Ба раиси Хадамоти Гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода

Technik
By Technik

Ба раиси Хадамоти Гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода

аз номи як гурӯҳ тоҷирон ва соҳибкорон

Номаи саркушода 

Мо,як гурӯҳ аз соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистон ҳастем, ки ба воситаи Роҳи оҳан-қатор ва роҳи заминӣ-автомобилҳои боркаш аз хориҷи кишвар маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ворид мекунем. Тамоми расмиёти молу колои мо қонунӣ аст ва аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Турсунзода онҳоро ба кишвар ва мардуми азизамон ворид мекунем. Ин кори осон ва бидуни азобу дардисар нест. Ҳазору як мушкил дорад. Вале ҳазору як мушкил ва дарди сару азобҳои мо дар берун аз ватан дар пеши мушкилоте,ки дар гузаргоҳи марзии Турсунзода бо он  рӯбарӯ мешавем, чизе наменамояд. Агар ин мушкил ва масъала як бор, ду бор, даҳ бор, сад бор пеш меомад, чизе намегуфтем: бало ба пасаш, садқаи сар…мегуфтему мерафтем. Вале ин ба як дарди доимӣ табдил шудааст ва ҳамеша моро таъқиб ва ҳамроҳӣ мекунад. Даст аз гиребонамон намебардорад. Ба гуфте “қуртакҷафакмон” кардааст. Валлоҳ, як ҳарфамон дурӯғ нест ва агар дурӯғ буд насибамон накунад. Агар то ҳамин марз дилхоҳ маҳсулот хоҳ ғизоӣ ва ё хоҳ сохтмонӣ, барои мисол 10 сомонӣ арзиш дошт, баъди радд ва убури он ҳатмани ҳатман 20 сомонӣ хоҳад шуд. Чорае дигар боқӣ намемонад. Манзурам аз ин муқаддимачинӣ чи буд?

Инҷо мехоҳем аз порахӯрӣ ва ноадолатиҳои корманди гумруки гузаргоҳи Дӯстии шаҳри Турсунзода –  Сулаймонов Ҳабибулло Раҳматуллоевич чанд сухан бигӯем. Соли таваллуди ӯ 1987  аст, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти собиқи Кулоб. Ногуфта намонад, ки раиси Идораи гумруки шаҳри Турсунзода додарарӯси Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мебошад, аз авлоди Давлатовҳо. Аммо тамоми воридот ва содироти борҳоро Сулаймонов Ҳ.Р контрол ва ҳуҷҷатгузорӣ менамояд. Ӯ худро яке аз наздикон ва хешованди наздики Мурод Саиди муҳофизи аввали Эмомалӣ Раҳмон шиносонида худаш шоҳу табъаш вазир мебошад. Инчунин ӯро ёрдамчӣ ё ба истилоҳи дигар адютанти Раиси Кумитаи амният бо номи Султон, ки ӯ низ зодаи н. Восеъ аст пуштибонӣ мекунад. Чанд маротиба аз пеши тоҷирон ба Султон занг зада баъзеи онҳоро бо дасти Султон “шикаста аст” ва маълумотҳо дар даст дорем, ки дар тамоми амалҳои ғайриқонунии Сулаймонов Ҳ.Р. Султон шарик буда, дар “доля” ҳамроҳ аст. Худи Сулаймонов. Ҳ лоф зада гуфтааст,ки ӯ ба Султон -ёрдамчии Раиси Кумитаи амният барои дастгирӣ ва пуштибониҳояш автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри”-и рангаш сафедро тӯҳфа кардааст. Вақте агар кадом соҳибкор ё тоҷире “гап”-и Суламонов Ҳабибуллоро нагирифт “дело” ва “кор”-и ӯро дар амният  ва маҳз ҳамин  Султон “мебинад”. Барои ҳамин инҷо як навъ “фаъолияти муштарак” роҳандозӣ шудааст ва Тайота инъом кардани Ҳабибулло ба Султон кадом тӯҳфае нест, балки ҳаққузаҳмаи як  каме гаронтар асту бас.

Аз ҳамин рӯ ӯ бо дилу гурдаи пур тамоми тоҷиронро мисли кана хунашонро макида истодааст. Агар тоҷир аз хориҷи кишвар ба маблағи 100 ҳазор доллар бор ворид намояд ва тамоми ҳуҷҷатҳои гумрукиро ба расмият дарорад “ставка”-и Сулаймонов Ҳ. Р. 10 ҳазор доллар муайян  шудааст. Агар “ставка”-ро надиҳӣ бо ҳар баҳона моли туро нигоҳ дошт, баъзе аз маҳсулотро мӯҳлаташро гузаронида ва ё дар ин байн маблағи стоянка дучанду сечанд зиёд шуда аз 10 ҳазор доллар ҳам зиёдтар мешавад, ки бар зиёни тоҷир хоҳад буд.

Бовар кунед ӯ аз баъзе воридкунандаҳои автомашинаҳои хориҷӣ автомашинаҳояшонро кашида мегирад. Дар хиёбони А. Навоӣ дар як бинои 5 ошёна 1ум ва 2юм ошёнаро пурра харидааст. Магар бо як маош мумкин аст чунин хонаҳоро харидан?

  Дар ҳудуди маҳаллаи Авули Душанбе замини як фақири бечораро маҷбуран кашида гирифта  дар он хонаи 3 ошёна бо тамоми шароиту санъаташ сохт, ки ин биноро аз сангу сементи таҳкурсӣ то тамоми масолеҳӣ сохтмонӣ ва таҷҳизоти хона ва маошу ҳаққи кори сохтмончиёнро мо тоҷирон бо дили нохоҳам, мурда-мурда, заҳру заққум шавад гуфта пардохт кардаем. Бовар накунед ҳам ихтиёр аз шумо аст, пули хӯрду хуроки сохтмончӣ ва устоҳои хонаашро ҳам болои мо ”грузит” кард.

