Бачаҳотон хизмат нарафтанд масҷидатонро мебандем

Ислоҳ нет

 

Тибқи маълумоте,ки ба Ислоҳ  аз ҷамоати Бозорбой Буронов деҳаи Зартепа, собиқ Совети ноҳияи Ваҳдат расид хело ҳузнангез аст.

 

Дирӯз 25.11.2019 пас аз адои намози шом мақомоти амниятӣ ва милеса бо шабехуне вориди ин масҷиди панҷвақта шуданд.Бидуни ҳеҷ огоҳи ва фаҳмондадиҳи шурӯъ намуданд ба сиёсаткардан ва бо чунин шево “ бачаҳотона даъват намекунен аз Расия биёянд,то ба хизмати аскарӣ раванд,ана акнун масҷидатонро мебандем.Шумо пешвои миллатро эҳтиром надорен ва раиси ноҳия аз ин кори шумо сахт танбеҳ гирифтааст”

 

Дар рафти ин шабехуни мақомоти амниятӣ ва милеса ба масҷид бистнафар намозхони он масҷидро таҳқир намуданд ва дар ҳол шурӯъ намуданд ба шиносоии шахсияти ҳамаи намозгузорон. Дар рафти санҷиш ду ноболиғи “Террорист”-ро пайдо намуданд,ки қонуни ҶТ ро риъоят накарда намоз мехондаанд. Ба падарони ин ду ноболиғ огоҳӣ доданд ва таҳдид карданд,ки агар бори дигар дар масҷид бубинем ҷаримаи сангинатон мекунем. Инчунин як донишҷӯро аз ин масҷид боздошт ва ӯро бохуд бурданд ва пас аз комилан мушаххас намудани шахсияташ, соати даҳи шаб ҷавоб доданд.

 

Ба имоми масҷиди мазкур,ки манбаъ номи ӯро Абдуқаҳор Зоиров гуфтанд, таъкид намуданд,ки якбори дигар агар имоматӣ мекуни дар ин масҷид шуморо 12 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунем. Дар ҳол ноқили барқро буриданд,ки дигар ба масҷид барқ наояд ва дари масҷидро пушида рафтанд.

 

Субҳи имрӯз чанд нафаре,ки аз ин ҳодиса огоҳӣ надоштанд барои адои намози бомдод ба масҷид омаданд ва барқро хомӯшу масҷидро сард диданд ва ҳарчи мунтазир шуданд имоми масҷид наомад. Як нафар дохили масҷид шуд ва барояшон гуфт шумо огоҳ нестед,ки дар масҷид дишаб чи гап шуд? Он афрод гуфтанд на ва вақте ҳодисаро ба онҳо нақл карданд,бечораҳо намозро ба танҳогӣ гузоштанду дарҳол масҷидро тарк намуда рафтанд.

 

Деҳаи Зартеппа ҳудудан 70 хоҷагӣ дорад ва ду километр аз маркази ноҳия масофа дорад ва ин ягона масҷид дар ин деҳа мебошад. Заминҳои қишлоқи Зартепаро барои сохтмони хонаҳо  тибқи фармони президент доданд ва бо номи Бохтар номгузори кардаанд,ки сокинони Бохтарҳам ба ин масҷид барои адои намоз меомаданд ва сокинони Бохтарҳам беш аз сад хоҷагиро ташкил мекардаанд,ки дигар масҷиде надоранд. Ҳамсояи қишлоқҳои ин деҳа Туқалтеппа ва Бешкапа агарчи масҷидҳои панҷвақта доранд вале барои сокинони ин ду минтақа ва мӯйсафедон бо тай кардани масофаи тулонӣ ва миёни заминҳо рафту баргашт хело дур мебошад.

 

Тақрибан чорсол қабл дар Қишлоқи Зартепа як сокини ин деҳа як қисмат заминашро барои бинои масҷиди ҷумъа бахшида буд.Масҷидро мардуми ин деҳа як табақа сохтанд, танҳо деворашро ба итмом расониданд,ки мардумро аз идомаи сохтмон боздоштанд. Бо ҳамин сохтмони ин масҷидҳам,то имрӯз нотамом боқӣ мондааст. Як корманди  мақомоти амниятӣ ба сокинон ваъда карда будааст,ки агар шумо пеши мактабро панҷараи оҳанин гиред ва ду синфхонаи иловагӣ дар мактаб созед ва обод кунед ман кушиш мекунам,то кори  масҷидро идома диҳед. Сокинони Зартепа инкорроҳам барои иҷозати сохтмони масҷид аз ҳисоби худашонҳам карданд вале бозҳам барояшон иҷозат надодаанд.

 

Тибқи маълумотҳо маросими даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ба поён расидааст.Ин тавтеъаҳо, масҷидбандиҳо, ваҳшатафканиҳои мақомоти кишвар барои чӣ бошад? Ба ин саволи мо мақомот ва ё масули дин ва  масоҷиди кишвар ҷаноби Сулаймон Давлатов бояд ҷавоб диҳанд!

 

Ба иттилои мақомоти амниятии ноҳияи Ваҳдат мерасонем,ки ин хабар аз ин деҳа ба Ислоҳ нарасидааст ва сокинони ин ҷамоъат ва деҳаро азият накунед.Манбаъи мо аз худи мақомоти амниятӣ буда ва дар сафи мақомоти амниятӣ ва қудратӣ мардони ҷасур ва бонангу номус  алҳамдулиллоҳ хело зиёданд.

 

Share This Article