Чанд суолу посух перомуни ҷаноза ва баъзе аҳкоми он

Ислоҳ нет

Чанд суолу посух перомуни ҷаноза ва баъзе аҳкоми он

Муддатест саволҳои бешумори хонандагон ба унвони ман ирсол мегарданд. Дар ин ҳафта аз намози ҷаноза, чӣ тавр хондани он, чӣ тавр шустани майит, ширкат кардан дар ҷаноза ва фазилати он бештар савол карданд. Агарчи ба саволҳои баъзе тавассути паёмак посух додам, аммо посухи ду саволро дар мақолаи қабли посух гуфта будам, то дигарон низ истифода кунанд. Инчунин ин мақоларо бо посух гуфтан ба саволҳои хонандагон бахшидам, яъне сездаҳ саволро дар як мақолаи хос посух мегӯям. Аз Аллоҳ талаб дорам посухамро комилу хуб ва иншоямро ботароват гардонад, то хонандаи саволгузор аз хондани он нафъе барад.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруди бепоён бар Муҳаммад, салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ ва хондони поки Ӯ ва ёрони ҷонфидо ва ҳамрикобаш бод.

Саволи аввал. Ҳукми намози ҷаноза бар майит чист?
Посух: Ҳукми намози ҷаноза фарзи кифоя буда, агар баъзе ширкат намоянд дигарон аз гунаҳкор шудан соқит мегарданд. Масалан дар як хонавода 4 мард ҳаст ду нафар ширкат намуд ду нафари дигар гунаҳкор намегарданд. Ё дар ширкате бист нафар кор мекунанд бояд ин бист нафар вақте ҳама наметавонанд дар он ҷаноза ширкат кунанд, чанд нафарро аз миёни худ интихоб намоянд, то онҳо шркат намоянд. Дар ин сурат касе гунаҳкор намегардад. Дар ин ҳолат бар боқимонда суннат мешавад ва гунаҳкор намегарданд. Вале агар ҳамагӣ ҷанозаро тарк намоянд гунаҳкор мегарданд.
Саволи дуввум. Мехостем фазилати намози ҷанозаро барои мо баён намоед?

Посух: Намози ҷанозаро фазилати бузургест ва тавре ки дар саҳеҳайн аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) омадааст онро Абуҳурайра (раз) ривоят кардаанд: ”Ҳар як мусалмон дар ҷанозаи мусалмони дигар бояд аз рӯи имону эътиқод ширкат кунад ва намози ҷанозаро адо намояд, на ин ки дастҳо даруни ҷайб ҷанозаро наззора намояд. Чунин ҳолатро дар ҷанозаи бисёре аз мардуми воломақом мушоҳида мекунем. Агар нафаре бо мақсади дар ҷаноза ширкат кардан ва пас аз гӯронидани майит баргаштан ба хонаро дошта бошад барояш аҷри ду қирот аст. Ҳар қирот ба андозаи кӯҳи Уҳуд (кӯҳи бузурге дар Мадинаи мунаввара) аст. Агар дар намози ҷаноза ширкат намояд ва то қабристон ва дафн кардан бо мурда наравад барояш як қирот аст”.
(Муттафақун алайҳи)

Дар ҳадиси дигар, дар саҳеҳайн аз Абуҳурайра (раз), дар ин маврид аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) ривоят шудааст, ки фармуданд:“ Агар шахси мусалмон бо мақсади намоз гузоштан дар ҷаноза ширкат кард барояш аҷри як қирот мебошад ва агар дар ҷаноза бо майит то қабристон равад ва дар дафни ӯ ширкат кунад барояш аҷри ду қирот мебошад. Гуфтанд: Ду қирот чист? Гуфтанд: Ба монанди ду кӯҳи бузург аст”. 
(Муттафақун алайҳи)

Пас маълум аст, ки фазилати намози ҷаноза бузург аст ва намози ҷанозаро хондан ва то қабристон рафтан ва ӯро дафн кардан аҷру савоби бузурге доштааст. Кӯшиш бояд кард, то аз ин аҷру савоб бенасиб намонем.

