Чун қофия ба танг ояд, шоир ба ҷафанг ояд

Ислоҳ нет

              

             Дар пас манзари хиёнати “ваҳдати миллӣ”

То имрӯз таҳрифи воқеаҳои таърихии ҳазорсолаҳоро хондаам, аммо таҳрифи ҳодисаҳои таърихие, ки шоҳидони бевоситаи он зинда ва ҳаётанд нашунида будам. Суханони по дар ҳаво ва пур аз кизбу дурӯғе, ки дар ин чанд вақти охир аз забони раисҷумҳур Эмомалӣ садо доданд, далолат бар он мекунад, ки ҳама “асарҳои таърихи”-и навиштаи ӯ, унвонҳои дар пешу паси номаш вуҷуддошта дурӯғин ҳастанд.  Бо истилоҳи улуми риҷол шиносоии ӯ Сиқа нест ва ҳама ривоёташ дорои иллат ва кизб буда ӯ Адли мутаяқиз ориф ба асбоб нест. Ҳеҷ суханаш дар назди аҳли илм қобили пазириш нест. Ривоят аз ӯ шахси ривоят кунандаро зери суол мебарад. Уламои Маркази исломӣ пас аз ин огоҳ бошед!

 

Дар рафти чорабинии ҷашни рӯзи “Ваҳдати Миллӣ” дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, дар назди ҷамъомадагон Эмомалӣ Абдурраҳмон чунин гуфт: “…хотирнишон менамоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд.”

 

Ин дурӯғи ошкор ва инкори имзои созишномаи сулҳ аз тарафи Эмомалӣ Абдурраҳмон дар ҳоле буд, ки аз он сулҳ ҳама огоҳанд. Ҳама миллат ва олам медонанд, ки ин сулҳ чигуна суръат гирифта буд ва ҷониби дигари сулҳ кӣ буд.

Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Абдурраҳмон

Агарчӣ ИНОТ иборат аз чанд ҳизбу созмонҳои мухолифи тоҷик буданд, зери як чатр гирди ҳам омада буданд. Аммо қувваи асосие, ки ҳукумати Эмомалиро ба зонӯ нишонда буд, ин қувваҳои низомии он вақтаи ҲНИТ буд. Масалан, худатон фикр кунед, имрӯз беш аз он солҳо ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии мухолифи ҳукумати кунунӣ вуҷуд доранд. Аз он солҳо карда дар фаолиятҳои расонаӣ ва видеоӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаоланд. Он солҳо агар мухолифони асосии низомӣ дар Афғонистон қарор доштанд, ҳоло бошад, дар ҳама олам мунташиранд ва ҳукумати золимонаашро ба тамоми олам шарманда ва беобурӯй намудаанд. Чун қувваи низомие надоранд, Эмомалӣ ба ин гурӯҳҳо ҳатто намехоҳад таваҷҷуҳи ҷиддие намояд. Он солҳо дар хориҷ ҳатто Тоҷикистонро намешинохтанд ва қазияашро аслан намефаҳмиданд,ки дар кишвари мо чӣ мегузарад. Ҳоло бошад аз шарқ то ғарб ва аз Амрико то Африқо мушкилоти Тоҷикистонро хуб медонанд.

 

Акнун хонандаи гиромӣ мутаваҷҷеҳ шудед, ки Эмомалӣ ва ҳукумати онрӯзаро ё дақиқан 21 сол пешро  ба зонӯ кӣ нишонда буд ва ба сулҳ водораш намуд? Бале дақиқан ҲНИТ ӯро ба зонӯ шинонд ва ба сулҳ водораш намуд. Имрӯз бошад ӯ аслан ин масаларо комилан инкор мекунад. Акнун фаҳмидед, ки ин мард чи қадар дурӯғгӯй ва хоин будааст?  Дарк кардед, ки бояд бо кадом забон бо Эмомалӣ Абдурраҳмон ҳарф зад? Барои то ба фаҳму дарки ин махлуқ таъсир кардан, ӯ мехоҳад мисли худаш бо зури ҷангу силоҳ бояд бо ӯ ҳарф зад. Аммо мухолифони сиёсии ӯ ҳаргиз мисли ин қотил нестанд ва ба таври осоишта, бо силоҳи қаламу сухан  муборизаро идома медиҳем.

