“ БОХТ”

Агар расонаҳои Тоҷикистон мустақил мебуданд ва гӯш ба фармони мақомот намебуданд, ин масоилро пайгирӣ мекарданд. Расонаҳоямон ҳам чун худи ҳукуматамон дар ин қазия бохтанд.

                                               

 Мусоҳиба бо Илҳомҷон Ёқубов,  узви шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон дар иртибот ба ҳаводиси ахири Исфара

 

  Isloh.net: Натоиҷи музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар робита ба ҳаводиси ахири Исфараро чи гуна арзёбӣ мекунед?

 

 Илҳомҷон Ёқубов:Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон

Иҷоза бидиҳед, пеш аз посух додан ба ин савол баъзе аз андешаҳоямро дар ин иртибот баён дорам. Манзурам  ваҳдат ва иттифоқи  ҷомеаи кишвар:- ҳам онҳое, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд ва ҳам онҳое, ки дар ватан ба сар мебаранд  атрофи ҳодисаи Исфара аст. Ҳам мувофиқин ва ҳам мухолифини ҳукуматро ин ҳодиса водор кард, ки ба ҳам оянд ва  аз як гиребон сар бароранд.

 Аммо, мутаассифона ин баҳоро наметавон дар нисбати ҳукумати Тоҷикистон дод. Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамон ибтидо ба ин қазияи, балки фоҷиа, аз зовияи дигар наздик шуда тамоми талошашро ба он равона мекард, ки вазъ дар Исфараро беаҳамият ҷилва диҳад. Дар ҳоле, ки мақомоти қирғиз  муносибати тамоман дигарро ба намоиш гузоштанд. Онҳо  ҳамроҳ бо мардуми худ  буданд ва дар канорашон  рост истоданд. Албатта, ин беҷиҳат нест. Чунки ба фарқ аз ҳукумати кишвари мо ҳукумати Қирғизистон ҳукумате аст, ки бо ирода ва овози халқаш интихоб шудааст. Аз мо бошад баракс, ҳукумат, худаш худашро интихоб кардааст, аз ин хотир ӯ наметавонад бо мардумаш наздик бошад ва такя намояд. Мутаассифона, дар ин қазия миллати тоҷик ҳам аз қирғизҳо ва ҳам аз ҳукумати худ зарба ва фиреб хӯрд. Мақомоти тоҷик натавонистанд аз мавқеи мардуми Исфара ҳимоят кунанд. Зеро қирғизҳо бар пояи созише, ки ба даст омад, ин иҷозаро ба даст оварданд, ки ба бунёди қитъаи роҳи “Ботканд- Оқсой- Тамдиқ”  “ба хотири убури чорво” идома бидиҳанд.  Аммо дар асл ва амалан қирғизҳо муваффақ бар он шуданд, ки ин роҳро, новобаста аз мухолифати мардуми Исфара идома диҳанд ва ин таъбири “ба хотири убури чорво” тахаюл ё бофтаи худи мақомоти тоҷик аст, зеро ман расонаҳои қирғизро  пайгирӣ кардам ва дар тафсири онҳо аз созишномаи ба дастомада  чунин  ибора: “ба хотири убури чорво”  ба кор бурда нашудааст. Баракс дар бахши қирғизии Радиои Озодӣ сароҳатан “идомаи сохтани роҳ” омадааст. Ҳатто аз номи  муовини сарвазири ҳукумати Қирғизистон Жениш Раззоқов-роҳбари  ҳайати музокиротии Қирғизистон  иқтибос шудааст, ки“ бунёди  роҳ, ки барои мардум зарурӣ аст, идома ҳоҳад ёфт ”. Аммо ҳукуматдорони мо мардуми моро фиреб карданд ва бохти худро зери ибораи “ба хотири убури чорво” пинҳон карданӣ ҳастанд.

