Боз як дурӯғи баҳисобгирии аҳолӣ ошкор гардид

Наздик ба 2 миллиону 100 ҳазор аз атбои тоҷик дар берун аз қаламрави Тоҷикистон –ватани худ қарор доранд. Ин нафарон, ки ба думболи сари қудрат омадани Раҳмонов ба ночор ва аз роҳи иҷбор зиндагӣ ва кор дар хориҷ аз зодгоҳро ихтиёр кардаанд, синни соли гуногун доранд, ҳам мард ҳастанду ҳам зан ва ҳатто як теъдоди қобили мулоҳизаи онҳо мафқудуласаранд, номеву нишоне, суроғае аз онҳо вуҷуд надорад.

 

Наздик ба 2 миллиону 100 ҳазор аз атбои тоҷик дар берун аз қаламрави Тоҷикистон –ватани худ қарор доранд. Ин нафарон, ки ба думболи сари қудрат омадани Раҳмонов ба ночор ва аз роҳи иҷбор зиндагӣ ва кор дар хориҷ аз зодгоҳро ихтиёр кардаанд, синни соли гуногун доранд, ҳам мард ҳастанду ҳам зан ва ҳатто як теъдоди қобили мулоҳизаи онҳо мафқудуласаранд, номеву нишоне, суроғае аз онҳо вуҷуд надорад.

 

Манобее, ки ин маълумотро дар ихтиёри мо расонид дар Оҷонсии эҳсоия-Агентии статистикаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар як мақоми баланде фаъолият мекунад.Вай гуфт,ки ин маълумот натиҷаи як таҳқиқоти баргузоркардаи ниҳодҳои давлатӣ дар авохири тобистон ва оғози тирамоҳи солӣ ҷорӣ аст, ки бо супориши бевоситаи худи Раҳмонов сурат гирифт. Аммо баъди ҷамъбаст ва хулосабарорӣ дар сатҳи болои боло, дастур дода шуд,ки онро маҳфуз доранд ва рӯяш мӯҳри махфӣ бизананд. Зеро ҳисобҳо ва оморе ошкор шуд, ки бори дигар тасбит мекунад, ки Раҳмонов ва режими вай аз оғози омадан бар сари қудрат сабаб шудаанд, ки даҳҳо, балки садҳо ҳазор аз атбои тоҷик аз тарси ҷону бими гушнагӣ тарки кишвар карда ва дар ин васат даҳҳо ҳазори дигар бо ҳазорон зиллат ва хорӣ кушта ва ё фавт бишавад,ки дар ин нуфусшуморӣ таҳти банди хоси “нопадидшуда” дарҷ гардидаанд.

 

Манбаъ аз Оҷонсии эҳсоияи Тоҷикистон гуфт бо дастури мақомот дар тамоми қаламрави кишвар як нуфусшумории ғайринавбатӣ бо мақсади муайян кардани теъдоди муҳоҷирони корӣ ва дар умум,муайян ва ба рӯихат гирифтани онҳое, ки дар берун аз марзҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, роҳандозӣ шуд. Дар анҷоми ин амр муаллимони макотиб, талабаҳои синфҳои болоӣ, кормандони ҷамоа ва нозирони минтақаӣ низ ҷалб карда шуданд. Яъне Оҷонсии эҳсоия, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати маориф ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар моҳҳои август ва сентябр бо тафаҳҳуси хона ба хона феҳристи шаҳрвандони кишварро, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд,таҳия карда ва шумораи телефонҳои аъзои хонаводаҳоро,ки дар муҳоҷирати корианд низ дар ростои номи онҳо сабт кардаанд. Кадом шарҳу тавзеҳе барои ин кор дода нашудааст ва аз онки шумораи телефонҳои муҳоҷирони корӣ ҳам чаро барои режим даркор шудаастро низ нафаҳмонидаанд. Агар ёдатон бошад дар ин масала кӯтоҳ дар фейсбук навишта будем ва аз ин амали мақомот огоҳ намуда будем.

