Дар суги ватан, “пешвои”- хирасар, сукути миллати афсурдаам ва имзои деринтизори паймони миллӣ!

Ислоҳ нет

 

Пас аз ҳазору наваду ду сол тоҷик соҳиби як қитъа замине, ки кӯҳпора ё як кунҷи Бухорои Шарқии собиқро ба номаш навиштанд. Аммо бо таассуфи шадид ин минтақаи хурде, ки тақрибан мисли масоҳати Самарқанди бостон аст, пас аз тохту тозҳои аҷнабиёне, ки аҷдодони моро ғорат карданду куштанду муҳоҷир намуда буданд охирон аҷнабии истилогари Руси нозӣ ё истилогар соли 1991 бо парокандашавияш мо ҳам мисли дигар кишварҳои зери истеъмор истиқлолиятро ба даст овардем. Ин истиқлолияте,ки ба даст овардем барои миллати тоҷики асрҳо номдор хело гарон бароямон насиб гашт. Агар истеъморгарони қаблӣ пас аз хурӯҷашон ҳеҷ тавтиъа ва бақоё нагузошта рафта буданд, истеъморгари охир пас аз худ афродеро дар сарзамини мо гузошт ва пас аз он гӯё хориҷ шуд. Миллати тоҷик дар миёни кишварҳои пасошуравӣ мутадйинтар, боғайраттар ва ҳамияти миллӣ ва ҷавҳари имонияшро алорағми низоми оҳанини “Ло Салотин ло калисо Ло Илоҳ” дар тору пуди худ ҳифз намуда буданд. Яке аз аввалин шуда кохи зулму истеъморгарони бединро тасхир намуданд. Ҳайкал ё бути доҳии ин истеъморгаронро бо қарори марди ҷасуре, ки номаш дар сафаҳоти заррини ин миллат сабт аст,Ӯ шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов буд, агарчӣ пас аз ин қарор ӯро аз вазифаи мири шаҳр барканор ва ба ҷойи ӯ президент Раҳмон Набиев Мирзотемур Мирзоевро таъин намуд. Оғози мавҷи ноормӣ кишварро фаро гирифт,мардуми кишвар барои ҳимояти ӯ ба майдони Шаҳидон рехтанд, инчунин қувваҳои дар истило ва ғуломӣ хоҳони истодан дошта ҳам ба майдони Озодӣ рехтанд. Ҳоло онҳое ки мехостанд дар ғуломӣ 27 сол қабл боқӣ бимонанд, шудан ҳокими кишвар. Ба номи худ чанд унвони дигарро ҳам изофа намуда, қаҳрамони ватанро ҳам ба номи худ изофа карданд. Ин таърих аст ва шоҳидони он рӯзгорон ҳаётанду хуб он ҳодисотро дар ёд доранд. Ҳоло бароям баъзе мақтаъҳои таърихҳое, ки дар давраи бархе ҳокимони асрҳои гузашта навишта шуда буданд мехондам моҳият ва ҳолоти машкуки он замонҳо бароям муъаммо буданд.Чун таърихро он ҳокимон таҳриф карданд ва ончӣ хостанд онро ба нафъи худ бо таърихнигорони дарборияшон сабт карданд. Дар ҳоле воқеъият комилан чизи дигар аст. Агар хоҳед воқеъияти он рӯзгоронро, ки танҳо 27 сол аз он гузаштааст донед пас ба ашхоси ҳаёт будаи мунсиф, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд муроҷиъат кунед ва пурсед. Барои чӣ дар хориҷ буда гуфтам, зеро дар кишвар шахсе ҳоким аст, ки мухолифи истиқлолияти Тоҷикистони азиз буд. Барои ба истиқлол нарасидани кишвар омодаи ҷон додан буданд, аммо чун хуношом ва бо ҳимояти хоҷаи хориҷие, ки бо тонку силоҳҳои ӯ вориди кишвар гашт қувваҳои солимро ё куштанд ё водор ба фирор намуданду мисли Чингиз дар рӯйи мурдаҳои миллат ҳукумати худро бо зӯри силоҳ ташкил намуданд. Афсус, ки қишри огоҳ ва фарзонаи миллатро аз дами теғ гузарониданд. Ончунон қотилу бераҳм буданд,ки ҳеҷ бегона миллате бар миллати бегонае чунин бераҳмиро раво намебинад.Аммо инҳо ба миллати худ онро раво доштанду,то имрӯз ҳам доранд.

