Даҳ чизро дар даҳ чиз

Ислоҳ нет

Даҳ чизро дар даҳ чизи дигар пайдо намудем

 

Аз гузаштагони солеҳи уммати ислом дар осор чунин омадааст: даҳ чизро дар даҳ чиз меҷӯстем,аммо дар чизҳои дигар онро пайдо намудем.

 

1.Фикр мекардем мартабаи баланд ё шукӯҳу иззат дар такаббур аст, аммо онро дар тавозуъ ва фурӯтанӣ пайдо намудем.

 

2.Ибодатро дар намоз меҷӯстем, аммо онро  дар парҳезкорӣ ва дӯрӣ аз гуноҳон пайдо намудем.

 

3.Роҳату рифоҳиятро дар ҳарис будану ҷустуҷӯ намудани чизе ҷӯё мешудем, аммо онро дар парҳезкорӣ ва дӯрӣ аз манъшудаҳои Илоҳӣ пайдо намудем.

 

4. Нӯри қалбҳоямонро дар намозҳои рӯзона бо садои баланд, (яъне дар масоҷид бо анбӯҳи намозгузорн ва бо қиръоати Қуръон бо садои баланд) меҷустем, аммо онро дар намозҳои шаб, (таҳаҷҷуд,қиёми лайл-шабзиндадорӣ) бо худ дар хилват пайдо намудем.

 

5. Нӯри қиёматро дар саховатмандӣ ва караму ато ҷӯё мешудем, аммо онро дар ташнагӣ, дар ҳолати рӯзадорӣ пайдо намудем.

 

6.Дар рӯзи Қиёмат гузаштан аз пули Сиротродар қурбонӣ кардан меҷустем, аммо онро дар садақа додан бар фақирону ниёзмандон ба таври умум пайдо намудем.

 

7.Наҷот аз оташи Дӯзахро дар ончи Худованд истифодаи онро бароямон ҳалол намудааст ҷӯё мешудем, аммо онро дар тарки шаҳватҳо ва ғаризаҳои нафси саркаш ёфтем.

 

8. Дӯстдоштани Аллоҳ (ҷ.ҷ)-ро дар дунё бо амалҳои ноқисамон меҷӯстем, аммо дӯстдории Ӯ таъолоро дар зикр намудани Ӯ аз сидқ пайдо намудем.

 

9.Офият ва зиндагии осударо дар дунё бо ҷамъ намудани мол ҷӯё мешудем, аммо он роҳат ва осӯдагиро дар дӯр будан аз дунё ва (узлат) гӯшанишинӣ ёфтем.

 

10.Нӯри дилро дар шунидани насиҳат ва қироъати Қуръони карим меҷӯстем, аммо онро дар андеша ва тафаккури Холиқ ва ин ҷаҳону ибод ва гиря намудан назди он зоти поки беайб пайдо намудем.

 

Хонандаи гиромӣ! Таваҷҷӯҳ намоед ба ҳар банди ин ҳикматҳои солеҳони гузашта. Онҳоро ғалат нафаҳмед инҷо танҳо барои “шинохти худӣ” суҳбат меравад.

 

Шахсе намозро бо ҷамоъат нахонад ва ӯ ҳамсояи масҷид бошад намозаш дуруст нест ба шарте,ки узре ӯро манъ намояд.

 

 Мусалмоне Қуръон нахонад ҳаргиз Қуръон шафоъат кунандаи ӯ нест ва рӯзи Қиёмат бар алайҳи ӯ шикоят мекунад.

 

Сармоя доре пул дошта бошад ва қурбонӣ накунад Расули акрам(с) гӯфтаанд: “Ба масҷиди мо наздик нашавад!”

 

Ин суханон барои тазкияи нафсҳо аст, то инсон ҳаргиз мағрур набошад ончи мекунад худро бартар набинад ва бо тавозуъ бошад.Ҳамеша дар ҳирси ҷамъи моли ин дунё роҳати худро надонад, зеро ин дунё як  гузаргоҳ ё ба қавли русӣ(транзитная зона) аст,ки меоему чизеро ба субут нарасонида бо сад орзӯю ҳавас аз он мегузарем.

 Пас ҳамеша дар ёди охират бошем,ки макони абадият ва бошишгоҳи абадии мо онҷост. Ин дунё ба ҳар минволу аҳвол мегузарад бояд тӯшае барои он рӯз захира намоем. Зеро бидуни тӯша моро хеле сангин ва оқибатҳои вахиме дар интизор аст. Онҷо восита ва касеро касе наҷот дода наметавонад ба ҷуз он амалҳои неке,ки дар ин дунё анҷом медиҳем ва аз манънамудаҳои Худованд дӯрӣ меҷӯем.

 

Меравӣ дар хонаи торику пурваҳми лаҳад,

Аз барои тӯшаи он гӯша ин ҷо фурсат аст.

Худоё моро тавфиқи бандагӣ дар дунё ато намо ва ҷаннатҳои волоеро чун Фирдавс барин насиб бигардонад, омин.

 

Share This Article