Боздошти эътирозгаре дар дохили масҷиди Ҳазрати Шоҳи Истаравшан

Домулло аз Аллоҳ тарсед ва туҳмат накунед! Дар ин асно Домулло Абдушукур каме хомӯш шуданду чанд пирамарде аз ҷойҳояшон хестанд ва он эътирозгарро аз масҷид берун намуда ба кормандони ВКД супориданд.

 

Манбаъи Ислоҳ нет ба мо иттилоъ додаанд,ки рӯзи ҷумъа 20-уми апрели ҳафтаи ҷорӣ ҳодисаи боздоште дар дохили масҷид сурат гирифтааст.Дар аснои хутбаи намози ҷумъа  Домулло Абдушукур имом хатиби масҷиди марказии шаҳри Истаравшани ба номи Ҳазрати Шоҳ дар суханронии қабл аз хутбааш ба унвони “Чил сифати салафиҳо”суҳбатро оғоз менамояд.Тақрибан 15 дақиқа дар ин маврид суханронӣ мекунад ва мегӯяд: Салафиҳо аз қабр талабкарданро ширк меноманд,мавлудро бидъат медонанд,дар ташаҳҳуд(аттаҳиёт хондани дар намоз) ангушти ишоратиашонро боло мебардоранд( ишораи сабоба)-дар назар доштанд.Рафъи ядайин менамоянд Сари луч намоз мехонанд,ҳарчизе хост онро баён дошт ва манбаъ мегӯяд: Ҳама сифати муваҳҳидонро,ки ба он Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба амалкарданаш амр ва аз нокарданаш бозамон доштааст дар ин “Чил сифат” зикр намуданд.Туҳматҳои дигареҳам карданд,ки ба ҳеҷ чавкоте рост намеомаданд.Ҳама намозгузорон сарҳо хам гӯш мекарданд ва дар ин асно як марди аз 30 то 40 сола тоқат карда натавонистанд аз ҷой хестанд ва гуфтанд: Домулло аз Аллоҳ тарсед ва туҳмат накунед! Дар ин асно Домулло Абдушукур каме хомӯш шуданду чанд пирамарде аз ҷойҳояшон хестанд ва он эътирозгарро аз масҷид берун намуда ба кормандони ВКД супориданд.То ба ҳол ҳеҷ иттилоъӣ дигаре дар мавриди шахси боздошт шуда нарасида аст.Аз ин ҳодиса ҳеҷ расона ё хабаргузорие чизе нашр накардаанд.

Агарчӣ вазъияти озодиҳои динӣ дар кишвар хело вахим аст.Аммо дар вилояти Суғд ва навоҳии тобеъӣ ин вилоят вазъият хело нигаронкунанда боқӣ мемонад.Чандин хабарҳои боздошт ва шиканҷаҳои гуногӯн ба мо расида истодааст.

Домулло Абдушукур шогирди домуло Ҳамзахон буда ва Домулло Ҳамзахон ду сол қабл аз олам даргузаштаанд. Манбаъ баён доштанд,ки Домулло Ҳамзахон аз Абдушукури шогирдашон розӣ набуданд ва сабабашро ба тариқат гаравидани Абдушукур унвон намуданд ва дар он ҳолат аз олам дар гузаштанд.

Маълумоти кутоҳ дар мавриди Домулло Абдушукур Боқиев

Боқиев Абдушукур фарзанди Шокирхон ва писараммаи марҳум Мулло Ҳамзахон ва хоҳарзодаи Мулло Нӯъмонхон ва набераи духтарии эшони Файзуллоҳхон, соли 1980 дар деҳаи Шарифи Тошбек дар хонаводаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Ӯ синфҳои ибтидоро дар мактаби миёнаи рақами 51и деҳаи Ободи таҳсил кард ва аз овони кӯдакӣ ба ҳифзи Қуръони Карим машғул шуд ва муқаддамоти улуми диниро дар назди падарбузурги худ Боқихон фаро гирифт. Вай барои таҳсили улуми динӣ ва ҳифзи Қуръони Карим ба  шаҳри Намангони Узбекистон рафта ва дар ниҳоят ҳофизи кулли Қуръон гардид. Сипас дар солҳои 1993 то 2005 дар пои дарси домулло Ҳамзахон нишаст ва аз толибилмони мадрасаи Султонхон Латифии шаҳри Истаравшан буд. Эшон дар солҳои ахир ба маслаки тариқат гароид ва домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ  ба ӯ дасти муридӣ дод ва ӯро ба унвони пири тариқати худ баргузид ва муддатеро дар Тоҷикобод дар хонақоҳи мулло Ҳикматуллоҳ ба ибодат ва риёзат ва сайру сулуку ва таҳсили улуми динӣ машғул гардид. Ӯ чандин сол дар масҷиди Мавлоно Усмони Чархии шаҳри Истаравшан ноиб хатиб буд ва баъди гаравидани ӯ ба тариқат байни вай ва мулло Ҳамзахон,ки ӯ суфӣ набуд ихтилофоти падидор шуд ва аз ӯ норозӣ буд. Ӯ ҳамакнун сархатиби шаҳри Бостонии Истаравшан ва Имомхатиби масҷиди Ҳазрати Шоҳ мебошад.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Баҳси Барзу Абдураззоқов бо Муҳиддин Кабирӣ

Ин суҳбат дақиқан даҳ сол қабл сурат гирифта буд, дақиқан шаш моҳ пеш аз интихоботи порлумонии соли 2010.Ҳангомеки ин суҳбатро хондам хостам бори дигар онро нашр намоям,то бори дигар ба даҳсол қабл баргардем ва бубинем