Далер ба се афви ахир шомил аст? ё ҳукмашро пеш аз боздошт содир кардаанд?

Ислоҳ нет

 

Парвандаи Далери Шарифов, рӯзноманигори мустақили тоҷик дар ба истилоҳ “истеҳсолот”-и Додситонӣ зиёд мунтазир ва маътал намеистад. Додситони кулли Тоҷикистон, ҳанӯз, то инки маводди тафтишот ва айбҳои ба ӯ бастаи муфаттишони амният ба дасташ бирасад, бо гузашти се рӯз аз боздошташ бо нашри як изҳороти алоҳида эълон карда буд, ки ин журналисти тоҷик аз мубаллиғони ақоиди мазҳабист ва 200 мақола ва матлаб дарҷ кардааст,ки хусусияти ҷиноӣ доранд. Аммо ҳаройина тафтишот он хоҳ милиса аст ва ё хоҳ амният ночор аст барои тасдиқ ва таъйиди “фикри айбдоркунӣ” ва ё ҳамон “айбнома” ба додситони руҷӯъ кунад. Ин талаби қонун ва қонунгузорӣ аст. Вале дар Тоҷикистон, ки ҳеҷ чизе дар чавкот ва чаҳорчӯбаи қонун иҷро намешавад, бахусус, ки агар тараф як шахси матраҳ ва мақоме дар ҷомеа дошта бошад, бидуни “о,кей” ва ҳамоҳангӣ бо худи Раҳмонов баъид аст боздошт, ҳабс ва зиндонӣ бишавад. Хулосаи ҳарфам ин аст ки Додситонӣ мавод ва ё иттиҳомоти оганда ва саропо аз бӯҳтону томотро, ки амният таҳия ва ирсол кардааст, ба пойи Далер Шарифов хоҳад баст. Кадом нуқтаву вергулеро ҳатто иваз намекунад. Агарчи додситонӣ дар мақом ва салоҳият болотар аст аммо додситони феълӣ дар баробари амнияти имрӯза (Юсуф Раҳмон дар пеши Саймумин Ятимов) ҳақиру нотавон мебошад ва функсия ва рисолати ин ниҳодро,ки нозири дурустии татбиқи қонунҳост, сарфи назар хоҳад кард.

 

Дар қазияи Далер Шарифов, ҳоло танҳо Додгоҳ метавонад як дигаргуние ворид кунад. Адвокатҳои ин журналисти тоҷик, то онҷо ки огаҳӣ пайдо кардем, ботаҷриба ва коркуштаанд. Аммо, маъаласаф, нақш ва мақоми худи адвокат дар низоми қазоии Тоҷикистон ночиз ва оҷиз аст. Коре аз дасташ сохта нест. Аз лиҳози ҳуқуқӣ кадом фишанге ва фишоре надорад, ки тафтишот ва муҳокимаро такон ва тағйир диҳад. Ҳамчуноне, ки дар қазияи Далер ҳам ҳарду адвокати ӯ забонхат додаанд, ки “сирри тафтишот”-ро ба берун намебароранд. Ҳоло маълум нест,ки муҳокимаи Далер дар додгоҳ паси дарҳои баста мегузарад ва ё ошкоро? Ин бастагӣ дорад ба онки Додситон ба он мӯҳри махфӣ хоҳад зад ё хайр. Худо кунад,ки онро “махфӣ” насозанд. Вале аз ончики аён аст гумон меравад, ки парвандаи ӯро “махфӣ” хоҳанд кард.

 

Ончики бо дар айбномаи Далери Шарифов омадааст,ва ончики то ба имрӯз “фермаи ҷавоб” дар бораи ӯ навишт, водор мекунад, бовар кунӣ,ки дар паси ин қазия чи чизҳое дигар ҳаст,ки мақомот то ба ҳоло аз ифшои он худдорӣ кардааст. Саволи асосӣ ин аст ки пушти иттиҳомоти эълонкарда кадом ҷурми “конкретӣ” вуҷуд дорад? Зеро агар ки 200 матлаби мунташира ва китоби камтар аз сад нусха интишордодаи ӯ айби Далер буд, ӯ чандин нафар:-муҳаррирон, сармуҳаррирон, ноширон, раиси чопхона ва ғайраро ҳам мебоист бо худ мекашид. Зеро Далер танҳо муаллиф аст ки навишту барои нашру дарҷ пешниҳод кард. Вай масъули навиштаи худ аст. Масъулияти чоп ва паҳн кардани мавод бар дӯши чопхона ва соҳибони нашрияву дигар васоили ахбори ҷамъист. Чун ӯ на чопхона дошт ва на нашрия. Аммо аз онки ба дунболи эътирозоти созмонҳои дохилӣ, байналмилалӣ ва ҳамкасбони Далер дар робита ба боздошти вай “фермаи ҷавоб” алайҳи ӯ силсиланавиштаҳоро мунташир карда ӯро “хоини давлат”, “иҷрокунандаи нақшаи наҳзатиҳо “ ва аз ин қабил томот зад, маълум мешавад,ки қазия сиёсӣ аст, то ҷиноӣ.

