияти хайр нест, хайре дар он вуҷуд надорад. Ҳадаф хуб нест. Ният бад аст. Оянда боз чӣ балоҳое бар сари ислом хоҳанд овард?

 

Агар ки бидонанд ва бифаҳманд,ки ин ҳама талошу саркӯбу куштору тарсониданҳо натавонистааст имони мусалмонро заиф бисозад ва ҳоло ҳам бо забони дароз хоҳад гуфт,ки алҳамдулиллоҳ, мусалмонам.Агарчи тазъиф намудаанд вале фаромуш накунанд,ки ин дини Аллоҳ аст ва ҳомии ин дин худаш мебошад ва ба он ваъдаҳам кардааст. Дар ҳар сурат ин суолро ҳадаф ин аст ки бидонад,ки мубориазаашон алайҳи мусалмонон ва ислом, то куҷо натиҷа ва самар овардааст.

 

Таъсир ва натиҷаи корҳои зидди динии худро санҷидан мехоҳанд. Тайи ду панҷсолаи ахир, ки ботамоми аҳрум ва фишангҳои давлатӣ болои ислом ва мусулмонон тохтанд мехоҳанд бибинад ва бифаҳманд,ки ҳосиле ба даст омадааст, мусалмон ҳоло ҳам мусалмон аст? Барнома ва тарҳҳои исломзудоиашон,ки ин ҳама муддат татбиқ карданд боз ҳам сармоягузор пайдо хоҳад кард? Акнун “чӯҷа”-ро бояд бишмаранд. Чун тирамоҳашон ҳам расидааст.

 

 

 

 

 

Share This Article