Саволи саввум. Ҳангоме ки ба намози ҷаноза ҳозир шавӣ ва чанд такбир гуфта шуда бошад, дар ин ҳол чӣ кор бояд кунем?

Посух: Ҳангоме ки ба ҷаноза расидед ва он чи мондааст ба ҷо оред ва дарҳол барои ӯ дуо кунед. Фуқаҳои мазҳаб бар ин назаранд, ки ба тартиб аз аввал бихонад ва бо имом салом надиҳад, то ин ки тамом накунад, зеро қазо ҳукми адоро дорад. Аммо агар салом дод ва онро қазо нахонд дар ин ҳол ҳам намозаш дуруст аст. Ҳамеша барои шахсоне, ки имоми ҷаноза мешаванд кӯшиш кунанд ба оромӣ бихонанд, то фурсат барои ҳама гузоранд ва аз аҷр дигаронро маҳрум накунанд.

Саволи чаҳорум. Ҳангоме ки аз намози ҷаноза қафо мондӣ дар ин ҳол бояд чӣ кор кунем?

Посух: Вақте ба намози ҷаноза расидед ва онро алакай гузошта бошанд ва майитро бардоштанд шумо бо майит ба тарафи қабристон равед, то аз аҷр маҳрум нагардед. Вақте ӯро ба хок супориданд метавонед дар он ҷо ҷаноза хонед.
Дар Саҳеҳи Муслим ҳадисе аст, ки Расулули Акрам (с) ба қабристон рафтанд, пас аз он ки майитро дафн карда буданд чаҳор такбир гуфтанд ва бар он намоз гузориданд.
(Ривояти саҳеҳ, Муслим № 953)

Саволи панҷум. Оё мумкин аст бар мурдае, ки дар ҷойи дигар аз дунё гузаштааст намози ҷанозаро дар ҷойи дигар гузошт. Масалан модарам аз дунё гузашт ва ман имкон надорам дар ҷанозааш ширкат намоям. Метавонам дар ҷои дигар барояш бо чанд нафар ҷанозаи ғоиб бихонем?

Посух: Бале,шумо метавонед бо чанд нафар дар ҷое, ки қарор доред барои модаратон намози ҷанозаи ғоиб бихонед.
Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ҳангоме, ки хабари вафоти Наҷошӣ подшоҳи Ҳабаша (Эфиопия)-ро шунид, барояш ҷанозаи ғоиб гузоштанд. Албатта ин суннатро дар зиёде аз кишварҳои исломӣ ва арабӣ анҷом медиҳанд, вале мутаассифона дар мо ин оддат нест. Инчунин мехоҳам бештар дар ҳаққи модару падаратон дуои хайр намоед. Метавонед истиғфори зиёд гӯед ва ба сабаби дуоҳои шумо қабраш пурнур ва фарох мегардад.

Саволи шашум. Оё шахсе худкушӣ мекунад бо ҳар роҳ ё василае бар чунин шахс намози ҷаноза гузошта мешавад, зеро айни ҳол ин мусибат дар ҷомеъа зиёд гаштааст. Хоссатан ҷавонон ба худкушӣ барои қарздорӣ, барои мусибате, ки аз уҳдааш намебарояд худкушӣ мекунанд, лутфан муфассал посух диҳед?

Посух: Албатта худкушӣ ҷинояти сангин ва нобахшиданист. Намехоҳам нисбати ин гуноҳ муфассал нависам, зеро дар ин маврид мақолаи комиле дорам онро хонед. Танҳо посухи шаръ чунин аст.
Шахсе худро амдан куштааст бар ӯ намози ҷаноза хонда намешавад. Дар ҳадисе аз Ҷобир ибни Самурата (раз) аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин омадааст: “Ҷанозаеро назди Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) оварданд, ки худро кушта буд ва Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) бар ӯ ҷаноза нагузоштанд”.
(Ривояти Муслим № 978)

Саволи ҳафтум. Дар мо одат аст, ки вақте аз мо касе вафот кунад мурдаро дер ҷаноза мекунанд ва қариб гоҳо ду рӯз пас мегӯронанд. Мунтазири расидани хешу табор ва фарзандонаш мемонанд. Ҳарчи мефаҳмонем ин одатро тағйир намедиҳанд. Дар ин масъала посух медодед, мухлиси шумо аз ноҳияи Айнӣ.