 

Ҳамин ки ӯро барои осораш муттаҳам мекунанд тасбити он аст ки дар воқеъ Тоҷикистон дар аъмоқи буҳрони шадиди сиёсиву ҳуқуқӣ фурӯ рафтааст.

 

Дар замони кулаккунӣ се шоҳиди ба ноҳақ кофӣ буд, ки капаат дуд кунад ва радди поятро аз Сибир ҷӯянд.Ҳоло методи роиҷ ва мӯдшуда ба ҳамин минвол аст дигар.

 

Ин ба он маъност, ки дар Тоҷикистон гуногунандешӣ, афкору ақидаи гуногун, баҳсу баррасиҳо дар мавриди ҷаҳонбинӣ ҷойи худро аз даст додааст ва ҳамаи олиму омӣ бояд якранг ва якнавохт фикру ақида ва эътиқод дошта бошанд. Аммо ба вузӯҳ гуфта нашудааст,ки ақида, ҷаҳонбинӣ ва эътиқодӣ расмӣ чи аст? Ман мутмаинам, ки чанд соли баъд ин айбу иттиҳоме, ки барои Далер зада шуд, айбу иттиҳом ҳисобида намешавад. Ҳамин чанд соли пеш дар худи Тоҷикистон ҳам ончики ӯ навиштааст ҳеҷ гоҳ адовати мазҳабиву нажодӣ ва бартарӣ додан ба як гурӯҳи хоси мазҳабӣ ҳисобида намешуд. Аслан барои ақида ва эътиқод муттаҳам ва маҳкум кардан ин худ камоли аблаҳӣ ва ҳамоқати як давлат аст. Барои онки суханонам мудаллал бошад инҷо аз “тақриз”-и як муаллифе аз “фермаи ҷавоб” ба китоби Далер Шарифов меоварам, ки аз сад нусха ҳам камтар чоп шудааст. Дар ҳоле, ки бар тибқи қонунгузорӣ чопи чунин теъдод маводи чопӣ бидуни иҷоза ҷоиз аст. Муаллифи ин тақриз нафаре бо номи Зиёев Субҳиддин, ки худро номзади илмҳои филология муаррифӣ кардааст.Вай навиштааст: “Рисолаи «Муҳаммад ва терроризм» соли 2019 дар чопхонаи гумном дар 53 саҳифа бе иҷозати мақомоти расмӣ ба нашр расидааст. Муаллиф Далер Шарипов иддао дорад, бо нашри ин пароканда афкор обрӯи номи шахси таърихиро эҳё намояд”.

 

Ин муаллиф,ки танаффури даруниаш нисбат ба дини мубини исломро натавонистааст ниҳон дорад, ҳатто забонаш пеш намеравад, ки аз исми паёмбари ислом Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ном барад ва ӯро хеле ҳам содалавҳона “шахси таърихӣ” баҳо медиҳад, ки гӯиё муаллиф “обрӯ”-и ӯро эҳё карданист. Ингор Расули Худо муҳтоҷ ба эҳёи обрӯи номаш буда бошад.

 

Ҳамин як ҷумла муҳтаво ва моҳияти ин Субҳиддин(?) ва танаффури ӯ ба Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ва исломро ошкор кардааст. Гузашта аз ин ӯ ин китобро барои он “роҳнамои хатарнок” номидааст, муаллиф дар робита ба навиштаҳои Абдураҳмон Бобоев, Олим Ғафуров, Зиё Абдулло,Комил Бекзода, Бозор Собир,ки Қуръони маҷид ва Пайғамбари Исломро мазаммат ва накӯҳиш кардаанд, эрод гирифтааст. Магар барои ин нафарон,ки шоиру нависандаанд интиқоди Қуръону Пайғамбар ҷоиз ва барои радди иддиои онҳо навиштан ҷиноят аст?

