Чаро муносибати Раҳмонов ва Путин бад шуду муҳоҷирони тоҷик дар Русия таҳқир мешаванд?

Ислоҳ нет

Озору азияти ҳазорҳо нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик дар саросари Русия ба шумули донишҷӯёнаш, ки тайи ҳафтаҳои ахир идома дорад, табиист, ки хонаводаҳои онҳоро дар ватан ба таҳлукаву ташвиш овардааст. Мусаллам аст ки яку якбора ва бо ин суръату шиддат мавриди хашму ғазаб ва нафрати мақомоти ин кишвар қарор гирифтани муҳоҷирони тоҷик беҷиҳат нест ва иллату сабаб дорад. Яқин аст ки сабаб ва иллати мавриди итоб қарор гирифтани муҳоҷирон шахси худи онҳо нест вагарна ба ин таври оммавӣ ва гурӯҳӣ ва он ҳам дар тамоми шаҳрҳои пурмуҳоҷири ин кишвар ва он ҳам ҳамзамон ва бо як саросемагӣ сурат намегирифт. Ва, аз онки Русия як кишвари яккасардорист ва ҳама таҳаввулу руйдодҳо бевосита ба худи Путин ва тасмимотии шахсии вай бармегардад, яқинан ин дастур аз худи ӯ содир шудааст. Магар чи шуда, ки туфони хашму нафрати Путин болои маҳз муҳоҷирони тоҷик омадааст?

 Сабабгор кӣ аст ва моҷаро аз куҷо шуруъ шуд?

 Самолёти Раҳмонов рӯзи 8-майи соли ҷорӣ соати 20.45 дақиқа дар фурудгоҳи Внукови Маскав поин омад ва ӯро мустақим ба меҳмонхонаи Mariotti наздикиҳои Кремл оварданд. Шаб онҷо монд. Касе аз мақомоти Русия суроғи ӯро нагирифт ва ӯ ҳам эҳтирому илтифотро аз «Русская водка» гирифт ва зад-заду супсурх шуду хоб кард. Саҳар соати 7.40 хезонданаш. Завтрак кард. Сипас сарулибос пушиду дар чашмони сурхаш дору шакиду гриммаш карданд. Соати 9.30 –и 9-Май дар Майдони сурх паради ҳарбӣ бахшида ба Иди Ғалаба ба Олмони нозӣ доир мешавад. Масофа аз меҳмонхона то ҷашнгоҳро бо мошин ва гуруҳи амниятии мушояат тай кард. Парад 1соату 20 дақиқа давом кард. Соат аллакай 10.45- 11.000 шуд. Дар соати 12.00 аз Внуково самолёт ба Душанбе парвоз кард.16-у 45 ба вақти Москва, 18.45 ба вақти Тоҷикистон рӯзи 9-Май Раҳмонов дар фурудгоҳи пойтахт фуруд омад. Инро ҳам бигӯям, ки фосилаи ҷашнгоҳ –Майдони Сурх ва фурудгоҳи Внуков 35-40 дақиқа роҳ аст. Нафари ҳамроҳи сафари Раҳмонов ба «Ислоҳ.нет» гуфт, ки Раҳмонов соати 18у 45 дақиқа дар фурудгоҳ пиёда шуд ва ба самти пешвозгирандаҳо тақрибан нигоҳе накард ва мустақим рафт ба маҷлисгоҳи толори асосӣ ва беш аз ним соати дигар Раҳмонов дар фурудгоҳ ва роҳи марказии Душанбе ҳам баста боқӣ монд. Дар толори ҳукуматии фурудгоҳ бо вазирону роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ чи чизҳое гуфту гирифт. Сипас бо суръати бод кортедж ба ҳаракат даромаду Раҳмонов ҳам аз фурудгоҳ баромаду рафт. Ин ҳамсуҳбати «Ислоҳ» ҳам, ки дар сафарҳои хориҷии вай ҳамроҳияш мекунад гуфт, ки ҳеҷ гоҳ Раҳмоновро ин тавр пакару музтар ва лолу гунг надида буд. Тамоми муддати парвоз аз Маскав то Душанбе ҳарфе ба забон наёвард. Иштиҳои ҳамеша аждаҳоияш ин бор кӯр шуда буд. Фақат дар пешаш бутали «Сиёма» дошт ва касе ҳам ҳамроҳаш суҳбат намекард.

