Ба иқрор ва эътирофи худи Э. Раҳмонов вай тавонист дар се соли ахир аз ҳисоби аҳолии мамлакат бист миллиард сомонӣ «барои корҳои ободонӣ» пул биситонад. Раҳмонов ин рақамро зимни ироаи Паёми солонааш эълон кард.
Аз чи роҳу усул ин маблағи бузургро, ки баробар ба нисфе аз буҷҷаи солонаи давлат аст ба даст овардааст, ҳарфе нагуфт. Вале ба иқрор ва эътирофаш:
«Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд».
Аҷаб …иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ… аз ҳисоби мардум?! Магар «соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар» ҳангоми таҳияи «нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ» ҳузур доштанд, ки акнун муаззаф ва уҳдадор шуда бошанд иҷрои онро бо пардохти ин ҳаҷми бузурги маблағ анҷом диҳанд? Иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро бар душ ва зима гирифта буданд?!
Бубинед, агар ин бист миллиардро ба се, яъне ба се сол тақсим кунем, яъне ҳар сол наздики ҳафтсад миллион сомонӣ мардум барои «ободонӣ»-и Раҳмонов пул додаанд.
Мардум- «соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар» ин ҳама пулро аз куҷо ёфта ба Раҳмонов дода бошанд? Ва, ин корҳои ободонии Раҳмонов чӣ бошад?
Раҳмонов нагуфт, ки манбеъ ва сарчашмаи ин миқдор пули ниҳоят калон куҷост ва ин миллиардҳои мардум бо чи шеваву тарз ба даст омадааст, аммо мову шумо-хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» медонем ва огаҳӣ дорем мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо бо ташкили маъракаҳои пулҷамъкунӣ чи қадар бо ҷони мардум зада буданд ва дар бораи ин «масъала» на як бору ду бор навишта будем ва дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» яке аз мавзуъҳои меҳварии моро ҳамин пулҷамъкуниҳо ташкил медод.
Аммо рости гап, мо намедонем, ки ин рақам (бист миллирад) воқеъӣ аст ё воҳима ва ё дар асл ин рақам аз ончи ки ҳаст камтар нишон дода шудааст? Чун намедонем ва гуфта ҳам наметавонем, ки ин бист миллиард сомонӣ чи гуна муҳосиба ва баровард шудааст? Кадом сохтор-вазорати молия ва ё Дастгоҳи иҷроия ба ҳисобу китоби ин пулҳо масруф ва маъмур шуда бошад? Саволҳо хеле зиёд аст, чун масъала сахт торикиҳо дорад. Масалан ин пул чи гуна ҷамъоварӣ гардидааст? Тавассути интиқолу перевод дар суратҳисобҳо? Масалан дар бонкҳои худи Оила:-«Душанбе сити»-и Рустам, «Ориёнбонк»-и Ҳасан, «Коммерсбонк»-и Рухшона, «Спитаменбонк»- и Озода, «Бонки байналмилалӣ»-и Парвина?
Агар тавассути суратҳисобу интиқолу бонкҳо набуд ва агар тавассути раиси ҷамоат, муовини раиси ноҳия, муовини раиси вилоят ба таври нақдӣ ҷамъ шуда буд, кӣ сифри умумиро ҳисоб карду ба Раҳмонов гузориш дод ва Раҳмонов, бидуни онки хиҷолат ва изо бикашад, шарму ҳаё ва азоби виҷдон дошта бошад, баракс бо як хушҳолӣ, ризоият ва қаноатмандӣ изҳор дошт, ки бо ин пулҳо роҳҳоро обод кардем, муассисаҳои таълимӣ сохтем, майдонҳои варзишӣ ва беморхонаҳо сохтем. Вале инҷо ҳам ғиромиву айёрӣ кард. Аз ин пулҳо чи қадар бинои ҲХДТ сохта шуд, чизе нагуфт.
