Бадгумонӣ ва дармони он

Бадгумонӣ навъе ситамгарӣ дар ҳаққи дигарон аст ва боиси афзоиши тарс миёни ҳама ҷомеа мешавад, зеро мардум пайваста дар ҳаросанд, ки мабодо бе далел дар маърази иттиҳом қарор бигиранд ва обурӯяшон ба хатар бияфтад.

 

 

Он чи ки зиндагии инсонро аз соири ҳайвонот ҷудо мекунад ва онро такмил медиҳад рӯҳияи ҳамкории гурӯҳӣ аст ва ин дар сурате имконпазир аст, ки эътимод ва хушбинӣ бар ҳамагон ҳоким бошад ва дур аз ҳар гуна бадгумонӣ, зеро асоси эътимоди мутақобилро дар ҳам мекӯбад ва пайвандҳои ҳамкориро аз миён бардошта, рӯҳияи иҷтимоӣ буданро заиф мекунад.

Дар зиндагии фардӣ низ агар инсон бо афкори манфӣ, яъне эҳсоси нотавонӣ ва худкамбинӣ ҳамроҳ бошад, дар ҳақиқат системаи дифоии худро бар зидди худ фаъол намуда, заминасози шикаст ё ҳазимати дарунии хештан мешавад ва ба ибораи дигар ҳамаи мо агар ба таври мудовим андешаву афкори худро дар сар парваронем ва аз коҳ кӯҳе бисозему тамоми рафторҳои дигаронро ҳамл бар душманиву таҳқир намоем, батадриҷ ин афкори манфӣ бар мо мусаллат мешавад. Нохудогоҳӣ бахши азиме аз тавоноиҳои пурқуввати феъли худро бар ҳадар медиҳем ва дар натиҷа беҳавсала, афсурда, асабиву нотавон мешавем. Ҳама чизу ҳама кас дар нигоҳи мо манфӣ, ғамангез, ноумедкунанда хоҳад буд ва аз он чи дорем ҳеҷ лаззате намебарем ва эҳсоси хубе ҳам надорем.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Сураи Наҷм мефармояд:

“Инҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз пиндорӣ худ пайравӣ мекунанд ва ҳаройна, гумон барои шинохти ҳақиқат нест!”(Сураи Наҷм,ояти 28)

 

Бинобар ин бадбинӣ сарчашмаи ҳама нороҳатиҳои руҳиву равонӣ ва муҷиби изтироби нигаронӣ аст ва шахс ба ин бештар аз дигарон аз ғамгинии худ нороҳат аст ва дар асари гумонҳои баде дар бораи  ашхос ва падидаҳо дорад, бисёр дар ранҷу азоби дарунӣ аст.

Дар натиҷа аз ҳамнишинӣ бо дӯстон ва рафту омадҳои муфид иҷтиноб (халосӣ) меваразад ва ба танҳоиву гӯшанишинии бештар майл дорад ва аз шодиву нишоти рӯҳӣ бебаҳра аст. Ва шояд кор ба ҷое бирасад, ки аз ҳама касу ҳама чиз ҳарос пайдо мекунад ва ҳар ҳаракатеро аз сӯйи ҳар кас ба зарари худ мебинад ва чунин тасаввур мекунад, ки ҳамагон камар ба нобудӣ ва ҳазфи ӯ бастаанд.

Инсони бадгумон дар асари дурӣ аз муоширатҳои судманд ва фосила гирифтан аз дигарон аз такомулу рушди фикрӣ боз мемонад ва ҳамеша танҳост, ки аз ин танҳоӣ ранҷ мебарад ва аз камтарин сафои рӯҳӣ бархурдор нест.

Он ки зиндагияш ҳамроҳ ба бадгумонӣ аст ҳамеша дар дил ба бадгӯӣ ва ғайбати дигарон машғул аст аз ин ҷиҳат аст, ки бархе аз уламои ахлоқ аз бадгумонии қалбиву ботинӣ ном бурдаанд.

Ҳамчунин дар ҷамъе дидгоҳҳои манфӣ ва гумонзаниҳои бедалел дар мавриди дигарон амре роиҷу оддӣ дар зеҳни умуми афрод бошад, дӯстиву улфат аз миёни онҳо рахт бармебандад ва ҳаҷми ғайбат ба сабаби бадгумонӣ афзоиш меёбад.