  Ду ё се руз аз бозгашти вай аз Маскав нагузашта буд, ки оромишу қарори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия комилан аз байн бурда шуд. Ҳоло мегуянд, ки ин ҳодиса шабеҳи рухдоди соли 2011, гаравгонгирии самолётҳову летчикҳои русӣ дар Қурғонтеппа аст. Аммо, бовар кунед ин бор сахттар аст. Чунки то ба ҳол дар Русия як чунин иттифоқе, ки мақомот бо туфангу камону электрошокер вориди хобгоҳи донишҷуҳо бишаванду фақат тоҷикҳоро (беш аз 100 студент) берун бароваранду таги мушту лагад гиранду таҳқиру дашном кунанду сару руяшонро ғарқоби хун созанд, ба қайд гирифта нашудааст. Ин тарзи бархурд, агар дастурӣ ва супоришӣ набуд, чи буд?

  Нафари ҳамсуҳбати мо, ки гуфтам аз ҳамсафарони ҳамешагии Раҳмонов аст гуфт, ки Путин ин бор Раҳмоновро «на три букви» посилат кардааст. Раҳмонов ваъдаи қатъӣ дода будааст, ки то анҷоми феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пайваст хоҳад шуд. Бадтар аз ин Раҳмонов ва Путин дар мулоқоти дар Варзоб доиркардаашон ба Путин ваъда карда будааст, ки як қисме аз наваскарони пойгоҳи 201-и мустақар дар Тоҷикистонро аз ҳисоби ҷавонписарони тоҷик пур хоҳад кард. Путин ба ҳамин ваъдаҳои Раҳмонов бовар карда ва ҲНИТ-ро дар Русия бар асоси тақозои Раҳмонов террористӣ эълон ва фаъолияташро мамнуъ кардааст. Хулласи калом, Раҳмонов Путинро «кидат» кардааст. Ва, акнун Русия ниқори Раҳмоновро аз муҳоҷирони бе ин ҳам бепуштупаноҳи тоҷик гирифта истодааст.

  Як манабаъи наздик ба Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон гуфт, ки Раҳмонов 200 нафар аз афсарони ботаҷриба (асосан снайперист ва бо пули калон) хадамоти вижа (спетсназ)-и мақомоти қудратӣ-ВКД, КДАМ ва вазорати мудофиаро бар асоси тавофуқи шифоҳии қардааш бо Путин дар соли гузашта барои зидди Украина ҷангидан фиристода будааст. Ва, ҳоло 90-100 нафари онҳо тамоман беному нишонанд. Аммо, ин шумора кофӣ набудааст ва аз онҷо ки қариб нисфе аз сарбозону афсарони артиши 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ҷанги зидди Украина кашонида шудаанду ҳануз ҷойи холии онҳоро Раҳмонов (тибқи ваъда) пур накардааст, Путин бисёр ҳам дар ғазаб шудааст.

Вале дар ин васат, дар ҳоле, ки маъракаи боздошту депорти муҳоҷирони корӣ дар Русия суръати бештар касб мекунад, мақомоти амниятиву интизомии фасодзадаи ин ду кишвар даст ба ҷиноёти сангинтаре зада истодаанд. Махсусан, он муҳоҷиронеро, ки бо риш мегарданд ҳадаф қарор дода ва онҳоро дастгир мекунанд ва бархеашонро бар ивази то 100.000 (сад ҳазор) рубл раҳо мекунанд вале дар ин миён даҳҳо нафари онҳоро ба Тоҷикистон депорт кардаанд. Айни замон боздоштгоҳҳо ва спетсприёмникҳои Русия аз тоҷикҳо пур шудааст.

 Тибқи маълумоти дигари ба дасти «Ислоҳ» расида ҳоло рузҳои ниҳоят бадтаре муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия интизор аст. Қарор аст баъди 20-июн маъракаи шикори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия боз ҳам шиддати бештар касб кунад.

