Дар пасманзари суханронии раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ

Дар умум машваратҳои воқеъбинона,комилан таҳлилҳои созанда,машваратҳоеки барои пешво ва пешвописар хело судманду муфиду сари вақтӣ.Агар ба он машваратҳо амал кунанд,пас худро ва шаҳрвандони кишварро дар дохил ва хориҷ аз чолиш ва ё буҳрони дипломатӣ наҷот додаанд.

 

Шоми 21-уми феврал раиси Паймони Миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ,  як гуфтугӯи хело самимиеро доир намуданд.Шахсан худам ду маротиба онро тамошо кардам ва дар ин ду навбат,ки тақрибан 1 соату 45 дақиқа буд бардоштҳои хело судманде намудам.Ман дар ин мақола намехоҳам ончӣ дар ин гуфтугӯ бо миллат доштанд суханони ӯро инҷо зикр намоям ва ё иқтибос биёрам.Ҳадаф аз навиштани ин мақола бардошти миллат ва қишри огоҳи миллат аз он чӣ гӯна буд? Аз ин суҳбат чӣ бардоште намудаанду,чӣ номаҳое бароямон ирсол намуданд? Ин суҳбатро чӣ гӯна пазируфтанду қабул карданд ва ё барои қишри зиёӣ чӣ паёмеро дар худ дошт?

Бардошти ман дар чанд ҷумла

Суҳбати М. Кабирӣ аз чор бахш иборат буд.

Аввал: маълумот ба миллат дар мавриди рабуда шудани Ш.Гадоев.

Дуввум: Машварат ё суҳбати самимона бо ҳукуматдорон ҳамчун як шаҳрванди одди кишвар барои раҳоӣ аз ин бунбастеки қарор дорем.

Севвум: Ҳушдор ба ҳукумат ва огоҳ намудани хутурати он ҷинояти одамрубоӣ ё қочоқи инсон,ки аз Русия онро анҷом додаанд.

Чорум: Посух ба саволҳои бинандагон ва дар ин посухҳо масоили хуберо метавон бардошт намуд.

Дар умум машваратҳои воқеъбинона,комилан таҳлилҳои созанда,машваратҳоеки барои пешво ва пешвописар хело судманду муфиду сари вақтӣ.Агар ба он машваратҳо амал кунанд,пас худро ва шаҳрвандони кишварро дар дохил ва хориҷ аз чолиш ва ё буҳрони дипломатӣ наҷот додаанд.Агар он хислати ҳамешагиеки доранд, бо он амал кунанд,пас вой бар шумо ва ҳукуматдориятон!

Бардошти қишри зиёӣ ва огоҳи миллат

Бароям дар асноӣ суҳбати онлайнӣ ва пас аз он хело навиштанду аз он истиқболҳои гарме намуданд.Баъзе аз номаҳо ончунон самимӣ ва дар муҳтавояшон суханонеро дида мешуд,ки воқеан маро ба шигифт оварданд.Ин номаҳо сабаб гаштанд,ки манеки онро зинда тамошо карда будам,бори дигар водорам намуд,то бубинам.

