Баҳси Барзу Абдураззоқов бо Муҳиддин Кабирӣ

Ислоҳ нет

 

Ин суҳбат дақиқан даҳ сол қабл сурат гирифта буд, дақиқан шаш моҳ пеш аз интихоботи порлумонии соли 2010.Ҳангомеки ин суҳбатро хондам хостам бори дигар онро нашр намоям,то бори дигар ба даҳсол қабл баргардем ва бубинем дар он солҳо дар кишвар чӣ мегузашт ва оё лаҳни сухангуфтанҳо тағйир кардааст ва ё ончӣ дар кишвар мегуфтанд ҳолоҳам чунин мегӯянд.Ончӣ дар ин суҳбати самимона буд ҳеҷ дасткорие ва ё тағйиру табдиле дар он ворид накардам,қазоват ба худи хонандагони Пойгоҳи Ислоҳ.

 

Пеши Худову миллат ҳама бояд тавба кунем

Барзу: Ин субҳ бори дигар ба ҳолати шок даромадам. Рўзномаеро кушода мехонам. вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ҳини маросими кушодашавии кадом як литсеи наве, вақте, ки вориди маҷлисгоҳ мешавад, гимнеро, ки аллакай садо медод, хомўш мекунанд.Ӯ ақаллан сабр намекунад, ки гимн ба итмом бирасад ва баъд вориди толор бишавад. Баъдан ба минбар баромада аз он ҷо ба таҳқири занони сатрпўш шурўъ мекунад. Ӯ онҳоро бо алфози қабеҳ таҳқир мекунад ва ҳатто маймун мегўяд.

Масъала на ин ҷост, ки он зан чӣ гуна либос пўшида буд, балки гап дар сари он аст, ки ў занаст ва дар гирду атрофи ў бачаҳо истодаанд. Бачаҳои мактабхон. Мутаассифона, он ҷо як нафаре ёфт нашуд, ки аз шаъну шарафи зан дифоъ кунад. Дар ин робита ман аз Шумо пурсиданиям, ки Шумо чӣ нуқтаи назар доред оиди чунин рафтори Вазири маорифи кишвар, ки ба фикри ман ҳам динро таҳқир кардаасту ҳам ҳуқукҳои инсониро помол намудааст?

 

Кабирӣ: Ман ҳам ин маводро хондам. Барои ман ин чизи нав набуд. Зеро қаблан ҳам чунин рафтор нисбати хоҳарон ва заноне, ки сатрпўш ҳастанд ё ҷавононе, ки риш доранд, содир шуда буд ва чунин суханҳо ва ё ибораи дағал, дурушт садо дода буд. Вале ин бори аввал аст, ки чунин суханон ба матбуот кашонда мешаванд. Қаблан вақте, ки мо дар бораи рушду нумўи радикализми дунявӣ сўҳбат мекардем, (мутаассифона, дар Тоҷикистон радикализми динӣ ҷои худро ба радикализми дунявӣ дода истодааст), ба мо мегуфтанд, ки шумо масъаларо аз ҳад доғ ва аз ҳад зиёд муболиға мекунед.

 

Дар Тоҷикистон радикализми дунявӣ вуҷуд надорад. Танҳо радикализми динӣ вуҷуд дорад. Вале дигар имрўз ҷомеъа огоҳ шуд ва нишонаҳои радикализми дунявӣ дар кишвари мо аз ҳама ҷо сар зада баромада истодаанд. Дигар ин ибораҳои дағалу дуруштро нисбати зан модар мо аз телевизион мешунавем, мо аз расонаҳо мехонем ва аз забони масъулини баландмақоми давлатӣ мешунавем. Дигар касе гуфта наметавонад, ки дар ҷомеъаи мо радикализм нест. Ҷои таассуф аст, ки радикализми динӣ ва дунявӣ ҳарду баробар қадам зада истодаанд. Ва яке сабаби пайдоиши дигаре мешавад. Эҳтимол дорад, ки радикализми динӣ боиси пайдоиши радикализми дунявӣ шуда бошад ва эҳтимол дорад, ки ин бебандубориҳои радикализми дунявӣ оқибаташ боз пайдоиш ва тақвияти радикализми динӣ шавад.

 

Ман хеле афсўс мехўрам, ки мо касоне, ки андешаи созанда доранд, касоне, ки тарафдори дунявият ва ё дини мўътадил ҳастанд, андешаи динии мўътадил ва андешаи секулярии мўътадил ҳастанд, инҳо натавонистанд шиорҳоро, рамзҳоро аз дасти радикалҳо бигиранд. Ман ошкор мегўям, оқои Барзу, ин айби ману Шумо ҳаст. Мо ҳарду инҷо нишастаем. Агар қабул кунед ин ҷо камбудии ман ҳаст, ки натавонистем аз дасти ифротиҳои динӣ шиорҳоро бигирем ва дар ин ҷо камбудии Шумо ҳаст, ки натавонистед аз дасти ифротгароҳои дунявӣ шиорҳоро бигиред.

 

Барзу: Сад дар сад розӣ ҳастам.

