Дар анҷоми кори хайр ва атои эҳсону садақот пешсаф бояд буд

Ислоҳ нет

Дини мубини ислом пайравони худро ташвиқ мекунад, ки ҳамеша дар кори хайр ва кӯмак ба дигарон байни худ мусобиқа кунанд. Дар амалҳои хайриявӣ ва додани садақот, барои  пешсаф будан ҳамеша талош варзанд.

Аммо, дар ҷомеъа бисёриҳо ин саволро матраҳ мекунанд, ки ҳадди ақали садақа бояд чӣ қадар бошад? Ҳатто касонеро вохӯрдан мумкин аст, ки хоҳиши амалҳои хайру садақотро доранд, аммо намедонанд, ки чигуна анҷом диҳанд.

Хонандаи азиз! Инак, мо ба шумо аз таҷрибаи якчанд мусалмононе аз миллатҳои гуногунро,ки расонаӣ шудааст ёто ба мо расидааст, дар ин сафҳа гирд меоварем. Бубинед, онҳо чигуна ҳарисона, савоби амалҳои хайроту садақаро аз худ кардан мехоҳанд.

— Дар Верхняя Тура ном шаҳраки атрофи шаҳри Тюмени Русия,  марде ҳангоме, ки вориди мағоза мешавад, шоҳиди он мегардад, ки фурӯшанда сӯи харидор мегуфт, қарзҳоят хеле зиёд шудааст, кӯшиш кун қарзҳои пештараро пардохт кунӣ. Вақте шахси қарздор аз мағоза хориҷ мешавад, ин мард аз фурӯшанда мепурсад, ки он шахс чӣ қадр қарздор аст. Фурӯшанда мегӯяд, ки ӯ танҳо нест, нафароне зиёд, ки маошашон то охири моҳ намерасад ва шароити бади иқтисодӣ доранд, бо номнавис хурокворӣ мехаранд. Дарҳол мард мегӯяд, ки дафтаратро барору қарзи тамоми қарздоронро ҳисоб кун. Фурӯшанда ҳисоб мекунад, ки ҳамагӣ ҳисоби қарздорон баробар ба 79 ҳазор рублӣ русӣ будааст. Мард пардохт мекунад ва аз фурӯшанда хоҳиш мекунад, ки болои номи ҳамаи қарздорон хат кашад. Аз фурӯшанда хоҳиш мекунад, ки номи ӯро ба касе нагӯяд, интизори ташаккури касе нест ва ин корро танҳо ба хотири ризои Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло кардааст.

 

— Сидра Турсунова, як хонуми қирғиз дар ҳаёти худ корҳоеро анҷом медиҳад, ки воқеъан мояи ибрат аст. Сидра, ки худ соҳиби мағозаи нонфурӯшӣ аст, бардавом ҳар рӯзи ҷумъа ба куҳансолону нафақахурон нонро ройгон медиҳад. Дар рӯзҳои хунуки зимистон бошад, шабона аз истгоҳҳо шахсонеро, ки дар ҳавои сард интизори автобус ҳастанд, бо ҳамроҳии шавҳараш ба мошин онҳоро савор намуда, ройгон ба манзилашон мерасонад. Ҳамасола, дар моҳи шарифи Рамазон пеш аз ифтор, назди дари масҷиид истода, ба рӯзадорон обу хурмо тақсим мекунад.

 

%article_title%

 

 

  • — Хонуми 70-солае аз Канада, бенавоён ва дармондагонро рӯихат намуда, ҳамарӯза барои онон хурок тақсим мекунад. Чандин хонадоне, ки барои хурок харидан шароит надоранд, барои онҳо самбӯса пухта тақсим мекунад. Бар замми ин, пиразан хонаи пиронсолон барои занонро бо номи “Хонаи дуюми мо” таъсис додааст, ки онро худаш роҳбарӣ мекунад.

“Вақте дар чеҳраи мардум табассум ва хурсандиро мебинам, худамро хеле хушбахт ҳис мекунам. Фарқ надорад, ки ӯ инсон аз кадом нажод асту ба кадом дин бовар дорад” — гуфтааст ин пиразан ба шабакаи телевзионии CTV News.