 

Вақте ҲНИТ қувваи низомӣ  дошт, он солҳо ба музокира менишаст. Аммо ҳоло дар се соле, ки муборизаи осоиштаи сиёсӣ мебарем, аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсиро, ки дар хориҷ қарор доранд, ҳатто намехоҳад ба музокира даъват кунад. Дар 16 соле, ки аҳзоби сиёсӣ муборизаи силмии сиёсӣ дар кишвар бурданд, аслан нагузошт оромона мубориза баранд. Чун Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ забони инсониро намефаҳмад ва ҳаргиз ӯ дар фикри шаъну шарафи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии шаҳрвандони кишварро надошт ва дар оянда ҳам надорад. Мутмаиннам муборизаи қалам ва сухан ин дафъа ӯро ҳам сарнагун ва ҳам ӯро дар сафаҳоти таърихи ин миллат шахсияти манфурашро сабт хоҳад кард.

 

Осорхонаи Сулҳи тоҷикон дар Душанбе

Музей ё экспонате, ки дар Душанбе ташкил шудааст, ҳеҷ асаре аз ҷониби дигари сулҳ вуҷуд надорад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ вақте саре ба он осорхона заданашро расонаӣ кард, танҳо аксҳои Эмомалӣ дида мешуд ва аммо қаламе, ки бо он Созишномаи сулҳро имзо намудааст, вуҷуд дорад. Аҷибаш инҷост, ки қаламе, ки дар Ҳосдеҳи Фархори Афғонистон бо Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзо карда буд, вуҷуд дорад. Онҷо ҳатто зикр ҳам шудааст, ки бо ин қалам маҳз дар Ҳосдеҳ санад имзо шудааст, аммо аз тарафи дигари созишнома ҳеҷ осоре вуҷуд надорад.

Сулҳ

Субҳоналлоҳ, шабакаҳои иҷтимоъӣ пур аз аксҳои ҳарду тараф ҳастанд, аммо дар ин осорхона ҳеҷ аксе аз Устод Нурӣ дида намешавад. Инро шумо хонандаи гиромӣ, чӣ гӯна мефаҳмед? Акнун фаҳмидед ин мард чӣ қадар хоин ва таҳрифкунандаи воқеъияти аслии сулҳи тоҷикон аст? Акнун фаҳмидед, ки ин мард мухолифони пурқуввати 21 сол қабли худро, ки то пойтахт дар ихтиёр доштанд ва ӯро ба зонӯ шинонда ва ба сулҳ водораш кунониданд, имрӯз эътирофашон намекунад ва ҳатто аз онҳо намехоҳад ном бубарад. Ҳатто гӯё ӯ бо ИНОТ сулҳ кардааст тамом. Агар пурсед роҳбари ИНОТ кӣ буд, мумкин аст бигӯяд, Вай Вайа Вай….  

 

Раиси МТС чӣ гуфтааст?

ХудойбердӣХудойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфта буд, “ҲНИТ дар музокирот ҳамагӣ 25 дарсад намояндагӣ дошту бас.” Вай гуфта буд, намояндаҳои ҳизби демократ, Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, созмонҳои “Лаъли Бадахшон” ва муҳоҷирони тоҷик низ шомили Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсиюни тоҷик буданд”

 

Агар шахсе Худойбердӣ Холиқназарзодаро шиносад, ки дар гузашта ӯ кӣ буд, худаш хулосаашро мебарорад. Ман ин шахсро дар Теҳрон, дар хонаи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дида будам. Бо ӯ якҷо нишаста ҳамсуҳбат шудаам. Шахсе, ки нисбати Эмомалӣ чӣ назарҳое дошт, имрӯз суханоне мегӯяд, ки инсони оқилро ба таъаҷҷуб меоварад. Медонед ин мард, то омадани қувваҳои фронти халқӣ дар ҳукумати муросои миллӣ чӣ вазифае дошт? Агар ин ҳамаро фаҳмед хуб медонед ӯ кӣ ҳаст ва чӣ мехоҳад. Агарчӣ ӯ дар ин мақом тавассути як қувваи беруна нишастааст, дар фурсати муносиб дар ин маврид ба тафсил хоҳам навишт.