Кабирӣ: Ва инак онҳо дар майдони дин пештозонанд. Худашонро метарконанд ва бо ҳамроҳии худ дигаронро. Онҳое ҳастанд, ки таҳқир мекунад, мекушанд бо номи ислом. Ва дар майдони дунявиҳо низ боз ҳам тасмимгиранда намояндаи расмӣ имрўз онҳое ҳастанд, ки таҳқир мекунанд, манъ мекунанд, маҳдуд мекунанд. Мову Шумо табдил шудем ба тамошобин, ба мусоҳиб, мусоҳибагиранда ва ҳамон тавре, ки дар мақолаи қаблиатон навишта будед як хомўшӣ ва бетафовутии ҷинояткорона (ҷиноякоронаро ман аз худам илова мекунам. Муҳиддин Кабирӣ) шумо ин ибораро надоштед, Шумо бештар дар бораи бетафовутӣ сўҳбат мекардед. Мегуфтед, ки ҳама бетафовут шуданд. Вале ман мегўям, ки ин то ҳаде ҳаст, ки дигар аз ҷониби андешаманд ин қадар хомўш нишастан, майдонро ба фоидаи ифротиёни ҳарду тараф тарк кардан ин ҷиноят дар назди фарҳангу миллат аст.

 

Барзу: Оё  ҳоло вазифаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ин нест, ки аз ин мардуми ҳуқуқҳояш помолшаванда бо истифода аз матбуоти даврӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тарафдорӣ кунад? Охир, каси дигари ин кор мекардагиро ман намебинам, такягоҳашон шумоед?

 

Кабирӣ: Бубинед Барзу. Аз ин бармеояд, ки Шумо болои айсбергро дидаед. Тоза вориди ин масъала шудаед, пештар хабар надоштед. Ду-се сол пеш вақте, ки хоҳарони дар Донишгоҳи миллӣ таҳсилнамударо барои сатрашон берун карданд аз донишгоҳ, онҳо 15-16 нафар ба ман муроҷиат карданд. Гуфтанд, ки Шумо ҳизби динӣ ҳастед, вазифаи шумо ҳаст дифоъ кардан аз ҳуқуқи диндорон ва онҳое, ки сатр мепўшанд. Ва мо ҳам тибқи дархости онҳо рафтем бо масъулини Донишгоҳ ва масъулини вазорат вориди баҳс шудем ва хоҳиш кардем, ки ба хоҳарон иҷозат диҳанд, ки таҳсилашонро идома диҳанд ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо кардем. Баъдан чӣ шуд? Моро муттаҳам ба он карданд, ки ин қазияи сирф диниро ба қазияи сиёсӣ табдил додем. Гўё ба нафъи ҳизб кор карда истодаем.

 

Аз пеши худ проблема сохта истодаем. Мо аз ин дар тааҷҷуб шудем. Ин корро мо аз пеши худ накардем. Ба мо муроҷиат карданд ва мо масъулияти худро ҳамчун вакил, ҳамчун намояндаи як ҳизби сиёсӣ иҷро кардем. Ҳамин нукта оғози  сардшавии муносибати мақомоти давлатӣ бо ҳизби мо шуд. Ҳоло ҳам мо вазифаи эмонӣ ва ҷонии худ медонем, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқи инсон, ба хотири амният ва тинҷии ҷомеъа боз ҳам ҳадиақал хоҳиш кунем аз масъулин, ки чунин муносибатро нисбати диндорон, ба хусус касоне, ки мехоҳанд либос ё намуди зоҳирии динӣ дошта бошанд, нисбати онҳо чунин амалҳо нашаванд. Вале метарсам аз он ки боз моро гунаҳкор ба он мекунанд, ки мо дахолат ба умури давлатӣ карда истодаем ва ин  масъалаҳоро сиёсӣ мекунем.

 

Барзу: Маро нобиноии ваҳшиёнаи он иддаъ одамон мекушад, ки ба фикри ман, эҳсоси худҳифзкуниро гум кардаанд. Ба ҳар яки мо Худованд эҳсоси худҳифзкуниро додаст. Мо мебинем, ки ҳар як иқдоми ба ин монанд чи гуна вокунишҳоро ба бор меорад, инсонҳоро чӣ гуна ба ғазаб меорад. Мо мебинем, ки кўчаҳоро ба чӣ табдил медиҳанд, мо мебинем, ки одамҳоро ба кӣ табдил медиҳанд, бо иқтисодиёт чӣ кор мекунанд ё аллакай бо он чӣ карданд? Ба замми ҳамаи ин таҳқир кардани инсонҳое, ки акнун танҳо ба ҳамин дин умед доранд, ба фикри ман оқибаташ хеле бад аст.

 

Оё шумо чунин фикр надоред? Вақте, ки ба иззати нафси як зан мерасанду намегузоранд рўмолашро бандад, чунин рафторро бо фарҳанг ҳам интизор будан мумкин аст. Шумо навакак гуфтед, ки барои бад шудани аҳвол дар байни диндорон мо ҳарду гунаҳкор ҳастем. Ман шуморо хуб дарк мекунам. Лекин хидмати Шумо арз кунам, ки соҳае, ки ман намояндагиашро мекунам, он ҳам ҷабрдида ҳаст. Дин ва фарҳанг дўш ба дўш қадам мезанад. Онҳо аз ҳам ҷудо нестанд. Ва вақте, ки якеро аз байн бурданӣ мешаванду дигареро ба ҳолати нобудӣ расонданӣ мешавад, дар баъзеҳо  инстинкти ҳайвони ваҳшӣ боло мегирад. Ин бўйи мурдор дар ҳавои мо сайр дорад. Мо ин чизро ҳис мекунем. Барои чӣ дигарон ҳис карда наметавонанд?

