“Бозии абарқудрат”

Ислоҳ нет

 

           ПМТ-иттиҳоди оппозитсиони тоҷик ва Русия бояд таклифи худро рӯшан кунанд

   “Максим.. гуфт, ки рӯзи 14 феврал бо шумо  намояндаи дастгоҳи президенти Русия мулоқот мекунад ва рӯзи 15 –намояндаи Шӯрои амният”.

             ( Пораи сӯҳбати Ш.Гадоев  дар нишасти хабарӣ дар Амстердам)

    Иттифоқоти ба сари муовини раиси ПМТ омадаро мебояд бо ҷузъиёт ва аз зовияҳои мухталиф ба баҳсу баррасӣ кашид, то дар идомаи мубориза аз такрори чунин пешомад ҷилавгирӣ бишавад. Ба вижа муносибат бо Русияро мебояд  комилан рӯшан ва таъйин кард. Ин ҳодиса ошкор кард, ки Русия дар он нақши асосӣ бозидааст:- ҳам боздошту таслими  Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон ва ҳам озодшавӣ ва бозпас омадани ӯ.

 

  Дар марҳалаи феълӣ барои оппозитсион ва бахусус роҳбарияти он Русия кишвари амн ва маҳалле барои иҷрои фаъолиятҳои сиёсӣ шуда наметавонад. Чунки Русия Тоҷикистонро “минтақаи таҳти нуфуз ва манфиатҳои ҳаётан муҳим”, -худ меҳисобад. Тоҷикистон ва қаламрави онро“марзҳои ҷанубии СНГ-ИДМ”  эълом кардааст ва Тоҷикистон узви ОДКБ- ПААД  –созмони ҳарбиест, ки Русия дар меҳвари он қарор дорад. Бадеҳист, ки аксари вақт дархост ва тақозои Душанберо иҷро хоҳад кард. Ин омилҳо ва низ инки раҳбарияти Тоҷикистони имрӯза сохта ва маҳсули эҷоди Русия аст, Русияро ба он наздиктар кардааст. На танҳо Шарофиддин аз шумори рақибони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аст ки аз сӯи Русия, бар хилофи  тааҳҳудоти байналмилалиаш, боздошт ва таслим шудаанд. 

 

    Ин воқеиятро, ки бидуни эътирофи манфиатҳои Русия ва қоил шудан ба нақшу мақоми он дар оддисозии муҳити сиёсӣ ва бартараф кардани бӯҳрони ба вуҷудомада миёни ҳукумат ва оппозитсион Паймони миллии Тоҷикистон бо мушкилоти сангин дучор хоҳад шуд ва баъид ҳам ба назар мерасад, ки комёб шавад, набояд аз мадди назар канор гузошт.Бо назардошти ин авомил ПМТ мехоҳад ё хайр, Русия мӯҳраи асосӣ аст ва мудохила хоҳад кард.

   Ба гумони ғолиб даъвати намояндаи ПМТ ба Маскав аз ҷониби кадом ниҳоду идора ва дар чӣ сатҳу сифате ва бо чӣ нияту ҳадафе,ҳатто бо ҳадафи дуздӣ ва таслим ба Тоҷикистон сурат гирифт, дар худ паёме дорад ба ҳарду тарафи тоҷикӣ, ки ин навбат ҳам гиреҳ ва чигили бӯҳронро дар охири хат ӯ во хоҳад кард.

 

    Бо даъвати намояндаи оппозитсион ба Маскав  Русия де-факто ва де-юре Паймони миллии Тоҷикистонро ба унвони як субъекти сиёсӣ ва байналмилалӣэътироф кард.Русия ба ҳайси кишвари соҳибнуфуз ба сифати миёнҷӣ вориди амал шуда аз ҷониби оппозитсион хост, ки масоил ва мушкилотро бо ӯ дар миён бигзорад. То муштаракан роҳи ҳалли низоъро пайдо бикунанд. Ҳатто агар ки ин ҳадафи Русия суварӣ ва зоҳиристу дар асл тӯри тазвире беш набуд, аммо таъйид ва хотирнишон сохт, ки барномаҳоеро барои оддисозии шароити миёни ҳукумат ва оппозитсиони тоҷик  дорад ва ҳадди ақал дар садади рӯи кор овардани он аст. Чунки дар гузаштаи начандон дур ҳамчунин барнома (барномаи музокироти миёни тоҷикон) маҳз дар идороти давлати Русия барои “ҳукумати конститутсионӣ” ва  Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик  таҳия ва ба иҷро дароварда шуда буданд.  

 

  Воқеият ин аст ки Русия бо оппозитсиони тоҷик ошноии дерина дорад. Оппозитсиони тоҷик он замон дар Афғонистон ва мусаллаҳ буд. Замоне, ки муроқибат ва ҳимояти  марзҳои Тоҷикистон дар ихтиёри русҳо қарор дошт. Ҳодисаи рухдода дар тобистони соли 1993 дар заставаи 12 русҳоро водор карда буд, ки бо оппозитсиони тоҷик ба таври муносиб ҳамкорӣ бикунанд.

 

      Е. Примаков, раиси СВР-Хадамоти иктишофи беруна ҷиҳати мулоқот бо устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Афғонистон рафт. Ҳамин дидору мулоқот боис шуд, ки Маскав ба оппозитсион бо таври муносиб ва сазовор бархурд  кунад. 