 

%article_title%

 

 

  • — Муҳоҷири суриягӣ, ки худ дорои дукони фурӯши зару зевар ва ороишиҳои тиллоӣ будааст, ба фурӯшгоҳаш зане бо ҳамроҳии ду фарзандаш ворид шуда, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки зевари қимматбаҳояшро бихарад. Марди дукондор аз занак мепурсад, ки барои чи мехоҳад ин зеварашро бифурӯшад? Зан мегӯяд, ин ягона дороӣ аст, ки аз модараш ҳадя шуда буд, дар бисоташ дигар чизе намонда, ки бифурӯшаду барои фарзандонаш хурока бихарад.  Мард зевари қимматбаҳоро мехарад. Баъди пардохти арзиши зевар, ба зан зеварро бармегардонад ва мегӯяд: “Шумо гуфтед, ки ин ҳадя аз модаратон буд, бояд ин ёдгорӣ дар шумо бимонад”. Пас, сари писари ин занакро сила карда мегӯяд, дидӣ модарат барои шумо чӣ қадар ғам мехӯрад? Ҳамеша ғамхори модарат бош! Рақами телефони маро бигир, ба чизе ниёз пайдо шуд, ҳатман ба ман занг зан!

     

%article_title%

  •  

    — Барои иҷрои амалҳои хайр на ҳамеша пулу моли зиёд доштан лозим аст. Салимӣ ном як марди тоҷик, ки худ паноҳанда дар яке аз кишварҳои аврупоӣ аст, ҳар замоне, ки барои худ хурока мехарад, ҳатман барои паррандагони атрофи хонааш як халтача дона харидорӣ мекунад. Ҳар гоҳе ба ҳавлии хона баромад, барои кабутарони атрофи хонааш, ки дар зимистон барояшон ёфтани донаҳо аз зери барф мушкил мешавад, дона мепошад. Амали хайри содданамои пурсавоби ӯ танҳо бо ин тамом намешавад. Дӯстонаш нақл мекунанд, ки ҳаргоҳ бо ӯ ҳамсафар мешаванд, ба ҳеҷ кас ҳақ намедиҳад, ки дар додани ҳаққи роҳкирои аҳли сафар аз ӯ пешдастӣ кунанд. Директори мактаби шаҳрак нақл кардааст, ки гоҳ-гоҳ Салимӣ аз мактаб дидан мекунад ва аз камбудии мактаб мепурсад ва хоҳиш мекунад, ки ба ягон дастгирӣ ниёз пайдо шавад, ҳатман ба ҷуз ӯ ба каси дигар муроҷиат накунанд. Салимӣ дар гузашта, тоҷири мувафақе ҳам будааст, вале бино ба нақли дӯстонаш, чунон хоксор будааст, ки дар зоҳири ӯ аз шахси сарватманд асаре дида намешавад.

     

  • — Хӯҷамурод Ҳалимов, як ронандаи тоҷик ҳар рӯзи ҷумъа ба мусофирон дар як хатсайри пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе бепул хидмат мерасонд.  Ӯ гуфта буд, ҳарчанд иқдоми ӯро иддае шӯхӣ мефаҳманд, вале дуои неки мардум барояш кофист. «Инро мешавад хайр номид, ё бахшиши гуноҳ. Ҳамаи мо инсон ҳастем ва шояд дар ҷое гуноҳ кардем ё ҳаққи касеро хӯрдем. Ҳамин ки мардум ба гузаштаҳоят раҳмат мегӯянд, кофист,» — гуфта буд ӯ ба Радиои озодӣ.


 

Бародар ва хоҳари гиромӣ!

Аз ин чанд мисоле, ки дар боло овардем, касе аз онҳо замони амалӣ намудани чунин иқдомҳои хайраш сарватманд набудааст. Ҳамагӣ аз аҳли миёнаҳол ё поинтар аз он мебошанд. Аммо, ҷамиъи онон эътиқод ба он доранд, ки хайроту эҳсон ба қалби инсон нуру сурур мебахшад. Дороии инсон бо дастгирии як дармондае на ин ки кам намешавад, балки бо баробари бахшидани шодию сурур ба инсони дармондае, худи хайркунанда низ худро хушбахттарини олам эҳсос мекунад ва дилаш ба зиндагӣ гарм мешавад. Зангҳои дил тоза ва торикиҳои қалб рушан мешаванд. Имони инсон месабзад.

Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки тибқи дастури Паёмбари гиромии ислом Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи васаллам,  хайру садақа балоро аз сари инсон дур мекунад.

Пас, ҳамеша, дар хайру эҳсон ва эътои садақот кӯшиш намоед ва пешсаф бошед!

 

Share This Article