 

Кабирӣ: Ман фикр намекунам, ки онҳо ҳис накунанд. Қисми зиёд ҳис мекунанд. Вале ҳамон қисми зиёде, ки ҳис мекунанд, мисли ману шумо хомўширо ихтиёр кардаанд. Бетафовутиро ихтиёр кардаанд Муҳимаш ин аст, ки «ман нагўяму душман нашавам». Ин хеле мавқеи аҷибе ҳаст. Аз тарафи дигар бубинед, вақте, ки болои ин ҳама мушкилоте, ки дар ҷомеъа ҳаст, иқтисод заъиф, мардум маҳдудият доранд, барқ нест, ҳама мушкилот болои сари мардум омад. Ягона такягоҳи мардум ин маънавиёт ва фарҳанг буд, ки дар симои дин, шеър адабиёт, театр таҷассум меёбад. Ва ҳамон тавре, ки Шумо гуфтед инҳо ҳам оҳиста-оҳиста рў ба таназзул оварда истодаанд ва талоши дар қабзаи худ гирифтани дин ва фарҳангро ҳам карда истодаанд.

 

Чӣ натиҷа мешавад? Натиҷааш он мешавад, ки мехоҳанд як фарҳанги тамаллуқкорӣ ва хўшомадгўйро ба ҷои фарҳанги асил ва воқеии миллат ба вуҷуд биёранд. Аз тамаллуқкорӣ ва хушомадгўӣ як фарҳанг ба вуҷуд омадааст. Насле рўйи кор омада истодааст, ки ғайр аз тамаллуқу хушомадгўйӣ дигар хеҷ чизро намедонад. Ба ҷои дине, ки мустақил бошад, як дине биёранд, ки ҳамеша дар хидмат ва он ҳам тамаллуқкор бошад. Боз ҳам мехоҳанд масъулини динӣ, ниҳодҳои динии ҳамеша муттаҳаму ҳамеша хидматгору тамаллуқкорро ба вуҷуд биёранд. Башарият метавонад ҳама чизро тоқат кунад. Камбуди ғизо, камбуди гармӣ, камбуди шароити зиндагӣ. Вале ҳеҷ гоҳ таҳқирро наметавонад таҳаммул кунад.

 

Таҳқир дер ё зуд ҷавобашро медиҳад. Фарқ надорад он аз ҷониби кӣ ва дар кадом ҳаҷм анҷом мешавад. Барои ман норавшан аст ин ҳама таҳқире, ки хуб дар сўҳбатҳо буд, ҷойи худаш, вале ахиран дар расонаҳо ба таври расмӣ болои мардум фурў мерезад, ман намедонам, ки ба чӣ хотир аст ва ба чӣ далел? Чун бубине, ки сўҳбати мо бо Шумо дар мавзўи намунае аз ин таҳқирҳо шурўъ шуд, ман аз он метарсам ва воқеан як каме нигарон ҳастам, ки як талошҳое шуда истодааст барои як бори дигар ба муқобили ҳам гузоштани ду андеша, андешаи дунявӣ ва динӣ.

 

Миллати мо дар солҳои аввали истиқлолият бузургтарин зарбаро хўрд. Аз рўи чӣ? Аз рўи он ки баъзеҳо тавонистанд ин ду андешаро дар муқобили ҳам гузоранд. Ҳол он ки миллати мо дар тўли таърихи худ исбот кард, ки ин ду андеша на танҳо метавонад ҳамзистӣ кунад, балки ҳамкорӣ карда метавонад. Якдигарро пурра мекунад. Тамоми шуаро, нависандаҳо, аҳли фикру андешаи мо, ҳатто ҳокимони мо дар гузашта ин дуро дар паҳлўи ҳам доштанд. Такя ба ин ду мекарданд. Дину давлат. Ҳамон тавре, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳномааш» гуфтааст:

 

Чуноне, ки дину давлат ба ҳам андаранд,

Ту гўӣ ду дурре зи як гавҳаранд.

 

Вале инак баъзеҳо шояд ба хотири диққати мардумро аз ин мушкилиҳо бикашонанд ба самти дигар, (бубинед, вақти роҳи ҳалли мушкилоти мардум: мушкилоти иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, пайдо намешавад), аз ҳамароҳи осон пайдо кардани як гунаҳкор аст. Шояд баъзеҳо роҳи осонтаринро дар ин диданд, ки бояд динро гунаҳкор кард. Ва ин ҳама мушкилотро боз партофтанд ба дўши дин ва диндорон. Ман метарсам, ки аз ин ҷо бўйи фитнаи бузург омада истодааст. Акнун масъулияти мо дар чӣ аст? (чун суоли шумо равона мешавад бештар ба он ки мо ҳамчун як ҳизби сиёсӣ, динӣ ва ё дар сатҳи як шаҳрванд чӣ масъулият дошта бошем). Масъулияти мо ин ҳаст (ман инро барои ҳардуямон не, барои ҷомеъа ва тарафдорони худам мегўям), ки мо бояд ҳар имконе, ки дорем, худро аз ин фитна канор бигирем. Ба дасисаву провакатсия дода нашавем.