 

      Аслан барои Русия демократӣ ё авторитарӣ будани низом дар Тоҷикистон ва ё ҳар кишваре, ки зери нуфузаш аст, муҳим ба назар намерасад. Муҳим ором бошанд ва ба нуқтаи ноамниву даргирӣ мубаддал нашаванд.То рақибони сарсахти ӯ — Амрико ва ё кишварҳои узви НАТО, ки рӯзбарӯз “манотиқи таҳти контролаш”-ро тангтар месозанд, имкони дахолат дар ин манотиқро ҳам ба даст наоваранд. Амрико ва аврупое, ки ба маҳзи риоят накардани ҳуқуқи башар, худсариҳо дар арсаи байналмилалӣ ва бархӯрди хашин бо мухолифинаш Русияро таҳти таҳримоти иқтисодӣ ва молиявӣ қарор додаанд, ки бар асари он Русия зарари зиёд мебинад. Ҳоло, ки Русия бо Аврупо дучори мушкил шудааст, барои Раҳмон ва ҳокимияти ӯ шуда намехоҳад равобиташро бадтар кунад.

 

   Ин ҳам дар ҳолест ки қароргоҳи ПМТ-ташаккули тозаи оппозитсиони тоҷик  дар кишварҳои узви НАТО  ҷойгир шуд ва онҳо фаъолиятҳои сиёсии худро таҳти ҳимояти Аврупо ба роҳ мондаанд. Ин имкон вуҷуд дорад, ки бо сарфи назар кардани оппозитсиони тоҷик ва манофеи он аз сӯи Русия ПМТ комилан бо кишварҳои ғарбӣ канор биояд ва дар ихтиёри рақибони сарсахти Русия қарор бигирад.  Ҳамин ҳоло Паймони миллӣ бо фаъолсозии шабакаҳои иттилоотӣ дар интернет ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд ва муфид бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои урупоӣ талош дорад ба аҳдоф ва барномаҳои худ даст биёбад. Русия аз  ҳамаи ин таҳаввулот огоҳии комил дорад. Муҳимтар аз ин ҳама Русия ба як ташаккули сиёсии билқувва, асаргузор ва пуртарафдор будани ПМТ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз муассисони он аст имон дорад.  Агар ки дар рақобати солҳои муқовимати дохилӣ сангар ва сангарнишинӣ Русияро водор кард, ки оппозитсионро бишиносад ва ба пойи музокирот биншинад, ин навбат муқовимат ва масофи лафзӣ ва дастгириву пуштибонии кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ, ки ба суроғи сарнавишти муовини раиси ПМТ шитофтанд ва бонги хатар заданд, ин абарқудратро ба посух гуфтан маҷбур кард. Ин мушорикати русҳо буд, ки қазияи Шарофиддин ба унвони яке аз роҳбарони оппозитсияи тоҷик аҳамияти ҷаҳонӣ касб кард.

 

   Русҳо кӣ будан, чӣ доштан, чӣ кардан, чӣ қудрат ва чӣ шумора тарафдор доштани оппозитсияи тоҷикро медонанд. Ва низ ба хубӣ огоҳанд, ки қисме аз онҳо имрӯз дар Русия кору зиндагӣ доранд.  Барои Русия пӯшида нест, ки оппозитсияи тоҷик ва ҳукумати Раҳмон дар байни халқи тоҷик чи қадар пуштибон доранд ва манбаи иҷтимоии кадоме аз онҳо қавитар аст. Аз ин ҷиҳат дер ё зуд ногузир аст,барои яксара ва сокит кардани ин ихтилоф, ки барояш паёмадҳои ногувор дорад, даст ба кор бишавад. Метавон,қазияи Шарофиддинро иқдоми аввали русҳо дар иҷрои ин амр маънидод кард.

 

  Набояд фаромуш кард, ки Русия як кишвари абарқудрати ҷаҳонӣ аст. Зарфиятҳои бузург дорад. Ҳам аз лиҳози низомӣ ва ҳам аз лиҳози дипломатӣ. Бозиҳои бузургеро метавонад ба роҳ андозад. Бозиҳоеро, ки танҳо баъди  анҷом мефаҳмед, ки ҳадаф аз роҳандозии он чӣ буда? Моҷарои сохта бо намояндаи оппозитсияи имрӯзаи тоҷик як намунаи он аст. Зоҳиран аз ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва мухолифи сиёсиашро бо дасту пойи баста таслимаш намуд. Аммо натиҷаи кор тавре шуд, ки ба манфиати оппозитсия поён ёфт. Ин корро намешавад саҳлу содда пиндошт ва тавре баён кард, ки кадом ниҳоде ба сари худ  ба ин амал даст зад. Бидуни онки мақомоти болоии Русия бохабар набошанд.

 

    Ва аз сӯе ҳам ин тарзи бозиву бархӯрди Русия бо ҳукумат ва оппозитсия, ки Раҳмон ва ҳукумати ӯро шарманда ва бечора кард, метавонад  ҷазо ба Раҳмон бошад, ки худсарона бидуни кадом санаду мадрак ба бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даст зад. Ташаккули сиёсии динии мӯътадилро, ки Русия онро шинохта ва эътироф кардааст. Ва тарафи дигари сулҳе буд, ки ҳукумати Русия аз оғоз то ба анҷом, ҳатто бо ҷони асокиру афсаронаш ба даст оварда оромӣ ва суботро дар Тоҷикистон таъмин карда буд. Ва як натиҷаи мусбат ва намунаи бартари фаъолиятҳои дипломатияи русӣ ҳам талаққӣ мешуд.

 

     Ҳодисаи Шарофиддин Гадоев барои эътироф ва шинохти ҷаҳонии ПМТ- созмони муътабари оппозитсиони тоҷик  бисёр боаҳамият аст. Ва онро мешавад бо ҳодисаи заставаи 12, ки барои шинохт ва эътирофи ҷаҳонии ИНОТ мусоидат намуд,монанд кард. Ва нуктаи ҷолиб ва ҷаззоб дар ин ду ҳодиса ин аст ки маҳз ҳузури Русия боиси эътирофи оппозитсиони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.  

Share This Article