Чаро мусалмонон пирӯз намегарданд???
(бахши аввал)
Ислом кай пирӯз мегардад? Чаро имрӯз дар ҳама кишварҳои мусалмоннишин ҷанг меравад? Ин суолҳоест, ки ҳамагӣ аз аҳли уламои ислом мепурсанд.
Яке аз рӯзҳо дар хона бо ҷамъи меҳмонон нишаста будем. Ҳамагӣ аз синамо барномаи иттилоотии ахборро гӯш мекардем. Хеле ҳолатҳои хашину даҳшатбори ҷаҳони исломро, мисли кушта шудани ҷавонони фаластинӣ ва ҷангҳои хунину доманадори Ироқу сарзамини Шомро нишон медод. Муҳоҷирон аз Сурия, Тунис, Афғонистону Либия, умуман аз ҷануби Африқо ба Аврупо барои паноҳанда шудан сарозер гаштаанд. Мусалмонони бе дифоъро дар миёнмар будоиҳо ба қатл расонида, дар ким кадом давлате маргталабе худро тарконда ва чанд нафарро ба қатл расонида буд. Дар умум хеле ҳолоти бади олами исломро он шаб дидему гӯш кардем. Яке аз нишастагон мисли дигар афроде, ки ҳамеша ин суолро медиҳанд, гуфт: Домулло, кай Аллоҳи одил ба доди ин мусалмонони мазлум мерасад? Агар Аллоҳ ин золимон ва фосидонро дӯст надорад, пас барои чӣ онҳоро сарварони олам гардонидааст?
Гуфтам: Бародар, истиғфор намоед, Аллоҳ бар бандагонаш зулмкунанда нест ва ҳаргиз Парвардигорат аз он чизе золимон анҷом медиҳанд, фаромӯшкунанда нест.
Марди кӯҳансоле ҳамсуҳбати мо буд ва ба он нафаре, ки ин саволро дод, гуфт: бачам, умри ман ба ҷое расидааст ва дар ҳаёт ҳодисоти
зиёдеро дидаву шунидаам. Шоҳиди бевоситаи Ҷанги дуввуми ҷаҳон будам. Соли 1948 таъсиси давлати Исроил ва шикасти арабҳоро дар баробари онҳо дар соли 1967 хуб дар ёд дорам. Афғонистон ва ончи рус дар он ҷо анҷом дод ба ҳама маълум аст. Пас аз хуруҷи рус то имрӯз наздики 37 сол аст ҷанг идома дорад. Кишвари Афғонистонро ба хароба табдил додаанд. Беш аз ду миллион мусалмони ин кишварро қатл карданд. Ончи дар Ироқ мегузарад, яъне пас аз Саддом ва таҷовузи Амрикову ҳампаймононаш ба ин кишвар шумори зиёди мусалмононро ба қатл расониданд ва то имрӯз ҳам идома дорад. Ончи дар сарзамини муқаддаси Шом мегузарад маълум аст, ки мусалмонони ин сарзамин дар кадом вазъ қарор доранд. Кишварро ба хароба табдил додаанд ва беш аз 60 дарсади мардум аз ин сарзамин муҳоҷир шуданду ҳудуди ним миллион мусалмонон қатл гардиданд. То ба имрӯз ин қатлу куштор идома дорад. Бачам, ман ин ҳолати мусалмононро мебинаму дилам ба ҳоли ин мазлумону бечорагон ба дард меояд. Ба ёд доред, ки дар кишвари мо ҳам охирҳои асри ХХ воқеъаҳое рух дод, ки шумори зиёди мусалмонон кушта шуданд ва кишвари мо ҳам хароб гашт.
Гуфтам бобои Абдулмаҷид суханатон тамом шуд?
Гуфт: Ҳо бачам, гапам тамом шуд.
Гуфтам: Ҳама ончи, ки аз ҳаводиси таърихӣ гуфтед дурустанд, вале фаҳми шумо ва гуё мусалмонон инҷо мушкилзо ва ё мусалмон будан ин бад аст ва ё кишваре, ки мусалмонон зиндагӣ мекунанд онҷо бояд мусибату мушкилот ва ҷангу хунрезӣ бошад. Ин саволҳоест ғалат, ки аз ҷаҳл ба қадари Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло маншаъ мегиранд. Ин
ноогоҳӣ ба қавонин ва муқаррароти Илоҳӣ ва суннатҳое, ки дар ин дунё барои бандагонаш муайян кардааст, мебошад.
Роҷеъ ба ин масъала мехоҳам нуктае чанд баён созам, то ин афкори ғалату иштибоҳе, ки дар зеҳни баъзеҳо мегузарад онро пок созанд. Ман ин посухро барои бобои Абдулмаҷид додам ва ба навъи мақола барои шумо хонандагон пешкаш мекунам, зеро ҳамеша ин иттиҳомро аз афроди кӯҳансоли ҳаммилатам ва ё ононе, ки дар тарбияи атеистӣ бузург шуданд, мешунавам. Ин афкори онҳо бевосита ба ҷавонон таъсир мерасонад ва онҳо исломро як дини хушунатовар ва ё хатарзо мепиндоранд, дар ҳоле, ки ислом ончи душманонаш меандешанд, яъне дур аз хушунат аст.