 

То он миқдоре, ки сабр карда метавонем ва дуъо кунем, ки Худованд сабри бештаре ба мову ба ин миллат бидиҳад, бояд дар муқобили ин ҳама таҳқиру хушунату ин ҳама амалҳои ғайриахлоқӣ бояд сабр кунем. Албатта ман ошкору равшан бояд бигўям, ки байни сабр ва тарсуӣ бояд фарқ бошад. Ин ҷо як нуктаи бисёр муҳим аст, ки баъзан мо сабрро, ё тарсуиро дар идомаи сабр мехоҳем пешниҳод кунем. 

 

На, ин нест. Мо бояд сабр дошта бошем, ки василаи фитнаву дасисаи бегонагон нагардем, дар баробари ин дар муқобили ин касоне, ки хушунат мекунанд, таҳқиру тавҳин мекунанд, бо садои баланд ва хеле ҳам ошкор бигўем, ки «Бародар бас!» ба қавли русҳо «Стоп! Дигар ин корро накунед шумо, ки амалатон ҳам хиёнат ҳаст, ҳам таҳқир аст ва ҳам тавҳин». Мо агар тавонем ин дуро дошта бошем: ҷасорати он ки ин гуна амалҳои ғайриахлоқӣ ва ин гуна фитнаангезиҳоро ошкоро равшан бигўем «бас, накунед дигар ин корҳоро» ва дар баробари ин сабр дошта бошем, ки корро ба ҳадди он нарасонем, ки боиси он шавад, ки баъзе душманони дар камин нишастаи миллат ва дин аз ин истифода кунанд. Чун як бор зарбаашро хўрдем. Фоҷиаро дидем. Воқеан дар ин шабу рўз душвор аст, душвор аст ҳам хомўш нишастану сабр кардан ва душвор аст боз  ҳам садо баланд кардану чизе гуфтан.

 

Барзу: Бубинед, дар ин ҷо як чизи аҷоиб аст. Ифротгароии дунявӣ ва ифротгароии динӣ. Дар симои ифротгароёни дунявӣ ман дағалии онҳоро рўйи рост мебинам. Ман ин чизро на танҳо аз рўйи суханонашон, балки аз он ки чӣ гуна ин кишварро, кишвари ману туро, обод мекунанд, мебинам. Вале вақте ба кисмати диндорон мегузарам чизи дигареро низ мебинам. Диски амри маъруфи бархе аз рўҳониёнро мехарам ва дар хона онро тамошо мекунам.

 

Чӣ мегўед, ки аз тамошои он дар тани ман ларза пайдо мешавад. Маро тарс фаро мегирад. Манеро, ки панҷ вақт намозашро тарк намекунад. Ман аз суханҳои воиз буйи бадеро эҳсос мекунам. Аз он гиря карданҳову сарзаданҳову дағалиҳое, ки аз минбар бармеояд, (« пашёл нахуйюш буген») ман метарсам. Ман дида истодам, ки байни худ ду қувваи  аз ҷиҳати ақлонӣ ва ҷисмонӣ хеле ба ҳам баробар бархўрд карда истодаанд. Дар ин ҳолат ғалабаи як қувва аз болои қувваи  дигар номумкин аст.Натиҷаи бархўрди ин қувваҳо фалокатбор аст, қиёмат аст, ман аз ин чиз метарсам? Шумо чӣ фикр доред?

 

Кабирӣ: Ман комилан бо Шумо розӣ ҳастам. Ҳамон тавре, ки Шумо метарсед, ман ҳам метарсам. Ҳамон тавре, ки қаблан гуфтам, ҳоло майдон дар дасти ин ду гурўҳ аст. Фанатизми динӣ аз як тараф ва радикализми дунявӣ аз тарафи дигар. Хуб, биёед тақсим кунем масъулиятро. Мо шуморо аз радикализми динӣ, шумо моро аз радикализми дунявӣ натарсонеду қадамҳои мушаххас бигузорем. Мо масъулияти рушди исломи мўътадилро ба дўш бигирем ва дар ин самт кор кунем. Бо ҳам. Мо талош кунем, ки майдони ифротиҳои диниро танг кунем. Бо ҳам якҷоя. Бояд майдони онҳо танг шавад. Аз тарафи дигар талош кунем, ки майдони радикалҳои дунявӣ низ танг шавад. Онҳо набояд ба ин шакл рафтор кунанд.