Такрор ҳам шавад мегуям, ки бинобар маълумоти ба дасти мо расида соли қабл, ки Путин ду бор Душанбе омада буд Раҳмонов ваъда дода будааст, ки ин бор шомили Евразес мешавад. Ва сабаби дигар ин қадар боиси нафрат шудани муҳоҷирони кории тоҷик ин будааст, ки Раҳмонов барои пойгоҳи 201сарбоз медиҳам гуфта будааст. Барои ҳамин Путин розӣ шудааст, ки ҲНИТ-ро дар Русия мамнуъ эълон кунад. Хулас, Раҳмонов Путинро фиреб кардааст. (Аммо, бинобар маълумоти дигари ба мо расида дар мавсими имсолаи даъват 30% дар шумори наваскарон афзуда шудааст ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки онҳоро барои пойгоҳи 201 ҷалб бикунанд).

Путин бо Раҳмонов дар ҳамон рузи 9-Май дар Маскав ҳатто бист дақиқа ҳам суҳбат накардааст, чи расад ба онки ҳамроҳаш наҳор ва ё чошт хурда бошад. Қарор буда, ки Раҳмонов рӯзи 10-май бармегашт, аммо ҳамон рӯзи 9 –Май ва мустақим аз худи Майдони Сурх ӯро «депорт» мекунанд.

  Русия, агарчи аз онки Раҳмонов беш аз пеш зери чатри Чин барои худ сарпаноҳ ҷуста истодааст, эҳсоси роҳат ва хушҳолӣ намекунад. Ба ваъда вафо накардани Раҳмонов дар мавриди узвият дар ЕвраАзесро зери таъсири Чин медонад, чун дар воқеъ Чин манфиатбари шароите аст ки Тоҷикистон дар низоми гумрук ва молиётияш вобаста аз ЕврАзес нест. Ва,ин шароит имкон медиҳад, ки аз Тоҷикистон ба унвони нуқтаи тронзити ва бандари тиҷоратии на он қадар бузург ҳам бошад, истифода кунад. Барои ҳамин аст ки яке аз қарордодҳои баста миёни Чин ва Тоҷикистон дар нишасти Чин-Осиёи марказӣ марбут шуд ба роҳи Қулма-Қароқурум, (ин роҳ аз нав бозсозӣ ва мудернтар карда мешавад) ки молу колои Чин тавассути он ба Тоҷикистон ва аз тариқи Тоҷикистон ба дигар кишварҳои қора содирот мешавад. Аз тарафи дигар ин шароит, маҳз ҳамин шароит ба манфиати хонаводаи Раҳмонов мебошад ва дар ин бора қаблан ҳам гуфта будем. Зеро молу колои воридшаванда аз Чин, ки умдатан тавассути хонаводаи Раҳмонов ва тоҷирони вобаста ба онҳо ба кишвар оварда мешаванд, дар 99маврид аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ даст мекашанд. Яъне ин як гузаргоҳи гумрукии чандинмиллиондолларии мууҳаёкардаи Чин аст ки манфиати онро Раҳмонов ва хонаводаи вай мебинад. Хулоса гап ин аст ки инҷо манфиати хонаводаи Раҳмонов ва манфиати Чин ба ҳам омадааст вале ранҷу заҷри онро ҳам мардуми дар дохил ва ҳам чуноне мебинем муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия кашида истодаанд. Ва, иллати асосии напайвастани Раҳмонов ба ЕврАзес ҳам ҳамин аст.

  Албатта, дар шароите, ки Русия дар гирдоби ҷанги Украин ва руёруӣ бо Амрико ва Урупо дасту панҷа нарм мекунад изҳороти Си Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин дар робита ба кумак ба мақомоти амниятиву низомии кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷилавгирӣ аз дахолати хориҷӣ ва вуқуи инқилобҳои ранга, ба гуши Путин нофорам садо медиҳад. Чун ин изҳори назарҳо хеле ҳам маъниҳо дорад. Аммо қаҳру хашми дигари Путин аз Раҳмонов дар иртибот ба қаробаташи рӯзбарӯз дар ҳоли афзоишаш бо Чин дар ин аст ки ниммиллиард доллар барои Роғун пул гирифт. Баъди онки Талкоро ба чиноиҳо доду ҳоло Роғунро ҳам пешкаш кард, дар ҳоле ки шахси Путин дар сафари соли 2004-аш ба Душанбе ҳардуи ин иншооти бузурги саноатиро бар уҳда гирифта ва Раҳмонов ҳам, ки дар арафаи интихоботи навбатияш қарор дошту пуштибонии Путин барояш чун обу ҳаво зарур буд, розӣ шуда қарордодҳо ҳам ба имзо расида буданд, ин маврид ва ҳолати дигаре аст, ки Раҳмонов Путинро «кидат» кард ва табъан, ки қаҳри Путинро овардааст ва ҳоло ин ҳам қаҳру заҳру зуқуми он болои муҳоҷирони тоҷик рехта истодааст.