Мо, вақте аз инҷову онҷо, масалан аз Нуробод хабар омад, ки мардумро маҷбур карданд, ки фалон миқдорӣ пул оварда диҳанд, ки барои сафари пешво роҳро рост кунем, мо дар ин бора як матлаби муфассал навишта будем. Мардум доданд, камӣ кард. Муҳоҷирони нурободиро маҷбур карданд, ки пул фиристанд, онҳо ҳам фиристоданд.
Ва ё дар Исфара ҳам барои мараммати чил километр роҳ маъракаи пулҷамъкунӣ баргузор карданд, ки дар кори он ҳатто милсаву прокурор «қуш» шуд. Танҳо дар ҷамоати Чоркуҳ аз 27 маҳалла 30 ҳазор долларӣ ва аз масҷиди панҷвақта 10 ва аз ҷомеъ 100 ҳазор долларии мардумро задазада бо зур ва тарсонидан, ки агар надиҳед, масҷидатон баста мешавад, надиҳед зиндон мешавед, ҷамъ карда гирифтанд.
Дар сайти газетаи СССР бошад ин хабарро хондам, ки мегуяд фархориҳо барои тармими роҳи деҳаашон 5.000.000 (панҷ миллион сомонӣ) ҷамъоварӣ кардаанд. Фишурдаи хабарро инҷо меоварам:
«Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дар деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардии ноҳияи Фархор роҳи мошингарди маҳаллиро пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳи мазкур 7,1 километр буда, паҳноии роҳ 6 метрро ташкил медиҳад. Роҳ бо саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯсти деҳа бо маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Роҳи мазкур солҳои зиёд таъмир нашуда буд ва ҳангоми рафтуомад дар ҳама фаслҳои сол сокинон ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Бо анҷоми ин тадбир, яъне пурра мумфарш шудани роҳ дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади мунтазами сокинон, воситаҳои нақлиëт ва интиқоли мусофиру мол комилан осон шуд».
Ин ба он маъно аст ки маъракаи ҷамъоварии пул барои корҳои ободонӣ дар тамоми қаламрави кишвар роҳандозӣ шуда аст.
Мо, медонистем ва чуноне гуфтам дар ин бора на як бору ду бор навишта будем. Аммо шубҳа доштем, ки шояд Раҳмонов хабар надорад. Ва мақомот дар маҳалҳо ин пулҷамъкуниро пеш аз дасти худ мекунанд, то корҳои ободонии бахшида ба 35 солагиро тамом кунанд.
Аммо аз онки ин маърака дар тамоми кишвар ҷараён дошт, мегуфтем ғайриимкон аст ки аз ин ҳама Раҳмонов бехабар бошад. Ҳоло акнун худаш тасдиқ кард, ки аз ҳама чиз бохабар аст ва ҳатто бо як изҳори қаноатмандӣ дар ин бора ҳарф зада истодааст, ки 20 миллиарди мардумро гирифту роҳу беморхонаву мактабу бинои ҲХДТ дигар муассисаҳои давлатиро сохту тармим кард.
Савол ин ҷо аст ки ин пулҳоро мардум, чи соҳибкору чи шахсони саховатпеша чи сокинони бонангу номус ҳамин хел осону ихтиёрӣ ва бо хоҳиши худ, касе аз онҳо нахоста, касе барои пул наздашон нарафта бароварданду бо ду дасти адаб, марҳамат карда гиред гуфтанду оварда доданд ва ё ин пулҳо бо дигар тариқ аз мардум гирифта шуд? Яъне доброволно ё принудително?
Саволи дигар ин аст ки дар ҷамъи ин бист миллиард, ки соҳибкорҳо низ додаанд масалан ҳиссаи роҳбарияти Авесто-групп, Мармарӣ, Ёвар, Фароз, Сиёма- молл ва Озода кемикал ва Сифат-фарма ва Талко- кабел ва бозори Кушониён ва ширкати пулчинаки IRS ва, ва, ва, ваваҳои дигар чи қадар аст? Дар шумори соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша Исмоили пингвин ҳам ҳаст? Ҳасан ҳам ҳаст? Тахминаву Зарифбек чи? Шамсуллову Парвина чӣ? Ҳоҷӣ Раҳматуллову ҳоҷӣ Амирулло чӣ? Зоири Ҷайра чӣ?