Яке пири хирад менависад: “Ман аз тамошои ин суҳбат ва машваратҳое,ки М.Кабирӣ ҳамчун як сиёсатмадори варзида ба ҳукумати кишвар доданд,ки худи пешво ончунон машваратҳои судманд барои мақомдорони худ ва миллат дар тули ҳукуматдорияш надодааст.Агар ин машваратҳоеки додаанд ин ҳукуматдорон ба он амал накунанд,ман намедонам чӣ балоеро бар сари ин халқу кишвар меоранд.Ман пайваста паёмҳои пешворо гӯш мекунам ва мехонам,бо сароҳат мегӯям,ки ҳама паёмҳо ва суҳбатҳояшон аз якдигар ҳеҷ фарқе намекунанд.Дар паёмҳояш пайваста аз дағалгуфторӣ ва тавҳину таҳқир ва таҳдид чизи дигареро наметавон пайдо намуд.Ё инки минталитети мардуми шимол дигар асту аз ҷануб дигар,муҳим хело дағалгуфоранд.Тарзе сухан мегӯяд,ки мегуфта бошед як раиси совзхоз бо чанд колохзчӣ суҳбат дорад, ё як раиси ферма бо чанд зани говҷӯше тарзи муомила бо говҳо ва тарзи корро барояшон мефаҳмонад.Аз дипламатя,ояндасозӣ,машваратҳоеки як раиси давлат ба миллат бояд диҳанд аслан дида намешавад. Пайваста миннат мекунад ва онҳоро садоқат ба ватан “яъне содиқ будан ба худ ва оилааш”-ро,садоқат ба ватану давлат қаламдод мекунад.Ман ҳаргиз узви ҲНИТ набудам балке маро аз ин ҳизб метарсониданд,ки чунину чунон аст ва барҳазар медоштанд.Аммо пас аз чор баромади М.Кабирӣ назарамро ба ин ҳизб ва ин шахсият дигар кард.Ман панҷ писар дорам,ки кенҷа донишҷӯ ва чори дигарашон дар мақомоти кишвар кору фаолият мекунанд.Келин ҷояш ҷаннат шавад се соли расо шуд аз олам гузаштанд. Дишаб пас аз тамошои навори М.Кабирӣ гуфтам фарзандонам шумо ба ончӣ ин ҳукумат мегӯяд дода нашавед ва туҳматҳое ба ин шахс мекунанд бовар накунед.Ман як корманди давлатӣ дар горисполком будам.Дар шуъбаи ҳизбӣ ва шуъбаи кадрҳо солиёни тӯлонӣ кору фаолият намудаам.Мактаби ҳизбиро дар Ленинград хондаам ва аз корҳои сиёсӣ,агарчӣ дар низоми советиҳам бошад таҷрибаи кору фаолиятро дорам.Суханрониҳои раисони зиёдеро дар ҳаёти 74 солаи худ шунида ва мулоқотҳоҳам доштам. Аммо чунин раисе мисли Эмомалӣ Шариповичро дар ҳаётам надида будам.Ман бо Илҳомҷон Ёқубов солҳои 2014 дар шаҳри Хуҷанд барои баргузории як мусобиқа во хурда будам ва он кас маро хуб мешиносанд.Аммо танҳо дар масалаи як мусобиқаи варзишӣ бо он кас суҳбат доштам,на дар масалаи ҳизбӣ ва сиёсӣ.Он вақт ман як масъулиятеҳам доштам,ки мулоқотам ногузир буд.Хулоса ман дар миёни гурӯҳҳои мухолифи сиёсии кишвар Муҳиддинҷонро бо савод ва дорои ҷаҳонбинии васеъ пайдо намудам.Саломи моро расонед ва агар бо чунин шево пеш рафтан гиранд,бо тамоми масъулият мегӯям: мо бо ӯем ва аз ватан истода ҳамроҳии худро бо шумо эълон медорем.Мо аз ин шакли ҳукуматдориеки ин мард пеш бурда истодааст сахт норозӣ ҳастем ва аслан ин ҳукуматро ба ҳеҷ шакле қабул надорем”.