 

Магар Қуръону пайғамбар танҳо аз ҲНИТ аст?Бубинед,ки ин филологи дар асл як даҳрии аз худобаргашта дар идома чӣ навиштааст:

 

“Ёдамон ҳаст чанд сол пеш ин ифротиҳо хона ба хона гашта бо ҳидояти наҳзати бегонапараст одамонро ба бедину бодин ва тақводору бетақво таҷзия карда, баъзеро кофиру мулҳид ва баъзеро мушрику «гумроҳ» эълон мекарданд. Дар ҷомеа либоси бегона ва фарҳанги бегонаро ривоҷ медоданд. Ришро меъёри имондорӣ ва поҷомаи бадавиро мӯд пиндошта, ҷомеаро ба ҳараҷу мараҷ рӯ ба рӯ мекарданд. Ҳар касе аз ин хати хатарнок тарафдорӣ намекард, кофиру мулҳидаш эълон медоштанд.” Бадбахтии миллат ин аст ки ҳоло рӯз ба чунинҳо афтод, ки агар дар ҳимоят аз Ислом,Қуръон ва Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтӣ, туро террорист ва наҳзатӣ тамға мезананд. Инҳо корашон ба ҳадде кашидааст,ки мусалмониро иттиҳом ва айб ҳисоб мекунанд. Вале агарки давлат ва мақомоти давлатӣ хостори ин навъи афкору ақида набуданд, магар инчунинҳо ҳамчунин менавиштанд. Раҳмонов ва дору дастааш бо як дурӯғи бузурге ҲНИТ- як созмони сиёсии исломиро аз саҳна заданд.

 

Ҳоло тамоми талошашон ин аст ки ба мардум ва ҷомеа ин фикрро талқин кунанд, ки Наҳзат ва пайраву тарафдор ва ҳавохоҳони он ҳамагӣ террористу барангезандагони низои милливу мазҳабианд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, натавонист муваффақ ба нобудии Наҳзат шавад. Панҷ сол зиёд аст ки аз ҳар ҷое як ба истилоҳ далелу мадраке оварда ба Наҳзат часпонида истодааст. Вай гумонаш ин аст ки афкори иҷтимоиро дорад идора мекунад ва афроде назири Далерро, ки бо ақида ва афкори ӯ,ки бар марксизм ва атеизми ҷанговар такя мекунад ва эътиқодан даҳрист,мухолиф аст ҳамчун унсури харобсозанда душман меҳисобад. Ва ҳоло ки қудрат дар ихтиёр дорад ӯ ва мисли ӯро бояд зиндон кунад ва ё маҳву нобуд. Аммо бояд як чизро фаромӯш накунад, ки ҷаҳони ислом бо Тоҷикистон хулоса намешавад. Якуниммиллиард мусалмон аст, ки ҳадди ақал сеяки он ҳамаруза садҳо бор бар Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам дуруду паём мефиристад ва номи ӯро дар вирди забонашон доранд.

 

Шояд навишта як кам тӯлонӣ бишавад.Аммо ногузирам аз навиштаҳои як муаллифи дигар аз “фермаи ҷавоб” чанд иқтибосе меоварам:

 

“Бояд иқрор шуд, ки Далер Шарипов дар ҳақиқат ҷинояткор аст. Ӯ мардумро барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ даъват кардааст ва ҳамчун як дастгоҳи фаъол аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешуд. ….Нигаронкунанда ин аст, ки чаро ташкилотҳои манфиатҷӯ ба монанди ТТ ҲНИ ва чандин дигар озодии Далер Шариповро талаб мекунанд? Дар тамоми мақолаҳои нашр кардаи Далер Шарипов ақидаҳои бегонапарастӣ ва ғайримиллӣ ҷой дода шудааст. Ӯ журанлист не, балки террорист аст. Аз навиштаҳои ин журналист одамон дар таҳлука меуфтоданд ва ҷавонон барои қатли одамон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ мепайстанд. Комилан ҳамин, ки Далер Шарипов бо дасти дигарон одам куштаасту худро бегуноҳ меҳисобад ва ҳаммаслаконаш барояш озодӣ талаб мекунанд. Далер Шарипов набояд озод шавад, зеро далелҳои ҷинояткор будани ўро дар кӯтоҳтарин муддат ошкор месозанд. Ҳеҷ гунаҳкор бояд бе ҷавоб намонад, ҳама дар назди қонун барои ҷиноятҳои содирнамудааш ҷавоб медиҳад. Юсуф Ғанизода,корманди ТВ Тоҷикистон”.

 

Бубинед барои як корманди ТВ аз куҷо маълум аст ва чи далеле дар даст дорад,ки Далерро ҷинояткор мегӯяду террорист ва ҳатто одамкуш? Албатта, ки ин ҳама ҳарфу ҳиҷо аслу асос надорад. Вале масъала ва мушкил инҷост, ки ҳамин раиси КДАМ кишварро то ҳадде кашонида истодааст,ки муаллифони бечораи “фермаи ҷавоб” чапу рост, ҳарчизе аз даҳонаш ояд дар ҳаққи як нафари дигар гуфта истодаанд. Амалан кишварро таҳти террор қарор додааст, фишор оварда истодааст, ки ҳамин гуна суханҳои аблаҳонаро дар ҳаққи як журналисти андешаманди соҳибфикр бигӯянд.

