Дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон худамро Алов мезанам!

Набошад ман бо худкуши бо шумо суҳбат мекунам ва он резонидани хуни худ аст.Ман чандинсол аз духтарам дурам,аз дасти ин рижими пучу холӣ ва бе маъне ман нуҳмоҳ зиндон шудам бе ягон асос умри манро табоҳ кардааст.

 

Имрӯз 4-уми август духтари Шабнам Худойдодва фаоли сиёсии муқими Лаҳистон, ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе,ки ба самти Алма-Ата бо модар ва бародараш,ки духтари ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.Тавассути мақомоти амниятии кишвар боздошт гардиданд ва аз сафар боз дошта шуданд.

 

Духтараш : Давлатова Фотима 11.09.2008

Модараш: Худойдодова Гулҷамиламо 24.05.1953

Бародараш: Худойдодова Комрон 27.01.1999

Шабнам Худойдодова ҳангоми суҳбат бо Сомонаи Ислоҳ хело дар ҳолати бад қарор дошт ва гиря мекард.Шабнам чунин гуфт: Ман тули чанд сол мешавад мехостам духтар ва модарамро бубинам,аммо ин кор бароям муяссар нашуд.Модарам,ки тули чанд сол мешавад аз фишори зиёди мақомот бемор гашта аст,албатта ҳамаи ин фишорҳо барои ман мебошанд.Аз бародарам хостам,то ба модарам билет харад ва ба наздам фиристад онҳоро.Аммо дар вақти гузаштан аз сарҳади давлати дар фурӯдгоҳ ба ман тавассути Имо занг заданд,ки модарамро бо бародару духтарчаам аз сафар манъ намудаанд.Ба модарам занг задам ва гуфтам кӣ шуморо манъ кард аз ин сафар ва телефонро ба онҳо диҳед.Модарам нахост дар аввал телефонро ба онҳо диҳад,вақте ман пофишори кардам,ки телефонро баланд кун ё ба онҳо бидиҳед,то онҳо хуб шунаванд сухани маро. Ҳангомеки модарам  телефонро ба ӯ дод, ман аз ӯ пурсидам ман бо ки суҳбат мекунам? Гуфт ман Қадамов Азимҷон ҳастам ва ман раиси постгоҳи сарҳади аз тарафи КДАМ ҳастам. Пурсидам сабаб чист модари маро бо духтарчаам аз сафар манъ кардед?  Гуфт модари шумо таҳти муроқибаи махсуси кумитаи амнияти кишвар қарор дорад ва ин бо фармони раиси калон аст яъне Ятимов С. Гуфтам: ҳамин шармандагии дирӯза барои шумо кофӣ набуд,ончӣ бо Ҳамза набераи Муҳиддин Кабирӣ кардед,боз шумо имрӯз он корро бо духтари ман кардед?  Акнун ман худам меравам ҳама хабарнигоронро бо дипломатҳо ҷамъ меоварам ва дар назди сафорати ҶТ дар Олмон, бензин харида худро дар назди ҳамагон оташ мезанам.Алакаи ман то ин дақоиқ ҳар ҳомии ҳуқуеро,ки мешинохтам барояшон паём гузоштам ва қазияро барояшон расонидам,то аз вазъияти имрӯзаи оилаи ман ва духтарчаам огоҳ бошанд.Огоҳ намудам онҳоро барои оташ задани худам дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон.

Идома дод Шабнам бо садои гиряомези ҷонкоҳи модаронааш,ки дили шунавандаро реш реш мекард,ки ин ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон хоссатан Эмомалӣ ин кишварро бо хун гирифтааст ва бо хун онро медиҳад. Набошад ман бо худкуши бо шумо суҳбат мекунам ва он резонидани хуни худ аст.Ман чандинсол аз духтарам дурам,аз дасти ин рижими пучу холӣ ва бе маъне ман нуҳмоҳ зиндон шудам бе ягон асос умри манро табоҳ кардааст.Ман ба мисли ҷиноятҳои Эмомалӣ барои ин миллат ва кишвар тули ин солҳо анҷом додааст ва то ба ҳол анҷом дода истодааст аслан ҳеҷ ҷинояте анҷом надодаам.Ман на нашъа ҷалобам,на одамкушам,на қонун шикание карда будам маҳз барои интиқод аз ин сиёсати ғалати ӯ нуҳ моҳ дар кишвари Белорус зиндонӣ шудам.Ман то охирон лаҳза барои озодии духтарам ва ҳама асирони миллатам мубориза мебарам.

Дар давоми рӯз агар ягон тағйироте шуд ҳатман шуморо дар ҷараёни он мегузорем хонандагонӣ гиромӣ.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад