Баёни намозҳое, ки яке аз аркони ислом мебошанд.

Ислоҳ нет

Баёни намозҳое, ки яке аз аркони ислом мебошанд.

Имом Бухорӣ дар: 2- китоби имон: 34- Боби «Аззакоту минал- Исломи».Закот аз ислом аст чунин овардааст.

6. Талҳа писари Убайдуллоҳ мегўяд: Марде аз аҳли Наҷд бо мўйҳое жулида ба ҳузури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) омада истода буд, дар ҳоле,ки садои баландаш аз дур шунида мешуд, аммо маълум набуд, ки чӣ мегўяд, ҳамин, ки наздик шуд пурсид: Ислом чист?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) гуфт: «Ислом он аст ки (ҳар мусалмони болиғ ва оқил) дар ҳар шаб ва рўз намозҳои панҷгонаро бихонад».

Он мард пурсид: ғайри аз ин панҷ намоз дар шабу рўз оё намози дигаре бар ман воҷиб аст?

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуданд: «не, магар ин, ки ба майли худат намози зиёдатӣ бихонӣ» Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуданд: «рўзаи моҳи Рамазон ҷузви Ислом ва фарз аст».
Он мард пурсид: ба ғайр аз рўзаи моҳи Рамазон оё рўзаи дигаре бар ман воҷиб аст?

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуданд: не, магар ин, ки ба майли худат бихоҳӣ рўзаи зиёдатӣ бигирӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) Закоти воҷибро барояш баён кард, он мард гуфт: ғайр аз закотҳое, ки зикр кардӣ оё закоти дигаре бар ман воҷиб аст?

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуданд: «не, магар ин, ки ба майли худат бихоҳӣ закоти бештаре бидиҳӣ».

Талҳа мегўяд: баъд аз ин гуфтугў, марди Наҷдӣ аз ҳузури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) берун рафт ва дар ҳоли рафтан мегуфт: қасам ба Худо ғайр аз ин фароиз чизи дигареро анҷом намедиҳам, вале онҳоро ба тамомӣ анҷом хоҳам дод ва чизеро аз онҳо кам намекунам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуданд: «агар рост мегўяд, аз оташи дўзах растагор мешавад».

Мехоҳам каме шарҳ диҳам ин ҳадисро,то барои хонанда равшантар гардад.

Намозҳоеки барои мусалмон дар як шабонарӯз фарз гаштааст дар шаби меъроҷ онҳо панҷ вақт мебошанд.Албатта нахуст онҳо панҷоҳ вақт буданд вале кам карда шуданд бо исрори паёмбарони дигар ба панҷ намоз.

وعن عُبادة بن الصامت، قال: سمعتُ رسول الله – صلَّى الله عليه وسلَّم – يقول: ((خمس صلوات كتبهنَّ الله على العباد، مَن أتى بهنَّ لم يُضيِّع منهنَّ شيئًا استخفافًا بحقهنَّ، كان له عند الله – تبارك وتعالى – عهد أن يُدخلَه الجنة، ومَن لم يأتِ بهن، فليس له عندَ الله عهد، إن شاء عذَّبه، وإن شاء غفر له))؛ رواه أحمد، وأبو داود، والنسائي.
Аз Убода Ибни Собит (раз) ривоят аст,ки шунидам Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ро мегуфт: “Панҷ вақт намоз навиштаа аст Аллоҳ (фарз гардонидааст ) бар бандагонаш.Шахсе адо кард онҳоро ва тарк накунад чизе аз онҳоро ва кутоҳӣ ва ночиз нашуморад онҳоро. Ҳаққашонро (чунонеки омадааст аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) адо намуданашон ва истиҳзо накунад ба онҳо) Мебошад барояш назди Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аҳду паймон,ки ворид менамояд ӯро ба ҷаннат.Шахсе амал накунад ба гузоридани ин намозҳо.Пас нест ӯро назди Аллоҳ ҳеҷ паймону аҳде.Агар бихоҳад азобаш мекунад ва агар бихоҳад мебахшад ӯро”

(Ҳадиси саҳеҳ ривояти Имом Аҳмад,Абудовуд ва Нисоӣ)

Намозҳои фарзи панҷ вақт мебошанд:
-Бомдод : Ду ракаъат.
-Зуҳр: Чор ракаъат.
-Аср: Чор ракаъат 
-Шом: Се ракаъат 
-Хуфтан: Чор ракаъат

Аммо қабл аз инки ин намозҳо фарз гарданд дар макка барои мусалмонон ду вақт намоз буд,ки онҳобуданд ركعتان بالغداة، وركعتان بالعشي، ду ракаъат субҳ то баромадани офтоб ва ду ракаъат шаб вақти хуфтанеки ҳоло мо мехонем.