1.) Дар қудрат ва тавони Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бар ин ки ҳама аҳли заминро мусалмон мекард, ҳеҷ шакке нест ва дар ин сурат барои инсоният ҳеҷ паёмбареро намефиристод ва барои мо китоберо низ нозил намекард, то ба он амал кунем. Ҳамаро мусалмон меофарид ва ҳеҷ мушрику кофару бедине дар дунё набуд ва ҳама бандагони мухлиси Аллоҳ буданду ба сар мебурданд. Дар ин ҳолат ҳеҷ мушкиле дар замин вуҷуд надошт ва ҳама ба як хати кашидаи Илоҳӣ амал мекардем.
2.) Мо аз кутуби таърих ва Қуръони карим ва аз қавмҳои гузашта хуб огоҳӣ дорем. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои ҳидояти онҳо паёмбароне фиристода буд, то онҳоро аз гумроҳӣ ба ростӣ даъват кунанд. Онҳоро аз ширк ва ибодати чизи дигаре ба ҷуз Аллоҳ огоҳ кунанд. Аммо он паёмбарони Илоҳӣ ба масхара ва истеҳзо дар миёни ҳамқавмони худ қарор мегирифтанд. Онҳоро дурӯғгӯ шумурда,
боваршон намекарданд. Агарчӣ паёмбарони Илоҳӣ дорои муъҷизаҳои зиёде буданд, ки ин аз паёмбари ростин будани онҳо шаҳодат медод, аммо ба онҳо эътимод намекарданд. Паёмбарон қавми худро аз азоби Аллоҳ хабар мекарданд, солиёни зиёд дар миёни онҳо ба даъват машғул мешуданд. Бубинед, инҷо бар замми ин такзибу дурӯғ шуморидани паёмбарони Илоҳӣ, Аллоҳ золимони онҳоро мӯҳлати дарозу тӯлонӣ медод, то ба зулму туғёнашон идома диҳанд. Пас аз онки зулму истибдодашон ба авҷи аълои худ мерасид, фасодашон бештар мегашт. Аллоҳ тавассути азобу азият аз осмону замин онҳоро ба уқубат гирифтор мекард. Аҳли ҳақи он қавмҳоро дар замин боқӣ мегузошт. Намехоҳам аз он ақвом мисол занам, зеро худ аз он ҳама ҳаводис огоҳӣ доред.
3.) Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро охирин паёмбар дар замин қарор дод. Умматашро уммати охирин ва наздик ба рӯзи Қиёмат. Барои паёмбари мо китоби ҷовидонае чун Қуръони карим тақдим намуд, ки ҳифзи онро худи Аллоҳ бар дӯш гирифтааст. Инчунин паёмбари мо дорои суннати гуҳарборе аст, ки шореҳи китоби Аллоҳ ва шариъати ислом аст.
Бобои Абдулмаҷид сар меҷунбонид ва мегирист.
Гуфт: Бачам мехоҳам ҳамин ҷо як савол пурсам, то дигар ҳеҷ шакке дар дилам боқӣ намонад.
Гуфтам: гӯш мекунам.
Гуфт: се марҳалае, ки гуфтед хуб фаҳмидам, акнун ба ин савол ҷавоб диҳед. Чаро Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мусалмононро мисли умматҳои қаблӣ кӯмак намекунад? Чунонеки кофирону золимони умматҳои қаблиро бо борону зилзила, замин фурӯ бурдан, аз осмон
санг боридан ва бемориҳои муҳлик аз байн мебурд ва заминро дар ихтиёри қавми солеҳ қарор медод, то ба гузашти солҳо ва пайдо гаштани насли наве, ки дубора инкори ҳақ мекарданду аз ҳақ рӯгардон буданд? Чаро имрӯз чунин ҳолат сурат намегирад, то замин аз ин золимон ва фосиқон пок гардад ва мусалмонон то чанд даҳаи дигар нафаси озод кашанд?
Бале, бобоҷон, агарчӣ ман тамом накарда будам, аммо ба ин савол посух мегӯям ва ба нақлам идома медиҳам.