  Ин  навъе аз хокзанӣ ба чашми мардуми тоҷик аст. Чун маҳз бунёди ҳамин роҳ, ки зиндагии сокинони рустоҳои тоҷикнишини ин масирро бо мушкил дучор мекунад, сабаб шуда буд, исфарагиҳо ба эҳдоси он муқобилият кунанд. Аммо ба рағми ҷонҳои ҷурбоншуда ва даҳҳо нафари захмӣ ва эътирозоти мардуми ин маҳал ҳукумати кишвар тавре ин мушкилро  ҳал кард, ки қирғизҳо комёб шуданд. Чунки қирғизҳо  иҷоза гирифтанд ва ҳақ пайдо карданд, ки ҳамон роҳи боиси ихтилофро, ки тоҷикҳо сохтани онро зарар ба худ меҳисобанд, бисозанд ва  мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Алҳол маълум нест, ки чунин “муомила” дар пайи чи имтиёзе, ки тарафи тоҷикҳо  гирифта бошад, сурат гирифтааст. Ба яқин чизе ба дасти тоҷикҳо наомад, аз ин ҷо аст ки эълом карданд ба хотири ҷилавгирӣ аз пахши “иттиллои носаҳеҳ” аз ифшои ҷузъиёти санади созиш худдорӣ мекунанд. Ман гумон мекунам ва бовар ҳам дорам, ки ин гуна хоҳиш ва пешниҳод аз тарафи Тоҷикистон шудааст. Зеро, ин ки ҳарфи гуфтан надорад. Агар ки масоил мусбат ҳал шуда бошад, чаро дар нашру пахш “иттиллои носаҳеҳ” дар матбуот роҳ биёбад? Бадбахтона ин вазъияти пешомада на ҳатто  ба заъфи мудирияти ҳукумат  дар Тоҷикистон ва адами мақомдорони ҳирфаӣ рабт дорад ва на ба онки онҳо огоҳӣ ва дониши кофӣ надоранд. Инҷо, бадбахтона, манофеи тиҷоратии Раҳмон ва оилаи ӯ болотар аз манофеи миллат гузошта шудааст. Раҳмон ва хонаводаи ӯ тавассути марзи Қирғизистон  тиҷоратҳои бузургеро аз қабили тиҷорати маводди сӯхт ва ғайра ба роҳ мондаанд, ки даромадҳои калон дорад. Вагарна ҳаллу фасли мушкилоти Исфара кадом мисолу масъалаи норӯшан нест ва барои он ихтироъкору кошиф будан шарт нест. Мушкил болои коғаз намоён аст.

Як масъаларо мехоҳам инҷо таъкид кунам.

 

   Ҳукумати Қиргизистон  тамоми кӯшишашро ба харҷ дода истодааст, ки то мушкилоти заминҳои баҳсии худ бо Тоҷикистонро маҳз дар давраи сари қудрат будани Раҳмон  ҳал кунад ва аз ҷумла роҳҳои автомобилгарде, ки меҳоҳад  тавассути маҳалҳои тоҷикнишин бисозадро низ. Чун ҳукумати Қирғизистон  дақиқан дарёфт, ки Раҳмон ба хотири ҳифзи тиҷорати бузурги хонаводааш омодааст ҳар шарту шурути онро бипазирад. Аммо вақте ҳукумати мардумӣ дар Тоҷикистон сари кор омад ва иншоАллоҳ, ки хоҳад омад, дигар чунин фурсатро нахоҳад дошт. Бубинед, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин фоҷиа, ки ҷони инсонҳоро гирифт, чи тавр таваҷҷӯҳ кард ва бархӯрд намуд:  дар рӯзи мотами  исфарагиҳо, ки мотами мардуми тоҷик буд, раисиҷумҳур бемалол ва беташвиш дар консерти”Оркестри давлатии симфонӣ”  иштирок кард. Мисле, ки ҳеҷ воқеа нашуда бошад, мардуми Исфара ва кулли Тоҷикистон дар сӯг нанишаста бошанд. Аз ин хотир бояд ошкоро гуфт, ки кадом натиҷаи дилхоҳе аз ин музокирот ба кафи тоҷикҳо наомад.

