Чаро ВКД-КДАМ-Дастгоҳ аз Абдурраҳмон-09- метарсанд?

Ислоҳ нет

Чаро ВКД-КДАМ-Дастгоҳ аз Абдурраҳмон-09- метарсанд?

 

 Ин ҳама дору даста, ин ҳама сарвату савлат,ин ҳама мақомоти қудратӣ,ин ҳама зиндонҳову шиканҷаҳо, ин ҳама валвалаву ҳамҳама, ин ҳама ҳамду сано, ин ҳама таблиғу ташвиқ, ин ҳама ановину рутбаҳо ва ин ҳама салоҳияту ваколатҳои фавқулқонунӣ Раҳмонов ва ҳокимияти хонаводагиву авлодиашро итминони хотир намедиҳад, орому осуда намекунад, ки дар воқеъ ҳам тавонистааст курсиро то рӯзи мурдан ширеш кардааст. Дар саҳнаи сиёсати кишвар кадом рақибе надорад, ки иддиои курсии ӯро дошта бошад, Тоҷикистон ба баҳри мурда табдил шудааст, не аз тазоҳурт хабаре асту не аз ҳатто эътисоби ғазо. Ҳама сарафкандаву мутеъ ва дар зери итоат. Не нашрияеву не радиову телевизиони мустақил, ки битавонад ҳарфе бар хилофи сиёсатҳои Раҳмонов бинависаду бигӯяд. Кадом ҳизби ҷиддии сиёсие ҳам боқӣ намондааст. Рақибони сиёсиаш ба фарсахҳо дур аз ӯянд. Мебояд эътимод ба худ ва амнияти худу давлаташ дошта бошад. Аммо ба назар мерасад, ки ҳатто бо доштани бовафотарин ва ҷонсупортарин ва ҳамфикртарин раиси КДАМ ҳоло ҳам дилаш пур нест. Аз як садо ва аз як ишорае аз ҳазорҳо фарсах дур дар андомаш рашъа меафтад. Ва дастури “фас” медиҳад ва сагҳои бӯйгири ӯ ҳам бидуни истиҳола ба таъқибу ба таҳқиру ба табъиз мепардозанд.Бале, хонанда ва бинандаи азиз, манзурам бархӯрди ноҷавонмардона ва ғариинсонӣ бо Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод(Абдурраҳмон) Маҳмадҷонов, як блогер ва донишҷӯи тоҷик аст ки дар Олмон ба сар мебарад. Дар мавриди онки бар сари ин модар чи моҷаро овардандро,албатта аксарияти Шумо аз расонаҳои иҷтимоӣ фаҳмидед. Як каме баъд дар ин бора ҳам хоҳем гуфт.Аммо аввал ду сухан аз худи Шерзод бигӯям.

  Шерзод дар шаҳри Дюсселдорф касби барномасозӣ ва таҳияи сайту сомона ва сафаҳоти интернетиро меомӯзад. Як ҷавони муътақид ва мутадаййин аст,23 сол дорад.Аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Навору филмҳоеро дар масъалаи пӯшиши мазҳабӣ,сатру ҳиҷоб ва манъи пӯшидани онҳо дар Тоҷикистони мусулмонӣ ба нашр расонидааст,ки аз ҷониби бинандагон ва ҳаводоро бо истиқболи гарму густурда рӯба рӯ шудаанд.17 декабри соли гузашта Шерзод Маҳмадҷонов, дар пайи иттфоқоти рухдода бо Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, як узви баландпояи ҲНИТ, ки зиндонист ва хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло, журналисти паноҳанда дар Урупо талош кард ба маъмурияти президенти Тоҷикистон занг зада, бевосита мушкилоти манъи ҳиҷобро бо худи Эмомалӣ Раҳмонов дар миён бигзорад.То ҷое огоҳ ҳастед ин блогер муҳтавои суҳбатҳояшро бо садои мусоҳиби худ аз Маъмурият ё дастгоҳи  Раҳмонов дар блоги ютубияш дар интернет нашр кард,ки 211 ҳазор корбар аз он дидан карданд ва рӯ ба афзоиш аст. Ба суоли блогер, ки “Дар Тоҷикистон сатру ҳиҷоб мумкин нест?” намояндаи шуъбаи муроҷиатҳои шаҳрвандони Дастгоҳи президент такрор мекунад, ки “не, мумкин нест!” Вале, ин танҳо матн ва навори сӯҳбати Шерзод Маҳмадҷонов нест,ки дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар ҳоли гардиш аст ва ба пурбинандатаринҳо мубаддал шудааст.