Посух: Ин одати бадест, ки набояд дар такфину ҷаноза ва дафни мурдагон таъхир намуд. Мо шоҳидем, ки дар давлатҳои арабӣ ва исломӣ, ҳатто шаб мурдагонро ҷаноза карда, дафн мекунанд. Каси дар ҳаҷ буда шоҳиди он аст, ки ҳатто пас аз шом ва пас аз хуфтан эълон мекунанд, ки салоти ҷаноза аст. Ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки набояд дар гӯронидан таъхир кард. Дар зинда будани он шахс фарзанду хешу ақрабо чӣ карданд, ки пас аз мурданаш мекунанд. Муҳимтарин кори бозмондагон ин дуои хайр дар ҳаққи он майит аст. хоссатан фарзандону наберагонаш.

Аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст: “Дар ҷаноза шитоб кунед, агар солеҳу накӯкор бошад (мурда) ба хайр наздикаш намоед (манзур тез дафнаш кунед, то аз ончи дар қабр интизораш аст онро дарёбад). Агар чунин (солеҳу накӯкор) набошад бадбахту шар бошад тез аз гарданҳоятон поёнаш намоед (манзур тобути ӯро тез гузоред ва дафнаш кунед)”.
(Ривояти Муслим № 944)
Саволи ҳаштум. Ҳангоме ки мурдаро дар қабр мегузоранд ягон дуои муайяне ҳаст, ки бояд онро хонд?

Посух: Ҳангоме ки майитро дар қабр мегузоранд бояд чунин бигӯянд: Бисмиллоҳи ва ало миллати Расул салаллоҳу алайҳи васаллам гуфта, майитро дар лаҳад ба тарафи рост гузошта рӯ ба сӯи қибла ва сари кафанро мекушояд. Хиштҳоро дар лаҳад мечинанд, аз семент ва ё хишти пухта истифода накунед. Бояд хишти хом бошад ва болои қабр тибқи суннат аз як ваҷаб боло набошад. Чун ватанҳои мо хокӣ аст ва лаҳадро фарох меканем хоки худи лаҳад аст боке надорад.

Саволи нӯҳум. Падарам аз дунё гузашт ва ман дар сари қабраш санге нагузоштам ва номашро низ ҷое сабт накардаам, зеро шунида будам аз нигоҳи шаръ ин хуб нест. Оё ин амали ман хуб аст ё бояд санге бо навиштани исмаш гузорам?
Посух: Албатта ин амали шумо мувофиқи шариъати ислом аст ва набояд чизе нависед ва болои қабри падаратонро бо семент маҳкам кунед, зеро тибқи ҳадиси саҳеҳ вазидани шамол бар қабр ва рехтани борон бар болои қабр сабаби кам гаштани азоби соҳиби қабр мегардад. Инчунин Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) боз доштааст умматашро аз бино намудан бар қабр ва нишастан бар қабр”. 
(Ривояти Муслим № 970)
Хондани дуо дар ҳаққи падару модар ва дар роҳи рост рафтан ин худ беҳтарин анҷоми амал аст.

Саволи даҳум: Оё хонаи шахсе, ки касе аз онҳо вафот мекунад бояд ба ҳама онҳое, ки барои таъзия меоянд омода кардани хӯрок ҳатмист. Агар шароити он ҳамаро надошта бошанд барои таъом додан дар ислом гуноҳ аст?