 

  Isloh.net: Мушоҳида мешуд, ки мақомоти Қирғизистон қотеона амал мекарданд.Муовини сарвазираш эълон кард, ки роҳро хоҳанд сохт ва гуфт ин ҳақи қирғизҳо аст. Ва аскару афсаронаш ҳам, албатта, ки худсарона дар канори аҳолиаш набуданд.

 

Илҳомҷон Ёқубов:Ҳукумати Қирғизистон  аз раиси ҷумҳур гирифта то як чиновники сатҳи русто бо мардум бархӯрд ва муносибати ошкоро ва шаффоф доранд. Қазияро ҳамроҳ бо мардумашон пайгирӣ карданд, баррасӣ намуданд ва дар робитаи танготанг қарор доштанд. Ин шеваи кори низомҳои демократӣ аст, ки чизе барои пинҳон кардан надоранд. Аммо аз мо баракси ин ҳама аст. Вакилони парлумони қирғиз ба назди мардум омаданд аммо вакилони мо ҳашари тозасозии ҳавлии Шӯрои олиро таҳти шиори “ҷоннисорӣ ба ватан” доир карданд. Як нафар вакил пайдо нашуд, ки ояд ва аз ҳоли ин мардум бохабар бишавад. Як нафар вакили занро фиристоданд, ки он ҳам натавонист то маҳали ҳодиса биравад. Роҳашро қирғизҳо гирифтанд.Албатта, ин як навъ таҳқиру масхараи мардуми тоҷик ва бахусус исфарагиҳо буд, ки дар ин шабу рӯз мотам доштанд.

   Қирғизҳо дар як муддати кӯтоҳ мардуми маҳалли низоъро ба нуқоти амн кӯч доданд.Онҳо бо ин васила ҳам таъмини амнияти мардуми худро  ба назар гирифтанд ва ҳам ошкоро эълом карданд, ки омодааст даст ба иқдомоти ҷиддитар занад, чун маҳали даргириҳои эҳтимолиро тахлия карданд. Дар инҷо ҳукумат ба мардум хизмат мекунад.Бо мардумаш ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиаш бемалол ва бидуни кадом ҳарос алоқа дорад. Барои ҳукумати қирғиз, чуноне маълум шуд, ҷони ҳар қирғиз азиз аст, арзиш дорад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ иқдоме накард ва ҳамагон шоҳиди ин шудем, ки дар ин муноқиша ҳам талафоти ҷонӣ доштем ва ҳам даҳҳо захмӣ. Ҳукуматҳои ғайримардумӣ  ва диктотурӣ  дар чунин ҳолатҳо ҳамеша оҷиз, дар тарс  ва худ дифоъӣ машғул хоҳанд шуд.Ҳамоқат аз ин беш нахоҳад буд, ки  КДАМ дар ду рӯзи охир даҳҳо нафар аз донишҷӯёну муаллимони донишгоҳ ва сокинони Исфарарро  маҷбур кард, ки дар назди дурбин  дар бораи ин қазия гап зананд ва  мавқеъи ҳукуматро дастгири кунанд, албатта, ин корҳоро он ҳукумате роҳандозӣ мекунад, ки ба худу ҳукуматаш  бовар надорад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд эътироф кунад, ки аз ӯҳдаи  ҳалли ин масъала набаромад. Ва зери бори хостаҳои қирғизҳо гардан ниҳод.

 Инҷо мехоҳам  як ҳодисаро ёдовар бишавам. Ман соли 2014 раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд будам ва ҳамон сол 11 январ ҳамин гуна моҷарои хунин дар ҳамин марз рух дод.8 нафар марзбони мо ҷароҳат бардошта буданд. Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон бо як гурӯҳи калон омаданд. Ду мошини борбари калон аз маводи ғизоӣ пур, ки ҳамаро ба марзбонҳои мамлакатамон ба ҳайси кӯмак расониданд. Бо мардум дидору мулоқот карданд.  Ҳамчунин бахши  исфарагии ҲНИТ ҳар рӯз барои марзбонҳо ҳамин гуна кӯмакҳо мерасонид ва барои чанд марзбоне, ки ҷароҳат бардошта  ва дар беморхонаи Хуҷанд муолиҷа мекард, низ ёрӣ расонида шуд. Ин ёдоварӣ танҳо ба он хотир буд, ки дар чунин рӯзҳо ҳамагон бояд дар канори ҳам бошем. Манофеи миллиро барои тиҷорати худу хонаводаамон нафурӯшем. Виқор ва ғурури миллиро аз ҳар чизе дигар бояд болотар биҳисобем.  

