Дар сӯгвории родмарде

Ислоҳ нет

Дар сӯгвории родмарде
Дар хирмани коинот кардем нигоҳ,
Як дона муҳаббат аст боқӣ ҳама коҳ.
Муродхоҷа Мирзоев маъруф ба Меҳроби Мирзо 20 апрели соли 1968 дар деҳаи Чилламазори ноҳияи Ваҳдат, дар хонаи коргар Мирзоев Пирмуҳаммад чашм ба дунё кушод. Чор хоҳару чор бародаранд ва аз писарон саввум фарзанди хонавода мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Ёсири 17 сола ва Салмони 13 сола. Меҳроб таълимоти ибтидоиро дар деҳаи худ гирифта, пас аз он ба шаҳри Қурғонтеппа меояд ва таълимоти диниро назди Абдуллоҳ Хаттобов машҳур ба Абдуллоҳи хурдӣ мегирад. Соли 1988 ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват мешавад ва дар кишвари Қазоқистон ду сол адои хидмат мекунад. Ибтидои соли 1990 ба ватан бармегардад ва таҳсили худро назди устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода идома медиҳад. Соли 1992 бо духтари устоди хеш Ҳимматзода хонадор мешавад. Чун дар ин сол дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид Меҳроб ба кишвари Туркманистон ҳиҷрат намуд ва дар дар ин ҷо 2 солу панҷ моҳ иқомат кард. Соли 1996 барои такмили дониш ва фарогирии таҳсили илм ба шаҳри Риёз пойтахти Арабистони Саудӣ меравад ва дар Донишгоҳи Муҳаммад бин Саъуд-ал-исломия тули 2 солу 6 моҳ маъҳад (пажӯҳишгоҳ)-и забони арабиро хатм мекунад ва баъд аз он ба факултаи усули дин ва даъва дохил мешавад. Онро соли 2005 хатм намуда, сипас ба ватан бармегардад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати магистр риштаи забони арабиро бо дифои рисолаи магистрӣ “Феъл аз дидгоҳи забоншиносонии араб” хатм мекунад. Дар ВАО (васоити ахбори омма), ҳамчунин дар шабакаҳои интернетӣ аз қабили шабакаи иҷтимоии Фейсбук зиёда аз сад мақолаҳои илмиву омавии ӯ нашр гардидаанд. Меҳроби Мирзо дӯстдор ва шефтаи асҳоби паёмбар Муҳаммад (с) буд ва дар соли 2009 дар шаҳри Душанбе муассисаи хайриявие бо номи “Асҳоб”-ро кушод, ки бо ин муассиса хидматҳои шоёнеро ба мардуми камбизоат ва фақир ироа намуд. Мисли инки зиёда аз 20 духтари тоҷикро барои фарогирии касбу кори дӯзандагӣ даъват кард ва пас аз фаро гирифтани касби дузандаги ва шарафёб гаштанашон бо сертификати он онҳоро шахсан бо мошинаҳои дӯзандагӣ таъмин намуд. Чандин хонаводаҳои камбизоатро,ки аз лиҳози иҷтимоӣ-иқтисодӣ ранҷ мебурданд (50 сар гови ширдеҳ, то аз он рузии хеш дарёбанд), таъмин намуд. Сарпарастии 150 ятимро бар ӯҳда дошт. Чандин деҳаҳои беобро бо кандани чоҳи об (зиёда аз 100 чоҳ) сероб намуд. Дар моҳҳои Рамазон ба хонаводаҳои камбизоат ифтори соим медод ва дар рӯзҳои ид кӯдакони камбизоатро бо сару либос ва дар иди Азҳо (Қурбон) бо гушти қурбонӣ таъмин менамуд. Барои тармими чандин масоҷиди кишвар кӯмак кардааст. Соли 2010 дар деҳаи Чилламазор барои бинои сеошёнаи масҷиди ҷомеъ бо номи “Умари форуқ” иқдом кард, ки 70 дарсади он масҷид ба итмом расида ва худи ӯ аз тарафи Шӯрои уламои Тоҷикситон ба ҳайси имомхатиби он масҷид таъин гардид ва то рӯзи вафот ин вазифаи пуршарафи имониро бар дӯш дошт. Чунин хидматҳои хайрхоҳонаи Меҳроби Мирзо хеле зиёданд, ки ҳамаи онҳоро бо қалам васф намудан кам аст.Албатта ашхосе, ки аз хидматҳои ӯ баҳраманд гардидаанд худ шоҳиди ҳоланд.