Посух: Аслан дар шариъати ислом чунин чизе вуҷуд надорад, ки ба онҳое, ки меоянд бояд ғазо омода кард ва тақдим намуд. Баръакс бояд ҳамсояҳо нагузоранд хонаи мурдадор хӯрок пазанд ва аз хонаи онҳо дуди ғазо барояд. Зеро аз хонаи шахси бемусибат бояд дуди ғазо барояд на аз хонаи шахси азодор.
Ҳангоме ки Ҷаъфар ибни Абутолиб (раз) дар рӯзи муъуна шаҳид гашт Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин гуфтанд: Бар хонадони Ҷаъфар таъом омода намоед, зеро онҳоро (андӯҳе омадааст,ки) бар он машғулашон кардааст”.
(Ривояти Ҳоким дар Мустадрак № 1377) 
Фуқаҳо пухтани таъом ва барои мардум тақдим карданро дар хонае, ки шахсе аз онҳо вафот кардааст макруҳ медонанд.

Саволи ёздаҳум: Ҳангоме, ки шахсе вафот мекунад бояд чӣ тавр таъзия баён намоем. Хело муҳим аст, мехоҳем тибқи суннат посух диҳед, то мо низ анҷом диҳем?

Посух: Ҳангоме, ки касе аз мусалмонон вафот мекунад таъзия баён намудан суннат аст. Метавонед қабл аз ҷаноза ва дафни майит бошад ва ё пас аз ҷаноза ва дафн. Инчунин тибқи суннат вақти баёни таъзия то се рӯз аст, вале аз фавтшуда дур бошед ва ё хабар надошта бошед метавонед ҳар вақте, ки бозмондагонашро дидед онро баён намоед.
Шахси таъзия баёнкунанда бояд чунин гӯяд: Аъзамаллоҳу аҷрак ва аҳсана азоак ва ғафара ли митатак.
Шахси азодор бояд чунин бигӯяд: Истаҷоба Аллоҳу дуъоак ва раҳимано ва иёк.

Саволи дувоздаҳум: Ҳангоме ки аз назди қабристон мегузарем ва ё ба он ворид мешавем чӣ бояд бигӯем. Оё дуои махсус омадааст?

Посух: Бале, мусалмон бояд ба зиёрати қабр равад, зеро ин зиёрат қалбро нарм ва инсонро ба ёди охират мебарад.
Дуое, ки аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) дар ин маврид омадааст суннат аст ва чунин аст.

Ассалому алайкум дора қавми муъминин ва инно Ин Шо Аллоҳ бикум лоҳиқун”.

Идома диҳад

Ярҳамуллоҳу мустақдимина минкум вал мустаъхирин насъалуллоҳа лано ва лакум алофия Аллоҳума ло туҳримно аҷраҳум ва ло туфтино баъдаҳум вағфир лано ва лаҳум”.
(Ривояти Муслим № 243)

Саволи сездаҳум: Оё дар қабристон Қуръон хондан ҷоиз аст, хоссатан сураи Мулкро. Илтимос ба ин савол посух диҳед, баъзеҳо мегӯянд ҷоиз аст, баъзеҳо мегӯянд ҷоиз нест?

Посух: Бале, ин саволест, ки бисёре аз мардуми мо инро мепурсанд. Дар ин маврид зиёд ҷустуҷӯ кардам, то онро ба таври комил баён намоям. Сари ин масъала баҳсҳои зиёд ҳаст.
Агарчи посух тӯлонӣ аст, вале ногузирам онро нависам ва аз оғоз мегӯям, ман менависам шумо худ аз он бардошт намоед.
Сураи Мулк яке аз сураҳои Қуръон аст ва дорои фазилати зиёдест. Дар фазилати ин сураи муборака аҳодиси зиёд омадааст. Ҳамаи онҳо далолат бар ин мекунанд, ки ин сура шафоъаткунанда аст. Хонандаашро аз азоби қабр наҷот медиҳад. Онҳое, ки ин сураро мехонанд, агар онҳо аҳли гуноҳ ва маъсият бошанд доимо ин сураро бихонанд онҳоро аз гуноҳ ва маъсият боз медорад. Муфассирин мегӯянд ин сура он гуноҳонеро, ки сабаби азоби қабр мегардад хонандаашро аз иртикоби он гуноҳон боз медорад, то дар қабр азоб нашаванд.
Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: “Сураи Таборак боздорандаи азоби қабр аст”.
(ривояти Ҳокими Нишопурӣ аст ва мегӯяд аснодаш саҳеҳ аст ва Имом Заҳабӣ бо ӯ мувофиқ аст).