Оё Раҳмонов метавонад ҳади ақал списоки соҳибкорони пулдодаро нашр намояд?
Дар асл ин пулҳо аз омузгорон, аз падару модарони ҷавонони синни даъват, аз волидайне, ки тую маърака мегузаронанд, аз ду -се соҳиби дукони гуштфурушиву сапожнику сартарошу мағозадору занҳои бозорнишин ва асосан аз муҳоҷирони корӣ ва бо иҷбору зурӣ ситонида шудааст, аз намозхонҳои масоҷид бо зури кашида гирифта шудааст.
Мо ёдамон намеравад ва дар хотираамон сабту ҳак шудааст, ки Раҳмонов айни чунин ин корро дар соли 2010 ҳам карда буд. Вақте маҷбуран аз мардум ба баҳонаи саҳмия пул канд. Вале баъдан маълум шуд, ки ин пулҳоро Ҳасани хусурбурдааш Боинг хариду Ширкати ҳавонавардии «Сомонайр» сохт. Ва нек дар хотир дорем, ки то созмонҳои байналмилалии молиявӣ мудохила накарданд ва ҳушдораш доданд, ки агар мардумат ин гуна пулдор аст, пас дигар кумакҳо ва ёриҳои башарӣ фиристода намешавад он гоҳ даст бардошт.
Ҳоло дигар роҳу шеваҳои дигари дастбурд ва кисабуриро ба кор гирифтааст, то масъулият, рисолат ва маъмурияти худро бар души мардуми камбағалу бемадори кишвар бор намояд.
Дар яке аз номаҳои нашрнашуда, ки дар дасти мо ҳаст муаллифе ин корҳои Раҳмоновро пай бурда навишта буд, ки сукут ва бетафовутӣ ва тарсуии мардуми тоҷик сабаб шудааст, ки Раҳмонов корҳоеро, ки худаш бояд иҷро кунад болои мардум бор карда истодааст. Ин нома чунин буд:
«Чи тавре, ки гуфта будем ва шумо ҳам хуб мушоҳида кардаед, Раҳмонов тавонист мардумро ба шароити бадтар расонад. Ба ҳамон шароите, ки гуфта будем. Яъне, мардум вобаста ва водор карда шудааст, ки таъминоти давлатро ба гардан гирад.
Роҳ, синфхонаҳои иловагӣ, мактаб, амбулатория, маркази саломатӣ ва умуман, қариб, ки ҳамаро иҷро карда истодаанд. Соҳибкорон буданд, ҳоло мардуми банангу номус илова шуд. Акнун боз коллективи падару модарон ҳам қуш шуд.
Бовар кунед, ки дар вақти сохтмони роҳи Леваканд-Данғара куни раисони ҷамоатҳо пора пора шуд. Суми роҳро, ки аз грант буд, покиза авлод «сари вақт, самаранок аз худ карду мансабдорҳо,соҳибкорон ва мардуми бечора спонсорӣ карданд. Нуриддин Саид ва дигар нафарон касали қанд шуданд то роҳ соз шуд. Ҳар ҷамоат қариб то 40-50 гуспанд дар як моҳ куштанд, барои хурондани устоҳо. Раисони ҷамоатҳо хона ба хонаи мардум мегаштанду зора мекарданд, ки як гуспанд диҳанд, барои устоҳхои роҳсоз. Дар ҳоле, ки пули грантӣ ҷудо шуда буд, аммо он пулро наздикони Эмомалӣ Раҳмонов дуздида обу лой карданд».
Гуфтам, ки мову шумо ва бахусус «Ислоҳ»-иён, медонем, ки бо истифода аз зур, иръоб, таҳдиду тарсонидан ва шантаж ин пулҳоро аз мардум кашида гирифтанд. Аммо, ба ростӣ 20 миллиард будани онро намедонистем!!! Ин маблағи хеле калон аст!