 Пештар низ сӯҳбатҳояш бо мақомоти дигари ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла бо навбатдори “Телефони боварӣ”-и ВКД, як намояндаи КДАМ ва намояндаи Кумитаи динро нашр карда буд, ки ҳамаи онҳо ҳам вуҷуди кадом қонунеро, ки пӯшидани ҳиҷобро дар Тоҷикистон манъ кунад, рад мекарданд. Зоҳиран масъулони ҳукуматиро сабти садои онҳо ва нашраш дар фазои маҷозӣ барошуфтааст.Шерзод дар як тамос бо Ислоҳ нет қазияро чунин шарҳ дод:

“Соли гузашта, 29 декабр вақте ман флешмоб ба роҳ андохтам, ҳамон вақт ба ВКД-и Тоҷикистон занг задам. Шумо худ шоҳидед,ки он видео як ба истилоҳ “резонансний видео” шуд. Баъд аз он ба ман  дар Инстаграм таҳдид карданд. Як нафар лейтенанти калон бо номи Беҳрӯз, ки аксу тасвирҳои ӯ дар дасти ман маҳфуз аст аз умури кофтукоби ҷиноии ВКД, гуфт,ки: “мо туро дастгир мекунем, говсудат мекунем, ному фамилияатро барои мо бигӯ”.Онҳо он вақт ному фамилияи манро намедонистанд.

Ному фамилияи ман Маҳмадҷонов Шерзод буд. Аз соли 2017 номамро Абдураҳмон эълон кардам. Тақрибан дар моҳи феврал онҳо номи маро тавассути як шиносам маълум карданд. Бо ин рафиқам сурат доштам. Хонаи ӯ рафта аз ӯ ному фамилияи маро гирифта сипас ба хонаи мо рафтанд.

Баъд падарамро аз Душанбе ба шуъбаи кофтукови ҷиноии Қурғонтеппа фарёд карданд.Онҷо падарамро саволборон мекунанд, ки писарат кай рафтааст, куҷоро хондааст, чи корааст кадом мадраса хонда аст? Ман фақат мактабу гимназияву донишкада ва дар умум фақат физикаву математика ва информатикаро хондаам. Мутаассифона дар ягон ҷо мадраса нахондаам. Боз хона омада ҳам аз падар ва ҳам аз модар баёнот гирифта буданд. Гуфтанд, ки ман дело дошта будаам, нисбати ман досйе ҷамъ овардаанд. Баъд ҳамон лейтенанти калон ба модрам гуфтааст, ки агар бачаатон биёяд аз 18 то 25 сол мешинонанд. Гуфтаст,ки бачаат ВКДро паст задааст. Баъд аз видоеи ахирам, ки ҳоло ҳаррӯз тамошобинҳояш зиёд мешавад ва мисли устухон дар гулӯяшон руст мондааст, модарамро рӯзи 8 январ ба КГБ-и Ваҳдат даъват мекунанд.Тақрибан 20 дақиқа истинтоқ мекунанд. Ва мегӯянд, ки писаратонро гӯед, ки бихезад биёяд. Модарам мегӯяд, ки бигӯям, ки бихезу биё ва шумо бигиреду бикушед-а? Мегӯянд, ки ҳеҷ кас ӯро намекушад, лекин, хайр, шатта мехурад. Модарам мегӯяд, ки чи хел ӯро намекушанд, ки бачаҳоро дар хизмат бурда кушта истодаанд, ин бачаи маро дар СИЗО ё ки зиндон зинда мемонанд? Онҳо мегӯянд, ки шумо дигар роҳ надоред. Як бало кунед, ки бихезад биёяд, ки ӯро дар розиск медиҳем. Баъд модрам мегӯяд, ки бачаам худаш соҳибихтиёр аст, мо чанд бор гуфтем , ки ин корҳоро накун, гапи ҳеҷ касро намегирад. Аз модарам мепурсанд, ки главврачи болнитса медонад, ки бачаи шумо чем занимается?  