Бадгумонӣ  навъе ситамгарӣ дар ҳаққи дигарон аст ва боиси афзоиши тарс миёни ҳама  ҷомеа мешавад, зеро мардум пайваста дар ҳаросанд, ки мабодо бе далел дар маърази иттиҳом қарор бигиранд ва обурӯяшон ба хатар бияфтад. Пас бадбинӣ бузургтарин монеи ҳамкориҳои иҷтимоии иттиҳод ва пайвастагиҳои дилҳост ва сабаби гӯшагирӣ ва худхоҳии инсонҳо мешавад ва чи басо афроди арзандае, ки метавонистанд маншаи корҳои муҳиму арзишманд бошанд, аммо бар асари бадгумонии худ бо бадгумонии дигарон нисбат ба онҳо аз пешрафт боз мондаанд.Дақиқан ончӣ феълан дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад ва ҷомеа аз ин ранҷи бешуморе мекашад.

Роҳҳои раҳоӣ аз бадгумонӣ ва бадбинӣ

Мумкин аст гуфта шавад, ки гумони хуб ё бад ё ба истилоҳ некбинӣ ё бадбинӣ амри ихтиёрӣ нест, бинобар ин чӣ гуна метавон аз он ҷилавгирӣ кард? Дар ҳамин росто тавсияҳое аз тарафи уламои ахлоқ баён гардида, ки бо ихтисор иборатанд аз:

  1. Чунонки ишора шуд манзур аз наҳй, аз бадгумонӣ огоҳ аз тартиби асар дода ба он аст, яъне ҳар гоҳ гумони баде нисбат ба шахси мусулмон дар зеҳн пайдо шуд дар амал набояд кӯчактарин эътиное ба он кард, яъне нахоҳем таомули худро тағйир надиҳем. Бинобар ин он чӣ  аст тартиби асар додан ба гумони бад мебошад.
  2. Инсон метавонад бо тафаккур рӯйи масъалаи мухталиф гумони бадро дар бисёр маврид аз худ дур созад бад-ин тартиб, ки дар роҳҳои  ҳамлу  қавл ё феъл бар сиҳат бияндешад ва эҳтимолоти саҳеҳеро, ки дар мавриди он амал вуҷуд дорад дар зеҳни худ муҷассам созад ва кам кам  гумони бад кунад, бинобар ин гумони бад чизе нест, ки ҳамеша аз ихтиёри одамӣ берун бошад.
  3. Парҳез аз ҳамнишинӣ бо афроди нопоку носолим, зеро инсон бар асари ҳамнишинӣ бо онҳо аз вижагиҳои ахлоқии эшон таъсир мепазирад ва каму беш ба афроди нохубе, ки бо ӯ ҳамрангу ҳамақида нестанд бадбин мешавад.
  4. Идора кардани ончӣ инсон дарк мекунад, зеро ки Қуръони карим тамоми маҷоли фаҳми инсонро масъул медонад. Қатъан чашму гӯшу дил  ҳамагӣ  масъуланд.

Аллоҳ дар Сураи Ҳуҷурот,ояти 12 мефармояд:

“Эй касоне, ки имон овардаед,аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳаройна, баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои  пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, ҳаройна, Худо тавбапазиру меҳрубон аст!”(Сураи Ҳуҷурот,ояти 12)

 

 Агар маслиҳат дар илатҳои пайдоиши бадгумонӣ дошта бошем мебинем, ки идрокоти диданиҳо ва шуниданиҳои мо дар шакл додани афкор ва тахаюлоти мо саҳми босазое доранд, дар натиҷа яке аз беҳтарин  роҳҳои тадбири хостҳо ва тасаллути бештар бар худ ва пирӯзӣ бар хоҳиши нафсонӣ ва васвоси шайтонӣ дар мавриди муттаҳам кардани дигарон; маҳорати идрок  ва беш аз ҳама маҳорати чашму гӯш монанди парҳез аз гӯш додан ба суханони пинҳонии дигарон  ва посдошти ҳарими хусусии онҳо.

5.Таваҷҷӯҳ ба осори бад, бадбинӣ ва бадгумонӣ ва таваҷҷӯҳ дар оёту  ривоёте, ки бадгумониро тақбеҳ карда, ба тафикри накӯ ташвиқ намудаанд.

Шоёни зикр аст, ки ҳеҷ кас набояд коре кунад, ки мардум ба ӯ бадгумонӣ пайдо кунанд ва сухани поёнӣ ин ки аз боризтарин нишонаҳои нобасомони рӯҳиву равонӣ бадгумонӣ аст, ҳамчунонки дар ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) омада, ки фармудаанд: «аз фикру гумон парҳез кунед, зероки фикру гумони бад дурӯғтарин суханон аст».

Хонандаи гиромӣ аз бад гумонӣ дар мавриди якдигар дӯрӣ кунед.Бад гумонӣ оилаҳоро пароканда,дӯстонро душман ва ҳаёти бо саъодати инсонҳоро ба нокомӣ мубаддал мекунад.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад