Бе хабар намонед,рӯзҳои ба шуморе мондааст!

Ислоҳ нет

 

Имрӯз шанбе 23-уми моҳи шаввол,мутобиқ ба 7-уми июл аст.Хотир нишон кардани ҳастам,ки то ба охир расидани ин моҳ 7 рӯз боқӣ мондааст агар моҳ 29 рӯз бошад вале агар 30 рӯз бошад пас 8 рӯз боқӣ мондааст.Яъне ё рӯзи ҷумъа 13-уми июл охирин рӯзи ин моҳ аст ва ё шанбе 14-уми июл охирон рӯзи ин моҳ бошад.Онҳоеки,то имрӯз рӯзаи шаш рӯзаи моҳи шавволро нагирифтаанд барои гирифтани он шаш рӯз тасмими худро бигиранд.Онҳоеки чанд рӯзашро гирифтаанд метавонанд аз оғози ҳафта шурӯъ намояд.Аммо онҳоеки,то имрӯз рӯза нагирифтаанд аз фардо рӯзи якшанбе шурӯъ кунанд ба рӯза гирифтан.Нагуед,ки рӯзи якшанбе ҳаст ва иҷозат нест,ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад барои рӯза доштани рӯзаҳои айёми мушаххаси маснуна.

Фазилати ин рӯзаи шаш рӯза

Абӯайюби Ансорӣ разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: 

 “Касе, ки моҳи Рамазонро рӯза бигирад, онгоҳ шаш рӯз аз моҳи Шаволро пас аз он рӯза бидорад, монанди он аст, ки ҳамаи солро рӯза гирифтааст”(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)

Рӯзаи моҳи рамазон баробар бар 300 рӯз ва ин шаш рӯз баробар бар 60 рӯз ин мешавад як соли пурра.Аз ин фазли бузург худамонро маҳрӯм накунем.

Бо ағлаби гумонҳо имкон дорад,ки рӯзи ҷумъа охирон рӯзи ин моҳ аст валлоҳу аълам биссавоб.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article