Соли 2010 як қисми Кулобро об бурд Авҷаббори кавлук, Авҷаббор Зардиев, Давлатхуҷа Сироҷов, Эмомхуяк, Нусрати бетурсук як капек надоданд. Зайд Саид 10 хона сохта буд. Дақиқан дар ёдам ҳаст,ки ҲНИТ дар Кулоб кумак карда буд ва раисим ҳизб ва аъзои раёсати олии ҳизб дар он саҳми худро гузошта буданд.
Ҳамон вақт ҳам Фароз буд, IRS ҳам буд, Зоир буд, Бег Сабур буд, чизе надоданд. Ҳамон вақт Рустам, оянда падари миллат, пешвои муаззами сонии миллат ҳам буд, ҳамон вақт ҳам Озода, фариштаи сиёсат ва модари миллат ҳам буд.
Ин дурусту дақиқ ҳамон вақтҳое буд, ки Ашраф Гулов, шуи Парвинаи Сифат-фармаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов дар Дубай барои Эраҷҷони кудаки навзодаш ба якуним миллион доллар хона харид ва IRS ҳам аллакай як сол аз кораш гузашта ва аввалин сад миллион доллари «навар» ашро ба оффшор ворез карда буд.
Чаро Э.Раҳмонов дар сохти роҳҳо ва амбулатория ва ҲХДТ пули давлатро неву аз кисаи мардум масраф мекунад? Мардум масъулият ва вазифаҳои давлат ва ҳукуматро иҷро карда истодаанд.
Шумо дар кадом кишвари дигари дунё дидед, ки бо пули халқ роҳ таъмир кунанд, синфхона созанд, бинои ҳизби ҳоким пушонанд? Дар Узбекистон дидед? Дар Қирғизистон дидед? Дар куҷо дидед? Ҳатто дар Африқо ва Сумолӣ дидаеду шунидаед?
Мардум чаро бояд масъулияти давлатро иҷро кунад ва ба уҳда бигирад.
Аз ҷайб ва аз суфра ва аз даруни деги мардум ва аз даҳони зану фарзанди мардум зада гирифта истодааст. Ҳеҷ кас, ҳеҷ кас, ихтиёрӣ ва бо хоҳиши худ барои сохтмони биои ҲХДТ пул намедиҳад?
Вале яқинан аз ин пулҳои аз мардум ҷамъоваришуд қисмкашро ҳатман дуздӣ карданд. Чандин номаҳоро дошта будем, ки навишта буданд фалон сомонӣ ҷамъ кардем аммо раиси ҷамоат, ё заминсоз ва ё домком ин қадарашро сохту боқиашро хурд.Агар ин боқиашро хурданҳо 50% бошад пас ин маблағ, ки Раҳмонов 20 миллиард баршумурдаш дар асл 30 миллиард аст.
Дар толори қироати Паём сафирони кишварҳои хориҷӣ ҳам нишаста буданд. Онҳо ҳайрон шуданд, ки ин бист миллиард, ки Раҳмонов мегуяд чи пул бошад? Пас, аҳолии Тоҷикистон «тенҷ» будааст! Чаро мо бояд кумак кунем?
Вале пулҷамъоварии Раҳмонов аз «соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар» дар як кишвари қонунмадору мардумӣ ҷиноят маҳсуб меёбад. Ҷинояти сахту сангин, ки Раҳмонов солҳост дорад содир мекунад: «суиистифода аз ваколат ва мақоми давлатӣ». Чун маълум шуд, ки пулҷамъоварӣ аз аҳолиро худаш дастур додааст.
Аҷобат дар онки боз ин маблағро ҳисобу китоб ва дар Паёмаш ҷой додаву ба тамоми дунё, аз ҷумла ба гуфтаи Ато Мирхоҷаи шоир ба Путину Си ҶинПину Трамп ҳам шунавононд, ки ана ин аст давлатдорӣ….
«Бист миллиардро аз ҳисоби мардум ҷамъ мекунаму роҳу мактабу бинои ҳизб месозам ва ин миқдор пулро аз ҳисоби бюҷет мезанаму ба кисаам мегузорам»….