 

Аммо ончиро ки ин саршумори ғайрирасмӣ ва бидуни кадом эълони қаблӣ муайян кардааст, ин аст ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва як теъдоди андак дар Қазоқистон 1 миллиону 194 ҳазор нафар будааст. Аммо дар ин шумориш чи теъдод зан ва ё мард будани он номуайян аст ва агар ҳам ки ҳамчунин омор мавҷуд бошад ҳам манбаи мо чизе нагуфтааст. Ин омор,ки натиҷаи кори мақомоти давлатӣ аст бо сӯҳбатҳои Путин, раиси ҷумҳури Русия дар моҳи апрели соли гузашта,ки мегуфт аз Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванд дар қаламрави Русия ба сар мебаранд,комилан мувофиқ аст. Аммо ҳам дар ҳамон ҷаласа ва ҳам дар ҷаласаи Паёми ахираш ба Маҷлиси олӣ дар 26 декабри соли гузашта Раҳмонов адади муҳоҷирони кории тоҷикро 480 ҳазор нафар эълон кард:

 

“Мувофиқи маъулмоти оморӣ соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо,ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд,қариб 60 % кам шудааст,ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад”.

 

Раҳмонов рӯирост ва ошкоро шумораи муҳоҷирони кории тоҷикро дурӯғ эълон кард, ин ҳам дар ҳоле,ки ҳанӯз як моҳи қабл медонист ва барояш маълумоти бадастомада аз ин нуфусшумории ғайрирасмӣ ва машкукро дода буданд,ки мегуфт шумори атбои муҳоҷир 1 миллиону 194 ҳазор нафар аст. Чаро Раҳмонов дар мавриди адади муҳоҷирон дурӯғ гуфт ва чаро мехоҳад,ки теъдоди онҳоро кам нишон диҳадро худи ӯ дар ҳамин паём ва дар ҳамин ҷумлаи фавқ бо сароҳат, аммо бо камоли пуррӯӣ ва беҳаёӣ изҳор доштааст: “…….қариб 60 % кам шудааст,ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад”. Яъне Раҳмонов мехоҳад бигӯяд,ки сиёсати ӯ ва бахусус тараққиёти иқтисодиёт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби мардум ба иштиғол ба андозе дар ҳоли ривоҷу пешравӣ аст, ки солтосол раванди ҳиҷрати корӣ кам шуда истодааст. Аммо ҳам ман ва ҳам ҳамаи шумо медонед,ки ин яке дигар аз дурӯғҳои шохдор ва бузурги Раҳмонов аст ки пайваста гуфта мешавад. Раҳмонов аз он намегӯяд, ки Тоҷикистон дар шумори чаҳор кишвари фақиртарин олам қарор дорад.

 

Ва бар тибқи маълумоти ироа додаи Созмони ҷаҳонии тағзия ва ё озуқа ҳудуди 20% аз аҳолии ин кишвар дар сатҳи пойинтар аз хатти фақр ба сар мебаранд ва қути рӯзонаи он камтар аз 1долларро дар бар мегирад. Ва бинобар маълумоти ҳамин манбаъ аз нисф бештари аҳолии Тоҷикистон дар шароит ва вазъияти асафбори фақру қашшоқӣ ба сар мебарад ва дар сабади истеъмолии вай дар як рӯз 1 доллару 33 сентро ташкил медиҳад. Яъне беш аз ними аҳолии 9 миллиона нимсеру нимгурусна ба сар мебаранд. Зеро дар шароит ва вазъияте,ки Тоҷикистон дорад, бар тибқи муқаррароти Созмони ҷаҳонии озуқа як кас рӯзона бояд 1 доллару 99 сент, яъне ду доллар масраф кунад. Дар ҳоле,ки ҳамчунин омор ҳикоят аз воқеияти кишвар мекунад, ин ҳарфу ҳиҷои пурдурӯғу пурвоҳимаи Раҳмонов ба дарди кӣ мехурад ва Раҳмонов бо ин суханҳои беасосу дур аз ҳақиқат киро гӯл заданӣ мешавад? Кадом рушди иқтисодӣ,кадом ҷойҳои корӣ ва кадом коҳиши раванди муҳоҷират. Расонаҳо аз ҳиҷрати фазоянда ва аз насл ба насл гузаштани ин раванд арқом далоил меоваранду раиси давлати Тоҷикистон аз оморе мегӯяд,ки мухолифи воқеият аст.