Шояд шумо дар фаҳми ин посух каме ба мушкил мувоҷеҳ гардед, аммо маро мебояд онро тавре ки Аллоҳ бар паёмбари мо Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар Қуръон гуфтааст, шарҳ диҳам.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мухолифони ҳақ ва ё мушрикину ситамкорони уммати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро бо азобу уқубатҳои қадарӣ ва ё зилзилаву бориши сангу тӯфон ҳамеша нобуд намекунад, балки онҳоро бо дастони мусалмонони ин уммат мехоҳад азоб диҳад.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим мефармояд:
قَاتِلُوهُمْ يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ بِأَيْدِيكُمْ وَيُخْزِهِمْ وَيَنْصُرْكُمْ عَلَيْهِمْ وَيَشْفِ صُدُورَ قَوْمٍ مُؤْمِنِينَ
Тарҷума: Бо онҳо биҷангед. Худо ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад ва дилҳои муъминонро шифо мебахшад. ( Сураи Тавба, ояти 14)
Бале, аз ин хотир гуфтам, шояд ончи мегӯям онро хуб нафаҳмед ва маро ба чизе иттиҳом кунед, аммо ин сухани Аллоҳ аст ва дақиқан посух ба саволи шумост. Аллоҳ бо дасти мусалмон ин золимону
ситамкоронро хор мекунад ва дилҳои беморе, ки дар интизори пирӯзӣ ҳастанд, онҳоро шифо медиҳад ва ё ба ибораи дигар “дили онҳоро хунук мекунад” ва хушҳол мегарданд. Бале, ин фазлест, ки паёмбари моро бар дигар паёмбарон бартарият додааст. Уммати ин паёмбарро бар дигар умматон фазилат додааст. Бояд мардумро ба дини ҳақ даъват намоем ва ин дини ҳақро барпо дорем ва дар замин адли Илоҳиро ҳукмрон гардонем!!!
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Сураи муборакаи Ҳаҷ мефармояд:
“يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ارْكَعُوا وَاسْجُدُوا وَاعْبُدُوا رَبَّكُمْ وَافْعَلُوا الْخَيْرَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ * وَجَاهِدُوا فِي اللَّهِ حَقَّ جِهَادِهِ هُوَ اجْتَبَاكُمْ وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ مِّلَّةَ أَبِيكُمْ إِبْرَاهِيمَ هُوَ سَمَّاكُمُ الْمُسْلِمِينَ مِن قَبْلُ وَفِي هَذَا لِيَكُونَ الرَّسُولُ شَهِيدًا عَلَيْكُمْ وَتَكُونُوا شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ فَأَقِيمُوا الصَّلاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَاعْتَصِمُوا بِاللَّهِ هُوَ مَوْلاكُمْ فَنِعْمَ الْمَوْلَى وَنِعْمَ النَّصِيرُ” (الحج، الآيتان 77 و78)
Тарҷума: Эй касоне, ки имон овардаед, рукуъ ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, то ки наҷот ёбед. Дар роҳи Худованд, чунонки бояд ҷиҳод кунед ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ тангное падид наёварад. Дини падаратон Иброҳим аст. Ӯ пеш аз ин (дар китобҳои пешин) ва дар ин (вопасин китоби осмонӣ, Қуръон) шуморо мусалмонон номид. То паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худо ибодат кунед! Ӯст мавлои шумо. Чӣ мавлое некӯ ва чӣ ёваре некӯ!
(Сураи Ҳаҷ,оятҳои 77,78)
Беҳтарин ҷиҳод ин барпо доштани дин дар нафсҳо ва ҷисмҳои худ аст. Дар замини Аллоҳ амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бояд намуд,
то инки адолати Илоҳиро дар замин нашр намоем. Ин вазифаи муҳими ҳар мусалмони воқеӣ аст. Мусалмон бояд таслим ба ҳама амрҳои Аллоҳ бошад, бо амалҳояшон на бо сухани беамал. Муҳимтарин аломат ва ё нишонаи ин иқомаи ҳуҷҷаташон ва сармашқи ҳаёташон тавҳид бошад.
Чӣ тавр? Ҳама ҳаёташон холис барои Парвардигорашон ва пайрави комил ва ростин аз суннати паёмбарамон Муҳаммад ибни Абуллоҳ (салаллоҳу алайҳи васаллам) бошад.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мусалмононро дар ин маъракаи миёни ҳақ ва ботил шарафу иззат додааст. Ин иззати ботинӣ аст, ки замин ва осмон дар маҷрои аслии худ ҳаракат доранд. Дар ғайри ин, ҳоли ин уммат мисли умматҳои пешин мешуд.
Аллоҳи бузургмартаба ва ростгӯ мефармояд:
( وَلَوْلا دَفْعُ اللَّهِ النَّاسَ بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لَفَسَدَتِ الْأَرْضُ وَلَكِنَّ اللَّهَ ذُو فَضْلٍ عَلَى العَالَمِينَ )
Тарҷума: …Ва агар Худо баъзе аз мардумро (куффоро) ба василаи баъзе дигар (муъминон) дафъ намекард, замин табоҳ мешуд, вале Худо бар ҷаҳониён фазлу карами хешро арзонӣ медорад.
(Сураи Бақара, ояти 251)
Боз Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу дар ин росто мефармояд:
Тарҷума: Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буда, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Худои яктост?» Ва агар Худо баъзеро ба василаи баъзе дигар дафъ накарда буд, дайрҳову калисоҳо ва куништҳову масҷидҳое, ки номи Худо ба фаровонӣ дар он бурда мешавад, вайрон мегардид. Ва Худо ҳар касро, ки ёриаш кунад, ёрӣ мекунад ва Худо тавонову пирӯзманд аст. (Сураи Ҳаҷ, оёти 40-41).
Идома дорад