Модарам мегӯяд, ки фаъолияти бачаи ман ба фаъолияти ман чи дахл дорад? Ман вазифаи худамро карда истодаам. Пагоҳаш сардухтур модарамро даъват мекунад ва мегӯяд, ки аризаатро навис. Бачаатро хуб тарбия накардаӣ. Бар зидди ҳукумат гап зада истодааст.

Аризаатро навис ва ягонҷои дигар рафта кор кун. Баъди ин боз падару модарамро ба КГБ даъват карда сӯҳбат мекунанду боз мегӯянд, ки даъват кунед бачаатон баргардад. Модарам мегӯяд, ки худатон гиреду занг занед.Он майёр,ки номери телефони кабинеташро дорам мегӯяд, ки “охир бачатон гапомоя запс мекунад. Барои ҳамин зангаш намезанем”. Баъди навиштани аризаи аз кор рафтани модарам, сахт нороҳат шудам ва ба ҳамон майёр занг задам. Соат 9-и Душанбе буд. Ҳафт-ҳашт бор занг рафт,ки оқибат бардошт. Ҳамроҳаш субҳ ба хайр гуфтам. Гуфтам майёред-а? Гуфт,ҳа. Гуфтам ман Абдураҳмон. Кадом Абдураҳмон, пурсид. Гуфтам Маҳмадҷонов Шерзод, яъне.Гуфтам падару модари маро фарёд кардед.Гуфт ҳоло дар пешам одам аст. Баъд хуудам занг мезанам. Гуфтам кай? Гуфт худам занг мезанам. Ана, аз байн чанд рӯз гузашт то ҳол занг назадаст. Мақсади гапашон ҳамин ки бихезад биёяд. Модрам гуфтааст, ки бачаи ман дар ягон гурӯҳ нест, донишҷӯ аст. Гуфтанд,ки мо медонем ӯ шогирди Кабирӣ аст. Маро шогирди Кабирӣ баровардаанд. Ҳамон лейтенанти калон ба модарам соли гузашта гуфта буд,ки мо медонем, ки ин бача дар ягон гурӯҳ нест, чунки гуфта будаст,ки агар ин наҳзатиҳо дар як гурӯҳ панҷ кас бошанд,се тоаш одамҳои моанд”.

Дар пайи наворҳои мунташиркардаи Абдураҳмон-Шерзод Маҳмадҷонов шӯъбаи КДАМ-и шаҳри Ваҳдат ончуноне аз сӯҳбатҳояш огоҳ шудем 8уми январ модари ӯро барои бозпурсӣ даъват кардааст.Аз ӯ хостаанд, ки писараш нашри видеоҳои муқобили ҳукуматро бас карда, ба Тоҷикистон баргардад ва дархости афв кунад. Дар сурати ғайр, ба зиддаш парванда кушода, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарораш хоҳанд дод. Баъди се рӯзи сӯҳбат дар КДАМ модари Абдураҳмонро сардухтур даъват   мекунад.  Сардухтури беморхонаи шаҳри Ваҳдат иқрор кардааст,ки сабаби рондани ӯ аз кор интишори видеоҳо ва наворҳои писараш дар Интернет аст. Аз ҳамин сабабаб ӯ ҳуқуқи кор дар муассисаи давлатиро надорад:

 “Бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Бар асоси  қонун  дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест. Ягон ҷои кори дигар ёбед”.