  

  Isloh.net: Бозтоби ҳаводиси Исфара дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус расонаҳои таҳти назорати давлат мухталиф буданд. Қирғизҳо  боҷуръаттар ҳарф мезаданд. Аммо расонаҳои расмии Тоҷикистон, ин тавр не. Як мавқеи муҷмал ва номаълум доштанд

 

Илҳомҷон Ёқубов:Воқеан ҷойи нигаронӣ дорад, ки  расонаҳои Тоҷикистон ва ба хусус  расонаи давлатии  “Ховар” тақрибан ҳеч гузорише дар ин қазия, ки умумимиллӣ аст чизе ба нашр нарасонд. Боз ҳам бозтоби иштироки раиси ҷумҳур дар консерт ва ширкати Пешво ва Пасвоҳои ӯ  дар расми ифтитоҳ дар шаҳри Душанбе, ниҳолшинонӣ ва аз қабили ҳамин гуна чарандиёти нолозим. Ин ҳама баёнгари он аст ки онҳо бозичаи дастанд, дасти низоми диктотурӣ. Миссияи худр иҷро намекунанд. Аз пули ҷайби мардум маош мегиранд аммо камар ба хидмати Раҳмон ва оилааш бастаанд. Имрӯз, мутаассифона дар Тоҷикистон озодии баён  ва матбуоти мустақил вуҷуд надорад. Бархӯрди аксари расонаҳои чопии Душанбе дар ҳавдиси ахири Исфара ин хиёнат буд. Хиёнат ба ватан ва хиёнат ба касби журналистӣ.Агар расонаҳои Тоҷикистон мустақил мебуданд ва гӯш ба фармони мақомот намебуданд, ин масоилро пайгирӣ мекарданд. Расонаҳоямон ҳам чун худи ҳукуматамон дар ин қазия бохтанд.

 

  Isloh.net:  Нақши  мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва аз ҷумла амниятро, ки ин масъаларо бори дӯши шаҳрванди Қирғизистон Роза Усарова кардааст, дар ҳалли ин низоъро дар чӣ мебинед? Ба назар намерасад, ки талош карданд, ки қазия як навъ маишӣ ва маҳаллӣ  дониста шавад?

 

Илҳомҷон Ёқубов:Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки мушкилоти миллиро аз буда камтар нишон бидиҳад ва то сатҳи маҳал поин фарорад. Бубинед, ҳатто муҳоҷирати миллатро, ки як мушкилоти умумимиллӣаст, ҳамеша кушиш мекунад, ки онро на мушкилот, балки як раванди табиӣ ба қалам диҳад. Аз онки масъулияти таъмини кори мардумро дошта бошад ва ин мушкилотро, мушкилоти умумимиллӣ донанд,  баракс ташвиқ мекунад, ки он “як раванди табиӣӣ аст” ва бояд мардум бирванд.Аммо бар иваз аз маблағи буҷҷа ба иҷрои тарҳҳое даст мезанад, ки танҳо худнамоӣ ва зоҳирсозист? Парчами бузургатарин, намоди “Истиқлолияти давлатӣ”  чойхонаи аз ҳама бузург, калонтаи масҷид ва ғайраву ҳоказоҳо. Ин сиёсатҳо хоси кишварҳои диктотурӣ аст, зеро онҳо ҳеҷ гоҳ омода нестанд, ки ба саволҳои мардум ҷавоб диҳанд. Аз тарафи дигар мақомоти амнияти низ, ки таъмини амнияти маҳал, кишвар ва марзро дар дӯш доранд ҳамеша дар ноороми кишвар ё маҳал худро гунаҳкор намедонад, балки  гуноҳро бори гардани як нафар ва ё гурӯҳ мекунад. Бубинед,  гузориш шуда буд, ки 25 нафар аз ходимони амнияти Қирғизистон дар хонаи ҳамон Роза Усарова  вақту замони муносиб поида нишаста будаанд ва снайпери онҳо ду тоҷикро бо тир куштааст. Хуб, агарки ин маълумоти операвиро дар ихтиёр доштед, пурсида мешавад, ки чаро ҷилавгирӣ накардед? Чаро рисолати худро иҷро накардед. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти амнияти Тоҷикистон ба хотири аз зеҳни ҷомеа дур кардани қазияи Шарофиддин Гадоев ва шиканҷа шудани   Муҳаммадалии Хайит,  ки сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда, шармандагиҳояшонро баровард, қазияро “доғ” карданд.