  Вале ӯ тамоми манзили зисташ ва дигар моликияти ғайриманқулашро ба номи наздикон ва хешовандонаш ҳуҷҷат кардааст, ки ҳеҷ яке аз онҳо дар ягон ҷой кор намекунанд. Аксарияти хонаҳояш ба номи модараш Ривоҷева Марям Назриевна соли тавалудаш 1964 ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. 6 адад мошинҳои савории гаронарзиши хоричӣ дорад, ки нархи яктои он аз 400 ҳазор сомонӣ кам нест.  

Ӯ худро дар маҳаллаи Авули Душанбе ҳамчун генерали Хадамоти гумруки ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ менамояд.

  Ёдатон бошад дар як ҷаласи кормандони мақомот Эмомалӣ Раҳмон,гуфта буд, ки аксарияти кормандони гумрук пули ҳаққи давлатро ба ҷайби худ мезананд ва аз дасти ҳамин корҳои онҳо аст ки бизнесменҳо ба дод омадаанд. Дар ҳамон маҷлис Шаҳбоз Раҷабзода-сардори терминали гумрукии фурудгоҳи Душанберо гапҳои сахт гуфта аз толори маҷлис пеш кард. Порагириву пулситонии  Шаҳбоз Раҷабзода назди ришвахӯриву пулҷамъоварии Сулаймонов Ҳабибулло ҳеҷ аст.

  Чуноне гуфтем,тоҷире ва ё соҳибкоре аз пардохти “ставка” ва умуман хоҳишу талаби Сулаймонов Ҳабибулло сарпечӣ кунад ва ё хоҳад “нарх” пойинтар бурда шавад, дарҳол ному насаб ва нишонаи манзил ва маҳалли кори ӯро ба Султон- ёрдамчии раиси Кумитаи амният медиҳад. Султон бошад гоҳо худаш ва аксарият вақт тавассути сардорони идораҳои шаҳирву ноҳияии амният, андоз, онҳоро тахти фишори зиёд қарор медиҳад. Метавонем номи даҳҳо нафарро зикр кунем, ки бо чунин ҳолатҳо рӯбарӯ шудаанд. Кор ба ҳадде мекашад, ки ҳам ба намояндаҳои идораи шаҳриву ноҳиявӣ ҳақ месупоред ва ҳам боз рафта ба худи Сулаймонов Ҳабибулло пули иловагӣ дода ва зораву илтиҷо мекунед, ки кори намешуданӣ шуду дигар такрор намешавад. Ин як рӯзи сиёҳ ҳаст дар ҳақиқат.

Мо, рости гап намедонем, ки аз ин ҳама моҷарои ба сари соҳибкору тоҷирҳои меовардаи Сулаймонов Ҳабибулло ва ҳаммаслакони ӯ роҳбарияти Хадмоти гумрук, раиси Кумитаи амният, Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон бохабар бошанд ё хайр? Барои онки ин корҳоро тамомоман рӯирост ва ошкоро анҷом медиҳанд ва гӯиё ин ҳама корҳоро бояд ҳатман анҷом диҳад. Ҳатман пора дода баъд иҷозати даровардани молу маҳсулотро ба даст меоваред. Агар надодед 100 тонна чи кӣ 1000 тонна мурғ ва ё йогурт дар зери офтобу борон пӯсида хоки сияҳ шавад ҳам иҷозат надоред, ки дохили кишвар кунед. Ба Худо ин як рӯзи сиёҳ аст! Бо вуҷуди ин ҳама ришвату порагирии окшоро Сулаймонов. Ҳ тавре гап мезанад, ки ҳама калонҳоро мешиносад ва ҳама дар пушти ӯ истодаанд. Кас ҳайрон мешавад, ки наход ҳамин гуна шахси  соҳиби дасту дили нопок дар ҳамин гуна як ҷойи муҳимми давлатӣ кор кунад ва боз вонамуд кунад, ки ин корҳои ӯро мақомоти боло дастгирӣ мекунанд.

Сулаймонов Ҳабибулло мегӯяд бо аҳлу оила ва фарзандони раиси ҷумҳур дӯстӣ дорад. Ҳар гоҳ ки хонаи онҳо рафт багажи мошинро пур карда баъд мерафтааст ва дар конверт ҳам “сафедӣ” медодааст. Дар як сӯҳбат иқрор кард, ки ҳафтаина ба хонаҳои Мурод (телехи Президент) ва Султон (ёрдамчии раиси КДАМ) бозорӣ карда мебурдааст.

  Ин чи давлату давлатдорӣ аст?

Як гурӯҳ аз тоҷирону соҳибкорони ҷабрдида аз дасти Сулаймонов Ҳабибулло.

Ps: Хонандагони гиромӣ онҳое аз дасти ин коррупсионер Сулаймонов Ҳабибулло зарари молӣ ва осебу зиёне дидаанд,марҳамат ба Ислоҳ нависед,то онҳоро ба миллат ва мардуми кишвар расонем. Аз касе натарсед ва агар чунин хомӯш бошед зулми ин ғоратгарони мақомдор болоятон рӯз аз рӯз бештар мегардад. Ислоҳ дар хидмати шумо ва барои инъикоси дарди шумо ҳамватанони гиромӣ таъсис ёфта аст.

Share This Article