 

Ҳеч кас миннат накунад

ДостиевАбдумаҷид Достиев – собиқ муовини раиси Кумисюни оштии миллӣ ва раиси қариб ҳама давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон аз тарафи ҳукумати он замон чунин мегӯяд: “Касе чӣ коре кард, барои худаш кард. Барои ҷамъияту зану фарзандаш кард. Ҳеч кас миннат накунад. Рӯшан мегӯям, қишри ба балоғат расидаи давраи ҷанг ҳама гунаҳкоранд. Ҳеч кас бегуноҳ нест. Мо дар Теҳрон бо ҳамин нукта музокироти сулҳро оғоз карда, ба мусолиҳа расида будем”.

 

Ноқадршинос будани Эмомалӣ Абдурраҳмонро бубинед, ки ҳатто Абдумаҷид Достиевро дар ин рӯз даъват накард,  то дар он “иди ваҳдат” бо худаш дар он чорабиниҳо иштирок кунад.

 

Илова бар ин, ба хотири ҳамин як ҷумлаи воқеъбинонаи Достиев чанд хунхорони Фронти халқӣ қаҳрашон кард, бар зидди ӯ вокунишҳо нашр намуда гуфтанд, ки сулҳи тоҷикон ҷониби дигар надошт ва якҷониба буд.

 

“…чанд нафаре барои расидан ба истиқрори сулҳ розӣ набуданд. Ва ин чанд нафар дар раъси сарварии ИНОТ қарор доштанд. Онҳоро миёнравон, иродаи қавии Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикон, ки нисбати тақдири садҳо ҳазор тоҷики дарбадаргашта бетафовут набуд, маҷбур сохт то ба имзои созишномаи сулҳ розӣ шаванд. Аз ин рӯ, мо бо қатъияти том мегӯем, ки ин сулҳ якҷониба буд”. – омадааст дар вокуниши ду узви собиқ Фронти халқӣ Нурали Фақиров ва Нусратулло Файзуллоев, ки дар саҳифаи фейсбукии Рашид Рашидиён ба нашр расидааст.

 

Ба ин ҳам қаноат накарда, фармондеҳи собиқи Гвардияи вилояти Кӯлоб, ки дар ҷангҳои хонумонсӯзи солҳои 1992 фаъолона иштирок дошт ва аз дасти ӯ ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ба қатл расида буданд, бо муроҷиати махсусе ба Достиев дар шабакаи иҷтимоъии ютуб видеоеро паҳн карда гуфт: “Барои ман аламовараш он аст, ки одамоне ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ягон кор накарданд, имрӯз ман мегӯянд. Ҳамаи ин дурӯғ аст! Барқароркунандаи ҳукумати конститутсионӣ фақат Гвардияи миллии шаҳри Кӯлобу вилояти Кӯлоб асту асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба ғайри Эмомалӣ Шарипович ягон каси дигар нест. Бигзор ягон одам воҳима накунад, ки ман ин тавр кардам, ман он тавр кардам.”

 

Ҳол он, ки Достиев дар сӯҳбаташ бо хабарнигори радиои Озодӣ ягон ман манӣ накарда буд. Касе, ки Достиевро мешиносад, ҳатман медонад, ки ман-манӣ ба хислати Достиев рост намеояд. Аммо худи гуфтани Барқароркунандаи ҳукумати конститутсионӣ фақат Гвардияи миллии шаҳри Кӯлобу вилояти Кӯлоб аст” манмании аҳмақонае беш нест.