 

Аммо ҳатто хориҷиҳо аз ин тарзи айбу иттиҳомзанӣ дар ҳайрат афтодаанд.Бёрн Энгесланд, мудири кулли Кумитаи Норвегии Ҳелсинки дар як баёнияе, ки дар робита ба боздошти ин рӯзномагори тоҷик содир кард, мегӯяд: “Тоҷикистон дар авҷи як бӯҳрони ҳуқуқи инсон аст. Дар инҷо мақомот тамоми мухолифон ва дигарандешонро нафасгир кардаанд ва Далер Шарифов, яке аз хабарнигорони мустақили ангуштшумор дар дохили кишвар аст. Иттиҳомот ба зидди ӯ баёнгари беэҳтиромӣ ба озодии баён дар Тоҷикистон аст.”

 

Мутаассифона ин баҳои воқеӣ аз воқеияти фоҷиаомези кишвари мост. Болои мардум ва миллат бало ҳоким аст. Балое,ки на танҳо аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ҷомиаро нотавону оҷиз кардааст, балки дигар ба ҳарими диниву мазҳабиаш ҳам ҳамла мекунад, таҳқир мекунад.

 

Ҳоло суол ин аст ки ҳадаф аз боздошт ва ҳабси ин журналист чӣ аст? Боздошти Далер таъмиқ ва ташдиди эҷоди тарсу ваҳшат дар миёни эҷодкорон ва бахусус журналистон аст. Ҳушдор барои онҳое, ки дар мавриди ин масоил навиштанианд, масоили эътиқодиву мазҳабӣ. Яъне мехоҳанд ҷомеаро саросар даҳрӣ бисозанд.

 

Қазияи Далер бори дигар исбот кард,ки дар сари ҳокимият онҳое ҳастанд,ки манофеи гурӯҳӣ ва қабилаии худро болотар аз ҳар арзиши милливу мазҳабӣ медонанд.

 

Ҳабс ва зиндонӣ кардани Далер Шариф дақиқан,кори Ятимов аст. Вай дар тафсир ва ташреҳи ин амали худ ба Раҳмонов аз дигар чизҳо гуфтаст. Далерро наҳзатӣ ва дар марбут бо хонаводаи руҳониюни шинохта қаламдод кардааст. То ҳамин имрӯз барои сайди инҳо дар камин нишастааст, пайти муносиб мепояд. Воқеан ҳам ҷанги ӯ бо Далер як ҷанги номардона аст. Ҷанг он вақт мардона ҳисобида мешавад,ки бо мадрак ва далел тасбит кунӣ. Вале инҷо говзӯрӣ аст. Яъне қудрати давлат барои куштану шикастани одамҳо. Ба назар меояд,ки мехоҳанд ҳамаро мӯҳру мум кунанд, фақат инки онҳо зиндагӣ кунанд. Аз халқ налог ҷамъ кунанд, аз тоҷирон боҷу хироҷ ситонад ва Оила ҳамаро “распределит” кунад. (Гулбаҳори суғдиро ваъда кард,ки аз маоши худам тӯятро мекунам.Маънояш ин аст ки ин пири фосиқ хело хуб бохбар аст ки Гулбаҳору гулбаҳорҳо ҳатто пули тӯймекардагӣ ҳам надоранд. Вале вай дорад.)

 

Ятимовҳо тамоми шароитро барои роҳати ин оила фароҳам мекунанд. Дар навбати худ оила инҳоро имконият медиҳад, ки ҳари бештар аз халқ ҷамъоварӣ кунанд. Беҳтарин заминҳоро бигиранд, беҳтарин чарогоҳҳоро бигиранд, мансабҳоро бигиранд. Мунтаҳо як давлате иборат аз сад% дуздҳо. Дуздҳое, ки дар курсиҳои мансаби давлатӣ нишастаанд. Аммо як хатар ва мушкили ҷидди дигар,ки Ятимов дар ин лобало болои мардум овардааст,мухолифати ақидатии ӯ бо миллат ва мардум аст. Масъули амнияте,ки худ манбаи хатар ва таҳдиди ҷомеа аст,ки намунаи он ҳамоно ҳамин қазияи Далер аст. Ман гуфтаму шумо шунидед. Парвандаи Далер ба 3 афви ахир афтидааст, ку бубинем,ки ба ӯ татбиқ хоҳанд кард ё хайр?

 

Share This Article