 Ва дар охир мехоҳам ба як масъалаи дигар таваҷҷӯҳ дошта бошем.Ҳукумати Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама тавассути мардум интихоб бишавад ва ҳисоботдиҳанда дар назди интхобкунандааш бошад, кадрҳои ҷавони донишманд  ва ҳирфаӣ сари кор оянд. Шароит ва имконияти фаъолияти ниҳодҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ: матбуоти озод, созмон ва аҳзоби гуногун муҳайё карда шавад. Имконият дода бишавад, ки интихоботро худи мардум доир кунанд. Ҳамчунон ки дар Қирғизистон вуҷуд дорад. Он гаҳ хоҳад буд, ки масоил, аз ҷумла масоили марзӣ тавре ҳал хоҳад шуд, ки ҳукумат талош намекунад, ҷузъиёти музокирот ва натоиҷи онро пинҳон дорад. Чун ҳукуматҳо, ҳатто ҳукуматҳои тоҷиру диктотурӣ ҳам оқибат завол меёбанд вале ин марзу бум ва ин халқҳо бояд дар канори ҳам ва бидуни рақобат ва душманӣ зиндагӣ кунанд.

 

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Таъсири дӯсти солеҳ

Ин хоҳар ҳамроҳи шавҳараш бо сад умед ба ватан баргашт, то барои пешравии ҷомеъа ва ободии миллат кӯшиш кунад. Бехабар аз он, ки ба ҷои пазироӣ шавҳараш кунҷи зиндон мешаваду худаш гирифтори фишору таҳдидҳои золиму сангдилон.
Read More

Э.Раҳмонов: “Саломатии ҳар кас дар дасти худаш аст. Мада п…..й”

Раҳмонов омода нест,ки дар кишвар карантин ҷорӣ кунад. Маълум нест,ки бар пояи кадом ҳисобу китоб ва дар чаҳорчӯби кадом барнома ҷараёни тӯфонии ин бемории миллаткушро гирифтанист, вале ин бор ҳам бо гарданғафсӣ ва якравӣ ба ҳушдори ҳайати Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ,ки гуфт шумори гирифторон ва табъан, ки кушташудаҳо дар Тоҷикистон ҳар се рӯз ду баробар афзоиш хоҳад ёфт, ҷиддӣ намегирад.
Read More

САҲА шаҳри бедарвоза аст ё ҳукумати Тоҷикистон?

Нуфузи САҲА хусусан дар кишварҳои пасошӯравӣ замоне чашмрас буд, ки тоза ба низоми ошкорбаёниву демократӣ расида буданд. Ва ҳама корҳо бо шиорҳои демократӣ амалӣ мешуд. Аммо имрӯзҳо, мардум сархаму гунгу бесадост, на ба чигуна гузаштани интихоботҳо аҳамият медиҳаду на аз чигуна нони даҳонашро зада гирифтани ҳукуматдорон парвое дорад. Оҳиста-оҳиста низоми авторитарӣ, диктотурӣ ва ҳам феодализми асримиёнагӣ муд шуда истодааст.