Аз Абуҳурайра (раз) ривоят аст, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: “Ба таҳқиқ дар Қуръон сурае ҳаст, ки он сӣ оят аст ва шафоъат кардааст мард (хонандааш)-ро, ҳатто (хонандааш)-ро мағфират кардааст. Он Таборакаллазӣ би ядиҳил мулк” аст.

(Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Албонӣ ҳасанаш гуфтааст)

Дар ҳадиси тӯлонии дигар ҳам аз Ибни Масъуд (раз) дар фазли ин сура омадааст. Мафҳумашро менависам на матни комили ҳадисро. Ҳангоме ки мурдаро дар қабр мегузоранд ба назадаш ду мард меоянд ва ин сура онҳоро намегузорад наздик шаванд, балки мегӯяд, ин мард сураи Мулкро мехонд барои омадан наздаш роҳ нест. Муҳим аз ҳеҷ куҷо наметавонанд ба наздаш дохил шаванд, зеро ин сура онҳоро манъ месозад. Дар идома мегӯяд: ин сура манъкунанда аст аз азоби қабр боз медорад хонандаашро. Инчунин ин сура дар Таврот ҳам омадааст. Шахсе ин сураро дар шаб бихонад чи хубу гуворост”.
( Ин ҳадис ҳам ривояти Ҳокими Нишопурӣ аст ва мегӯяд аснодаш саҳеҳ аст ва Имом Заҳабӣ бо ӯ мувофиқ аст).

Дар фазли ин сура аҳодиси зиёд омадааст ва ҳамаи муҳаддисон ин сураро сураи Монеъа (боз доранда) меноманд, чуноне ки асҳоби Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) чунин мегуфтанд: Ҳама дар ин масъала якфикранд ва бояд шахс дар зиндагияш ин сураро ҳар шаб бихонад, то сабаби шафоъаташ дар қабр гардад, ҳатто дар рӯзи Қиёматҳам.

Хонандаи гиромӣ, тавре ки дар оғоз гуфтам фазилати ин сура аст, ки ҳар шаб бояд онро хонем, то аз азоби қабр ва даҳшати рӯзи Қиёмат наҷот ёбем, аммо агар ин сураро нахонем ва дар сари қабри мо ин сураро хонанд фикр мекунед аз азоби қабр наҷот меёбем? Савганд ба он Аллоҳе, ки ҷони ман дар қабзаи билокайфи Ӯст. Агар ҳама қориёни оламро сари қабри мо ҷамъ кунанд, то рӯзи Қиёмат ин сураро хонанд агар мо худ дар ҳаёт онро нахонем ва нахонда бошем ҳеҷ судамон надорад.

То он ҷое ҷустуҷӯ кардам шахсан Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ин сураро дар сари қабри касе аз асҳоб ё фарзандонаш, ки ҳамагӣ дар ҳаёташон вафот карданд, нахондааст. Пас чаро пархош кунем ва далели беасос биёрем. Агар мехоҳем аз азоби қабр ва даҳшати рӯзи Қиёмат эмин монем бояд ҳар шаб пайваста ин сураро хонем.. Фикри ман ин аст, ки баъзе аз уламо чун фазилати ин сураро хонданд ва мисли баъзе бидъатҳое дар хонаи майит мекунанд мисли давра, ки рӯзааш аз ман намозаш аз ту гуфта давра мекунанд, ин масъала низ ҷузви онҳост, пас ба ин масъала дигар барнагардед. Саволҳои дигар диҳед, то моро водор ба ҷустуҷӯ намояд. Шумо истифода кунед мо дар хидмати шумо азизон бошем. Валлоҳу аълам биссавоб.

Умед аст азизон аз ин саволу ҷавобҳо посухҳояшонро гирифта бошанд ва моро Аллоҳ аҷри расонидан ва иблоғи ин дини ҳанифро насиб гардонад.

Share This Article