Номаи дигар аз Душанбе: “Мо дар дохили кишвар ба масобаи он солҳои маҷоъаеки дар Макка гузашта буд ва ёрони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва худи он ҳазрат қабл аз ҳиҷрат доштанд қарор дорем.Як Абуҷаҳле бо лашкараш бар ин мардуми кишвар мусаллат доранду ҳар амалеро,ки мехоҳанд бар мо анҷом медиҳанд.Мо дар ҳеҷ чизе озод нестем,на дар умури ибодӣ,на дар умури зиндагонӣ,на дар умури маъишӣ.Суҳбатҳои устод Кабирӣ воқеан хело муассир буданд ва ба масобаи борон дар соли хушксолӣ буданд.Дар хона бо чор бародари имониям онро тамошо мекардем ва дар ҳолеки мо ҳеҷ наздикӣ бо ҲНИТ  ва устод Кабирӣ надорем ва аз наздикҳам ӯро бореҳам надидаем.Танҳо дар хутбаҳои масоҷид номи ӯро мешунавем аз забони имомхатибони интисобии кумитаи зидди динӣ.Он чунон номи ҲНИТ ва Кабириро мегиранд,ки гоҳо мегӯем магар ӯ раисҷумҳури кишвар бошад,ки масоҷиди кишвар ва минбарҳои он барои ӯ суҳбат мекунанд.Охир дигар ӯро пешкардед ва аъзоёни ҳизбашро зиндонӣ кардед ва ӯ дар кишвар нест,пас чаро аз ӯ ончунонӣ суҳбат мекунед? Онҳоеки намешинохтандаш,то солҳои 2015 феълан ӯро бештар мешиносанду аз ӯ огоҳӣ пайдо намудаанд.Ман аз таҷрибаи худ мегӯям домулло,ки ҳар мусибате болои мо меояд бо худ мегӯем,ки кай бошад Кабирӣ ба кишвар баргардад ва ин золимонро берӯн кунад.Дар ҳоле қаблан аслан дар фикраш набудем ва ин афкор аз соли 2016 бештар гаштааст.Чунонеки мегӯянд: ҳар чизе мамнуъ шуд онро бештар меҷӯянду дар мавридаш мехоҳанд донанду огоҳӣ пайдо кунанд.Ҳоло ман аз онҳоеки мешиносам чунин бардоште дорам,ки бидуни шак тағйри ин ҳукуматро мехоҳанд ва дар ивази он ягона ҷойгузин Кабирӣ ва ПМТ -ро мебинанд.Барномаҳояшро бештар кунад,то дар қалбҳои мо шуълаи умедро ба ояндаи нек бештар намояд.Сарсахтарин душманони Кабирӣ хоҳони зиндагонии орому осудаанд ва ин ҳукумати мардумозорро чашми дидан надоранд.Аз забони чанд нафарашон шунидам,ки мегӯянд охир чаро инқадар дер карда истодаанд,тезтар меомаданд ба Худо безор шудем”.

Аз шумо узр мепурсам

Ба мо номаҳои зиёде аз дохили кишвар расидаанд, мутассифона дар ин мақола имкони ҷой додани он ҳама дарду ранҷи миллат ва паёмҳои шумо азизонро надорам.Аммо ҳатман ба гӯнае дар фурсати муносиб онҳороҳам нашр менамоем.Хело аз ибрози дарду ранҷҳо ва аз ҳамроҳии шумо бо мо шодем.

Бардошти фермаи ҷавоб ва расонаҳои ҳукуматӣ

Субҳи барвақт фермаи ҷавоб аввалин матлабеки дар фейсбук нашр намуд,он огоҳӣ Кабирӣ мурдаст! Охир ин чӣ фарҳанге асту онро ба шумо кадом аҳмақе, аз кадом боғи ҳайвонот ё ҷангале, омӯзонида аст?