Ин ҳам дар ҳоле ки бар фарзи мисол на раисони ҷумҳурии собиқу феълии Қирғизистону Узбакистон ва на феълии онҳо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ мусаббаби бад шудани ҳолати муҳоҷирони корияшон дар Русия нашудаанд ва қирғизҳову узбекҳо бидуни тарсу ваҳму ҳарос дар Русия кору зиндагӣ карда истодаанд. Беш аз ин узвияти Тоҷикистон дар ЕврАзес бемуҳобот бар манфиати муҳоҷирони кории тоҷик аст. Танҳо аз ҳисоби сарфаи пули патент то 2 миллиард доллар солона муҳоҷирон даромад мегиранд.

  Вале Путин бештар аз он аз Раҳмонов нороҳат ва хашмгин шудааст, ки Раҳмонов бо фишори Амрико ва Урупо (дар асл аз тарс) ваъдаи бо сарбоз таъмин кардани пойгоҳи 201-ро ба иҷро нарасонидааст. Тамоми пулҳои дуздии Раҳмонов ва оилааш дар Бритониёи Кабир (тамомаш набошад ҳам аксарият, қисмати асосиаш) дар манотиқи офшории ин кишвар амбор шудааст. Урупоиҳо фаҳмонидаанд, ки Раҳмонов агар бихоҳад ангушти надомат нагазад аз додани сарбоз ба Путин мунсариф шавад.

 Маворидеро, ки сафири Русия дар Тоҷикистон ба вазорати хориҷӣ эҳзор шавад ва ё инки вазорати дохиливу Прокуратура ва омбудсмени тоҷик гуё барои ҳимоят аз муҳоҷирони кории тоҷик аз озору азияти мақомоти қудратии Русия баёния содир кунанд, қатъан аз рӯ ба вахомат ниҳодани муносибати Путин бо Раҳмонов далолат медиҳад. Қаблан чунин баёнияҳоеро ягон ниҳоди Тоҷикистон дар баробари русҳо содир накарда буд. Прокурори генеаралии Тоҷикистон кай ҷуръат мекард, ки « аз боздошти оммавӣ, латукӯб ва муносибати бераҳмона ба муҳоҷирон ва боздошти шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик»-дар Русия изҳори нигаронӣ кунад, агарки Раҳмонов ба ин шеваи баён розӣ нашуда бошад.

Аз даст додани пуштибонии Путин барои Раҳмонов ба маънои он аст ки тамоми барномаҳояш, ба шумули овардани Рустам нобуд мешавад, аз сӯи дигар ҳифзи пулу сармояи дуздиаш (мегуянд, ки тамоми захоири тиллои кишвар тавассути Дубай аз тарафи Раҳмонов ба хориҷа кашонида шудааст) дар сурати вафо ба қавли додааш ба Путин дар Урупо аз даст меравад ва мушкили боз ҳам ҷиддитар ин аст ки агар раванди депорти муҳоҷирони кории тоҷик мутваққиф нашавад гиребонашро аз дасти муҳоҷирони шурида кӣ раҳо хоҳад кард? Си Ҷин Пин?

   Чин ҳеҷ гоҳ барои Раҳмонов шуда муносибаташ бо Путинро ба ҳам намезанад ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар баробари Путин барои Раҳмонов сипар ва чатр намешавад ва Путин ҳам ин бор, гумон аст ки Раҳмоновро орому қарор гузорад. Аммо ин ҳолу вазъи бади муҳоҷирон дар Русия ва таҳлукаву изтиробу ташвишу ваҳму ҳароси пайвандони онҳо дар ватанро чи тавр мебояд ба ҳолати одӣ даровард?

Ps: Дар мавриди сафари вазири хориҷии Русия Лавров ба Тоҷикистон ҳатман пас аз таҳқиқ аз ҷузъиёти паси пардагии ин сафар ҳам бароятон хоҳем гуфт….

Share This Article