Меҳроб моҳи сентябри соли равон (2014) бо хонаводаи худ сафари ҳаҷ намуд ва ин фаризаи илоҳиро ба хубӣ анҷом дод. Пас аз адои маносики ҳаҷ ба пойтахти давлат шаҳри Риёз рафт ва он ҷо тӯли ду ҳафта иқомат намуд. Дар ҳамин ҷо буд, ки вазъи саломатиаш бад шуд ва тибқи гуфти шоҳидон дар беморхонаи ин шаҳр чанд рӯзе табобат мегирад, баъдан ба давлати Кувейт сафар мекунад ва 1-уми ноябр ба ин ҷо мерасад, аммо пас аз ду рӯзи иқомат дар Кувейт бемориаш шиддат мегирад ва ӯро ибтидо ба беморхонаи Тайиба, пас аз он ба беморхонаи Субоҳ-ул-кабир мебаранд ва ахиран дар беморхонаи Фарвония бистарӣ мегардад. Табибон пас аз ташхиси бемории Меҳроб ба ин натиҷа расидаанд: هبوط دورة دموية والتهاب حاد في الرئتين “Синдроми заҷри танафусии ҳол (ОРДС, респираторный дистресс-синдром взрослых)”, ки мунҷар ба марг мегардад. Табибон ҳарчанд барои беҳбуди саломатии ӯ кӯшиш кардаанд, бенатиҷа анҷомид ва 13 ноябр, мутобиқ ба 20 моҳи муҳаррам шаби ҷумъа соати 9:20 дақиқаи вақти Кувейт Меҳроб дар синни 46 солагӣ дори фониро падруд гуфт.
Бояд зикр намоям, ки банда Меҳроби Мирзоро зиёда аз 20 сол аст, ки мешиносам. Ӯ шахсе буд арзанда, ҳама вақт чеҳраи башшош ва хандоне дошт. Афкораш пайваста ҷадид ва хостори рушду инкишофи ин марзу бум буд. Мухолифи ақоид ва мазоҳиби ботилу музахраф буд, зеро намехост ҷавонони тоҷикро берун аз мазҳаби ростини ҳанафӣ бинад. Баҳсу муноқишаро дӯст намедошт. Ба шеъру адаб ва ирфон майли хос дошт. Ашъори арабии зиёдеро ҳифз намуда, ашъори шуарои даврони паёмбар Муҳаммад (с),ва қабл аз исломиро мисли Ҳассон ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Забирӣ, Амр ибни Маъдикарби Зубайдӣ, Каъб ибни Зуҳайр ва амсоли инро хеле хуб аз бар карда буд. Фаҳмиши хубе дар тафсири оёти Қуръон, ҳадис ва фиқҳ дошт. Дар масоили фиқҳӣ бо ҳам зиёд баҳс мекардем.Метавонед барои хубтар шинохтани марҳум ба саҳифаи фесбукиаш “Мэроб Мерза” ворид гардед то аз афкору ақидаи волояш огоҳӣ пайдо намоед
Хотираҳои хубе, ки аз Меҳроб дорам, яке ин аст, ки: “Боре бо ҳам дар Кувейт қарор доштем ва савори мошини таксӣ шудем,ки Бангладешӣ буд. Дар аснои роҳ бо ронанда ҳамсуҳбат шудем ва аз ӯ пурсидем, номат чист? Гуфт: Воҳид-ул-қамар. Аз номи падарш пурсидем. Гуфт: Аҳмад-ул-қамар. Ва ахиран номи бародарашро пурсидем, гуфт: Акбар-ул қамар. Мо бо Меҳроб сахт хандидем ва барояш мо шо Аллоҳ гуфтем. Ман, ки дар курсии пеш нишаста будам