Босмачӣ (қиссаи воқеъӣ)

Умри иштибоҳ кӯтоҳ аст, дурӯғро рост карда намешавад. Як рӯз Худованд пардаро аз рӯйи ҳақиқат мебардорад. Он вақт ман намешавам, аммо ин суханҳоро пул дода харида наметавонед. Нағз дар гӯш доред, ки ин давлат иштибоҳист

Бобои худамон-ку, пир шудааст, гапи гуфтагиашро намедонад, эътибор надиҳед-мегуфт модарам. Аммо эътибор надода намешуд.

 

Бобо ҳарф мезад, ман гӯш мекардам. Гоҳо бо хоҳараконам барои пул талош мекардем, ки бобо бинад табассум мекарду “Ҳоло ҳамаашро бароварда, ба партов мепартоед, ба касе даркор намешавад” мегуфт.

Мепурсидем: “Сурати Лениндорашро ҳам?”  Хусусан сурати Ленинро! Ин вақт ба ҳоли бобо механдидем. Вале, боз бо қотеъият суханашро идома медод.

 

“Умри иштибоҳ кӯтоҳ аст, дурӯғро рост карда намешавад. Як рӯз Худованд пардаро аз рӯйи ҳақиқат мебардорад. Он вақт ман намешавам, аммо ин суханҳоро пул дода харида наметавонед. Нағз дар гӯш доред, ки ин давлат иштибоҳист”. – мегуфт бобо.

 

Ин суханҳоро падарам шунида монад, мешӯрид. Муқобили сиёсати давлат гап назанед охир, ин давлати советӣ (шуравӣ) бозича нест, калонтарин давлати дунёст, пойбарҷост, гуён сухани боборо дигар самт мебурд.

Ҳарчанд дигар худи падарам ҳам мефаҳмид, ки ин давлат нопойдор ва дар арсаи поён аст.  

 

Бобо бо чашмони пӯшида, дар харита тамоми давлатҳоро нишон медод, аз Саъдиву Ҳофиз ғазали бисёр медонист. Замоне, ки дигар кӯдакон шеъри ” Ман калон мешавам, Қаҳрамон мешавам”-ро азёд мекарданд, моро бобо ба тарзи худаш азёд мекунонид.

Ё Фаттоҳи бахшанда,

Бикшой дили банда,

Ин банда мусалмон аст,

Хонандаи Куръон аст.

 

Боре боборо пурсидам: Иштибоҳ кист? Чи хел умраш кӯтоҳ аст? Чандсола шудааст?

Ӯ шарҳ дод: Қариб ҳафтодсола мешавад иштибоҳ, аммо гумон аст, ки ба сад равад. Солҳои 1917 сар шуда буд …

 

… Бобо хеле мефаҳмонид, аммо ман нав мактабхон шуда будаму ақли кӯчакам ин ҳамаро фарогир набуд. Ҳамин қадараш дар хотирам ҳаст, ки дар бораи қолаб ва рӯҳи давлат чунин шарҳ дода буд: “Таълим дар мактаб ройгон, табобат ройгон, арзонӣ, фаровонӣ, … – ин ҳама қолаби давлат дуруст аст. Локин аз қолаб рӯҳашро гирифтаанд. Дини миллатро, арзишҳои дини ниёгонашро, китобашро, мазмуни вуҷудашро барҳам додаанд. Ба ҷойи калимаи тавҳид, “Ленин бародар рахнамо” шуд. Чи хел раҳнамо? Охир худи бародар раҳгум зада аст, чи тарз метавонад роҳи дигаронро равшан кунад? Дами маргаш барои гуноҳҳояш ҳатто аз мизу курсиҳояш маъзарат пурсида аст . Зеро тавбапазирашро фаромӯш кардааст, ё худ инкор кардааст, ки иштибоҳаш, талқини куфраш нобахшиданист”.

 

Қобилияти дарки хеле заъифи ман ҳамин қадарашро базур сабт карда буд. Падару бобоёни боборо бо ҷурми душмани халқ, ё худ босмачӣ бадарға карда буданд. Бобо 14-сола танҳо мондааст. Дар синни 84 солагӣ дунёро тарк кард. Ба гуфтаи худи бобо умри иштибоҳ низ ба охир расид. Давлати шуравӣ пароканда шуд, аммо он сол бобо набуд.  

 

Бобоям дар ҶБВ 7 сол қарор доштанд, чун ӯ асир афтода буду пас аз ду соли тамомшавии ҷанг аз Олмон соли 1947 озод шудаанд. Ба нақли худашон, барои бинои мактабҳои нав дар Олмон бухорӣ месохтаанд. Соли 1985 ё 1986 дар сини 84 солагӣ аз дунё гузаштанд. Қабл аз вафоташон хуб ёд дорам намозҳояшонро нишаста мегузоштанд. Равони бобои босмачиям шод бод.

 

Кош дар вақташ ақлам мерасиду мепурсидам, ки ин ҳамаро аз куҷо пай бурдааст? Ҳоло ҳар як ҷумлаи суханашро ба хотир оварда, гаштаю баргашта қоил мешавам, ки ҷавҳари ҳақиқат дошт.

 

Солҳо гузаштанд, хондам, дидам, фаҳмидам, ки дин пояи устувориву пойдории давлат будааст. Ҷойе, ки дин ҳаст, кин нест.

 

Қисса аз шаҳри Истаравшани бостонӣ ба Сомонаи Ислоҳ ирсол гардидааст.

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Одоби хоб тибқи суннат

Хоб яке аз неъматҳои Худованди бузург аст ва нишонае аз нишонаҳои Ўст, чуноне, ки Худованд дар сураи Рум ояти, 23 мефармояд: «Ва аз нишонаҳои (ҳикмат) Ў хоби шумо дар шаб ва (нимаи) рўз ва ҷустуҷўи шумо (рўзии худро) аз фузунбахшии ўст, дар ин (маънӣ низ) барои мардуме, ки мешунаванд қатъан нишонаҳое аст».
Read More

РОБИТАИ ҲАЗРАТИ УСМОН (Р) БО ҚУРЪОНИ КАРИМ

Ҳазрати Усмон (р) мисли дигар саҳоба (р) мафҳуми дурусти қазову қадарро аз батни Қуръон ва сирати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дарк кард ва дар он дучори ифроту тафрит (каму зиёд) нагашт. Ин мафҳум дар дилу ҷони ӯ ҷой гирифт ва ба яқин ёфт, ки илми Худованд бар ҳама чиз иҳота дорад. Чунон ки Худованд дар Қуръон мефармояд:
Read More

Илҳомҷон Ёқубов: Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон кайҳост, ки ба тиҷорат табдил ёфтааст

Дар Тоҷикистон, кайҳост, ки ҳокимияти судӣ ба тиҷорат ё дукони шахсӣ табдил ёфтааст. Ин шохаи ҳокимиятро як гурӯҳи алоҳида инҳисор намуда барои ҳадафҳои махсуси худ истифода мекунанд. Мақомоти Судӣ дар Тоҷикистон танҳо овораи пуштибонии мансабдорону мақомдорони кишвар ва нафарони наздик ба шахси аввали кишвар аст.