 

Ҳарду тараф. Билохира қурбонии ин ҳама бархўрди ду радикализм мову шумо ҳастем, миллат ҳаст, аксарият ҳаст. Бояд инро ишора кунам, ки ҳарду гурўҳи радикал ақаллият ҳастанд. Вале нерўи онҳо дар беҳаё будани онҳо ҳаст. Ман ошкор мегўям онҳо беҳаё ҳастанд. Онҳо аз ошкор шудани беҳаёгиашон назди мардум наметарсанд. Мову Шумо метарсем. Дар ин ҳол андешамандони ду тараф бояд сари ин масъала бештар андеша ронанд. Дар ин мавзўъ нишастҳои худро бештар кунанд. Ана ҳамин андешамандон бояд ҷасорати онро дошта бошанд, ки бигўянд:

 

«На, ин кишвар, ин миллат, ин дин моли мост. Шумо номаъқул кардед, ки аз номи дин дигаронрол метарсонед. Дўзаху биҳишт дар дасти шумо нест. Худо худаш довар аст. Ҳоло маълум нест, ки кадоме аз мо биҳишт меравад, кадоме  аз мо дўзах». Ва ҳамчунин бояд бо он садои баланд ба он радикалҳои дунявӣ бигўем, ки «на, шумо ҳам номаъқул кардед. Ин арзишҳову ин фарҳангу ин миллат, таърихаш, имрўзаш, ояндааш дар дасти шумо нест. Дар дасти мост. Дар дасти аксарият ҳаст, ки имрўз орому сокитанд ва майдонро ба ҳарду шумо додаанд. Мо бояд ин ҷасоратро дошта бошем.

 

Барзу: Як чизи дигар маро ҳайрон мекунад. Медонед, онҳоеро, ки ифротгароёни дунявӣ мегўем, онҳо ҷанги ошкороро алайҳи шумо оғоз карданд. Дар ин бора қариб ҳамаи расонаҳо мегўянд. Ин гапи махфӣ нест. Кадом рўзномаеро намегирӣ чизеро дар бораи ҳизби Шумо мехонем. Ё узви ҲНИТ-ро боздошт кардаанд ё ягон кори дигарро нисбати ў раво донистаанд. Ва касеро ҳам агар аз ин ҳизб маҳкум кунанд, албатта ба мўҳлатҳои хеле тўлонӣ 25 солу 30 сол. Дар зери ин коса чӣ нимкоса буда метавонад?

 

Кабирӣ: Бубинед, Шумо, Барзуи Абдурраззоқ, ки як шахсияти фарҳангӣ, театр, андеша ҳастед,  мустақиман тақрибан ба сиёсат рабт надоред, чун инро Шумо дарк кардед, пас онҳое ки бевосита ба сиёсату ҳаёти рўзмараи сиёсӣ сару кор доранд, инро барвақт дарк карданд. Мо низ нигаронии шуморо зудтар дарк карда будем. Дар зери коса чӣ гуна нимкоса буданашро ҳанўз дуруст нафаҳмидаам. Вале ҳаминашро аниқ медонам, ки ин тасмим дар кадом сатҳе гирифта шудааст. Ҳанўз намедонам дар кадом сатҳ: боло ё миёна? Вале ин тасмим гирифта шудааст, ки пеши роҳи ҳизби моро бигиранд. Чун ҳизби мо дар ин солҳои ахир як каме фаъол шуд.

 

Интихобот ҳам нишон дод, ки фаъол ҳаст. Ва ҷавонони бештар ба ин ҳизб гароиш пайдо карданд. Ва шояд баъзеҳо шурўъ карданд ба он ки аз ҳизби мо болотар аз рақибро битарошанд. Рақобат хуб аст дар ҳама ҷо. Вале мехоҳанд ба элитаи кишвар ин паёмро бифиристанд, ки ҳизби наҳзат дар кишвар ба ҳадде расидааст, ки аз рақиб болотар ҳаст. Ва барои мақому мансаби касе ё доирае хатар пайдо кардааст. Агар бардошташон чунин бошад ин хеле иштибоҳи бузург аст. ҲНИТ фаъолиятеро карда истодааст, ки бояд як ҳизби сиёсӣ анҷом диҳад. Мо панҷоҳ дар сади ин фаъолиятҳоро кардаем, на бештар аз он.

 

Мо ҳанўз ҳам аз кори анҷомдодаи худ қаноатманд нестем. Агар мо хуб кор мекардем пеши роҳи ифротгароии диниро бештар мегирифтем. Модоме, ки ифротгароии динӣ рушд карда истодааст, аллакай дар мо таркишҳое, ки худашро мекушад ва дигаронро ҳам нобуд мекунад, ба вуҷуд омад. Ва ин фазо вайрон шуд маънои онро дорад, ки мо кам кор кардем, мо фаъол набудем. Зеро аз нигоҳи мо мо метавонистем ва ҳанўз ҳам метавонем як қисми зиёди ҷавононеро, ки гароиши динӣ доранд ба худ ҷалб кунем дар чаҳорчўбаи қонун, фарҳангӣ миллӣ, фарҳанг сиёсӣ онҳоро сафарбар кунем. Вале чӣ шуд, ки яку якбора баъд аз интихобот мо аз як рақиб ва ҳамкори созанда ва як тарафи сулҳ ва Созишнома табдил шудем ба хатар.