Намозҳои татавуъеки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) барои умматаш суннат пас аз худ гузоштааст дорои фазилатҳои бе шуморе мебошанд.

Инчунин ин намозҳоро ба “Татаввуъи мутлақ” ва “Татаввуъи Муқайяд” метавонем тақсим намоем.

Татаввуъи мутлақ кадом намозҳоро мегӯянд: Дар умум бар намозҳои нафл намози татаввуъ мегӯянд.

Намозҳои нофила вақте банда онҳоро мегузорад ба Аллоҳ наздик мегардад ба сабаби анҷоми онҳо.Ин намозҳо сабаби он мегардад,ки Аллоҳ бандаашро дӯст медорад ва ончӣ аз Аллоҳ мепурсад барояш ато мекунад.Инчунин дар рӯзи қиёмат агар дар адои намозҳои фарзиаш кутоҳие намуда бошад аз намозҳои нофилааш мегиранд ва ба ҷой он намоз мегузоранд. Пас дар адо кардани намозҳои нофила кутоҳи накунед. Мисли таҳияи масҷид,ишроқ,таҳаҷҷуд,ду ракаъат пас аз вузу гирифтан.

Намозҳои Татаввуъи Муқайяд кадомҳоянд:
Намозҳои татаввуъи муқайяд намозҳои

(مَن صلَّى لله في يوم وليلة اثنتي عشرة ركعة، بني له بيت في الجنة: أربعًا قبل الظهر، وركعتين بعدها، وركعتين بعد المغرب، وركعتين بعد العشاء، وركعتين قبلَ صلاة الفجر))؛ رواه مسلم، والترمذي
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: “Шахсе бигузорад барои Аллоҳ дар як шабонарӯз дувоздаҳ ракаъат намоз,барояш хонае дар ҷаннат бунёд карда мешавад. Чор ракаъат қабл аз зуҳр ва ду ракаъат пас аз он,ду ракаъат пас аз мағриб(шом) ва ду ракаъат пас аз хуфтан ва ду ракаъат пеш аз намози бомдод.”(Ривояти Имом Муслим ва Тирмизӣ)

Инро низ бояд бигӯям,ки дар мавриди суннати қаблии намзи аср уламо онро ғайри муаккада мегӯянд вале ҳадисе дорем дар ин маврид аз Абдуллоҳ ибни Умар (раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) чунин мефармояд: 
(رَحِم الله امرأً صلَّى قبل العصر أربعًا))؛ رواه أحمد، وأبو داود، والترمذي وصحَّحه.)
“Раҳм намояд Аллоҳ шахсеро,ки пеш аз Аср чор ракаъат намоз гузорад”(Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти ИмомАҳмад,Абудовуд ва Тирмизӣ)

Ин чор ракаъат суннати намози қабл аз Асрро ман дар бародарони турк дидам,ки мегузоранд.Инчунин дар бархе манотиқи Афғонистонҳам мегузоранд.Аммо дар мардуми мо дида намешавад.

Дар мавриди Суннати намози зуҳр чанд ривоят омадааст аммо ман онҳоро се намуд дарёфтам.
Якум: Ду ракаъат қабл аз фарз ва ду ракаъат пас аз фарз.
Дуввум: Чор ракаъат қабл аз фарз ва ду ракаъат пас аз фарз.(чунонеки мо мегузорем ин дуввумин ривоёте аст ва комилан саҳеҳ аст).
Севвум:Чор ракаъат қабл аз фарз ва чор ракаъат пас аз фарз.

Умед аст аз шарҳи ин ҳадис нафъе бардошта бошед хонандагони гиромӣ.

Share This Article