БОНГИ ХАТАР ДАР ЗИНДОНИ № 4 СОАТИ 04:00

Ислоҳ нет
 

Тибқи манобеи ИСЛОҲ  чанд лаҳза пеш ба мо хабар расид, ки пас аз нашри мақолаи «Шикояти зиндониён аз шиканҷаҳои зиндонбонон» дирӯз 26.03.2019 соати 04:00 дар зиндони № 4 шаҳри Душанбе бонги хатар зада шуд. Ҳама зиндониёнро ҷамъ карда, барояшон фармудаанд, ки дигар шикоят накунед. Касе аз шумо дар мавриди ончӣ  дар Ислоҳ навишта шудааст,  пурсад, гӯед, ки  ин дурӯғ аст. Чанд нафар, еки номҳояшон дар нома зикр шуда буд, онҳоро барои бозпурсӣ бурданд, вале шиканҷа накарданду ҷавобашон доданд. Инчунин он зиндониҳое,ки дар ШИЗО будаанд, ҳамаро озод намуданд ва ба ҳолати муқаррарӣ баргаштанд. Мисле, ки генерал Мансур Умаров мехоҳад, ҳолатро пас аз расонаӣ гаштани шикояти зиндониёни ба ҷонрасида муқаррарӣ вонамуд кунад. Аммо бо саҳнасозӣ ва нимаором намудани ҳолати вахими зиндониёни мазлум, то ба чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва муассисаҳои ҳомии ҳуқуқӣ инсон хок пошидан, ин ҳолати вахимро намешавад пинҳон намуд.

 

Мехоҳем вазъият дар зиндонҳо комилан ором ва ба шакли муқаррарӣ баргардад. Миёни зиндониён ҷудосозӣ ва табақабандие, ки феълан вуҷуд дорад, комилан бардошта шавад, ин кирдоратон аз тарҳрезии  ошуб ва қатли омми дастаҷамъии дигаре дарак медиҳад. Аз вуҷуд ва ҷо доштани пулситонӣ ҳама аҳли кишвар медонанд, шумо ҷаноби генерал чӣ гӯна аз он дарак надоред?

 

Дар дасти мо садҳо нома аз наздикони зиндониён вуҷуд дорад, ки ҳамаашон аз коррупсия ва пулситонӣ менависанд. Худро ба нодонӣ наандозед ва вазъро ба низом ва тартиб дароред. Дар ғайри ин маҷбур мешавем, номаҳои дар дастамон бударо паси ҳам расонаӣ кунем ва вазифае, ки тоза ишғолаш намудаед, онро бо шармандагӣ аз даст диҳед ва барои як умр дар хорӣ ва зиллат зиндагонӣ кунед.

 

Ҷаноби Генерал Мансур Умаров!

 

Мо ин мардумем ва забони гӯёи мардуми мазлуми кишварем, ки онҳо наметавонанд озодона сухан кунанд ва аз зулму ситами шумо шикоят кунанд. Аммо мо озодем ва ҳама шикоят ва дархосте миллати мазлуми дохил мекунанд ва бароямон бовар карда мефиристанд, онро озодона мегӯем ва расонаӣ мекунем. Ҳамчунин ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мефиристем ва оламро аз он огоҳ мекунем.

 

Диққататонро ба ин номае, ки як корбар дар Ислоҳ навишта аст,  ҷалб мекунем, то худатон  ҷаноби Генерал Мансур Умаров шоҳид бошед!

 

«Бародари калонии мо дар зиндон аст, бовар кунед тамоми масорифи хонавода яктараф асту масрафи турма яктараф. Аз Худованд шарм доред ҳукуматдорон, дар берун аз зиндон, аз мардум кашида мегиреду дар зиндон аз зиндониҳо»

 

Ин як намунаи оддие буд, ки аз он ҳама огоҳии комил доранд. Аммо дар дасти мо номаҳое ҳаст, ки аз он танҳо шумо бо системаатон ва зиндониҳое, ки ин ранҷро мечашанд огоҳӣ доред. Пас бонги хатарро хубтар занед ва зиндонбонҳоро ислоҳ ва насиҳат кунед, то зулму шиканҷаро комилан қатъ кунанд. Дар акси ҳол комилан дунболи ин қазия кор мекунем ва аз натоиҷаш хуб огоҳӣ пайдо мекунед!

 

 Вазири Адлия шумо куҷоро нигоҳ мекунед?

 

Ҷаноби вазири Адлия! Ин бенизомиро ба тартиб дароред.  Охир зиндонҳо дар ихтиёри Вазорати шумо қарор доранд.  Магар Генерал Мансур Умаров  шуморо итоат намекунад? Гуфтаниед Мансур Умаров як ЗОРОИ дигар шудааст ва дар итоати шумо нест, то ҳануз  аз КДАМ итоат мекунад?  Чун Мансур Умаров аз КДАМ омад ва то ба ҳол дар итоати он ниҳод қарор дорад?  Аммо тибқи қонун Мансур Умаров муовини шумо аст, на муовини Саймумин Ятимов. Ҷаноби вазири Адлия вазъро зери назорататон қарор диҳед, ки хуни бегуноҳи дигаре нарезад. Шумо аз муҳлати муқаррарӣ дар ин мақом қарор доред ва системае, ки бо Иззатулло Шариф (ЗОРО) дуруст карда будед  намехоҳед он системаро иваз кунед? Дигар ЗОРО рафт ва он золими хуношом ёдаш ба бадӣ монд.  Бояд ин системаро иваз намуду системаи инсонсолориро ҷойгузини системаи ЗОРОИЗМ кард.

Интизори натоиҷ ҳастем ва ниёз ба изҳорот ва посух гуфтанҳои шумо ҷанобон нестем. Худи зиндониён ва хонаводаҳои онҳо бароямон вазъияти дақиқи зиндониён ва зиндонҳоро расонида истодаанд. Мунтазири иқдомҳои инсононаи шумоем, на мунтазири суханони  пучи авомфиребонаи шумо!

 

Share This Article