 

Агар мақсад ин бошад, ки ин нирўи сиёсиро, ки дар оянда метавонад боз пурқувваттар шавад, пеши роҳашро бигирем, як роҳ дорад. Ман метавонам ин роҳро ба дўстонамон нишон диҳам чӣ гуна метавонанд пеши роҳи рушду нумўи ҳизби моро бигиранд. Ба халқ, ба миллат, ба дин хизмати бештар кунанд мардум ба он тараф раъй медиҳад,талош мекунад. Фарқ надорад элитаи сиёсии ҳукумат ин корро мекунад, як ҳизби сиёсӣ ин корро мекунад, агар воқеан ба боварии мардум дароянд, мардум онҳоро дўст бидоранд эҳтиром кунанд, ин роҳи ягонаи мубориза бо мо ҳаст. Дигар роҳи пеши ҲНИТ-ро гирифтан вуҷуд надорад. Дигаронро аз мо тарсондан ин роҳи ҳал нест. Ман хеле афсўс мехўрам, ки дар расонаҳои хабарӣ аз исломи сиёсӣ  ё аз ҳизби наҳзати исломӣ ба истилоҳ хўса тарошида истодаанд.

 

Барзу: Чунин корро онҳое мекунанд, ки таърихро хеле бад медонанд, дурандеш нестанд.

 

Кабирӣ: Таърих такрор мешавад.

 

Пеши Худову миллат ҳама бояд тавба кунем

 

Барзу: Агар таърих такрор шавад пас он барои касе бояд дарси ибрат шавад. Шумо хуб мефаҳмед, ки аз ҳизби Шумо ҳизби ҷабрдидаеро сохта истодаанд. Халқ мазлумонро дўст медорад. Рафтори онҳое, ки аз ҳизби шумо хўса тарошиданӣ мешаванд, ба манфиати шумо анҷом мегиранд, зеро ашхосе, ки ин беадолатиҳоро алайҳи ҳизби шумо мебинанду онро қабул намекунанд,онҳо ба шумо мепайванданд. Албатта на ҳама он чизеро ки ман дар дискҳо мебинам, амалҳои ифротианд. Ба хусус,  мусоҳибаҳои шумо, фарҳанги сухангўии шумо, рафтори шуморо ман дер боз мушоҳида намуда истодам. Мақолаҳои ҷонишинҳои шуморо мехонам. Агар онҳо ба ман писанд оянд, чаро ман ба шумо напайвандам. Шумо фикр намекунед, ки ин ҳамлаҳо алайҳи шумо ба фоида шумо анҷом мегиранд?

 

Кабирӣ: Барзу, ман ин мулоҳиза ва андешаҳои Шуморо қабул дорам. Ва баъзе коршиносон ҳам мегўянд, ки он овозҳое, ки Шумо дар интихобот гирифтед, яъне мо гирифтем, як қисми зиёдаш овозҳои эътирозӣ ҳаст. Бар зидди дигарон, на барои шумо. Ман инро қабул дорам. Вале бо ин рафторашон овозҳои эътирозии моро боз бештар карда истодаанд. Аз ҳама аҷибаш инаст, ки дигар, баъзе аз ҳамватони мо, ки ин сиёсатҳоро амалӣ карда истодаанд, ҳатто дар чеҳраи мо ҳам як дин ё исломи мўътадилро намебинанд, мехоҳанд, ки аз мо ҳам як экстримист ё ифротгаро битарошанд.

 

Тоҷикон як мақол доранд, ки шумо одами сиҳату ҳушёрро чил маротиба девона гўед, дафъаи чилу якум девона мешавад. Воқеан, вақте мегўянд, ки ман агар, ки девона бошам, ман ку сиҳатам, чаро маро девона мегўянд, пас бигзор модоме,ки ҳаминаст, бигзор бинанд, ки девона чӣ аст? Вале вазифае мо, ки даъвои мўътадиливу бофарҳангӣ мекунем, то ҳадалимкон бояд, ки аз ин гуна фитнаҳо ва қавли шумо тўҳматҳо худро канор бигирем ва асабонӣ нашавем. Албатта, Барзу, бисёр душвораст, асабонӣ нашудан, шумо агар бовар кунед, қабул кунед. Ба мо мактуб омад, ки шумо дар идораи ҳизбатон дигар намоз нахонед.

 

Тасаввур кунед, барои як ҳизби исломӣ дар қароргоҳаш намоз нахондан, ба хусус барои раҳбари ин Ҳизб чӣ мушкилӣ аст, чӣ кор кунам? Мактуби ин дўсти мансабдори давлатиамро ба инобат бигирам, ки намояндаи Ҳукумату миллат, раҳбарият аст ё фармони Худо ё рисолати як ҳизби диниву сиёсиро. Агар ҳизбе, ки Созишномаро имзо кардааст, миллатро ба сулҳ овардааст, ҳамроҳи ин дўстон, ин ҳама заҳматҳоро кашидааст, ду рукаат намозашро дар идораи худаш хонда натавонад, пас ман чӣ кор кунам, чӣ бигўям ба он ҳазорҳо ҷонибдорам, ки аз ин сулҳу аз ин созишномаву аз ин ҳамдигарфаҳмӣ мо чӣ ба даст овардем? Аслан куҷо рафта истодаем?. 