 

“60”дар сад коҳиш ёфтани шумори муҳоҷиронро Раҳмонов аз ҳисобу омори соли 2010 қиёс кардааст,ки ба гуфтаи ӯ дар он сол аз Тоҷикистон 1миллиону садҳазор шаҳрванди кишвар муҳоҷиратро ихтиёр намуда будааст. Дар ҳамон соли 2010 ягон бор ҳамин сифри 1млн100 ҳазорро ба муҳоҷирон нисбат намедоданд ва он солҳо мегуфтанд,ки 200 ҳазор муҳоҷир дорем. Бо гузашти як даҳсола акнун эътироф ва иқрор мекунад,ки он солҳо шумораи муҳоҷирон болиғ ба як миллион буд.Дурӯғҳои гуфтаи солҳои пешашро фаромӯш мекунад,ки чӣ гуфта буд.Чунонеки мегӯянд: “ҳофизаи дурӯғгӯ заъиф аст.”

 

Аммо саволи асосӣ ва аслӣ ин аст ки давоми даҳ соли ахир чи чи коре шудааст,ки ин шумора ба ин ҳадди фантастикӣ коҳиш ёфтааст? Магар корхона ва заводу фабрикаҳои гигант сохта шуд,ки 620 ҳазор касро бо ҷойи кор таъмин кардааст? Наход манзураш чор бинои сохтмони Бег Сабур бошад,ки бо ҷалби иҷбории кормандони соҳаи алоқа сохта мешаванд ва ё корхонаҳои тавлиди сементи писари Асадулло Ғуломов,ки ҳатто се ҳазор коргар надоранд? Охир,вақте мисли Зайд Сайид тоҷирони муваффақ, ки аз ҳисоби тиҷорати хусусӣ ҳазорҳо нафарро бо ҷойи кор ва маоши бамаротиб беҳтар аз маоши давлатӣ таъмин карда будандро чашми дид накарда ба маҳбас мекашӣ ва молу корхонаҳои сохтаи онҳоро забт мекунӣ, аз куҷо шумори муҳоҷир кам мешавад?

 

Ҳоло ки иқрор кардӣ,ки соли 2010 , 1 миллиону 100 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кор мекарданд,аммо як раҳ фикр намекунӣ,ки тӯли ин даҳ сол онҳое,ки мактаби миёна ва омӯзишгоҳҳову донишгоҳҳоро хатм карданд беш аз навад дар садашон куҷо ҳастанд? Онҳое,ки ду соли аскарии маҷбуриро ба иҷро расониданд куҷо рафтанд? Агар аз рӯи инсоф ва имон дар бораи муҳоҷирон ва шумораи онҳо ҳарф мезадӣ, ҳадди ақал ҳамон омори Путин гуфта ва ба таври ғайрирасмӣ ва машкук муҳосиба кардаатро эълон мекардӣ. Дар ҳоле,ки агар ҳаққан-ҳаққо бигӯем шумораи муҳоҷирони тоҷик аз якуниммиллион ҳам бештар аст. Дурӯғ торикии имон аст.Аммо ҳеҷ не ки муроот кунӣ.

 

Бубин,вақте ту аз рушду тараққиёт мегӯӣ бинобар маълумоти ба мо дастрасшуда аз Оҷонсии эҳсоия 583ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон табаияти кишвари дигарро гирифтаанд.Агар дар кишвар шароити кору зиндагонӣ беҳтар буд ва рӯ ба беҳбудӣ мебуд, магар беш аз ниммиллион тоҷикистонӣ тарки кишвар мекард ва шаҳрвандии Русияро мегирифт? Дар пушти ин ниммилион тоҷик,ки чору ночор ва бо ҳазорон дилкашолӣ ва аз рӯи маҷбур ва аз рӯи нодориву фақру қашшоқӣ ва ба хотири хӯрдан ва пӯшидан зодгоҳашро-ватанашро –кошонаашро-манзили хуни нофаш рехтаро, хешу ақрабо, дӯстону ҳамдеҳаву ҳамшаҳриҳояшро партофта зиндагӣ дар ғурбатро, ҷойи бегонаро, мардуми бегонаро, урфу одати бегонаро, забони бегонаро, мактаби бегонаро, ҳавову муҳити бегонаро ихтиёр мекунад, чи сарнавиштҳое ниҳуфта аст? Ин ниммиллион ҳатто як дарсадаш аз хушӣ табааияти Русияро интихоб накардааст. Вай аз рӯи зӯромад, аз рӯи онки дар ватан рӯзаш нагузашт, нон наёфт, қашшоқу гурусна шуд, тарки ватан кардааст. Аммо гумон аст, балки яқин аст ки аслан дар қиссашон нестӣ.