ба қафо тарафи Меҳроб нигаристам ва гуфтам Ҳа Меҳроб-ул-қамар!!! Хамин тавр хандида аз мошин пиёда шудем ва дар ин асно ронанда аз мо пурсид. Чаро механдед. Гуфтем: барои онки мо номҳои зиёдеро мисли Нуриддин, Шамсиддин, Асҳобуддин, яъне номҳое, ки охирашон бо дин тамом мешаванд зиёд шунидаем, аммо бори аввал аст, номро бо тамом шудани қамар мешунавем. Ҳамин тавр калимаи қамар миёни ману Меҳроб ба шакли муд даромад ва мо ҳамдигарро тули 6 сол бо қамар мисли Меҳроб-ул-қамар ва Муҳаммадиқбол-ул-қамар садо мекардем”. Бояд гуфт, ки он ҳама хотираҳое, ки бо Меҳроб дорам наметавон ҳамаро ин ҷо сабт намуд, зеро хеле зиёданд.
Дар фарҷом мехоҳам ҳаминро гӯям, ки мо ҷумла дӯстон дар ин лаҳазоти сахту мушкил барои хонаводаи Меҳроб аз даргоҳи Худоаванди Зулҷалол сабри ҷамилро талаб дорем, Худованд сафари охираташро нек, қабрашро фароху пурнур ва даричае аз даричаҳои Ҷаннатро барояш кушода гардонад ва ҳама корҳои хайрашро қабул фармояд. Имони комил дорем, ки пас аз ин сафари ҳаҷ гуноҳони ӯ бахшуда шудаанд, зеро ин беҳтарин ва осонтарин роҳест барои хушнуд намудани Худованд ва комёб гаштан ба ҷаннатҳои бекарони Ӯ таъоло, ки он адои маносики ҳаҷ аст. Аз Абӯҳурайра (раз) аз Расули акрам (с) ривоят аст,ки фармуданд: “ Аз умра то умра каффора(маҳв созандаи гуноҳон аст) ончи миёни ин дуст.Ҳаҷҷи мабрур(қабули даргоҳи ҳақ гашта) нест подоши дигаре барои анҷом диҳандааш магар ҷаннат” (ҳадиси саҳеҳ Мутафаққун алайҳ)
Аллоҳу акбар ҷаннатҳое, ки фосилаи миёни онҳо монанди осмонҳо ва замин аст ва дар он ҷаннатҳо ончи дилат бихоҳад муҳайё аст ва он чизеро, ки дар ҳаётат надидаӣ мебинӣ ва дастарсӣ дорӣ. Ин барои ҳама он бандагоне аст, ки ҳаҷашон қабули Даргоҳ гардидааст. Хушо ба ҳолат бародари мо Меҳроб. Таманнои онро дорем, ки рӯҳат ба сӯи он ҳама нӯшу неъматҳои илоҳӣ бишитобад.
Айни ҳол, ки ҷанозаи марҳум Меҳроб дар давлати Кувейт қарор дорад, бояд гуфт, ки фардо 16 ноябр рӯзи якшанбе соати 17:00 дақиқа ба вақти Кувейт ба шаҳри Дубай интиқол меёбад ва аз он ҷо соати 2:30 дақиқаи шаб ба вақти Душанбе ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар назар аст, ки рӯзи душанбе 17 ноябр соати 9:00 дақиқа дар деҳаи Чилламазори ноҳияи Ваҳдат ҷанозааш баргузор гардад. Аз ҳама дӯстон, шогирдон ва нафароне, ки бо марҳум Меҳроб ошно ҳастанд метавонанд дар ташеъи ҷанозааш ширкат кунанд.
Бо сӯгворӣ ва эҳтироми хос

Share This Article