 

Рости гап, шумо тасаввур кунед, ки ман чӣ тасмим бояд, бигирам. Имрўз ҷаласа доштам, гуфтам, то рўзи сешанбе фикр кунед. Воқеан, душвор аст, воқеан асабонӣ нашудан, ором нишастан ва роҳи ҳал пайдо кардан барои ин миллату кишвар дар чунин вазъият кори душвор аст. Агар тасаввур кунед, ки ман тасмим гирифтам, ки хоб, билохира ҳарфи ҳукуматро бишнаваму бояд, ки намозро дар онҷо қатъ кунем. Шумо медонед, ки як иддаи зиёде аз пайравони мо шахсияти моро гунаҳкор мекунанд ба тарсўӣ ва ба фурўхтани манфиатҳои ислому дин. Шумо фикр мекунед, ба Ҳизби комунист ё Ҳизби халқӣ демократӣ пайваст мешаванд? На, инҳо мераванд сўроғи ҳамон гурўҳҳое, ки шумо алон аз онҳо номбар кардед.

 

Барзу: Чӣ амали носавоб. Шумо хуб мефаҳмед, ки агар шумо ба ин кор розӣ шавед, онҳо масъалаи дигареро дар рў ба рўи шумо матраҳ месозанд. Чун бо он ҳам созиш кардед, масъалаи саввум пайдо мешавад. Хулоса, дар пеши шумо интихоби душворе истодааст.

 

Кабирӣ: Шумо агар ба ҷои ман мебудед, чӣ кор мекардед?

 

Барзу: Ба ҳар ҳол мумкин ман намозамро мехондам, ки Худо худаш роҳи ҳалро ба ман нишон диҳад.

 

Кабирӣ: Мо қариб ки як хел фикр мекунем. Ман ҳам имрўз ба Шўрои сиёсӣ ҳамин чизро гуфтам. Гуфтам, ки то рўзи душанбе дар намозҳо дуъо кунед, ки Худо ин мушкили моро осон кунад. Рости гап, дар ин ҷаласа бароям тасмим гирифтан хеле душвор буд. Зеро кадом тасмимеро, ки бигирам, натиҷааш бохти ман хоҳад буд. Агар намозхониро эълон кунам, ки қатъ кунанд, ман ҳамчун як роҳбари ҳизби динӣ рисолатамро баҷо наоварда ҳисоб мешавам. Агар талаби мақомотро баҷо наорам ин ҷо ҳам рафтори ман чандон дуруст нахоҳад буд.

 

Барзу: Дар чунин ҳолатҳои душвор оё шумо аз ҷониби ҳизбҳои дигари палумонӣ дастгирӣ меёбед?

 

Кабирӣ: Маро як чиз камтарак нороҳат мекунад. Дар бисёр масъалаҳо мо ҳамдигарфаҳмӣ дорем. Ду мавқеъ аст, яке мавқеи шахсӣ, ки дар дохили инсон мемонад. Дигаре, мавқеи умумӣ расмие, ки онҳо аксарият маҷбуранд аз он пуштибонӣ кунанд. Бо ман чанд маротиба шуд, ки ҳамин ҳолат рўх медиҳад. Мегўянд, ки набояд парлумон мавқеи фарқкунанда аз ҳукумати иҷроия дошта бошад Як масъали дигар ҳам ҳаст, ки ҳеҷ кас намехоҳад, ки «зоғи сафед» бошад.

 

Барзу – Оқои Муҳиддин, Шумо шахси Худотарс ҳастед, аз Худо баҷо шуда наметавонед! Мардум, мардумаст.

 

Кабирӣ: Барои ҳамин шояд, ки он як каме беш мавқеъи фарқкунандае, мо мегирем. Шахсан худам дар Парлумон, шояд, ба ҳамин хотир аст, ки аз ҳад зиёд одам воқеан, азоб мекашад. Ман ҳамагӣ дар тўли  шаш соле, ки вакили маҷлис ҳастам, шояд, дар панҷ ё шаш маврид, алайҳи панҷ шаш қонун эътироз кардам. Ва ошкор мухолафат кардам. Вале ин қонунҳои буданд, ки воқеан сарнавиштсоз. Ин қонуни дин буд, ки розӣ набудам, чун оқибаташро дида истодаем, ки ҷомеаро ба куҷо бурда истодааст. Ин дар бораи пулакӣ кардани роҳ буд, ки дидам оқибаташ чӣ шуд ва чӣ мешавад.

 

Ин дар бораи ба хариду фурўш гузштани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин буд, ки хоҷагиҳои деҳқониро муфлис кард. Ва як чанд ҳамин хел масъалаҳои буд, ки барои миллат, барои ҳизби мо не, барои Кабирӣ ҳамчун шаҳрванд не, барои миллату давлат аз нигоҳи мо тақдирсоз буданд, мухолафат кардам. Дар он ҷойҳое, ки воқеан ба нафъи миллат буд, ман ҳамеша ҷонибдорӣ кардам. Вале чӣ кор кунам, ман ҳаққи аз номи дигарон  гап задан надорам. Мову шумо вақте ҳамчун шаҳрванд сўҳбат мекунем, воқеан баъзан хеле душвораст танҳо будан.