 

Ва,аз ин ҳам омори ваҳшатноке, ки ин манбаъ аз Оҷонси эҳсоия дар дастраси мо қарор доду хоҳиш кард,ки ҳеҷ гоҳ,то замоне,ки Раҳмонов ва режимаш ҳаст, номашро ба касе нагӯям ин аст ки дар замони раҳбарии Раҳмонов, шуруъ аз соли 1993, 301 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон мафқудуласар шудаанд, то ҳоло нишонӣ ва маҳали сукунат ва ҳато мурда ё зинда будани ин теъдод аз ҳамватани мову шумо маълум нест.

 

Раҳмонов ва дору дастааш,ба вижа муаллифони “фермаи ҷавоб” аз кушта шудани 150 ҳазор дар ҷанги шаҳрвандӣ ҷор зада ва онро бори Наҳзат мекунанд. Дар ҳоле,ки ин “Фронти халқӣ” ва танку тӯпҳо ва вертолёту самолетҳои дар ихтиёри вай гузоштаи неруҳои аҷнабӣ буданд, ки халқи тоҷикро қатли омм карданд. Раҳмонову пуштибонони хориҷиаш буданд, ки халқи тоҷикро дар Омуя ва атрофи он қир карданд. Вале ҳоло бармеояд, ки шумори афроди нопадидшуда ва гумгашта дар даврони раҳбарии Раҳмонов 301,000 ҳазор кас будааст.

 

Аммо як нуктае,ки воқиан касро дар тааҷҷуб меандозад ин аст ки чаро Раҳмонов талош мекунад, ки шумораи аҳолии кишварро аз будаш бештар нишон диҳад? Бубинед,ҳоло тибқи ахбори расмии мунташиршуда аз тарафи Комиссиюни Марказии Интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шумори пешакии интихобкунандаҳо 4 млну 793282 баровард шудааст. Ин шумораи шаҳрвандони кишвар аст ки аз 18 сола боланд ва ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. Дар кишваре, ки ҳоло атбои он 9 миллиону 200 ҳазор аст магар шумораи талабаҳои мактабӣ ва то мактабӣ, яъне то ҳаждаҳсола аз боқии аҳолии кишвар бештар мешавад.

 

Бар пояи маълумоти ироа додаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2019 дар Тоҷикистон 205 ҳазор тифл ба дунё омадааст. Ин манбаъ бар рушди мизони таваллуди солона таъкид кардааст. Азбаски таваллуд дар ҳоли рушд арзёбӣ мешавад мо ҳисоби миёнаи аҳолии то синни 18-и кишварро 160 ҳазор дар сол ҳисоб мекунем. Ин ҳисоби мо тахминӣ аст ва агар масъала пажӯҳиши дақиқ бишавад, мутмаинан рақами овардаи мо аз ин ҳам пойинтар хоҳад буд. Хуб ҳоло ҳамин 160.000ро ба 18 зарб бизанем то шумораи аҳолии кишвар то синни 18 маълум бишавад. Ҳосили ин рақам шуд 2млн 880 ҳазор.Акнун ин шумораро ба 4млну 793282-омори Комиссиони интихоботӣ ҷамъ кунед.Ҳосили он мешавад шумораи воқеии аҳолии Тоҷикистон- 7 миллиону 673 ҳазору 282. Ба дурустӣ,ки шумораи аҳолии кишвар аз ин ҳам камтар аст.Акнун аз ин шумора як миллиону 194 ҳазор муҳоҷир, 583 ҳазор тоҷикистонии шаҳрвандии дигар кишвар қабул кардаро кам кунем ва ё тарҳ намоем чи ҳосил мемонад? 5.млн 896282 нафар. Ин шумораи аҳолии Тоҷикистон аст ки имрӯз дар ватан зиндагӣ мекунанд.