Достиев хело марди босавод ва фаҳмидае ҳаст ва ман дар КОМ худам бо ӯ рафту омад доштам ва ӯро хуб мешиносам. Мағзи ҳукумат, стратеги варзида, мудаббири корҳои сиёсӣ ва муассиси ҲХДТ  ва мушкилосонкун дар ҳукумати он замонии Эмомалӣ буд. Дар ҳама музокироти сулҳи тоҷикон ӯ ҳайати ҳукуматиро роҳбарӣ мекард. Пас аз ин ки вазъият ором шуд ва дар муқобили мухолифони сиёсӣ  Эмомалӣ дастболо шуд, ӯ аз ҳама мақому мансаб барканор шуд. Эмомалӣ дар симои Достиев рақиби бонуфузу сиёсатдонро медид. Чун ҳар вақте ҳукумат ба мушкилие мувоҷеҳ мешуд, ҳама на ба Эмомалӣ, балки ба Достиев рӯ меоварданд ва аз ӯ машварат мегирифтанд.  Чун Достиев нуфузаш он вақтҳо зиёдтар аз Эмомалӣ буд, аз байн бурдани ӯ барои Эмомалӣ кори саҳле набуд. Танҳо метавонист ӯро бо ҳилае аз ҳукумат дур кунад. Бинобар, нахуст ӯро сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таъйин кард ва сипас ба нафақа гусел карда, бекораш намуд. Ин дар ҳолест, ки  аз худи Эмомалӣ сар карда, сину соли 50% кормандони ҳукумати феълӣ ба сини нафақа расидааст вале дар мақомот кору фаолият доранд.

 

Намехоҳам дар ин маврид бештар нависам.  Ҳамин андоза мегӯям, Эмомалӣ як шахси қадрношинос ва як марди тасодуфӣ дар ин мақоми болои ҳукумати кишвар аст. Ӯ аслан ҳеҷ ихтисосе надорад ва дар ҳеҷ соҳае таҳсил накардааст. Ёдам ҳаст боре дар сӯҳбате Хол Камолов, як муаллими мактаби миёнаи Данғара, ки солҳои мактабхонияш ба Эмомалӣ аз фанни математика дарс додааст, гуфта буд, ки “базур- базур баҳои се мегирифт. Баҳои хубу аълояш қариб, ки набуданд”.  

 

Эмомалӣ  замоне, ки  котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара шуда, бидуни маълумоти олӣ кор мекард,  ба чӣ азобе соли 1982 шуъбаи ғоибонаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Он замонҳо дар вилояти Кулобу Қургонтеппа кадр намерасид. Ҳатто донишҷӯёни ленинободӣ (Суғди ҳозира) ва бадахшонии фориғуттаҳсили донишгоҳҳоро маҷбур мекарданд, ки чанд соле дар вилояти Кулобу Қурғонтеппа ифои вазифа кунанд. Маҳз аз ҳамин ҳолат ин мардак истифода бурдааст ва соҳиби маълумоти сохта ва вазифа гардидааст. Бинобар, месазад гуфт, ки ӯ танҳо як шахси фурсатталаб ва  раиси мафия мебошад, ки кишварро беш аз ду даҳсола дар панҷаи оҳанини худ нигоҳ медорад. Ҳама мақому унвонҳоеро, ки ба худаш нисбат додааст, дурӯғ буда, аслан ба ӯ ҳеҷ часпише надоранд.

Сулҳ

Асосгузори сулҳ ва ваҳдати асосии кишвар шодравон Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Агар ин мард розӣ ба сулҳ бо ин хоин намешуд, бидуни шак 21 сол қабл ӯ аз сари қудрат дур мешуд. Афӯс, ки шодравон ин қадар хоин будани ин марди тасодуфиро намефаҳмиданд ва маҳз барои оромиш ва ободии кишвар бо ин хоин сулҳ карданд. Аммо хоин аз сояи худаш метарсад ва дер ё зуд бо шармандатарин ҳолот аз сари қудрат дур мегардад. Он рӯз хело наздик шуда истодааст.

 

Миллати мазлумам устувор бошед ва ба ояндаи хуб имон ва боварӣ дошта бошед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article