Сомонаҳои дигари дохилӣ бошанд имрӯз,то бегоҳ на ҳамаашон тавонистаанд бар алайҳи ин суҳбати раиси ПМТ М.Кабирӣ матолибе нашр намоянд,дар рӯзҳои баъдӣ ҳатман хузаъбалотҳое менависанд,то аз харгала қафо намонанд.Албатта баъзе мақолаҳои пучу бе маъное дар сомонаҳои Ҳукуматии вилояти Суғд нашр гардида аст.Бархе часпидаанд ба Илҳомҷон Ёқубов яке аз аъзои аршади ПМТ  ва бояд зикр намоям,ки дар миёни ҳама фабрикаи ҷавоб, мақомоти Суғдӣ пешқадамтаранд. Мехоҳанд собит намоянд,ки ба “Пешво”яшон содиқанду боқӣ мемонанд.Сомонаҳои Донишгоҳҳои Хуҷанд муаллимон бештар ба навиштани мақолаҳои бе маънои пуч машғуланд.Охир омӯзгор бояд талош намояд донишомӯзонро илму дониш омӯзанд,на инки ин касби пурифтихорро лаккадор намоянд. Ин ҳукумат поянда нест ва имрӯз нарафт,фардо меравад ва миллат ба кишвари худ мусаллат мегардад.Шумо омӯзгорон рисолати аслии худро фаромӯш накунед ва ба навиштани раддияҳои пучи шумо ҳеҷ газанде ба мо намерасад,чун мо мухолифони ин режими фосид ва ғоратгарем,на мухолифони давлату миллат.Мафҳуми мухолифати сиёсӣ бо як шахсро аз мухолифат бо давлату миллат фарқ кунед!

Хитоб ба фермаи ҷавоб ва сомонаҳои Суғдӣ !

Мо хело хушҳол мегардем аз инки дар муҳтавои суханронии раиси ПМТ М.Кабирӣ ва ё дигар афроди озодандеш,навиштаҳои ман интиқодҳои созанда кунед.Агар мо ба Пешво гӯем мардумро зулм кун,зиндон кун,кишвар ва буҷаро ғорат кун,маоши кормандонро дар чанд моҳ надеҳ,корхона насоз ва шаҳрвандони кишварро ба Русия фирист,маҳсулотро гаронтар кун.Ё матолибеки он бар алайҳи ин миллат ва шаҳрванди кишвар аз тарафи мо бошанд.Агар шумо дар чунин ҳолат нанавиштед ва матолиби навиштаи моро интиқод накардед,пас шумо ба ин давлат ва ин миллат ва ин шаҳрванд хиёнат намудаед.

Интиқодҳои мо ҳама ба нафъи миллат,шаҳрванд ва кишвар мебошанд ва онҳо созанда ва ислоҳиянд.Ҳама ончӣ мегӯем барои некуаҳволии шаҳрвандони кишвар равона шудаанд. Шумо дар симои як шахсият, миллат,давлат,ҳукуматро набинед! Ончӣ шумо,то имрӯз карда истодаед ба ин миллат ва кишвар ва ҳукумат хиёнат аст.Ҳолоҳам фурсат доред,қабл аз ҳар навиштаҳоятон каме андеша кунед ва пас аз он воқеъияти ҳолро нависед.Ончӣ сомонаҳои Суғдӣ менависанд ва аз ин режими оилавии “Пешво” ҳимоят мекунанд,боварам кунед Суғдиҳои гиромӣ, аз ин подхолимӣ ва маддоҳии шумо худи Эмомалӣ ва оилаи сархури ӯ дар тааҷҷубанд,ки чӣ гӯна ин мардуми ғаюри Суғдро ба ғуломони ҳалқа баргӯш мубаддал намудаанд?

Мунтазири мақолаҳои интиқодие ҳастем,ки дар он воқеъиятро дарҷ кунанд,на туҳмату буҳтонҳои пуч ва сохтани аксҳои аслан ба ин миллат носозгор!

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Ҳафтаждаҳо

Парвина Раҳмон, сардори Раёсат дар вазорати тандурустии Тоҷикистон аст. Ба назар меояд, ки Парвина сокиту хомӯш аст. Аммо дар асл ин тавр нест. Вай тавонистааст системаи доруфурӯшиҳои Тоҷикистонро (аптекаҳоро) таҳти назорат ва дар ихтиёри худ бигирад. Фарматсевтика ва фармакологияи кишвар бо тамоми асноду иҷозаи фурӯши дору ба монополияи Парвина табдил шудааст.