 

Манбаъи мо дар Оҷонсии эҳсоия як маълумот ё ҳолати тамоман боварнакарданиро ироа дошт. Ин омор касро сахт шигифтзада ва ҳайрон мекунад. Ин манбаъ гуфт,ки вақте шумораи аҳолии ноҳияи Синои Душанберо муайян карда шуд,ки 274 ҳазор нафар аст аз боло супориш шуд, ки ҷой ин рақам 330 ҳазор эълон бидорем. Яъне танҳо дар ҳамин як ноҳия тафовут 56 ҳазор,20% зиёд изофанависӣ дар шумори аҳолӣ. Барои ҳамин гуфт ин манбаи мо метавон ин оморро ба тамоми кишвар татбиқ кард.Ва он вақт омори воқеитар маълум мешавад.20 дар сад камтар аз ҳисобҳои расмӣ,яъне на 9.млн 400 ҳазор,балки 7 миллион бештар,ки ҳамон ҳисобу китоби тахминии моро дуруст мешуморад. Аммо боз ҳам як нуктаи дигари ҷолиб дар мавриди дурӯғ ва барзиёд нишон додани омори воқеӣ.

 

Комиссиюни марказии интихобот шумораи интихобкунандаҳо дар ноҳияи Сино, яъне ҳамин ноҳияро 73 779 нафар эълон кардааст.Яъне аз 330 ҳазор аҳолии ин ноҳия 73779 нафар сокини аз 18 сола боло ва бақия 256221нафар аз 18 сола поин . Агар ин рақамро бо рақами умумии интихобкунандаҳо,ки 4млну 793282 нафар эълон шудааст ва нуфуси худи аҳолӣ 9 миллиону 400ҳазор баровард шудааст ва фарқияти байни дарсадии онҳо қиёс намоем, боз як дурӯғи калони дигари Раҳмонов бармало мешавад. Бубинед, ки тафовут аз куҷо то ба куҷо аст? Дар ноҳияи Сино ҳар панҷум нафар аз 18 сола боло ва қобили раъй баровард шудааст аст аммо дар саросари ҷумҳурӣ тамоман, аз нисф бештари аҳолӣ аз 18 сола боло аст.

 

Ҳоло акнун дар ниҳояти навишта ин суол посух мехоҳад,ки чаро Раҳмонов мехоҳад омори аҳолии кишварро бештар аз будаш ҷилва бидиҳад? Чаро Раҳмонов мехоҳад шумори интихобкунандаҳои шаҳрҳоро кам нишон диҳад.Чаро шумори муҳоҷирони кории кишварро ба маротиб кам нишон медиҳад? Албатта, ин як бозӣ ва барномаи махсус аст бо ангеза ва ғаразҳои сиёсӣ. Ва ба гумони ғолиб на танҳо ба интихоботҳо марбут аст. Дуруст аст ки моҳи октябри соли ҷорӣ нуфусшуморӣ,ки ин бор як суоли хос дар бораи дину мазҳаб ҳам дорад, баргузор мешавад. Аммо аз ҳамин ҳоло маълум аст ки арқоми воқеии ин саршумор пинҳон ва пӯшида нигоҳ дошта мешавад. Аммо дар ҳар сурат шумо чи назар доред ва фикр мекунед,ки чаро омори воқеияро Раҳмонов эълом намедорад ва чи манфиат ва нақшаҳои пинҳонӣ дорад?

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Чаро оғози музокироти сулҳи Франкфурт фурӯ рехт?

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хӯҷанд ошкоро ба мавқеъи ҷангҷӯёнаи давраи ”сангаксафаровӣ”-и соли 1992 комилан баргашта, боз миллати мазлуму кӯчакро ба ду ҷиноҳи ҷангӣ тақсим карданд. Дигар барномаи нишасти Франкфурт, ки он метавонист равзанаи рӯшноиро барои ояндаи миллат боз намояд, фурӯ рехт.
Read More

Маҳдудиятсозиҳои Раҳмонов ҷавононро ифиротӣ мекунад

Сабаби ифротӣ ва ифротгаро шудани ҷавонон дар Тоҷикистон ҳукумати Раҳмонов аст. Тақрибан дар ҳама вохуриҳои президент, дар ҷаласаҳои раисони вилоятҳо, дар ҳама ҷамъомадҳои намояндагони ҳукумат ҳатто дар ҷаласаҳои раисони ҷамоатҳо ва дар мактабҳову боғчаҳои кӯдакон аз хатари терроризм ва гурӯҳҳои радикалӣ ва пайвастани ҷавонон ба онҳо таъкид карда мешавад.