-Чаро имрӯз ҳайкали Ленине, ки Мақсуд Икромов барканор кард тавассути пулҳои ҷамъгаштаи мусалмонон дар масҷиди ҷомеъ, дар ҷануби кишвар дубора барқарор мегардад?

-Чаро имомони масоҷиди тобеъи МИТ барои маҳфилҳои ҳавову ҳавас ва фисқу фуҷур аз мардум пул ҷамъ меоваранд, то чипта харанду дар онҳо иштирок намоянд?

-Чаро ҳукумат мардумро дар назди сафоратҳо ва муассисаҳо барои бақои ҳукуматашон ҷамъ меоваранду онҷо спекталҳо доир менамоянд?

-Чаро садои хашину ваъдаҳои дурӯғи Эмомалӣ, миллатро ба по намехезонад, то аз ҳаққи ҳалоли худ, ки озод зистану,озод ақида баён кардан, озод муътақид будан ба ақидае,ки мехоҳандро талаб намекунанд?

-Чаро масҷиди баста, азони мамнуъгашта,ҳиҷоби гирифта шуда,риши тарошида,мадарасаи баставу табдил ба чизи дигар шуда,минбарҳои холӣ аз олимони росихи динӣ шуда,қонунҳои саркӯбкунанда ва ҳуқуқ поймол кунандааш моро гирдиҳам ҷамъ намекунад,то садо баланд кунем?

– Чаро ин ҳама ноадолатиҳои ошкоре, ки дар кишвар аз тарафи Эмомалӣ ва оилаи мисли решаи аҷриқаш сурат мегаранд, ҳар коре хоҳанд ба ҳар шаҳрванди кишвар, бидуни истисно мекушанд,зиндонӣ мекунанд,ғорат мекунанд,тороҷи молу мулк,тӯҳматҳои бофта ва сохтаро раво медоранд.Боз                  ҳам шаҳрвандони мо гӯё чизеро надидаанду ё намехоҳанд бубинанд,то он вақте ба онҳо ин зулм расад. Вақте ин ноадолатӣ ба он хомӯшони дирӯзу пареррӯза расид мехоҳанд чизе бигӯянд аммо дигар фурсати гуфтанро надоранд. Чаро ҳолати шаҳрванди дигар туро бедор накард?

– Чаро қишри огоҳи ин миллат,зиёӣ,шоир,устодон,адибон, нависандагону орифон,олимони дин ҳама маддоҳу хокшапу бе ҳайсияту фурӯхта шуда гаштаанд?

– Чаро мавҷи гастрабайтерҳо,фақру тангдастӣ, дар тангнои маъишӣ қарор доштани ин миллатро бедор намекунад, ки бигӯянд мо инсонем ва зиндагонии осудае мисли духтарон,писарон,домодҳо,хусурбачаҳо, фарзандони мансабдорони ин рижим мехоҳем. Онҳо магар мавло ва соҳибони ин мулку диёранду навад дарсади аҳолӣ ғуломони шумо?

-Сармояи ин кишвар дар дасти як хонадон қарор дорад,роҳи ин миллат барои сокинонаш фурӯхта мешавад, дарёҳояш ба аҷнабӣ ба иҷора дода мешаваду аз онҳо ба ҳисоби афроди оила пул интиқол меёбад.Маблағҳое, ки аз ман,ту ва ӯ ба бонкҳои хориҷ таҳвил вале ман,ту,ӯ аз кишвар берун дарбадар дур аз зану фарзанду модару падар қарор дорем.