Бубинед, ки ниқори киро аз кӣ мегиранд ва зӯрашон ба кӣ мерасад ва инки бо ин ҳам тавону қудрат, таҳаммул надоранд ба як модаре, ки маълум шуд 18 сол боз дар  бемористони Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи шафқат – медсестра кор мекардааст ва ҳамагӣ 472 сомонӣ моҳона маош дарёфт мекардааст. Дар ҳоле, ки ин модар сидқан иқрор кардааст,ки борҳо аз писараш хостааст,ки “ин корҳояшро бас кунад”.Аммо бовараш накарданд. Дар миёни чорроҳаи зиндагӣ сарсону саргардон карданд, муҷозоташ намуданд. Ҳамин 400 сомониро аз ӯ дареғ доштаанд .Як модарро бо саххтарин шева таҳқир карданд. Магар ин аст давлат ва давлатдорӣ?

Хуб, ки агар Абдураҳмон ҳаррӯз аз чунин наворҳо таҳия кунад, чи хоҳад шуд? Агар пушти Шумо бо мардум гарм набуд ва агар шумо ба кӯҳи ях такя надоштед, ба чунин амали ноҷавонмардона даст намезадед. Борҳост, ки ҳамчунин аъмоли ғайриинсонии шуморо маҷомеи байналмилалӣ мазаммат ва интиқод кардааст вале ин шумоед, ки гоҳе ба манзили модари як фаъоли сиёсӣ меравед ва гоҳе дигар падару модар ва пайвандони онҳоро бозпурсиву истинтиқ мекунед. Бо дӯғу пӯписа ва бо тарсу ваҳшат афкандан то кай ҳокимият хоҳед кард?.

Шумо мақомоти мардумозори Раҳмонов худ тарсуед. Аз хиш-хиши барги дарахт метарсед. Аз як шарфаи пойи гурба дар ҳаросед. Шумо,ки воқеан муҷримед, садои ҳарфи ҳақ ба ларза меоварад, садои муҳаммадиқболҳо, садои абдураҳмонҳо, садои кабириҳо ва даҳҳои дигар аз ҳақгӯёни ҷасури ин миллат сахт дар ҳаросед.

Воқеан, ин бори дигар исбот кард, ки шумо ба Кабирӣ чи рашку ҳасодат доред. Ӯ дар дуриҳои дур қарор дорад, аммо дар афкору аҳзони мардуми тоҷик ҳамчуноне ҷойгоҳ ва мақомашро, ончуноне худ нахоста иқрор кардаед, ҳифз кардааст. Вагарна дар сӯҳбатҳои Абдураҳмон ҳатто як сонияе, ҳатто дар як мавриди кучаке номи ӯ зикр нашудааст, аммо шумо ӯро ҳам ба пайравӣ аз Кабирӣ нисбат медиҳед.

Имрӯз тамоми Тоҷикистон Абдураҳмон аст,имрӯз тамоми Тоҷикистон Кабирӣ аст.Шумо хуб ҳам медонед, ки агар ин мардум як кам имкони нафаси осуда кашидан пайдо кард аз хирной ва гулӯи шумо мардумозорон мегирад,ки бисёри бад гузаронида истодаед.Барои ҳамин бегуноҳонро медореду салафӣ мегӯеду ихвонӣ мегӯеду зиндон мекунед.

Тахти шумо ларзон аст, савлату сарвататон ларзон аст, қудрату салобататон ларзон аст.Шумо худ ба худ машкукед, итминон надоред, муътақид нестед.Чун воқеан шуморо  ба ҷуз аз худатон касе раис ва роҳбар интихоб накарда аст.Вагарна бо як модар ва бо як зан дарнамеуфтодед……

 

 

.  

 

Share This Article