 

Ҳамон тавре, ки шумо гуфтед, вақте, ки одам эҳсоси танҳоӣ мекунад, инро ҳамон касе дарк мекунад, ки худаш дар ҳамон ҳолат буд. Бубинед Барзу, ҳақиқатро бояд гуфт, вале баъзан мешавад, ки ҳақиқатро гуфтан воқеан метавонад оқибатҳо ногувор дошта бошад. Боз ҳам бармегардем ба сари ҳамон масъалаи тарс ва сабр, мо бояд марзи ин дуро муайян кунем, ки дар куҷо ҳастанд.  Куҷо сабр тамом мешавад ва куҷо тарс шурўъ мешавад. Мо ҳатто барои худ муайян накардем ҳамин масъаларо.

 

Барзу: Шумо сиёсатмадоред, шумо бисёр чизҳоро аз ман зиёдтар медонед, мебинед, мешунавед, одами зиёд назди шумо меояд, қонун месозед ман фикр мекунам, бисёр фикр ҳам мекунед. Шумо панҷ соли ояндаро чи гуна пешбинӣ мекунед?

 

Кабирӣ: Ман фикр мекунам, ки ҳамин шаш моҳи оянда, ҳадди аксар як соли оянда тақдири як панҷ сол ва даҳ солаҳои миллат ва кишвари моро муайян мекунад. Ин шаш моҳ то як соли оянда, ҳадди аксар то як соли оянда, хеле ҳассос ва тақдирсозанд. Агар мо битавонем онро бо ҳамдигарфаҳмӣ сипарӣ кунем, ки хеле душвор аст ҳам барои раҳбарияти кишвар ҳам барои ҳизби мо ва ҳам барои мардум. Агар тавонистем онро сипарӣ карда ва аз ин марҳалаи ҳассос гузаштем, иншоаалоҳ, ки панҷ даҳ сол ё бист соли оянда равшан ва умедворкунанда хоҳад буд.

 

Мутаассифона, дар мо хоҳиши гуфтугў кардан, сўҳбат кардан аз байн рафтааст. Намедонам барои чӣ? Ман муроҷиат кардам чанд маротиба, намегўям ба кӣ. Дар бораи он, ки мехоҳам ин сўҳбатҳоро бо мақомот, бо масъулин ошкоро бигўям, дарди дили моро бишнаванд. Мо онҳоро бишнавем, шояд, ки роҳи ҳал пайдо шавад. Мутаасифона, ҳамсўҳбате наёфтам. Фақат, забони гуфтугўи мо таҳдид, таҳқир ва фишор овардан шудааст.

 

Ҳол он, ки мо забони гуфтугўи дигар дорем, исбот кардем як маротиба. Агар мо ин як сол хуб гузаштем, иншоааллоҳ ояндааш хуб мешавад. Вале намедонам барои чӣ бошад, ҳанўз ҳам оптимист ҳастам, вале оптимизми ман як каме коста шудааст вақтҳои охир. Вале ҳанўз ҳам оптимист боқӣ мондаам ва умед дорам, ки мо имкониятҳои охиринро аз даст надодаем барои гуфтугў, барои ҳамдигарфаҳмӣ барои ин миллату давлатро наҷот додан. Ман намедонам, дигарон чи гуна фикр мекунанд? Воқеан хастаам, воқеан нигаронам ва воқеан як каме нороҳатам.

 

Барзу: Ман як мақола навишта истодам. Ман онро ба рўзнома намедиҳам. Ин мақола хеле шадидулаҳн аст, дарднок аст. Ҳангоми навиштанаш гиря мекунам. Азият мекашам. Ман онро ба касе намедиҳам. Зеро медонам, ки онро касе чоп намекунад. Ман ҳам мисли шумо пур аз дардам. Дар ин мақола менависам, ки эҳтимолан мо аз ҳад зиёд гуноҳ кардем, дурўғ гуфтем, ба ғазаби Худо гирифтор шудаем.

 

Барои ҳамин ҳам пешниҳод мекунам дар як вақти муайян, масалан аз соати фалон то  соати фалони рўзи фалон ҳама, тамоми миллат, хомўшона пеши Худо тавба кунем. Чаро ки қалби ман, қалби шумо, қалби дўстони мо, ҳатто қалби кўдакони мо аз омадани хатаре болои мо эҳсоси ҳарос мекунанд. Биёед дуъо кунем, ки Худованд балоҳоро аз сари мо дур гардонаду мо битавонем ҳар кас дар ҷойи худ рисолаташро ба ҷо биёрад, то фардо пеши Худову бандагонаш шарманда набошем.

 

Кабирӣ: Чанд сол пеш ман як пешниҳод карда будам. Шумо дар бораи шаби тавба гуфтед. Ман гуфта будам, ки мо рўзи Истиқлол дорем, рўзи Ваҳдат дорем ва боз чанд рўзҳои дигар дорем, вале рўзи Тавба надорем. Бояд як рўзро рўзи Тавба эълон кунем. Дар он рўз ҳама эҳсоси гуноҳ кунанд, тавба кунанд. Нагўянд, ки ман дар ин ҷанг набудам. Ман ҳам дар ин ҷанг дар хориҷ будам. Вале худро гунаҳкор меҳисобам, зеро тоҷикам. Мо ҳамаамон ниёз ба тавба дорем. Дуъо кунем, ки Худо тавбаи моро қабул кунад.

 

Share This Article