-Фарзандони ин миллат,ки падар гоҳо модаронашон дар хориҷ қарор доранд савияи дониш,малакаи фаҳму идрок,ахлоқашон дар поёнтарин сатҳ қарор гирифта аст.Чун падар барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ дар Русия қарор дорад.Модари бечора масруфи кори хона аст,дар мактаб муаллим донишгоҳро ғоибона тамом карда буд,чун дар русия қарор дошт бо маблағе, ки мефиристод санҷишҳоро бо пул мегирифт.Ӯ чӣ гӯна фарзандони мо ва шуморо таълим диҳад ӯ худ ниёз ба таълим дорад.

– Набудани мардони кишвар дар назди ҳамсаронашон,гоҳо солҳо наомаданашон ба кишвар занҳоро аз зиндагони дилсард кардааст.Гоҳо оилаҳо вайрон,гоҳо занҳо даст ба худкушӣ мезананд,гоҳо ба амалҳои ғаири машрӯъ.

-Дар кишвар саноат,тавлидот,истеҳсолот,заминдорӣ ва домдорӣ дар поёнтарин сатҳи муқаррарӣ қарор дорад.Болиғ аз ду миллион қувваи кории ин миллат дар хориҷ барои бегонаҳо кор мекунанд.Маблағи бо сад ранҷу азоб ба даст овардаамонро ба даст мегирему мехоҳем ба оилаҳоямон фиристем.Аз дувоздаҳ бонк нуҳтои он аз афроди Оилаи Эмомалӣ буда аз ҳар ҳаволаи пули ман,ту,ӯ аз ин миллат ҳақ мегиранд,то он маблағро ба оилаамон бидиҳанд.Тибқи як омор аз умуми маблағҳои фиристода шуда оила беш аз сесад миллон долар фоидаи солонаи тоза меситонанд.Инро аз чанд ҷиҳат меҳисобанд, аз ҳисоби мубодилаи асъори хориҷии ирсол намудаи мо ва шумо суди хидматрасонӣ ва ғайра.

-Агар хоҳем умри худро,ҳаётамонро,ки он наонқадар тулонӣ аст дар хидмати ин оила гузаронем ҳар ҷинояте,зулму ситаме,бадарғакуниҳое моро мекунанд. Пас яқин инро бояд донем,ки мо то ҳоло инсони комил ва озод нестем,зеро ҳеҷ инсоне дар чунин асорат ва ғуломии тоқатфарсое наметавонад зиндагонӣ кунад ҷуз тоҷик!

Агар фикр мекунед,ончӣ гуфтам ҳама суханонам сиёсӣ ва инҳоро кадом хоҷаи хориҷӣ бароям гуфтааст воқеъан бароят мутаассифам.

Пас шукронаи ҳамин пешво ва оилааш кунед.

Шукронаи ҳамин ватане, ки дар қабзаи як оила қарор дорад, кунед!

Итоъат аз ҳама амру фармонҳояш бидуни истисно кунед!

Аслан фикри падару модар ва зану фарзандонатонро накунед!

Зинда бод Эмомалӣ Раҳмони мо, Исмоили Сомонии мо!

Бигузоред ҳарчӣ мехоҳад Эмомалӣ ва оилааш бикунад аз онҳо итоат кунед.

Аммо ҳаргиз марди бо ғайрат чунин ҳолати вахими зулм,шиканҷа,бадарға,мавҷи зиндонкуниҳоро бубинаду боз ҳам шукрона кунад ман суроғ надорам.

Аллоҳ сабри ин миллати дар асорату тороҷ қарор гиритфаро лабрез кун.Бузургону зиёиён ва олимони ростини динатро дар як ҷабҳа қарор бидеҳ,то аз ин зулми аҳримане чун Эмомалӣ ва оилаи роҳзанаш бандагонатро озод намоянд омин.

Аммо имрӯз 9-09-2018 имзои “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро дар кишвари маҳди мубориза ва муқовимат Лаҳистонро барои миллати азизам муборакбод мегӯям.Ончи дар орзӯяш будем ба вуқуъ пайвасту умеди муқовимат ва истодагарии бештероро барои миллати пароканда ва асиру дарбарам дубора зинда намуд.Бадхоҳони ин иттиҳод ончунон сукут кардаанд,ки мисле ки навиди пирӯзии ин миллатро эҳсос доранду дарун ба дарун месӯзанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

Share This Article